Ҳиҷоб аз нигоҳи Қуръон ва ҳадис -2

0
281

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Ҳиҷоб аз нигоҳи Қуръон ва ҳадис

 (Қисмати дуввум)

Муқаддима

Худованди Мутаол инсонҳоро ба унвони ашрафи махлуқот ва дорои шарофати  мутамоиз аз дигар махлуқот офаридааст ва ба онҳо қудрати андеша ва тадаббур бахшидааст, то бо истифода аз ин қудрат шеваи дуруст зиндаги карданро бо таваҷҷӯҳ ба раҳнамудҳои китоби илоҳӣ ва авлиёи Ӯ касб карда ва ба кор гиранд, ки сабаби  ҳидояташон шавад. Баҳси ҳиҷоб ва пӯшиш яке аз масоилӣ муҳим ва калидӣ аст, ки аз аввали хилқат бо инсон будааст ва то охири умр низ дағдағаи раҳбарони илоҳӣ хоҳад буд. Ҳиҷоб ва пӯшиш аз масоиле ҳастанд, ки собиқаашон ба баландии хилқати инсон мерасад,зеро Қуръони Карим дар ин робита мефармояд:

فَلَمَّا ذَاقَا الشَّجَرَةَ بَدَتْ لَهُمَا سَوْآتُهُمَا وَطَفِقَا يَخْصِفَانِ عَلَيْهِمَا مِنْ وَرَقِ الْجَنَّة

“Ва ҳангоме ки аз он дарахт чашиданд (авраташон)бар онҳо ошкор шуд ва шурӯъ карданд ба қарор додани баргҳоӣ (дарахтони)биҳиштӣ бар худашон, то онро бипӯшонанд” (Сураи Аъроф, ояти 22 )

Бо таваҷҷӯҳ ба ин ояти шарифа маълум мешавад,  қабл аз ин ки  инсон ба замин фурӯд биёяд  даргири масъалаи ҳиҷоб будааст. Аммо ба сурати куллӣ ва муфассал аввалин касе, ки дар мактаби Ислом ба масъалаи ҳиҷоб пардохтааст  Паёмбари Акрам(с) бо илҳомгирӣ аз Қуръони Карим мебошад.

Дар қисмати аввали ин навиштор ҳиҷоб аз лиҳози луғатшиносӣ ва зарурати он аз нигоҳи Қуръони Карим  баҳс ва баён шуд. Аммо дар ин қисмат аз навиштор ба зарурати ҳиҷоб аз назари аҳодис   пардохта ва таърихчаи ҳиҷоби ҷомеаи кунуниро баҳс ва баён хоҳем кард.

Ҳиҷоб ва зарурати он аз нигоҳи аҳодис

Дар робита ба воҷиб будани ҳиҷоб аҳодиси фаровон дар китобҳои ҳадисӣ ва китобҳои  тафсири Қуръон, зайли оятҳои марбут ба ҳиҷоб зикр шудааст,  аммо нуктаи қобили таваҷҷӯҳ ин аст, ки чаро бархе аз афрод худсарона дар бораи ҳиҷоб назарпардозӣ мекунанд ва ба мардум мегӯянд ҳиҷоб на дар Қуръони Карим ва на дар суннат омада аст. Аз инҷо маълум мешавад, ки ҳарф аз Ислом ва мусалмонӣ мезананд, аммо дареғ аз як саҳифа мутолиаи китоби илоҳӣ. Яъне ин афрод дар тӯли зиндагии худ як бор ба як китоби ҳадисӣ ва ё тафсир муроҷиа накардаанд, то бидонанд воҷиб будани  ҳиҷоб ҳам дар Қуръон омадааст ва ҳам дар аҳодиси набавӣ.

Ривояте аз Паёмбари Акрам(с) нақл шудааст, ки баёнгари  вуҷуби ҳиҷоб мебошад.

قال رسول الله(ص) :يا أسماء إن المرأة إذا بلغت المحيض لم تصلح أن يرى منها إلا هذا وهذا وأشار إلى وجهه وكفيه.

Паёмбари Акрам (с) фармуданд:

Эй Асмоъ ҳамин, ки зан дар ҳадди булуғ раисид, сазовор нест чизе аз бадани Ӯ намоён шавад. Магар банди даст ба поён ва чеҳрааш. (Сунани Абудовуд, ҷ 4, саҳ 62)

Ин ҳадиси шариф, ки зикр шуд баёнкунандаи он аст, ки зан агар ба ҳадди булуғ бирасад, бояд дар муқобили номаҳрам ҳиҷоб дошта бошад  ва аз пӯшидани либосҳои нозук(тунук) парҳез кунанд. Бинобар ин ҳадис ҳиҷоб бар тамоми занони мусалмон воҷиб аст ва ҳеҷ касе ҳаққи инкори ҳиҷобро надорад.

1)Ҳиҷоб нишонаи имон аст:

Аз ҳазрати Оиша(рз) нақл шудааст, ки фармуданд:

دخلت نسوة من بنی تمیم علی عایشه و علیهن ثیاب رقاق، فقالت عایشة: ان کنتن مؤمنات فلیس هذا بلباس المؤمنات و ان کنتن غیر مؤمنات فتقمصن بها.

Ҷамъе аз занони бани Тамим бар модари мӯъминон ҳазрати Оиша ворид шуданд, дар ҳоле ки либоси нозук бар тан доштанд, ҳазрати Оиша(рз) ба онҳо гуфтанд агар шумо занони боимон ҳастед, ин либоси нозук либоси занони боимон нест ва агар имон надоред ҳар либосе, ки мехоҳед бипӯшед. (Тафсири Руҳулмаони,  зайли ояти 59 сураи Аҳзоб)

Ҳадисе, ки баён шуд илова бар баёни вуҷуби ҳиҷоб, баёнкунандаи ин аст, ки либоси хуб ва ҳиҷоби комил доштан нишонаи имони як зани мусалмон мебошад ва ҳамчунин занони мусалмон вазифа доранд дар сурати мушоҳидаи бадҳиҷобӣ  занони дигарро арми ба маъруф ва наҳй аз мункар кунанд. Ҳамонтавре, ки ҳазрати Оиша(рз) занони замонаи худашонро амри ба маъруф карданд.

2)Раҳмати Худо бар ҳиҷобкунандагон:

Ҳадиси дигаре низ аз ҳазрати Оиша(рз) нақл шудааст, ки мефармоянд:

عَنْ عَائِشَةَ (رض) زوج النبی(ص) قالَتْ: يَرْحَمُ اللَّهُ نِسَاءَ المُهَاجِرَاتِ الأُوَلَ، لَمَّا أنْزَلَ اللَّهُ

{وَلْيَضْرِبْنَ بخُمُرِهِنَّ علَى جُيُوبِهِنَّ} شَقَّقْنَ مُرُوطَهُنَّ فَاخْتَمَرْنَ بهَا.

Аз ҳазрати Оиша(рз) ҳамсари Паёмбар(с) нақл шудааст, ки фармуданд: Раҳмати Худо бар занони муҳоҷири пешгом бод, ҳангоме ки Худованд фармони ҳиҷобро нозил кард, ғафстарин либосҳои пашмии худро буриш дода ва бо он сару гардани худро пӯшонданд. (Тафсири Дуррулмансур, ҷ 5 саҳ 221)

Таърихчаи Ҳиҷоб дар Тоҷикистон:

Тоҷикистон кишварест бо 93 фоиз мусалмон. Тибқи баррасии таърихӣ маълум мешавад, ки занони мусалмони тоҷик то замони ба қурдат расидани ҳукумати шӯравӣ бар асоси шариъати исломӣ пӯшиш ва ҳиҷоби комил ва хубе доштаанд. Бо сари кор омадани ҳукумати шӯравӣ  ва афкори хосси он тағйироти густардае дар зиндагӣ ва дину оини мардуми тоҷик ба вуҷуд омад,  ки аз ҷумлаи он масъалаи пӯшиши занон буд. Ҳукумати шӯравӣ барои амалӣ кардани сиёсатҳои зидди динии худ ва мубориза бо ҳукми Ислом барномаҳоеро дар назар гирифт, ки аз ҷумлаи онҳо пӯшиши занон буд. (Ҳиҷоб ва посух ба шубаҳоти он саҳ 141 )

Ҳукумати шӯравӣ барои аз байн бурдани ҳиҷоби занон барномаҳои зиёде тартиб дода буд, ки ба бархе аз он ишора хоҳад шуд.

А) Ташкили клубҳо

Дар Тоҷикистон аввалин клуби занон дар соли 1921 мелодӣ дар шаҳри Хуҷанд кушода шуда буд ва дар солҳои 1930 мелодӣ дар бисёре аз ноҳияҳои кишвар  ин тавр клубҳои махсуси занон ташкил шуд. Ҳадаф аз ташкили ин клубҳо кашондани занон ба ин маконҳо буд, то аз ин роҳҳо битавонанд теъдоде аз занонро аз наҷобат ва пӯшиши ҳиҷоб дур кунанд. Мутаасифона то ҳудуде ба ҳадафи нопоки худ расидаанд, ки имрӯза шоҳиди он ҳастем, ки афкори онҳо дар ҷомеаи тоҷик боқи мондааст.

Б) Ривоҷ додани беҳиҷобӣ ба воситаи занони омӯзишдида

Дар даврони ҳукумати шӯравӣ гурӯҳе аз занони омӯзишдида ва таҷрибанок интихоб шуда ва бо ҳадафи кашфи ҳиҷоби занони мусалмон ба кишварҳои осиёи миёна фиристода шудаанд.

В) Ташвиқи занон барои кашфи ҳиҷоб

Ҳукумати шӯравӣ барои бардоштани ҳиҷоб аз сари занони тоҷик онҳоро ташвиқ ба озодӣ аз асорат ва даъват ба театрҳо мекард аввалин театр дар Душанбе соли 1932 мелодӣ кушода шуда буд.

Ба театр ҷалб намудани занони тоҷик хеле сахт ва душвор буд ва шуъбаҳои занони ҷумҳурӣ дар ин бобат нақши муассире доштанд. Аввалин зане, ки дар театр ба кор гирифта шуд Гулчеҳра Бақоева буд ва баъд аз он дигар занон ба саҳна омаданд.(Тоҷикистон дар асри 20 ва ибтидои 21,саҳ 68-93)

Албатта бо таваҷҷӯҳ ба тавфиқоти илоҳӣ ва решадор будани дини Ислом дар байни мардумони тоҷик талошҳо ва барномарезиҳои ҳукумати шӯравӣ натавонист пайвандии ин мардум ба аҳкоми Исломро аз байн бибарад ва онҳоро аз ҳувияти аслии худ дур кунад.

Милати тоҷик дар тӯли ин ҳама сол  тавонист ҳиҷоби зан ва номуси худро ҳифз кунад ва таслими тоғутиёни замони худ нашавад.

Натиҷа:

Дин барои ҳузури бошарофатмандони зан ва фаъолияти ӯ дар ҷомеа аҳамияти бисёр қоил шудааст. Ислом бо асли берун рафтани зан аз хона ва фаъолияти иҷтимоӣ, сиёси ва иқтисодии зан мухолиф нест. Ҳатто дар мавориди ҳамчун илмомӯзӣ сафоришҳои фаровоне кардааст. Аммо бояд таваҷҷӯҳи ҷидди дошт, ки ҳамаи ин корҳо бояд дар чаҳорчубаи дастурот ва меъёрҳои исломӣ бошад ончи монеи таҳаррук ва рушди ҷомеа мешавад ҳиҷоби занон нест, балки аслитарин монеи рушди як ҷомеа беҳиҷоби ва ё бадҳиҷоби аст.

Ин беҳиҷобӣ аст, ки сабаби барҳам хурдани ахлоқи иҷтимоӣ мешавад. Ба ҳамин хотир ҳиҷоб ва тарвиҷи он дар ҷомеа кори оқилона аст. Дар ғайри ин сурат ғаризаи ҷинсии инсонҳо бисёр нерӯманд аст ва ҳарчи бештар таҳрик ва итоат шавад саркаштар хоҳад шуд. Исломи азиз ба қудрати ин ғариза таваҷҷӯҳ карда ва барои таъдил ва ром кардани он ҳиҷобро пешниҳод кардааст. Ҳиҷоб озодии занонро намегирад, балки озодиро аз мардони бемордиле, ки қасди лаззатҷуӣ ва ҳавасрониро доранд мегирад. Ҳиҷоб ба зан эҳсоси оромиш ва амният мебахшад ва ӯро дорои шахсият, шаън ва ҷойгоҳи болое дар низоми хонавода ва иҷтимоъ мекунад. Умед аст дастуроти илоҳӣ бо талош ва муқовимати мардуми мусалмон дар ҷомеаи мо амалӣ шавад ва ҳукумати мо сари ақл биёяд.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед