Ҳиҷоб аз нигоҳи Қуръон ва ҳадис-1

1
323

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Ҳиҷоб аз нигоҳи Қуръон ва ҳадис

(Қисмати аввал)

Муқаддима

Яке аз муъзалот ва мушкилоте, ки ҷомеаи инсонӣ ва исломиро ба табоҳӣ мекашонад ин беҳиҷобӣ ё бадҳиҷобӣ аст. Чаро ки ин масъала дар ҷомеаҳои пешрафта ва мудерн, низоми хонаводаро аз байн бурдааст ва ин фурӯпошии низоми хонавода ба хотири иртиботе аст, ки бар асари беҳиҷобӣ ва ё бадҳиҷобӣ ба вуҷуд омадааст. Масъалаи ҳиҷоб яке аз аҳкомҳои умумӣ ва асосии дини мубини Ислом мебошад, ки тамоми мазоҳиби дини Ислом, дар воҷиб будани ҳиҷоб ҳамназар ҳастанд. Бархилофи назариёти куркурона ва носанҷидае, ки имрӯза дар ҷомеа матраҳ мешавад, аз тарафи касоне аст, ки аз Ислом фақат номи онро медонанд. Дар ҳоле ки ҳиҷоб ҷилвае аз такомули Ислом мебошад. Чун ба василаи ҳиҷоб аст, ки зан аз нигоҳои шаҳвонӣ  дар амон хоҳад монд. Дар тафаккури бархеҳо дар ҷомеаи имрӯза мутаасифона ҳиҷоб сабаби ранҷ, бесаводӣ ва маҳдудияти зан хонда шудааст, аммо бо таваҷҷӯҳ ба ҷойгоҳи зан пеш аз Ислом ин матлаб ба хубӣ ошкор мешавад, ки Ислом ба зан ва ҳифзи оромиши  он то чӣ андоза аҳаммият бахшидааст. Ҳар чанд баъзе аз давлатмардон дар ҷомеаи кунунӣ мардумро дар ҷиҳати фасод ва фаҳшо ташвиқ мекунанд, то дар ҳукумати худ боқи бимонанд. Ин афрод дониста ва ё надониста дар ҳақиқат теша ба решаи худ мезананд. Бо ҳифзи ҳиҷоб ва покдомании зан аст, ки ҷасоратҳои беҳаду марзи мардони гургсифат аз байн хоҳад рафт. Дар ҳақиқат чунин барномаи ҳаётӣ барои занон бо ҳидоятҳои  паёмбарон ва солеҳон мебошад, зеро  эшон ҳастанд, ки дар партави ваҳй илоҳӣ хусусияти занро мешиносанд.

Ҳиҷоб дар луғат

Барои калимаи ҳиҷоб дар китобҳои луғат маъноҳои зиёде зикр шудааст, ки чанд маврид аз онҳоро баён хоҳем кард

1) Ҳиҷоб дар луғат ба маънои парда, сатр, ва ниқоб омадааст. (Луғатномаи Муин зайли калимаи ҳиҷоб)

2)      Ҳиҷоб ба маънои пӯшидан ва низ номи чизе аст, ки ба василаи он худро мепӯшонанд ва ҳар чизе, ки миёни ду чиз ҷудоӣ бияндозад ҳиҷоб аст .(Лисонулараб зайли каламаи ҳиҷоб)

Таърихчаи Ҳиҷоб

Пеш аз вуруд ба мавзӯъ лозим аст ҳиҷоби занро аз лиҳози таърихӣ мавриди таваҷҷӯҳ қарор диҳем. Дар бештари миллатҳо ва оинҳои ҷаҳон ҳиҷоб дар байни занон маъмул будааст. Ҳар чанд дар тӯли таърих фарозу нишебҳои зиёдеро паймудааст ва гоҳ бо эъмоли салиқаи ҳокимон, сахтӣ ва ё сустӣ ёфтааст, аммо ҳеҷ гоҳ комилан аз байн нарафтааст, ҳар чанд баъзе аз ҳокимон тамоми талоши худро кардаанд, то ҳиҷобро комил аз байн бибаранд.

Он чӣ аз таърихи ҳиҷоб истифода мешавад ин аст, ки дар  Юнон, Рум, Миср ва Эрони бостон занон, бахусус занони шаҳрнишин ва занони табақаи ашроф  ҳангоми хуруҷ аз хона худро мепӯшонданд. Дар Руми Шарқӣ ҳиҷоб ба шиддат ривоҷ дошт. Дар миёни масеҳиён ва аврупоиён ҳиҷоб маъмул будааст ва ин одат то қарни сездаҳ хеле ривоҷ дошт, аммо дар Руссия то ҳангоми салтанати Пётри Кабир ҳиҷоб маъмул буд ва дар асари кушиш  ва дахолатҳои он бардошта шуд.(Аббоси Раҳматуллоҳ, Ҳиҷоб ва посух ба шубаҳоти он саҳ 6)

Бо таваҷҷӯҳ ба таърихчае,  ки баён шуд равшан аст, ки ҳиҷоб дар адёни қабл аз Ислом ҳам будааст. Агар мусалмонон бо ҳокимони зиди ҳиҷоб ва бадҳиҷобон мубориза накунанд сарнавишти имрӯзаи масеҳиён дар интизорашон хоҳад буд ва баъд аз муддати чанд сол мисли масеҳиёни замони ҳозира ҳеҷ мусалмоне дорои ҳиҷоб нахоҳад монд ва  ин аз барномаҳои душман ва ҳадафи ҳокимони зидди Ислом ва мусалмонон аст.

Ҳиҷоб ва зарурати он аз нигоҳи Қуръони Карим

Лозим аст барои огоҳии касоне, ки аз рӯи душманӣ, бесаводӣ ва ба хотири гумроҳ кардани мардум саволҳоеро матраҳ мекунанд, матолиберо баён кард, то бар ҳамагон ошкор шавад, ки ҳиҷоб аз Ислом аст, на аз араб ва на  фарҳанги бегона, балки аз фарҳанги Ислом аст, албата агар худро мусалмон бидонанд.

Худованди Мутаол дар Қуръони Карим мефармояд:

وَقُلْ لِلْمُؤْمِنَاتِ يَغْضُضْنَ مِنْ أَبْصَارِهِنَّ وَيَحْفَظْنَ فُرُوجَهُنَّ وَلَا يُبْدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلَّا مَا ظَهَرَ مِنْهَا وَلْيَضْرِبْنَ بِخُمُرِهِنَّ عَلَى جُيُوبِهِنَّ وَلَا يُبْدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلَّا لِبُعُولَتِهِنَّ

Ва ба занони мӯъмин бигӯ, дидагонашонро (аз нигоҳи номаҳрам) фурӯ доранд ва домани худро ҳифз кунанд ва зинати худро ошкор насозанд, ҷуз он чи аз онҳо, ки ошкор аст. Ва бояд русариҳои худро бар гиребонҳояшон фурӯ гузоранд ва зинати  худро ошкор насозанд, ҷуз барои шавҳаронашон.” (Сураи Нур, ояти 31)

Ояти шарифа аз машҳуртарин ояте аст, ки дар робита ба ҳиҷоб омадааст, алббата оёти дигаре вуҷуд дорад, ки бархе аз онҳоро зикр хоҳем кард .

Дар ин оят Худованд андозаи пӯшиши маҳорим ва ғайри маҳоримро муайян мекунад ва бар пӯшиши зинатҳои занон барои ғайри маҳорим  таъкиди фаровон дорад.

Яке дигар аз оёте, ки дар Қуръони Карим далолат бар вуҷуби ҳиҷоб ва пӯшиш барои зан мекунад сураи Аҳзоб аст.

Худованди Мутаол хитоб ба Расули Акрам(с) мефармояд:

يَاأَيُّهَا النَّبِيُّ قُلْ لِأَزْوَاجِكَ وَبَنَاتِكَ وَنِسَاءِ الْمُؤْمِنِينَ يُدْنِينَ عَلَيْهِنَّ مِنْ جَلَابِيبِهِنَّ ذَلِكَ أَدْنَى أَنْ يُعْرَفْنَ فَلَا يُؤْذَيْنَ وَكَانَ اللَّهُ غَفُورًا رَحِيمًا

Эй Паёмбар (с), ба занону духтарони худ ва занони мӯъминон бигӯ, пӯшишҳояшонро бар худ фурӯ афкананб,ин барои он ки шинохта шаванд ва озор набинанд наздиктар аст бо хаймае пӯшонанд, ки ин хеле наздиктар аст. Ва Худо бахшояндаву меҳрубон аст!(Сураи Аҳзоб, ояти 59)

Ҷилбоб либоси бузӯргтар аз рӯймол ва кучактар аз або ва ҷелак мебошад, ки занон бо он сар ва гардани худро мепӯшонанд. Ҷилбоб дар луғат ба маънои порчае аст, ки ҳамаи баданро мепӯшонад.(Луғатномаи Тоҷуларус ҷ1, саҳ 174)

Ҳиҷоб дар ҷомеаи имрӯза

Бо таваҷҷӯҳ ба оёти Қуръон шакке дар ҳудуд ва миқдори ҳиҷоб боқӣ намемонад, аммо мутаассифона имрӯза бархе аз инсонҳо аз худи ҳиҷоб  бад истифода мекунанд ва ҳиҷобро мояи табарруҷ ва худнамоӣ қарор медиҳанд. Бояд таваҷҷӯҳ кард, ки пӯшиш бояд ба тавре бошад, ки инсонро аз фаҳшо ва худнамоӣ дур нигаҳ дорад. Баъзе аз хоҳароне, ки ҳиҷобҳои танг бар тан мекунанд, бояд бидонанд чунин ҳиҷоб на ин ки амри илоҳиро ба ҷо овардаанд, балки ин тарзи ҳиҷобпӯшӣ сабаби таҳрики мардони номаҳрам хоҳад шуд.

Дини мубини Ислом ҳиҷобро барои ин воҷиб кардааст, то аз зан ва ҷинсияти он ки мавриди таҷовуз қарор мегирад, муҳофизат кунад. Мақоми зан онқадар боло аст, ки набояд олудаи ҳар нигоҳи номаҳрамон  шавад. Ҳиҷоб дар асл бояд ба гунае бошад, ки аз ин амр(нигоҳи ҳаром) ҷилавгирӣ кунад.

Як зани мусалмон бо ҳиҷоби комил ҳаққи  ҳузур дар ҷомеаро бидуни ҳеҷгуна суистифода ва хатар аз ҷониби дигаронро дорад ва метавонад озодона фаъолият дошта бошад. Пас ин ки мегӯянд ҳиҷоб барои зан монеъа ва маҳдудият меорад, ин сухани хато мебошад, балки ҳиҷоб барои зан иззат, шараф ва шахсият медиҳад. Нуктаи дорои  аҳамият ин аст, ки бархе ба худ иҷоза ва ҷуръат додаанд ва маълум нест бо чӣ савод ва мантиқ, кулли мавзӯи ҳиҷоб дар Исломро инкор мекунанд ва мардуми авом низ ин суханонро бовар мекунанд. Оё бо таваҷҷӯҳ ба оёти гуфташуда ва дастуроти равшан ва ошкори илоҳӣ нисбат ба мавзӯи ҳиҷоб метавон онро инкор кард ва нодида гирифт?!  Мавзӯи дигаре, ки бояд матраҳ шавад ва дар робита ба он баҳс ва китобҳо навишта шавад, ин аст ки дар ҷомеаи мо ҳиҷоб амри бегона хонда мешавад!. Яъне мегӯянд ҳиҷоб аз мо нест ва мо бояд танҳо бо усул ва қоидаҳои худ ва пӯшиши фарҳанги давлати худ амал кунем. Дар ин сурат бояд гуфт, пас Паёмбари Худо (с) ва дини ӯ низ аз мо нест ва амри бегонаву хориҷӣ аст. Оё ин сухан барои мардуми мо мавриди қабул аст, Паёмбари Худо(с) ва Исломро аз худамон надонем ? Ҷавоби ин савол чунин аст, Паёғамбари Худо(с) ва Исломи азиз аз мо аст ва балки касоне, ки ҳиҷоб ва дигар амрҳои Исломро инкор мекунанд, онҳо аз мо нест!. Бояд таваҷҷӯҳ дошт агар шахсе Исломро пазируфт, бояд таҳти ҳар шароит ва дар ҳар маконе аз дастуроти илоҳӣ пайравӣ кунад. Амри илоҳӣ ҳаргиз бо ҳеҷ дастуре аз ҷониби ғайри Худо нақс ва ботил нахоҳад шуд.  Дар Қуръон низ ояте, ки ҳукми ҳиҷобро насх ва ботил карда бошад,  вуҷуд надорад.

Натиҷа

Ислом дини комил ва ҷомеъ мебошад, ки ҳиҷобро барои ҳифзи арзиш, иззат ва пешрафту  камоли зан воҷиб кардааст. Ҳиҷоб бо таваҷҷӯҳ ба манбаи аслӣ он яъне дини Ислом дар оёт ва ривоёт қобили исбот аст ва шубҳае ба он ворид нест. Ҳудуди ҳиҷоб дар дини Ислом мушаххас шудааст ва бетаваҷҷӯҳӣ ба он хашми илоҳиро дар бар дорад. Ҳиҷоб шомили пӯшонидани зинатҳо ва пӯшиши кулли бадан, ба ҷуз гирдии сурат ва дастон мебошад ва беҳтарин ҳиҷоб ҳамон ҷилбоб мебошад, ки аз рӯи либосҳо пӯшида мешавад. Ҳиҷоб на танҳо боиси бесаводӣ ва ақибмондагӣ намешавад, балки аз зан инсони фаъол ва озод месозад. Таваҷҷӯҳ ба ҳиҷоб ҷомеаро аз фасод ва табоҳӣ дар амон нигоҳ медорад. Ҳамчунин робитаи байни зан ва мардро беҳбуд мебахшад.

Иншоаллоҳ ҳиҷоби ҳақиқӣ барои занони мо ошкор гардад ва дар ҳифзу нашри он кушо бошанд.

Идома дорад…

1 ШАРҲ

  1. Худо лаънат кунад ин золимора ки Меган ҳиҷоб аз рӯи бесаводи аст

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед