Вижагиҳои як раҳбар (қисмати панҷум)

0
62

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Дар миёни мансабҳои иҷтимоӣ ҳеҷ кадом ба андозаи мақоми ҳидоят ва раҳбарии афрод, арзишмандтар ва дар айни ҳол мушкилтар нест. Ҳар шахсе ҳам шоистагии ин мақомро надорад. Раҳбари ҷомеа бояд дорои хислатҳои нек бошад, то дар ҳар замони муносиб ба он замон битавонад тасмими дуруст гирад. Ва касе, ки дар олам ба унвони як раҳбари муваффақ шинохта шудааст, он Паёмбари Акрам ҳазрати Муҳаммад(с) мебошад, ки дӯсту душманон низ муваффақияти онро эътироф мекунанд. Дар мудати 23 соле, ки 13 соли онро дар гирифтории Макка ба сар  бурд, 10 сол фақат озодона дар Мадина кор кард. Дар ин муддати кам чи қадар муваффақиятҳое ба даст овард, ки тамоми ҷаҳон онро эътироф мекунанд. Бояд як раҳбар агар бихоҳад муваффақ шавад, улгӯи худ ҳазрати Паёмбар(с)-ро қарор диҳад ва бубинад, ки Паёмбари Худо(с) чи вежагиҳое дошт, ки муваффақ шуд. Дар мақолаҳои қабли чандто аз вежагиҳои Паёмбари Худо(с) баён карда шуд, ки иборат буданд аз; алоқа ва дилсузӣ ба ҳадаф, шарҳи садр ва мазҳари хулқи Азим. Дар ин мақола ба яке аз вежагиҳои дигари он ҳазрат ишора хоҳад шуд.

Истодагӣ дар набардҳо

Яке аз ҷилваҳои пойдори ҳазрати Муҳаммад(с) ҳузур дар ҷангҳои зиёде аст, ки бо мушрикон ва куффор ҷангидааст. Паёмбар(с) дар ин ҷангҳо бо шуҷоат ва бо итминони вуҷуд мубориза мекард ва дигаронро ташвиқ ба муқобила бо душманон менамуд ва фармондеҳии ҷангро низ бар ӯҳда дошт.

Худованд аз Паёмбар(с) мехоҳад, ки агар тамоми афрод аз атрофи ӯ пароканда шуданд, боз ба мубориза бархезад ва дар роҳи дин кӯтоҳӣ ва сустӣ ба худ роҳ надиҳад. Худованд мефармояд;

فَقَاتِلْ فِي سَبِيلِ اللَّهِ لَا تُكَلَّفُ إِلَّا نَفْسَكَ ۚ وَحَرِّضِ الْمُؤْمِنِينَ

“Пас дар роҳи Худо ба ҷанг бархез. Ту фақат ба(вазоиф ва аъмоли) худат мукаллаф мебошӣ ва муъминонро(ҳам ба ҷанги бо душман барангез) ва ташвиқ кун”.(Сураи Нисо ояти 84)

Ба танҳои дар  баробари душманон биист, ҳатто агар ҳеҷ кас ҳамроҳи ту қадам ба майдон нагузорад. Ту муваззаф ҳасти бо тамоми тавон ва собитқадамӣ бо душман ба мубориза бархезӣ чун ин вазифаи ту мебошад ва муъмининро даъват кун барои мубориза ва ҷиҳоди дар роҳи Худо. Вале агар омаданд ё наёмаданд, бояд ту худат идома бидиҳӣ чун ту мукаллаф ва ҷавобгӯи ҳеч кас нестӣ, ҷуз худат. (Тафсири  Табарӣ зери ояти 84 сураи Нисо)

Дар таърих дорем, ки Паёмбар(с) дар тамоми ҷангҳое ,ки ширкат карда буданд ҳамеша дар сафи аввали ҷанг буд ва ҳамеша бо шуҷоат меҷангид саҳобаҳо аз шуҷоат ва муборизаи он Ҳазрат руҳия мегирифтанд. (Байҳақӣ Абубакр, Далоили набавӣ ва маърифати аҳволи соҳиби шариат, ҷ 1, саҳ 335)

Паёмбар(с) шуҷоъ ва нотарс буд. Ӯ дар ҳамалоти сахти душманон муҳкам истодагӣ мекард ва дар набард аз ҳаркасе шуҷоътар ва ҷасуртар буд (Суютӣ Ҷалолуддин, Ҷомеъ ал-сағир, ҷ2 , саҳ355). Ба гунае буд, ки парчами ҳидояти муслимин дар майдони набард буд, шуҷоътарин ва пойдортарин муҷоҳид ба шумор мерафт, ҷанг дар канори Паёмбар(с) меъёри шаҳомат ва ҷасорат дар миёни размандагон ба ҳисоб меомад, чаро, ки он ҳазрат наздиктарин фард ба душман буд.(Ал-шифо битаърифи- алҳуқуқи-ал Мустафо, Андулусӣ Қози  Айёз, ҷ1, саҳ238)

Умрон ибни Ҳусайн мегӯяд: Ҳеҷ вақт Расули Худо(с) гурӯҳи душманеро надид, магар он, ки нахустин касе буд, ки ба онҳо ҳамла мекард.(Байҳақӣ Абубакр, Далоили набавӣ ва маърифати аҳволи соҳиби шариат, ҷ 1, саҳ 325)

Қурони Карим дар адами созиши Расули Худо(с) бо душманон мефармояд;

وَدُّوا لَوْ تُدْهِنُ فَیُدْهِنُونَ

“Дӯст доранд нарми кунӣ, то нармӣ намоянд”. (Сураи Қалам, ояти 9)

Ҳамеша сарони ширк ва куфр дӯст доранд, то ту нармӣ нишон бидиҳӣ ва бахше аз фармонҳои Худоро нодида бигирӣ, то онҳо ҳам нармиш нишон даҳанд ва аз мубориза бо ту даст бардоранд. Худованд дар ин оят ӯро аз ин кор наҳй мекунад. Кофирон аз ӯ мехостанд монанди раҳбарони дунёӣ, даст  аз сахтгирӣ дар иҷрои аҳдофи худ бардорад ва бо созиш ва нармиш бо мухолифони худ канор биёяд. Паёмбари Акрам(с) ҳеҷ вақт аҳли созишкорӣ ва рафту омади сиёсӣ набуд. Ӯ ҳаргиз аҳдофи муқаддаси хешро бо сарват ва вазифаҳои дунявӣ муомила накард. Он ҳазрат бо тамоми вуҷуд аз дин ва оини хеш дифоъ кард ва аз фаровонии душман ва сахтии роҳ ҳаргиз ноумед нагашт ва бо нишот ба вазифааш амал кард ва ҳеҷ гоҳ хастагӣ ва сустӣ ба  худ роҳ надод. Тамоми ҷангҳо ва муборизот барои ин аст, ки мардум Худопараст шаванд ва бо Худо иртибот пайдо кунанд. Чи гуна метавон бо мушрикон канор омад ва бар сари дин муомила кард, бояд бо қотеъияти тамом аз усул ва арзиши дин дифоъ намуд. Ҳеҷ гоҳ дар зиндагии Паёмбари Акрам(с) дида нашудааст, ки дар ҷое аз усул ва аркони дини хеш ақибнишинӣ карда бошад ва ё аз майдони ҷиҳод фирор кунад. Ҳатто дар майдони ҷанги Уҳуд, ки кор сахт шуд ва ағлаби афрод аз майдон хориҷ шуда ва ба гӯшае паноҳ бурданд. Паёмбар (с) дар майдон истод ва бо инки ҷароҳати пешонӣ ва дандон ӯро ба шиддат озор медод ва зоҳиран ҳеҷ умеде ба наҷоти ӯ набуд, истодагӣ намуд ва ин муборизаи он ҳазрат бо чанд нафар буд, ки бо вуҷуди шикасти муслимин куффор ҳам ба пирӯзии сад дар сад даст наёфтанд.(Байҳақӣ Далоил ал-нубувват ва маърифату аҳволи соҳиб ал-шариъат, ҷ3, саҳ210)

Ончи дар ин мақола баён шуд натиҷа мегирем, ки Паёмбари Худо(с) дар тамоми ҷангҳо ва душвориҳои худ дар сафи аввал будааст ва ин худашро дар ҷанги Уҳуд ошкор кардааст ва Паёмбари Акрам(с) ҳозир набуд роҳу ҳадафашро ба ҳеҷ чизе иваз кунад. Дар аҳдофаш устувор будааст, ки душманон ҳеҷ заъфе аз он пайдо накардаанд. Ҳозир нашуд дар ҳеҷ масъалаи динӣ бо касе музокира кунад. Ин баёнгари ин аст, ки агар як раҳбари илоҳӣ дар муқобили душман заррае аз аҳдофаш даст бикашад, душман заъфи онро пайдо мекунад ва ин нишон медиҳад, ки мусалмон дар ҳеҷ масоили динӣ ва муҳими як ҷомеаи бо душман музокира ва ё дар муқобили онҳо набояд тарс нишон диҳад. Бояд мӯҳкам ва устувор бо таваккули бар Худо роҳро идома диҳад. Муҳимтарин шахс  дар ин корҳо раҳбари он ҷомеа мебошад, ки мӯҳкам ва қотеъ дар муқобили душман тасмим бигирад. Ин дуруст аст замоне як раҳбар метавонад тасмими қотеъ бигирад, ки мардум вайро танҳо нагузоранд. Аммо тибқи ояте, ки дар боло зикр шуд, як нафар ҳам, ки бошад, бояд мӯҳкам дар роҳи Худо истодагӣ кунад. Таърих нишон додааст, ки ҳар ҷомеа ё раҳбаре, ки таслими душман шудааст ва мубориза накардааст, зарар ва зиёни бештаре дидааст. Пас ҳамеша мубориза беҳтар аз ақибнишӣ ва таслим шудан аст.

Вижагиҳои як раҳбар(қисмати чаҳорум)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед