Зулмнопазирӣ(бахши дуюм)

0
132

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Мубориза бо зулм ва золимон

 Муқаддима

Мавзеи инсон муқобили зулму қудрати туғёнгар ва ситампеша чӣ бояд бошад? Оё таслим шавад, пайравӣ кунад ва ситамро бипазирд? Ё на, истодагӣ ва мубориза намояд, қиём кунад ва ситамро напазирад? Оё зулму ситами ситамгарон қазову қадари илоҳӣ аст ва хости Ӯст ва лозимаи ризо ба тақдири илоҳӣ ризоят ба зулму таслим шудан дар баробари золим аст, ё не? Посухи ақл ва шаръ дар ин бора равшан аст, на ақл иҷозаи зулмпазирӣ ме‏диҳад ва на дин. Дар ин навиштор посухи саволҳои зикр шударо дар Қуръони Карим ва суннати Паёмбари Акрам (с) ҷустуҷӯ мекунем.

Худованди Мутаол дар Қуръони Карим мефармояд:

وَمَا اللَّهُ يُرِيدُ ظُلْمًا لِلْعِبَادِ

“Ва Худованд зулму ситаме бар бандгонаш намехоҳад.” (Сураи Ғофир, ояти 31)

Худованди Мутаол дар ояти дигаре мефармояд:

قُلْ إِنَّ اللَّهَ لَا يَأْمُرُ بِالْفَحْشَاءِ أَتَقُولُونَ عَلَى اللَّهِ مَا لَا تَعْلَمُونَ

“Бигӯ Худованд (ҳаргиз) дастур ба амали зишт намедиҳад оё чизе бар Худо нисбат медиҳед, ки намедонед?” (Сураи Аъроф, ояти 28)

Худованди Мутаол бандагонашро ба адолат ва некӣ даъват карда ва дастур медиҳад:

إِنَّ اللَّهَ يَأْمُرُ بِالْعَدْلِ وَالْإِحْسَانِ

“Дар ҳақиқат Худованд ба додгарӣ (адолат) ва некӯкорӣ дастур медиҳад.” (Сураи Наҳл, ояти 90)

Худованди Мутаол ба қиём, адолат ва қист дастур медиҳад:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا كُونُوا قَوَّامِينَ بِالْقِسْطِ شُهَدَاءَ لِلَّهِ

“Эй муъминон ба адлу дод қиём кунед ва дар роҳи ризои Худо шаҳодат диҳед.” (Сураи Нисо, ояти 135)

Худованд бар касе зулму ситам намекунад ва агар ситаме ҳаст аз сӯи Ӯ нест, аз сӯи худи инсонҳост ва бояд бо он мубориза кард:

إِنَّ اللَّهَ لَا يَظْلِمُ النَّاسَ شَيْئًا وَلَكِنَّ النَّاسَ أَنْفُسَهُمْ يَظْلِمُونَ

“Худованд ҳеҷ ба мардум ситам намекунад, вале ин мардуманд, ки ба худашон ситам мекунанд.” (Сураи Юнус, ояти 44)

Паёмбари Акрам (с) моро ташвиқу тавсия мекунанд, то монеи анҷоми зулм шавем ва ба золим иҷоза надиҳем зулму ситам кунад:

إنَّ النَّاسَ إذا رَأوُ الظّالِمَ فَلَم یَأخُذُوا عَلی یَدَیه أوشَک أن یَعُمَّهُم الله بِعِقَابٍ مِنهُ

“Замоне, ки мардум золимеро диданд ва монеи зулмаш нашуданд, бояд мунтазири азоби ҳамагонии Худованд бошанд.” (Муснади Имом Аҳмад ибни Ҳанбал, ҷ 1, саҳ 7)

Ҳамон тавре, ки дидем дин ба мо дастур медиҳад, то бо зулм, ситам ва золимону ҳокимони золим мубориза кунем. Золимоне, ки хуни инсонро макида ва ҷони заифон ва маҳрумони ҷомеаро мегиранд. Қудратмандоне, ки қудрати худро аз нотавонии мардум мегиранду нони худро бо зулм кардан ба дигарон ба даст меоваранд.

Кишварҳои исломӣ ва ҷомеаҳои мусулмонон дар солҳои гузашта аз зулму ситами сиёсатмадорони фосиду золим ранҷи бисёр кашидаанд; Сиёсатмадороне, ки асоси кори худро бар куштору хунрезӣ, вайронӣ, аз байн бурдани мардум ва зумлҳои мухталифи дигар қарор додаанд. Аз ин сабаб таърих ҳамеша шоҳиди мардумони огоҳест, ки барои муқобила бо зулм талош карда ва ба ҷанг бо ситамкорон ва туғёнгарон пардохтаанд. Инсони золим, ҳамаи қонунҳо ва арзишҳои инсонӣ, ахлоқӣ ва табиявиро нодида мегирад ва по бар рӯи ҳамаи онҳо мегузорад. Ҳамчунин бо ба даст гирифтани қудрат, бар тамоми ҷанбаҳои зиндагии мардум тасаллут ёфта ва мекӯшад то ихтиёру озодии онҳоро аз байн бибарад. Осори вайронгари ӯ танҳо ба башарият маҳдуд нашуда, балки ҳаёти ваҳшу табиатро ҳам шомил мешавад.

Ҳокимони золими ҷомеаи исломӣ ҳамеша бар худ либоси дин пӯшондаанд ва аз ин тариқ мардумро гумроҳ карда ва заминаи зулмпазирии онҳоро омода сохтаанд, то аз ин роҳ битавонанд мардумро фиреб диҳанд. Қуръони Карим пайравӣ аз чунин ситамгаронро ҷаҳлу нодонӣ ва баробар бо зулми золимон медонад. Қуръони Карим дар накӯҳиши касоне, ки фиреб хӯрда ва таслими зулм мешаванд ва аз золимон пайравӣ мекунанд, ҳушдор додааст. Дар мавриди аҳволи золимон ва касоне, ки таслими онҳо шудаанд дар сураи Сабо чунин мехонем:

وَلَوْ تَرَى إِذِ الظَّالِمُونَ مَوْقُوفُونَ عِنْدَ رَبِّهِمْ يَرْجِعُ بَعْضُهُمْ إِلَى بَعْضٍ الْقَوْلَ يَقُولُ الَّذِينَ اسْتُضْعِفُوا لِلَّذِينَ اسْتَكْبَرُوا لَوْلَا أَنْتُمْ لَكُنَّا مُؤْمِنِينَ. قَالَ الَّذِينَ اسْتَكْبَرُوا لِلَّذِينَ اسْتُضْعِفُوا أَنَحْنُ صَدَدْنَاكُمْ عَنِ الْهُدَى بَعْدَ إِذْ جَاءَكُمْ بَلْ كُنْتُمْ مُجْرِمِينَ. وَقَالَ الَّذِينَ اسْتُضْعِفُوا لِلَّذِينَ اسْتَكْبَرُوا بَلْ مَكْرُ اللَّيْلِ وَالنَّهَارِ

“Агар бубинӣ ҳангоме, ки ин ситамгарон дар пешгоҳи парвардигорашон (барои ҳисоб ва ҷазо) боздошт шудаанд (аз вазъияти онҳо тааҷҷуб мекунӣ) дар ҳоле, ки ҳар кадом гуноҳи худро ба гардани дигаре меандозад, заифон ба золимон мегӯянд: Агар шумо набудед мо муъмин будем! (Аммо) золимон ба заифон посух медиҳанд: Оё мо шуморо аз ҳидоят боздоштаем баъд аз онки (ҳидоят) ба сӯроғи шумо омад (ва онро ба хубӣ дарёфтед?!) балки шумо худ муҷрим (гунаҳкор) будед! Зулмпазирандагон ба золимон мегӯянд васвасаҳои фиребкоронаи шумо дар шабу рӯз сабаби гумроҳии мо шуд! (Сураи Сабо, ояти 31-32)

Дар оятҳо ва ҳадиси зикр шуда мавзеъгирии ду гурӯҳи ситамгар яъне касоне, ки ба онҳо зулм шудааст ва золимон дар рӯёрӯӣ бо ҳам мушаххас шудааст. Золим ва зулмпазир ҳар ду гунаҳкоранд ва ҳар ду ба сабаби зулмашон дар азоб ҳастанд. Замоне, ки заъифон гуноҳи зулмпазирии худро ба гардани золимон меандозанд, онҳо посух ме‏диҳанд, ки ин шумо ҳастед, ки гунаҳкор ҳастед, чун бо вуҷуди далелҳои равшан ва пас аз омадани ҳидоят гумроҳ шудед. Ва ҳақиқат ҳамин аст, онки ситам ме‏кунад гунаҳкор аст ва онки ситам ме‏пазирад ҳам гунаҳкор. Заъифон бо чашму гӯшҳои баста аз онҳое пайравӣ кардаанд, ки роҳи кибру ғурурро тай карда ва ба султаҷӯӣ пардохта буданд. Онҳо, ки зулм пазируфтаанд дар онҷо (қиёмат) талош мекунанд худро бегуноҳ нишон диҳанд ва ба ситамгарон ва пешвоёни гумроҳӣ ме‏гӯянд, агар шумо набудед мо мӯъмин будем ва мақсадашон ин аст, ки шумо моро маҷбӯр ба пазириши зулм кардед ва байни мо ва имон ҷудоӣ андохтед, аммо ҳеҷ тавҷеҳе аз онон пазируфта нест. Онҳо ва бо вуҷуди роҳнамоиҳои шариат ва ақл ва ирода таслими зулм шуданд. Ҳар ду гурӯҳ гунаҳкоранд ва гирифтори амалкарди хеш, ки аз пеш фароҳам сохтаанд. Ин аъмол ва кирдори онҳост, ки ба сурати занҷире бар гардану дасту пойҳояшон онҳоро зиндонӣ кардааст. Ҳар ду гурӯҳ дар ин ҷаҳон дар зиндон будаанду дар он ҷаҳон ҳам дар зиндон хоҳанд буд. Золимон асири зару зӯру тазвир(ду рӯӣ) ва заифон дар зиндони нафъу тарсу ҷаҳлу нодонӣ.

Онҳое, ки раҳбарон ва ҳокимони худро бо чашмону гӯшҳои баста пайравӣ ме‏кунанд ва нисбат ба корҳои ботили онҳо бетафовут ме‏монанд ва зулму ситамгарии онҳоро мепазиранд, зиндагии ин ҷаҳон ва он ҷаҳони худро вайрон ме‏кунанд. Шинохтҳои қалбӣ ва далелҳои ақлӣ ва амал кардан намуна‏ҳои ошкорест, ки ҳамаи инсонҳо ме‏тавонанд ба василаи онҳо зулму ситамро бишносанд, гарчанде, ки золим дар либоси дин бошад ва зулми худро дар пӯшиши дин анҷом диҳад.

 Идома дорад…

Зулм нопазирӣ (бахши аввал)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед