Зулмнопазирӣ(қисми шашум)

0
39

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Дар қисмати пешин ду маврид аз решаҳои зулмпазирӣ, яъне вобастагӣ ба дунё ва тарси инсонро зикр кардем. Дар ин қисмат аз навиштор мехоҳем сифати бади тарсро бештар тавзеҳ диҳем, ки чӣ гӯна тарси инсон роҳи зулмпазирии ӯро дар таърих ҳамвор кардааст.

Сифати бади тарс

Бале, ин тарс аст, ки пояҳои миллатҳоро заиф мекунад ва дар ниҳоят онҳоро нобуд мекунад. Тарс он аст, ки муносибатҳои миллатҳоро дучори ишкол ва системаи иртиботии миёни онҳоро аз байн мебарад. Тарс он аст, ки иродаи ҳокимонро заиф месозад ва дар ниҳоят онҳоро аз тахт ба зер мекашад. Тарс он аст, ки қалбҳои одамони оламро заиф месозад ва онҳоро водор месозад, ки аз ҳақиқатҷӯӣ ва ростгӯӣ рӯй гардонанд.

Тарс аст, ки дарҳои хайру баракатро ба рӯи толибон мебандад ва нишонаҳои ҳидоят ва роҳи ростро аз назари ҷӯяндагон пинҳон медорад.

Тарс аст, ки роҳи таҳаммули хориву қабули зиллатро бар мардум ҳамвор мекунад ва ранҷи надориро дар назари онҳо ночиз нишон медиҳад. Тарс аст, ки таҳаммули занҷири бардагиро бар гардани мардум осон мекунад. Тарс аст, ки нафси инсонро барои қабули тавҳин, ба номи сабр омода менамояд ва қабули хориро ба исми зиракӣ ва оқил будан омода мекунад. Тарс аст, ки ҷомаи нангу расвоиро бар тани инсон мепӯшонад, ки рӯҳҳои поку ҳимматҳои баланд, маргу шаҳодатро ба ҷои наздик шудан ба яке аз он хориҳо интихоб мекунанд. Бале инсони тарсӯ, сангинӣ ва сахтии зиллатҳоро сабуку осон мепиндорад ва зиндагӣ дар надорӣ ва бадбахтиро дороӣ ва амният ме‏шуморад. Касе, ки худро хору сабук месозад, қабули таҳқирҳо ва хориҳо барояш осон аст, ҳамонанди мурдае, ки аз ворид шудани ҷароҳатҳо ҳеҷ ранҷу озоре эҳсос намекунад. Бадтар аз ҳама онки инсони тарсӯ дар ҳар лаҳза аз зиндагии хеш заҳри маргро қатра- қатра менӯшад, аммо бо ҳамаи инҳо ба он вазъ розӣ ва хушҳол аст.

Тарс чист?

Ҳолат ва дармондагӣ дар нафси инсон аст, ки ӯро аз муқовимат дар баробари ҳар амре, ки бар хилофи майли инсон бошад, манъ мекунад. Тарс як бемории рӯҳӣ аст, ки барои ин бемории рӯҳӣ омилҳое вуҷуд дорад, ки агар дар ҳақиқат ва решаи ҳамаи онҳо диққат кунем, мебинем, ки сарчашмаи ҳамаи онҳо тарс аз марг аст. Дар сурате, ки марг сарнавишти ҳар мавҷуди зиндааст. Марг замони муайян ва соати маълум надорад. Аз лаҳзаи таваллуд то марҳилаи пирӣ, ҳар лаҳза мумкин аст марг фаро бирасад ва ҷуз Худое, ки аҷалҳоро муқаррар кардааст, ҳеҷ кас аз замони марги худаш огоҳ нест.

Қуъони Карим мефармояд:

وَمَا تَدْرِي نَفْسٌ مَاذَا تَكْسِبُ غَدًا وَمَا تَدْرِي نَفْسٌ بِأَيِّ أَرْضٍ تَمُوتُ

“Ва ҳеҷ кас намедонад, ки ӯ фардо чӣ ба даст хоҳад овард ва касе намедонад, ки дар кадом замин хоҳад мурд.” (Сураи Луқмон, ояти 34)

Бале инсон чунон аз худ ғофил мешавад, ки ончиро, ки Худованд сабаби давоми зиндагӣ қарор додааст, яъне шуҷоат ва иқдом барои мубориза, сабаби нестӣ ва ҳалокат медонад. Инсони нодон фикр мекунад ҳар қадаме, ки бардорад марг ва хатаре дар интизораш аст. Аммо шахси тарсу агар нигоҳе ба осори инсонӣ ва орзуҳои ба даст овардаи ҳимматбаландон кунад ва инки онҳо ба василаи муқобила бо хатарҳо ба ҳадафҳои худ расидаанд, барои ӯ ошкор мешавад, ки ин тарсҳо ҷуз хаёлҳо ва овозҳои дилфиреб чизи дигаре нест. Онҳо васвасаҳои шайтон аст, ки рӯҳашро фаро гирифта ва ба ваҳшат андохта ва аз роҳи Худо манъ карда ва аз расидан ба ҳар кори неке маҳрумаш кардааст.

Тарс доме аст, гузашти замон ва пешомадҳои бади рӯзгор онро мекорад, то одамиёнро шикор кунад ва ба василаи он дом умматҳо ва қавмҳоро гирифтор созад. Тарс доми шайтон аст, ки ба василаи он бандагони Худоро шикор мекунад ва аз роҳи Худо боз медорад. Тарс иллати ҳар пастие аст ва сарчашмаи ҳамаи сифатҳои зишт ба шумор меояд. Ҳамаи бадбахтиҳо аз тарс нашат мегирад ва ҳеҷ фасоде нест, ки сабаби ба вуҷуд овардани он тарс набошад. Ҳеҷ куфре нест, ки боис ва эҷодкунанди он тарс набошад. Тарс парокандакунандаи иҷтимоъҳо аст ва поракунандаи равобит ва дӯстиҳо дар байни мардум аст, шикастдиҳандаи лашкарҳо ва ба поинкашандаи парчамҳост.

Тарс аст, ки подшоҳонро аз осмони азамат ба пастии зиллату хорӣ мекашонад. Ин тарс дар ҳақиқат, аз тарси аз марг сарчашма мегирад. Сарчашмаи ҳамаи сифатҳои бад тарс аз марг аст, зеро он инсонро маҷбур ба дуруғгӯӣ ва нифоқ мекунад ва ба сӯи дигар сифатҳои зишт ва анвои фасодҳо мекашонад. Инсон ба сабаби тарс барои гузарони маоши худ ба ҳар фасод ва пастие даст мезанад. Бале, тарс барои ҳар инсони дорои фитрати солим нангу зишт аст, махсусан барои мардуме, ки ба Худованд ва паёмбари Ӯ ва рӯзи қиёмат имон доранд ва умедворанд, ки ба подоши аъмоли неки худ ва мақоми баланди ҷовидонаи худ бирасанд.

Ба ҳамин хотир шоистааст, ки фарзандони уммати Ислом тибқи усули дини худ, аз сифати тарс дур бошанд. Зеро, ки тарс бузургтарин монеъ дар баробари анҷоми корҳоест, ки Худоро хушнуд мекунад ва мусулмон чизе ҷуз хушнудии Худо намехоҳад. Худованд дар Қуръони Карим дӯст доштани маргро нишонаи имон муаррифӣ кардааст ва бо он мухолифон ва душманонро имтиҳон карда ва дар накӯҳиши касоне, ки мӯъмин нестанд, чунин фармудааст:

أَلَمْ تَرَ إِلَى الَّذِينَ قِيلَ لَهُمْ كُفُّوا أَيْدِيَكُمْ وَأَقِيمُوا الصَّلَاةَ وَآتُوا الزَّكَاةَ فَلَمَّا كُتِبَ عَلَيْهِمُ الْقِتَالُ إِذَا فَرِيقٌ مِنْهُمْ يَخْشَوْنَ النَّاسَ كَخَشْيَةِ اللَّهِ أَوْ أَشَدَّ خَشْيَةً وَقَالُوا رَبَّنَا لِمَ كَتَبْتَ عَلَيْنَا الْقِتَالَ لَوْلَا أَخَّرْتَنَا إِلَى أَجَلٍ قَرِيبٍ قُلْ مَتَاعُ الدُّنْيَا قَلِيلٌ وَالْآخِرَةُ خَيْرٌ لِمَنِ اتَّقَى وَلَا تُظْلَمُونَ فَتِيلًا

“Оё надидӣ касонеро, ки (дар Макка) ба онҳо гуфта шуд: “(Ҳамакнун) даст аз ҷиҳод бардоред ва намозро барпо кунед ва закот бипардозед». (Аммо онҳо аз ин дастур нороҳат буданд), вале ҳангоме, ки (дар Мадина) фармони ҷиҳод ба онҳо дода шуд, гурӯҳе аз онҳо аз мардум метарсиданд, ҳамон гуна, ки аз Худо метарсанд, балки бештар. Ва гуфтанд: «Парвардигоро! Чаро ҷиҳодро бар мо муқаррар доштӣ?! Чаро ин фармонро, то замони наздике ақиб наяндохтӣ?!». Ба онҳо бигӯ: «Сармояи зиндагии дунё, ночиз аст ва сарои охират барои касе, ки парҳезгор бошад, беҳтар аст. Ва ба андозаи риштаи шикофи донаи хурмое ба шумо ситам нахоцад шуд».” (Сураи Нисо, ояти 77)

Бале иқдом кардан дар роҳи ҳақ ва додани молу ҷон дар роҳи тавсиаи дини Худо, нишони ифтихори мардуми мӯъмин аст. Китоби Худо танҳо ба он басанда накардааст, ки мардум намозро барпо доранду закот диҳанд ва даст аз баъзе корҳо бардоранд, балки онро корҳое донистааст, ки мӯъмин ва мунофиқ дар он шариканд, балки танҳо далели имон доштанро додани ҷон барои зинда нигоҳ доштани калима ва сухани ҳақ ва дар роҳи пойдории адолат дониста ва ҳатто онро танҳо рукне донистааст, ки агар он набошад дигар рукнҳо қобили таваҷҷӯҳ ва арзишгузорӣ нест.

Ҳаргиз касе гумон накунад, ки мумкин аст дини Ислом ва тарс дар як дил ҷамъ шавад. Чигуна чунин чизе мумкин бошад бо инки ҳар ҷузъе аз ин дин нишонгари шуҷоат ва иқдом дар роҳи Худо ва мубориза аст. Сутун ва такягоҳи дини Ислом холис будан барои Худо аст ва холӣ шудан аз ҳар чизе ҷуз Худо барои расидан ба розигии Ӯ аст. Мӯъмин касе аст, ки яқин дошта бошад, ки аҷалҳо ба дасти Худост ва Худованд ҳаргунае, ки бихоҳад аҷали одамро мерасонад. Бинобар ин кундӣ дар иҷрои таклифҳо, умри касеро афзоиш намедиҳад ва иқдом барои ҳақ ва мубориза дар роҳи он дақиқае аз умри инсон кам намекунад.

Касе, ки гумон мекунад, ки метавон тарс ва имон доштан ба ончи Муҳаммад (с) овардаастро ҷамъ кард, худро фиреб дода ва ақлашро табоҳ карда ва бозичаи ҳавову ҳаваси худ шудааст ва ҳеҷ баҳрае аз имон надорад. Ҳар ояте аз оятҳои Қуръон шаҳодат медиҳад, ки инсони тарсӯ ва беимон дуруғ мегӯяд. (Урватул-вусқо, Сайид Ҷамолиддин ва Шайх Муҳаммад Абдуҳ, саҳ 182-186)

Натиҷа

Диндорӣ бо тарс ва зулмпазирӣ қобили ҷамъ нест ва бидуни шак инсони хору ҳақир ва бандшуда дар занҷири тарс наметавонад аз ситам ва беадолатӣ ҷилавгирӣ кунад.

Мантиқи Қуръони Карим ва суннати Паёмбари Акрам (с) ба чунин нигоҳе ба дунё, зиндагӣ кардан, мубориза кардан ва рафтан аз ин дунё даъват мекунад, он касе, ки ба чунин мақоме расид, на зулм мекунад ва на зулм мепазирад. Аз ҳамаи омилҳои фосидкунандаи инсон ва инсоният озод мешавад, ҳамон тавре, ки Расули Акрам (с) дар дуои худ аз сабабҳои фосидкунанда ва зулмкунӣ ва зулмпазирӣ ба Худованд паноҳ бурдаанд:

اللّهُمَّ إنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنَ الْفَقْرِ، وَالْقِلَّةِ، وَالذِّلَّةِ، وَأَعُوذُ بِكَ مِنْ أَنْ أَظْلِمَ أو أُظْلَمَ

Худоё аз надорӣ, камбуду хорӣ ба Ту паноҳ мебарам ва аз инки зулм кунам ё зулм бипазирам ба Ту паноҳ мебарам. (Сунани Насоӣ, ҳадиси 5475)

Зулмнопазирӣ (қисми панҷум)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед