Вижагиҳои як раҳбар(қисмати саввум)

0
119

Баноми Худованди бахшандаи меҳрубон

Паёмбари Акрам(с) ба унвони раҳбари бузурги башарият ва сарвари ҳастӣ ва касе, ки дар раҳбарияташ муваффақ будааст ин раҳбари муваффақ бояд вежагиҳое дошта бошад, ки мо ба бархе аз онҳо ишора хоҳем кард. Ва бояд касоне, ки имрӯз  ё дар оянда дар ҷомеа ё дар хона ва ё дар ҳар куҷое, ки масъулияте пайдо кардаанд, бояд улгӯи худро Паёмбари Акрам(с) қарор диҳанд, то як раҳбар ё масъули муваффақ бошанд.

Дар бахши аввал ва дуввум баён кардем, ки дар  миёни ҷомеаҳои мардумӣ, ҳеҷ мақоме арзишмандтар ва дар айни ҳол душвортар аз мансаби раҳбарӣ нест. Дар қисмати аввал ва дуввум  чанд сифати Паёмбар(с)-ро аз ҷумла алоқа ва дилсӯзи ба ҳадаф, мазҳари хулқи азим, баён кардем ва баён шуд, ки агар раҳбаре, ки ин сифотро надошта бошад мувафақ нахоҳад буд. Дар қисмати севвум яке аз сифоти дигари Паёмбари Ислом(с)-ро баён мекунем.

Шарҳи садр доштан

Худованд гоҳе бархе аз неъматҳои фаровонеро, ки дар ихтиёри расули худ қарор додааст баён мекунад. Яке аз онҳо шарҳи садр ва бузургии руҳ аст. Худованд дар Қуръони Карим мефармояд:

أَلَمْ نَشْرَحْ لَکَ صَدْرَکَ

“Оё барои ту синаатро накӯшодем” (Сураи Шарҳ, ояти 1)

Шарҳи садр ба маънои густариш ва бузургии сина ба василаи нури илоҳӣ аст, ки бо он руҳ ва фикри Паёмбар(с) густариш ёфтааст ва дар баробари сахтиҳо ва лаҷоҷати афрод, бӯрдбор ва сабур мебошад. Паёми оят ин аст, ки руҳи Паёмбари Ислом(с) озурда будааст, ба сабаби коре аз корҳои ин даъват, ки Худованди Мутаол онро ба ӯ вогузор кардааст роҳе, ки сахтиҳои зиёде дар сари роҳаш вуҷуд дорад ва ин оят  нишон медиҳад, ки синаи Паёмбари Худо(с) ба сабаби ин даъват ғамҳои фаровон гирифтааст. Ба ин хотир аст, ки роз ва ниёзи ширин байни Худо ва расулаш сурат гирифтааст. (Тафсири Физзилол, зери ин оят)

Ҳеҷ паёмбар ва раҳбаре бидуни шарҳи садр наметавонад бо мушкилот рӯ ба рӯ шавад ва он, ки рисолаташ аз ҳама бузуртар аст, шарҳи садраш ҳам бояд бештар бошад, то туфонҳои ҳаводис натавонад оромиши рӯҳи ӯро барҳам занад ва сахтиҳои фароруӣ мусалмонон ӯро ба зону дарбиёварад ва коршиканиҳои душманон ӯро маъюс насозад. Ба ин хотир агар касе ҳолоти расули Худо(с)-ро ба сурати дақиқ мутолиа кунад ва мизони шарҳи садри он ҳазратро дар ҳаводиси сахт ва печидаи даврони умри гиромиаш нигоҳ кунад, ки чигуна ба олитарин шакл мушкилоти рисолаташро пушти сар гузошт ва вазоифи  худро ба хуби ба онҷом расонид, ба ин мерасад, ки ин амр аз роҳҳои одди мумкин нест, балки таъйиди илоҳӣ ва инояти вежае аз тарафи Худованд ҳамроҳи он будааст.

Агар ин инояти вежаи илоҳӣ он ҳазратро ҳамроҳӣ намекард, дар даврони оғозини рисолаташ, ки бо сахтиҳо ва душвориҳои фаровон ҳамроҳ буд, Расули Акрам(с) қодир ба онҷоми рисолати ҷаҳонии хеш набуд. Аммо Худованд руҳи он ҳазратро чунон бузург қарор дод, ки тамоми ин сахтиҳоро бо шодобӣ таҳаммул мекард. Агар ҳам гоҳе аз имон наёвардани мушрикон ва ё нодонони ҳамроҳ сахт нороҳат ва андуҳгин мешуд, аммо ғами ӯ барои Худо буд ва ҳеҷгоҳ дар иродаи маҳками ӯ таъсире надошт. Паёмбари Акрам(с) дар баробари ҳавасҳо, васвасаҳо ва ҷозибаҳои рангоранги  дунё, ки пешвоёни зиёдеро ба ҳалокат ва дунболи роҳи бадтарин душман, ки шайтон аст қарор дода буд. Аммо Паёмбар(с) қаҳрамони ростин, шакибо, бурдбор ва пойдор буд.

Ҳамонгуна, ки Паёмбар(с) бар пойдорӣ ва шакибоӣ дар иблоғи дин ва тавҳид фармон ёфтааст, дигар афрод низ бояд чунин бошанд ва дар баробари сахтиҳо ва мушкилот сабурӣ ба кор гиранд. Худованди Маннон мефармояд:

فَاسْتَقِمْ کَمَا أُمِرْتَ وَمَن تَابَ مَعَکَ وَلاَ تَطْغَوْاْ إِنَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ بَصِیرٌ

“Пас, чунон ки фармон ёфтаӣ, пойдорӣ кун! Ва [низ] касе, ки ҳамроҳи ту [ба сӯи Худо] бозгаштааст. Ва саркашӣ накунед; бешак Ӯ ба он чи анҷом медиҳед, биност». (Сураи Ҳӯд, ояти 112)

Худованд дар сураи Тавба Паёмбар(с)-ро ба сабаби бузургии садр ва гӯш додан ба суханони мардум ситойиш карда  мефармояд:

وَ مِنْهُمُ الَّذِینَ یُؤْذُونَ النَّبِیَّ وَ یِقُولُونَ هُوَ أُذُنٌ قُلْ أُذُنُ خَیْر لَکُمْ یُؤْمِنُ بِاللّهِ وَیُؤْمِنُ لِلْمُؤْمِنِینَ وَ رَحْمَةٌ لِلَّذِینَ آمَنُواْ مِنکُمْ وَالَّذِینَ یُؤْذُونَ رَسُولَ اللّهِ لَهُمْ عَذَابٌ أَلِیمٌ

“Ва аз онҳо касоне ҳастанд, ки Паёмбарро озор медиҳанд ва мегӯянд: «Ӯ хушбовар аст». Бигӯ: «Хушбовари[-и ӯ]ба нафъи шумост; [ӯ] ба Худо имон дорад ва [машварти] мӯъминонро тасдиқ мекунад; ва раҳматест барои касоне аз шумо, ки имон оварданд»; ва касоне, ки Паёмбари Худоро озор медиҳанд, барояшон азобе дарднок аст.” (Сураи, Тавба  ояти 61)

Бархе мунофиқон пайваста Расули Худо(с)-ро озору азият мекарданд ва он ҳазратро ба далели ин ки ба тамоми суханони афрод гӯш медиҳад ва ҳамаро бовар мекунад, фарди хушбовар муаррифӣ мекарданд. Аммо Худованд ин амрро хислати нек ва пасандидае барои Паёмбар(с) медонад, ки нишон аз шакибоӣ ва сиаи садри комили он ҳазрат дорад. )Тафсири физилол зери ин оят).  Як раҳбари меҳрубон ва дилсӯз ва дар айни ҳол огоҳ ба тамоми масоил, лозим аст ниҳояти лутф ва муҳаббатро нисбат ба афроди ҷомеа дошта бошад ва узри онҳоро бипазирад ва дар мавриди уюби онҳо пардапӯшӣ кунад. Худованд дар идомаи ояти баёншуда мефармояд: ин кор ба фоидаи   шумо аст чун, ки бо ошкор накардани гуноҳон, обрӯи шумо ҳифз шуда ва авотифатон ҷариҳадор намешавад.

Дар баёни Қуръон шинохти сираи анбиё(а) ва саргузашти умматҳо сабаби оромиши қалби мураббиёни баъдӣ мебошад. Ба ин сабаб Худованд ба Паёмбари Акрам(с) мефармояд:

وَكُلاًّ نَّقُصُّ عَلَيْكَ مِنْ أَنبَاءِ الرُّسُلِ مَا نُثَبِّتُ بِهِ فُؤَادَكَ وَجَاءَكَ فِي هَذِهِ الْحَقُّ وَمَوْعِظَةٌ وَذِكْرَى لِلْمُؤْمِنِينَ

“Ва ҳар кадом аз ахбори паёмбаронро бар ту ҳикоят мекунем, чизе, ки бо он дилатро устувор медорем; ва дар ин [ахбор], ҳақ ва панд ва ёдоварие барои мӯъминон, ба ту омадааст.” (Сураи Ҳӯд, оятӣ 120)

Саргузашти паёмбарони гуногунро барои Паёмбар(с) баён кард, то дили ӯро маҳкам ва иродаашро қавӣ ва собит гардонад, чунки  ёди Худо дилҳоро оромиш медиҳад ва барои мӯъминон панд ва ёдоварии муҳими зикр шудааст, ки метавонад ҳамчун имондорони пешин аз он фоида бинанд ва роҳи саодатро дунбол кунанд. Ин сура онҳоро бо чизҳое, ки бар сари мардумони наслҳои гузашта омадааст, панд ва андарз медиҳад ва онҳоро ба ёди амрҳо ва наҳйҳои Худованд меандозад. (Тафсири Физзилол, зери  ин оят)

Мухолифатҳои бераҳмона ва сарсахтонаи душманони лаҷуҷ хоҳу нохоҳ дар қалби Паёмбари Акрам(с), ки аз ҷинси башар буд, асар мегузошт, аммо барои инки ҳаргиз камтарин ноумедӣ дар дили ӯ нанишинад ва иродаи оҳанинаш аз мухолифатҳо ва коршиканиҳо ба сустӣ наравад, Худованд достонҳои паёмбарон ва сахтии кори онҳо ва муқовиматҳояшон дар баробари ақвоми лаҷуҷ ва пирӯзии онҳоро яке пас аз дигарӣ шарҳ медиҳад, то руҳи Паёмбар(с) ва мӯъминоне, ки дар канори ӯ дар ин муборизаи бузург ширкат доранд, ҳар рӯз қавитар гардад ва бо нишот ба мубориза бархезанд.

Даъвати мардум ба сӯи ҳақ ва раҳнамоии онҳо, ҳаракат додани афрод ба сӯи Худо ва дар ниҳоят таблиғи дин амри мушкил аст, зеро башарро аз худхоҳӣ, худпарастӣ ва нафъпарастӣ раҳонидан ва ба ҳақ ва ҳақиқат парастӣ даъват кардан сахт аст. Шоире дар ин маврид мефармояд:

Дар ин роҳ анбиё чун сорбонанд

Далелу раҳнамою корвонанд

Ваз эшон сайиди мо гашта солор

Ҳаму аввал ҳаму охар дар ин кор

Мақоми дил гушойш ҷамъ-ҷамъ аст

Ҷамоли ҷон фазояш шамъи ҷамъ аст

Шуда ӯ пеш ва дилҳо ҷумла дар пай

Гирифта дасти ҷонҳо домани вай

(Маҳмуд Шабистарӣ, Гулшани роз, саҳ 12)

Натиҷа

Ончи дар боло зикр шуд натиҷа мегирем, ки яке аз сифот ва вежагиҳои Паёмбар(с) ба унвони як раҳбари муваффақ шарҳи садр мебошад, то битавонад дар сахтиҳо ва мушкилоте, ки дар ин роҳ вуҷуд дорад, сабр кунад ва дуруст тасмим бигирад ва ба он ҳадафе, ки дорад бирасад. Пас касоне, ки масъули ҷое  ва ё раҳбари ҷомеае ҳастанд, бояд ин сифатро дар худашон дошта бошанд, то дар ҳар ҳаводисе роҳашонро гум накунанд ва ҳамеша собитқадам ва маҳкам роҳашонро идома диҳанд.

Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед