Зулм нопазирӣ (бахши аввал)

0
142

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Муқаддима:

Яке аз офатҳо ва мушкилоти ахлоқӣ ва рафторие, ки мумкин аст афроди инсонӣ ва системаҳои сиёсӣ, ҳукуматҳо ва ҳаракоти иҷтимоӣ ба он мубтало шаванд, анҷоми зулму ситам аст. Ин рафтор сабаб мешавад гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва афрод ба золим (касе, ки зулму ситам мекунад) ва мазлум (касе, ки ба ӯ зулму ситам мешавад), мақомдор ва бемақом ва доро ва надор тақсим шаванд ва дар натиҷа ҷомеа ба ҷои инки маҳал ва фазое барои рафтори инсонӣ, таомули саҳеҳ ва маконе барои пешрафт ва афзоиши фазоили ахлоқӣ ва маънавиву модӣ гардад, ба макони носолиму ноамн ва ғайри инсонӣ табдил мешавад, ки мардуми сокин дар он ҷомеа, махсусан онҳо, ки иртиботе бо маркази қудрат надоранд рӯз ба рӯз бештар эҳсоси ноамнӣ ва маҳрумият аз ҳуқуқи инсониву ибтидоии худ мекунанд.

Қуръони Карим ва суханони Паёмбари Акрам (с) барои мо мусулмонон, қонуни зиндагӣ ва ҳаёти фардиву иҷтимоӣ аст ва мо мӯътақидем мушкилоти фардӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ ва дигар масъалаҳои худро бо муроҷиа ба онҳо ва ёфтани роҳи чора ҳал мекунем. Пас дар инҷо роҳнамоиҳои Қуръону Ҳадис дар мубориза бо зулму золимонро баён мекунем.

Худованди Мутаол дар Қуръони Карим мефармояд:

وَالَّذِينَ إِذَا أَصَابَهُمُ الْبَغْيُ هُمْ يَنْتَصِرُونَ

“Ва онҳо, ки ҳар гоҳ ситаме ба онҳо расад (таслими зулм намешванд) ва ёрӣ металабанд”. (Сураи Шӯро, ояти 39)

Худованди Мутаол боз дар ояти 279 Сураи Бақара мефармояд:

لَا تَظْلِمُونَ وَلَا تُظْلَمُونَ

“На ситам микунед, ва на бар шумо ситам ворид мешавад”.

Имом Абуҳанифа (р) дар китоби Муснадашон ҳадисе аз Паёмбари Акрам (с) нақл кардаанд, ки Расули Худо (с) мефармоянд:

لَيْسَ لِلْمُؤْمِنِ أَنْ يُذِلَّ نَفْسَهُ

Барои муъмин ҷоиз нест, ки худро хору залил кунад (зулмпазир бошад). (Муснади Эмоми Аъзам/ китоби тибб, ҳадиҳи 443, саҳ 875)

Ҳаргиз Расули Худо (с) ва ҷонишинони ӯ ва пайравони ҳақиқиашон зулмпазир набудаанд, балки ҳамеша ба муқобила бо зулм бар мехостанд. Ин амрро ба равшанӣ дар саросари ҳаёти нуронии Расули Акрам (с) ва авсиёи гиромяш мушоҳида ме‏кунем. Натанҳо пас аз Беъсат, балки пеш аз Беъсат низ; Он ҳазрат ҳаргиз зери бори ситаме нарфт ва талош кард бо рӯҳияи зулмпазирӣ дар ҷомеа мубориза кунад ва аз мазлум дифоъ намояд ва ҳаққи мазлумро пас бигирад то заминаи зулмпазирӣ аз байн биравад. Мисоли машҳури таслими зулм нашудани Паёмбари Акрам (с) ҳодисаи машҳури “Ҳилфул фузул” аст, паймоне, ки 20 сол пеш аз Беъсати Паёмбари Акрам (с) ва барои мубориза бо золимон ва адами зулмпазирӣ баста шуд.

Ҳилфул фузул, ҳаракате буд барои шикастани фазои зулмпазирӣ, ва ба қадре маҳкам ва идомадор буд, ки наслҳои оянда низ худро муваззаф ме‏диданд ба он вафодор бошанд ва мӯҳтарамаш бишуморанд; Чунонки дар даврони фармондори Валид ибни Атаба Ҳусайн ибни Алӣ (р) бар сари моле бо вай ихтилоф пайдо кард ва ӯ рӯ ба зулм ва зӯргӯӣ овард, ки Ҳусайн ибни Алӣ (р) ба ҳамин “Ҳилфул фузул” , ки ҳанӯз дар хотираҳо буд мутавассил шуд то фазои зулмпазириро бишиканад, ва мардумро ба ҳуқуқи худашон ошно кунад ва ба онон биёмӯзад, ки дар ҳеҷ вазъе набояд таслими зулму ситам шаванд. Ба ҳамин сабаб Ҳусайн ибни Алӣ, хитоб ба Валид ибни Атаба чунин гуфт: Ба Худо савганд, ки бояд бо инсоф рафтор кунӣ агар ғай аз инсоф рафтор кунӣ шамшери худро гирифта ва дар Масҷиди Расули Худо истода ва (Қурайшро) ба Ҳилфул фузул даъват мекунам. Касоне дигаре ҳам бо Ҳусайн ибни Алӣ (р) ҳамроҳӣ кардан ва ин эътирозот ба Валид расид ва аз зӯргӯӣ даст кашид ва бо инсоф рафтор карду ҳаққи Ҳусайнро дод. (Сираи ибни Ҳишом, ҷ 1, саҳ 145-146; Алкомил Фиттаърих, ҷ 2, саҳ 41- 42; Сираи ибни Касир, ҷ 1, с 130; Албидо ва анниҳоя, ҷ 2, саҳ 357-358; Ассира алҳалабия, ҷ 1, саҳ 132; Ансобул Ашроф, ҷ 2, саҳ 14)

Мушоҳида ми‏кунем, ки Ҳусайн (р) бо ин сухан, ки агар бар ман зулм кунӣ даст ба шамшер ме‏барам ва дар Масҷиди Расули Худо ме‏истам ва мардумро ба он паймоне даъват миекунам, ки падаронашон ва ниёгонашон бунёнгузорони он будаанд, фазои зулмпазириро ме‏шиканад, ваҳшат фармондори Мадинаро мегирад ва ба ночор даст аз зулм ме‏кашад. Равшан аст, ки ҳаракати зидди зулму зидди инзиломе, ки Расули Худо (с) ба ширкат дар он ифтихор ме‏кард, солиёни дароз пас аз он паймон чигуна нақши иҷтимоӣ-сиёсии худро нишон ме‏диҳад ва рӯҳи озодагӣ ва ситам нопазириро ҷон ме‏бахшад.

Адами зулмпазирӣ, асосе буд, ки Ислом ва сираи Паёмбари Акрам (с) маҳкамтраш кард ва улгуи некӯи Ислом, дар даврони Беъсат ва қиёми хеш ҳаргиз таслими зулм нашуд, на ситам кард ва на ситам пазируфт, ки ин тарбият илоҳӣ ва қуръонӣ аст:

«لا تَظْلِمُون ولا تُظْلَموُن»

Ояти мазкур дар ҳақиқат як шиори густурда ва пурмояи исломӣ аст, ки ми‏гӯяд ба ҳамон нисбат, ки мусулмонон бояд аз ситамгарӣ бипарҳезанд, аз зулмпазирӣ ва ситам низ парҳез кунанд. Асосан агар зулмпазир набошад ситамгар ва золим камтар пайдо мешавад ва агар мусулмонон омодагии кофӣ барои дифоъ аз ҳуқуқи худ дошта бошанд, касе наме‏тавонад ба онҳо ситам кунад. Бояд пас аз онки ба золим бигӯем ситам макун, ба мазлум бигӯем таслими ситам машав!. Ситам‏пазир аст, ки ситамгарпарвар аст ва инсонҳое, ки пазирои вилояти ҷавр (ҳукумати золим) ме‏шаванд, ба золим майдони рушду султа ме‏диҳанд, чунонки аз Паёмбари Акрам (с) нақл шудааст:

كَمَا تَكُونُونَ يُوَلَّى عَلَيْكُمْ

Ҳаргунае, ки бошед бар шумо ҳукумат ва сарпарастӣ мешавад. (Тафсири Алманор, ҷ 2, саҳ 280)

Ва ин Қуръони Карим аст, ки ба манзури шикастани фазои ситампазирӣ, тавсия ба “ҳиҷрат” ва намондан дар ҷомеа‏е ме‏кунд, ки тавони ислоҳаш нест. Таъкиди тарбияти қуръонӣ бар он аст, ки агар қодир ба ислоҳ будед, фазои бад бӯи зулмро дигаргун созед ва агар тавони дигаргунӣ набуд, бӯи бади ситамро таҳаммул накунед ва бандҳои тааллуқро канда худро аз муносиботи золимона дӯр кунед. Яке аз мавридҳои “ҳиҷрат” ҳамин аст: барои парҳез аз зулмпазирӣ, на инки зери бори зулму ситам монду тавҷеҳ‏гари муносиботи золимона буд, ки коре намешавад кард, Қуръон ме‏гӯяд: Наист, намон, ҳиҷрат кун.

Худованди Мутаол дар Қуръони Карим мефармояд:

وَالَّذِينَ هَاجَرُوا فِي اللَّهِ مِنْ بَعْدِ مَا ظُلِمُوا لَنُبَوِّئَنَّهُمْ فِي الدُّنْيَا حَسَنَةً وَلَأَجْرُ الْآخِرَةِ أَكْبَرُ لَوْ كَانُوا يَعْلَمُونَ

Онҳо, ки мавриди ситам воқеъ шуданд сипас барои Худо ҳиҷрат карданд дар ин дунё ҷойгоҳ (ва мақом)-и хубе ба онҳо медиҳем ва подоши охират, агар бидонанд, аз он ҳам бузургтар аст. (Сураи Наҳл, ояти 41)

Худованд ташвиқ ва тарғиб ба напазируфтани зулм ме‏кунад. Онҳоеро, ки медонанд, ки агар бимонанд бояд таслими ситам шаванд, тавсия ба рафтан мекунад ва оқибати некӯе бар эшон тасвир ме‏намояд. Ва дар муқобил, онҳое, ки ме‏монанд ва таслими ситам ме‏шавандро мавриди маломат қарор ме‏диҳад; Аз онҳо бо баёне тунд ва саросар маломат сухан ме‏гӯяд:

إِنَّ الَّذِينَ تَوَفَّاهُمُ الْمَلَائِكَةُ ظَالِمِي أَنْفُسِهِمْ قَالُوا فِيمَ كُنْتُمْ قَالُوا كُنَّا مُسْتَضْعَفِينَ فِي الْأَرْضِ قَالُوا أَلَمْ تَكُنْ أَرْضُ اللَّهِ وَاسِعَةً فَتُهَاجِرُوا فِيهَا فَأُولَئِكَ مَأْوَاهُمْ جَهَنَّمُ وَسَاءَتْ مَصِيرًا

Касоне, ки фариштагон рӯҳи онҳоро гирифтанд дар ҳоле, ки ба хештан ситам карда буданд ва ба онҳо гуфтанд шумо дар чӣ ҳоле будед (ва чаро бо инки мусулмон будед дар сафи куффор ҷой доштед!) гуфтанд мо дар сарзамини худ таҳти фишор будем, онҳо (фариштагон) гуфтанд магар сарзамини Худо паҳновар набуд, ки муҳоҷират кунед! пас онҳо (узре надоштанд ва) ҷойгоҳашон дӯзах ва саранҷоми баде доранд. (Сураи Нисо, ояти 97)

Магар он даста аз мардону занон ва кӯдаконе (ки ба ҳақиқатан таҳти фишор қарор гирифтаанд), ки на чорае доранд ва на роҳе (барои наҷот аз он муҳити олуда) меёбанд. Онҳоро мумкин аст Худо мавриди афв қарор диҳад ва Худованд афвкунанда ва омурзандааст ва касе, ки дар роҳи Худо ҳиҷрат кунад, минтақаҳои амни фаровон ва густурдае дар замин ме‏ёбад, ва касе, ки аз хонааш ба унвони муҳоҷират ба сӯи Худо ва Паёмбари Ӯ берун равад сипас маргаш фаро расад, подоши ӯро Худо медиҳад ва Худованд омурзанда ва меҳрубон аст.

Худованд барои онки инсонияти инсон, шарофат ва каромати банӣ одам ва имони муъмин мавриди зулму ситам ва беҳурматӣ қарор нагирад, амр ба “ҳиҷрат” мекунад.

Дар инҷо Худованд ба инсоне, ки дар дилаш оташи имонӣ ва бар шона‏ҳояш сангинии рисолатеро эҳсос ме‏кунад фармон ме‏диҳад, кӣ: азми Худо кардаӣ, хонаҳ‏атро раҳо кун! ҳиҷрат кун. Хонаат, хонаводаат, шӯҳрат ва қавмат онҷост, ки озодият онҷост, имонат онҷост; Дар онҷо, ки ситам мешаваду ҳақиқат ба занҷир кашида шудааст намон. Онон, ки ба хотири ҳифзи сарусомон ва ҷону моли хеш таслим ме‏шаванд ва ме‏монанд, ба худ ситам кардаанд ва аз ончи барои ҳифз ва касби он, озодӣ ва имони хешро фурӯхтаанд маҳрум хоҳанд гашт ва бар акс онҳо, ки дар роҳи Худо аз ҳар чӣ доранд ме‏гузаранд ва ҳиҷрат ме‏кунанд беш аз ончи бо ҳиҷрат аз даст додаанд, дар ҳиҷрат ба даст хоҳанд овард.

Бинобар ин онҷо, ки қудрати муқобила нест, тавон муборизаи рӯёрӯи вуҷуд надорад, фазои зулму зулмпазирӣ мунтазири фурӯ бурдани шарофати инсонӣ, озодиву имон аст, набояд таслими зулм шуд, бояд ҳиҷрат кард.

Ва он гоҳ, ки ҳисорҳои зулмпазириро шикастед ва тавони мубориза бо зулмро ёфтед, мубориза кунед, ситам ва ситам‏пазириро дафн кунед. Худованд иҷозаи мубориза ме‏диҳад:

أُذِنَ لِلَّذِينَ يُقَاتَلُونَ بِأَنَّهُمْ ظُلِمُوا وَإِنَّ اللَّهَ عَلَى نَصْرِهِمْ لَقَدِيرٌ. الَّذِينَ أُخْرِجُوا مِنْ دِيَارِهِمْ بِغَيْرِ حَقٍّ إِلَّا أَنْ يَقُولُوا رَبُّنَا اللَّهُ وَلَوْلَا دَفْعُ اللَّهِ النَّاسَ بَعْضَهُمْ بِبَعْضٍ لَهُدِّمَتْ صَوَامِعُ وَبِيَعٌ وَصَلَوَاتٌ وَمَسَاجِدُ يُذْكَرُ فِيهَا اسْمُ اللَّهِ كَثِيرًا وَلَيَنْصُرَنَّ اللَّهُ مَنْ يَنْصُرُهُ إِنَّ اللَّهَ لَقَوِيٌّ عَزِيزٌ

Ба онҳо, ки ҷанг бар онон таҳмил шудааст иҷозаи ҷиҳод дода шудааст, зеро мавриди ситам қарор гирифтаанд ва Худо бар ёрии онҳо тавоност. Ҳамонҳо, ки ба ноҳақ аз хона ва Кошонаи худ (бидуни ҳеҷ далеле) ихроҷ шуданд, ҷуз инки мегуфтанд “парвардгори мо “Аллоҳ” аст ; Ва агар Худованд баъзе аз мардумро ба василаи баъзе дигар дафъ накунад, дайрҳо ва савмааҳо ва маъбадҳои яҳуд ва насоро ва масоҷиде, ки номи Худо дар он бисёр бурда мешавад вайрон мегардад ва Худованд касонеро, ки ӯро ёрӣ кунанд (ва аз оинаш дифоъ намоянд) ёрӣ мекунад, Худованд қавӣ ва шикастнопазир аст. (Сураи ҳаҷ, ояти 39-40)

Худованди Мутаол ба онҳое, ки мавриди зулм қарор мегиранд, иҷозаи мубориза дода ва ин иҷозаро бо ваъдаи нусрату ёрии хеш таҳким намудааст, ва ин воқеиятро гӯшзад кардааст, ки агар аҳли тавҳид таслим зулм шаванд ва низорагари зулму золим бошанд, ҳама пойгоҳҳое, ки номи Худо дар он бурда мешавад нобуд ме‏гардад. Ба ҳамин хотир барои инки инсон дар гандоби зулмпазирӣ напусад ва барои онки биёмӯзад таслими зулм нашвад, ме‏фармояд: Ё бояд ҳиҷрат кунад то шарофат, имон, озодӣ ва иззати хешро ҳифз кунад ва бо даст ёбӣ ба пойгоҳи ҷадид, муборизаро идома диҳад, ва ё бимонаду истиқомат варзад ва мубориза кунад; Ҷуз онҳое, ки ҳеҷ роҳе барояшон нест.

Худованд қавӣ ва азиз аст ва аҳли имон бо такя ба ӯ бо қувват ва иззат. Ислом дини қувват аст, на зулмпазирӣ.

Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед