Зулмнопазирӣ (қисми панҷум)

0
62

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон

Решаҳои зулмпазирӣ 1

Муқаддима

Бо таваҷҷӯҳ ба баҳсҳое, ки дар мавриди зулмнопазирӣ дар қисматҳои қаблӣ доштем ин саволи муҳим пеш меояд, ки чаро инсонҳо таслими зулм мешаванд? Агар зулмпазирӣ мухолифи фитрату ақлу шариат аст, пас чаро мардум дар баробари он таслим мешаванд? Дар гузашта зулмпазирӣ бӯдаву дар замони мо низ ҳамчунон идома дорад, решаи ин ҳама зулмпазирӣ дар чист, ки сабаб шудааст ин роҳи ғалат то имрӯз давом дошта бошад? Дар ин қисмат решаҳои зулмпазириро бо таваҷҷӯҳ ба Қуръон ва аҳодис баррасӣ мекунем.

Решаҳои зулмпазирӣ

  1. Дунёхоҳии инсонҳо

Бо диққат дар таърихи зулмпазирии инсонҳо мутаваҷҷеҳ мешавем, ки вобастагиҳои инсон ӯро маҷбур месозад, то зулму ситамро бипазирад. Решаи ҳамаи ситамҳо ва ситампазириҳо дар дунёхоҳии инсон аст. Инсоне, ки чашмаш ба дунёст, дилбаста ва вобастаи дунёст, дар ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо зулм ба ҷои мубориза бо он ба хотири вобастагияш ба дунё ва ин ки ба дунёи вай зарар нарасад, зулмпазир мешавад. Инсоне, ки мондан дар дунёро барои худ асл ва дил кандан аз онро барои худ нобӯдӣ медонад, ошкор аст, ки дар баробари мубориза бо зулм, зулмпазириро интихоб мекунад.

Он касе, ки вобастаи молу фарзанд аст, талош мекунад, то бо зиллат ҳам, ки шуда бошад онҳоро ҳифз кунад. Касе, ки ишқ ба қудрат дорад, барои расидан ба орзӯ яш ситам мепазирад, ки решаи ҳамаи ин зулмпазириҳо дар дунёхоҳӣ ва дунёпазирии инсон аст.

Инсони дунёталаб ба ҷои ин ки дар муқобили золим биистаду бо ӯ мубориза кунад золимро такягоҳи худ қарор дода ва таслими ҳар навъ зиллату хорӣ мешавад, то дунёи худро аз даст надиҳад. Қуръони Карим мефармояд:

وَلَا تَرْكَنُوا إِلَى الَّذِينَ ظَلَمُوا فَتَمَسَّكُمُ النَّارُ وَمَا لَكُمْ مِنْ دُونِ اللَّهِ مِنْ أَوْلِيَاءَ ثُمَّ لَا تُنْصَرُونَ

“Ва бар золимон такя накунед, ки сабаб мешавад оташ шуморо фаро гирад; Ва дар он ҳол, ҳеҷ валӣ ва сарпарасте ҷуз Худо нахоҳед дошт; Ва ёрӣ намешавед! (Сураи Ҳуд, ояти 113)

Дунёхоҳӣ ва бовар ба дунё, аз сабабҳои асосие аст, ки боис мешавад, то шахс ба золим такя кунад. Инсон ба хотири дарёфти моли беарзиши дунё, хоҳони бақои ситамгарон мешавад ва ба ҳар чизе тан медиҳад, аммо он, ки аз вобастагиҳояш гузашт ва дунёро раҳо кард, на танҳо таслими зулм намешавад, балки метавонад дар баробари он биистад. Модоме, ки инсон худро вобаста ба ғайри Худо бидонад, таслими ҳар навъ зулму ситам мешавад ва фарқе намекунад, ки он зулм кӯчак бошад ё бузург.

Агар паёмбарону авлиёи Худо таслими зулм нашуданд, ба он хотир буд, ки умедашон ба ғайри Худо набуд, аз ғайри Худо наметарсиданд, алоқа ва вобастагӣ ба дунё надоштанд на тарс аз рафтан доштанд ва на вобастагӣ ба мондан. На доштаҳояшон васвасаашон мекард ва на хоҳишҳояшон асирашон месохт. Онҳо ҳеҷ вобастагие ба дунё надоштанд, ба ҳамин сабаб онҷо, ки ҷои ҳиҷрат буд, вобаста нашуданду ҳиҷрат карданд ва онҷо, ки ҷои ҷиҳод буд, истоданду мубориза карданд.

Агар Лут (а) вобастаи касе мебуд, наметавонист биравад, аммо Ӯ рафту қавмаш монданд. Агар Нӯҳ (а) дилбастаи фарзанд мебуд, он ҳангом, ки писараш истод, меистод, аммо Ӯ рафт ва таслими гуноҳу ситам нашуд. Агар Мӯсо (а) осоиш ва осудахоҳ буд, худро дар майдони ҳаводис намеандохту алайҳи Фиръавн қиём намекард. Паёмбарон ва авлиёи Худо ҳамагӣ ингӯна буданд. Озод аз дунё ва дар натиҷа озод аз ситам‏пазирӣ буданд.

Бо диққат дар иллатҳои ситампазирӣ, нишонаҳои дунёхоҳӣ ва нишонаҳои вобастагиро ошкоро метавон дид. Дунё барои инсон монеъ мешавад, то ҳақиқатро набинад ва ҷаҳли инсон ҳам заминаи зулмпазирии ӯро фароҳам мекунад. Дунё худро зебо нишон медиҳад Ба ҳамин хотир ба дунё алоқа пайдо мекунад ва барои инки нафъу фоидаи онро аз даст надиҳад, таслими зулм мешавад.

Паёмбари Акрам дар мазаммати дунёхоҳӣ мефармоянд:

اُترُكوا الدنيا لأهلِها فإنّه مَن أخَذَ مِنها فوقَ ما يَكفِيهِ أخَذَ مِن حَتفِهِ و هُوَ لا يَشعُرُ

Ба дунё вобастагӣ надошта бошед, зеро ҳар кас беш аз андоза аз дунё бихоҳад нодониста барои нобудии худ талош кардааст. (Ҷомеул-аҳодис, ҷ 1, саҳ 285)

Ё дар ҷои дигар мефармояд:

حبُّ الدُنیَا رَأسُ کُلِّ خَطِیئَةٍ

Дунёхоҳӣ, сарчашмаи ҳамаи гуноҳон аст. (Шуабул-имон, ҷ 3, саҳ 190)

Мутаассифона имрӯза бисёре аз мусулмонони ҷаҳон ранҷу озори роҳи Худоро таҳаммул намекунанд ва дар баробари он сабур нестанд, то мудирияти умури динашон дар контролашон бошад ва худ иҷрокунандаи умури мусулмонон бошанд. Балки таслими ҳокимони ситамгар шудаанд, ки амри Худоро нодида гирифта ва бар асоси ҳавову ҳаваси худ амал мекунанд. Мусулмонони олам фаромӯш кардаанд, ки сабаби асосии мусаллат шудани ситамгарон бар онҳо тарси онҳо аз марг ва вобастагии онҳо ба дунёву зинда мондан аст.

  1. Тарси инсон

То вақте, ки тарс дар вуҷуди инсонҳо бошад зулмпазирӣ низ хоҳад буд. Болотарин тарс, тарс аз марг аст, тарси фарогире, ки ҳамаро шомил мешавад. Ин тарс ба сабаби он аст, ки инсон намедонад марг ҳақиқатан чист, ё намедонад бо марг ба куҷо меравад ё гумон мекунад, ки бо нобудӣ ҷисмаш ва зоту ҳақиқаташ нобуд мешавад.

Инсон аз нобудӣ гурезон аст, мутлақ ва комилхоҳ аст, ошиқи расидан ба камол аст ва чун ишқ ба камол дорад, мехоҳад фано напазираду абадӣ бошад. Аз ҳар нуқсону фано безор аст, нобудиро намехоҳад. Фитратан аз фано гурезон аст ва аз марг ҳам ба ҳамин хотир метарсад, чун маргро фано медонад ва иштибоҳи бузургаш дар ҳамин аст. Агар инсон аз ин иштибоҳ берун ояд, дигар ситам нахоҳад пазируфт.

Худованди Мутаол мефармояд:

أَيْنَمَا تَكُونُوا يُدْرِكْكُمُ الْمَوْتُ وَلَوْ كُنْتُمْ فِي بُرُوجٍ مُشَيَّدَةٍ

Ҳар куҷо бошед, марг шуморо дармеёбад; Ҳар чанд дар бурҷҳои муҳкам бошед! (Сураи Нисо, ояти 78)

Боз дар сураи дигар мефармояд:

قُلْ إِنَّ الْمَوْتَ الَّذِي تَفِرُّونَ مِنْهُ فَإِنَّهُ مُلَاقِيكُمْ

Бигӯ ин марге, ки аз он фирор мекунед саранҷом бо шумо мулоқот хоҳад кард. (Сураи Ҷумъа, ояти 8)

Сабаб дар чӣ аст, ки инсонҳо аз пастиҳо пайравӣ мекунанду барои расидан ба бузургиҳо ва озодагиҳо талош намекунанд? Ҳамон бузургиҳо ва озодиҳое, ки инояту бахшиши Худованд ба бандагонаш аст ва роҳи расидан ба онҳоро боз гузошта ва ҳеҷ касеро низ аз расидан ба он манъ накардааст. Чӣ чизе аст, ки одамиёнро аз талошу ҳаракат ба суи камол манъ мекунад? Дар ҳоле, ки инсон фитратан моил ба он аст махсусан, ки талошкунандагону муҷоҳидон дар роҳи Худо ба адолату ваъдаи Худованди Мутаол имон дошта бошанд. Ва бовар дошта бошанд, ки Худованд дар қиболи талошашон дар рӯзи қиёмат савоби абадӣ барояшон ато мекунад. Рӯзе, ки ҳар кас ба андозаи заррае кори нек карда бошад, подоши онро мегирад ё заррае кори бад карда бошад, ҷазои онро хоҳад дид. Пас мардумон набояд ноумед шаванду ситам пазиранд ва аз мубориза ва талош даст бикашанду дар хато ва гуноҳ ғарқ шаванд, аммо чаро чунин ноумеду зулмпазир шудаанд? Дар ҷавоб бояд гуфт, вақте сабабҳояшро баррасӣ мекунем мебинем, ки ҳамаи инҳо ба як ё чанд сабаб бар мегардад, ки сарчашмаи ҳамаи онҳо тарси инсон аст.

Идома дорад…

 

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед