Ҳиҷрат ва зарурати он дар роҳи Худо 2

0
90

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

                                Ҳиҷрат ва зарурати он дар роҳи Худо

Қисмати дуввум

Муқаддима

Дар қисмати аввал равшан шуд, ки ҳиҷрат дар роҳи Худованди Мутаъол аз воҷиботи динӣ аст ва агар касе аз рӯи танбалӣ ва ё ба хотири муҳаббати дунё ва дунёталабӣ аз ҳиҷрат кардан дар роҳи Худо сарпечӣ кунад, дар дунё ва охират хор хоҳад шуд. Худованди Мутаол инсонро мавҷуди боиззат ва бошарофат халқ кардааст, ҳоло ин инсони бошарофат ва боиззат набояд дар дунё тан ба хориву зиллат диҳад ва зери султаи ҳокимони золим, беадолат ва зургӯ бимонад ва бо хорӣ ва пастӣ зиндагӣ кунад ва аз Ислом дур шавад ва дар охират ҳеҷ ҷавобе дар муқобили саволҳои фариштагони илоҳӣ надошта бошад. Аммо дар ин қисмат ба оятҳое ишора хоҳад шуд, ки Худованд чанд гурӯҳро  ба сабаби нотавони аз ҳиҷрат кардан дар роҳи Худ истисно кардааст.

Касоне, ки аз ҳиҷрат дар роҳи Худо истисно шудаанд.

Худованди Мутаол дар Қуръони Карим дар робита ба касоне, ки аз ҳиҷрат кардан дар роҳи худаш онҳоро  истисно кардааст, чунин баён мекунад.

إِلَّا الْمُسْتَضْعَفِينَ مِنَ الرِّجَالِ وَالنِّسَاءِ وَالْوِلْدَانِ لَا يَسْتَطِيعُونَ حِيلَةً وَلَا يَهْتَدُونَ سَبِيلًا

“Магар он даста (гуруҳ) аз мардон, занон ва кӯдаконе, ки баростӣ таҳти фишор қарор гирифтаанд (ва ҳақиқатан нотавон ҳастанд) на чорае доранд ва на роҳе (барои наҷот аз он муҳити олуда) меёбанд”. (Сураи Нисо ояти 98)

Худованди Мутаъол дар ояти гузашта касонеро, ки ҳиҷрат накарданд ва баҳона оварданд ба шиддат тавбих кард ва ҳеҷ як аз баҳонаҳои онҳоро напазируфт ва дар ин оят маъзурон ва мустазъафони воқеиро баён мекунад.

Чун дар ояти  гузашта ба накӯҳиши касоне пардохт, ки муддаӣ буданд узр доранд, аммо узр надоштанд ва мустазъафи воқеъӣ набуданд. Дар ин оят се намуна аз мустазъафони воқеъиро баён мекунад ва онҳоро аз ҳиҷрат кардан истисно менамояд ва ба бахшиши илоҳӣ умедвор медорад. Ҳамонтавр, ки дар оят ба равшанӣ баён шудааст Худованд мардон, занон ва кӯдакони мустазъафро, ки на роҳро медонанд ва на тавоноии ҳиҷрат карданро доранд, истисно кардааст.

Расули Худо(с) замоне ки ояти 97-и сураи Нисо нозил шуд, ин оятро ба мусалмонони Макка расонд. Дар ин ҳангом Ҷундаб ибни Зумра ба писаронаш гуфт манро бибаред, ки ман аз  мустазъафон нестам (дар ҳоле  ки Ҷундаб пирамарди нотавон буд) ва ман роҳро ба дурустӣ намедонам. Савганд ба Худо, ки як шабро дигар дар Макка нахоҳам монд ва ӯ ро дар тахте гузоштанд ва ба суи Мадина ҳаракат карданд ва чун ӯ пирамард буд дар мантақаи Танъим вафот кард. (Тафсири Кашшоф зери ояти 97, сураи Нисо)

Ин ривояте, ки зикр шуд бар ҳамаи касоне, ки мегӯянд: нотавон ҳастем, наметавонем хиҷрат кунем ва тан ба зиллату пастӣ медиҳанд, дар зери султаӣ ҳокими золим мемонанд, роҳи баҳонаро мебандад. Дар ҳоле, ки Ҷундаб бисёр кӯҳансол буд, аммо аз ҳиҷрат даст набардошт, ҳиҷрат кард ва нагузошт охирин рӯзҳои умри худро дар зери султаи ҳокимони золим бигузаронад ва аз хонаву кошонаи худ гузашт ва марги боиззатро ба ҷои зиндагии бозиллат ихтиёр кард.

Оқибати мустазъафони воқеъӣ чист?

Худованд дар бораи мустазъафони воқеъӣ мефармояд:

فَأُولَئِكَ عَسَى اللَّهُ أَنْ يَعْفُوَ عَنْهُمْ وَكَانَ اللَّهُ عَفُوًّا غَفُورًا

“Ва ононанд, ки умед аст Худо онҳоро бибахшояд; ва Худованд афвкунандаи омурзандааст”. ( Сураи Нисо, ояти 99 ).

Агар савол шавад, ки чаро Худованди Мутаъол дар мавриди касоне, ки мустазъафи воқеъӣ ҳастанд ва Худованд дар ояти гузашта онҳоро истисно кард ва бозҳам бо иборати умед аст, дар робита ба ин гурӯҳ фармуд:

(عَسَى اللَّهُ أَنْ يَعْفُوَ عَنْهُمْ)( умед аст Худо онҳоро бибахшад).

Дар посух бояд гуфт: Ин тарзи баёни Худованд барои ин аст,  ки оят далолат бар ин мекунад, ки  тарки ҳиҷрат маҳдудаи бисёр андаке дорад ва роҳи зиёде барои гурез аз он нест. Бояд диққат кард ва таваҷҷӯҳ дошт ҳатто касоне, ки дар изтирор ва ночорӣ буданд,  бояд бигӯянд умед дорем, Худои Мутаол моро бибахшад, чи бирасад ба касоне, ки метавонанд ҳиҷрат кунанд ва дунболи баҳона мегарданд.(Тафсири Кашшоф зери ояти 99 сураи Нисо)

Ҷамъбандӣ

   Аз маҷмӯи оятҳо ва ривоятҳои баёншуда, аҳаммияти ҳиҷрат дар дини мубини Ислом равшан шуд ва ҳамчунин оқибати касоне, ки ба хотири муҳаббати дунё  ҳиҷрат намекунанд, онҳо дар дунё ва охират хор хоҳанд гашт. Аммо ҳамон тавр, ки баён шуд Худованд се гурӯҳро аз ҳиҷрат дар роҳи худаш истисно кардааст ва баён шуд, ки мустазъафи воқеъӣ чи касоне ҳастанд.

Аммо нуктаи охир ин аст, ки: ин се гурӯҳ мустазъафи воқеъӣ ҳастанд ва тавони ҳиҷрат кардан ва наҷот додани худро аз билоди  куфр  надоранд. Аз ин ҷиҳат Худованд ин се гурӯҳро истисно кардааст. Вале афроди тавонманд ҳам  худашон муваззаф ба ҳиҷрат ҳастанд ва ҳам бояд ба ҳимоят аз мустазъаф бархезанд ва барои наҷоти онҳо ҷиҳод кунанд. Воҷиб набудани ҳиҷрат бар мустазъафони воқеӣ таклифро аз сари дигарон барнамедорад. Наҷот додани кӯдакон ва ноболиғони мусалмоне, ки дархости раҳоӣ  аз билоди куфр ва ситамгаронро доранд, бар ҳамаи мусулмонон воҷиб аст. Бар ин асос агар насли ҷавон бар ҳоли худ раҳо шаванд ва диндорон барои наҷоти онҳо бапо нахезанд, онҳо аз Ислом ва маорифи исломӣ дур хоҳанд шуд.

Албата ин масъала дар ҷомеае, ки мо дар он басар мебарем  бисёр ва бисёр дар ҳоли рӯх додан аст ва умед аст иддаи қалиле бар сари ақл биёянд ва бар асоси таклифе, ки Худованд онҳоро уҳдадор кардааст, ба по хезанд ва  вазъиятро тағйир диҳанд ва ин ваъдаи Худованд аст, ки мефармояд:

كَمْ مِنْ فِئَةٍ قَلِيلَةٍ غَلَبَتْ فِئَةً كَثِيرَةً بِإِذْنِ اللَّهِ

«Чи басо гурӯҳи андаке бар гурӯҳи бисёре ба хости Худо пирӯз шудааст». (Сураи Бақара ояти 249 )

Ин ваъдаи Худованд аст ва ҳатман таҳаққуқ хоҳад ёфт. Ҷавонмардон ва муборизони роҳи озодӣ инро бояд бидонанд, ки марги боиззат беҳтар аз зиндагии бо иллат хоҳад буд.

Давом дорад…

 

 

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед