Вижагиҳои як раҳбар(қисмати чаҳорум)

0
155

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Дар байни ҷомеаҳои мардумӣ, ҳеҷ мақоме арзишмандтар ва дар айни ҳол душвортар аз мансаби раҳбарӣ нест. Арзиш ва муҳим будани масъалаи раҳбарӣ, дар қисматҳои гузашта баён шуд. Як раҳбари муваффақ бояд вежагиҳое дошта бошад, то дар ҷомеа муваффақ шавад. Беҳтарин раҳбар дар олам Паёмбари Худо(с) мебошад, ки чанд вежагиҳои ин раҳбари муваффақ дар қисматҳои гузашта баён шуд.

Баён шуд, ки Паёмбари Худо(с)-дорои вежагиҳое буд, ки дар раҳбарияташ муваффақ шуд. Аввал шарҳи садр, алоқа ва маҳкам будан барои расидан ба ҳадаф, мазҳар ва дорои хулқи азим. Дар қисматҳои гузашта ин се вежагӣ аз Расули Худо(с) зикр шуд. Дар ин қисмат аз навиштор, ба як вежагии дигаре аз ҳазрати Расули Акрам(с) ишора хоҳад шуд.

 Дилсӯзтарин шахс барои уммат

Алоқа ба ҳадаф омили дарунии муҳиме аст, ки як раҳбарро ба саъй ва талош водор месозад. Хастагиро аз чеҳраи ӯ пок месозад. Қуръони Карим алоқаи Паёмбар(с) бар ҳидояти мардумро баён мефармояд;

لَقَدْ جَاءکُمْ رَسُولٌ مِنْ أَنفُسِکُمْ عَزِیزٌ عَلَیْهِ مَا عَنِتُّمْ حَرِیصٌ عَلَیْکُم بِالْمُؤْمِنِینَ رَؤُوفٌ رَحِیمٌ

“Ҳамоно паёмбаре аз худатон ба сӯи шумо омад, ки ранҷи шумо бар ӯ душвор аст; бар [ҳидояти] шумо алоқаи шадид дорад; нисбат ба мӯминон меҳрварзи меҳрубон аст”. (Сураӣ Тавба, ояти 124)

 Худованд дар ин оят мефармояд(مِنْ أَنفُسِکُمْ) нуктаи ҷолиб дар ин аст, ки Худованд нафармуд من قومکم)) ё ( (من عشیرتکم  балки фармуд (مِنْ أَنفُسِکُمْ) паёмбаре барои шумо омадааст, ки аз ҷони шумо бархостааст, яъне ақл ва хирад, авотиф ва эҳсосоти инсониро ҳадаф қарор додааст. На нажодпарастӣ ва қавмгароӣ ва  на фақат як муҳити ҷуғрофиёии хос ё одоб ва русуми як қабила ва як тоифаро, балки мухотабонаш навъи инсон бар рӯи кураи замин  аст.

Муфассирони Қуръони Карим мегӯянд; ин оят ҳам табаррук ва таҳият ва ҳам ҳуҷҷат мебошад. Табаррук аз ин назар, ки Худованд навъи инсонро он қадар гироми дошааст, ки аз миёни афрод ин навъ паёмбар интихоб кардааст ва ин барои инсон мақоми болое мебошад. Итмоми ҳуҷҷат аз ин назар, ки баҳонаҳое дар дасти нофармонон ва душманон набошад, зеро Худованд агар паёмбарро аз навъи ғайри инсон(масалан малойка) интихоб мекард, баҳона мекарданд, ки аз ҷинси мо нест, ранҷҳо ва дардҳои моро намешиносад ва бо мо таносуб надорад, ба ин хотир наметавонем аз вай пайравӣ кунем ва агар хилоф кардаем, далелаш ин будааст, ки паёмбаре аз навъи худамон набудааст, то моро роҳнамоӣ кунад. Пас Худованд бо фиристодани паёмбароне аз навъи башар ҳуҷҷатро барои мардум тамом кардааст.

Худованди Мутаъол дар ин ояти кӯтоҳ ба се вежагии барҷастаи Паёмбари Акрам(с) ишора мекунад:

  • Эҳсоси масъулият дар баробари фард ва ҷомеа.
  • Хастагинопазир ва пойдор будан дар ормонҳои худ, то пирӯзии ниҳоӣ.
  • Меҳрубонӣ, муҳаббат ва дилсузӣ дар авҷи қудрат.

Як тавзеҳи мухтасар дар бораи ин се вежагӣ хоҳем дод

Эҳсоси масъулият;

Худованд дар тавсифи Паёмбари Ислом(с) дар ин оят мефармояд:

عَزِیزٌ عَلَیْهِ مَا عَنِتُّم

яъне ранҷҳо, душвориҳо, ақибмондагиҳо, камбудҳо, фақр ва таҳидастии шумо барои Паёмбар(с) сахт ва гирон мебошад ва эшон бо эҳсоси масъулият талош мекунад, то шуморо аз ин бадбахтиҳо, ҷаҳл ва ақибмондагиҳо наҷот диҳад. Тибқи ин оят дар фарҳангӣ Паёмбари Азимушшаън(с) “ба ман чи!”  “Исо ба дини худ Мусо ба дини худ” ва … аслан вуҷуд надорад ва Паёмбар(с) худро масъул медонад, то барои камкарданӣ ранҷҳои афрод дар ҷомеа талош кунад.  Дар ин эҳсоси масъулият эътимод ба нафс ҳам вуҷуд дорад онҳам ҳамроҳ бо имон ва ҳадаф, зеро касе, ки ба як майдони сахт қадам мегузорад мутмаин аст, ки роҳаш дуруст аст ва онро бо дилгармӣ идома медиҳад.

Хастагинопазир будан;

Таъбири Қуръони Карим дар ин бора бисёр зебо мебошад;

(حَرِیصٌ عَلَیْکُم)

 ин паёмбар сахт орзӯманд ва муштоқи ҳидояти шумо мебошад. Таҳдидҳо ва монеаҳое, ки бар сари роҳаш меояд ӯро аз майдон дур намекунад, созишкор нест ва барои расидан ба аҳдофаш бо касе муомила намекунад, зеро ба аҳдофи худ имон дорад. Тамоми нигарониҳояш ин аст, ки  шуморо ба роҳи рост ҳидоят кунад,  зеро ӯ аҳдофи шахсӣ надорад, то аз майдони сиёсат ақибнишинӣ кунад. Роҳи ҷиҳод ва муборизаро, то расидан ба ҳадаф идома хоҳад дод. Он қадар ҳарис ва дилсӯзи уммати худ буд, ки Худованд мефамояд;

“(Эй Паёмбар) бештарӣ мардум имон намеоваранд ҳарчанд(сахт талош кунӣ)ва ҳирс бихӯрӣ” (Сураои Юсуф, ояти 103)

Паёмбар(с) дар имон овардани қавми худ бисёр ҳарис буд. Орзӯ дошт хайре, ки бо худ ба армағон овардааст, ҳама аз ин баҳра бибаранд ва метарсид, ки бадии дунё ва ишқи дунё сабаби азоб дар охират бишавад, ҳамон бадӣ ва азобе, ки дар интизори мушрикон мебошад. Ба ин хотир ҳирси касонеро мехӯрд, ки имон намеоварданд. (Тафсири Физзилол дар зери ояти 103 сураи Юсуф)

Меҳрубони ва дилсӯзӣ;

Боз ҳам таъбири Қуръон дар ин оят бисёр зебо мебошад;

 بِالْمُؤْمِنِینَ رَؤُوفٌ رَحِیم

Дар инҷо ду сифат овардааст: яке рауф,  дигаре меҳрубон,  раъфат якдараҷа аз раҳмат поинтар мебошад. Паёмбар(с) нисбат ба афроди мутеъ ва фармонбардори боимон, рауфу меҳрубон ва боутуфат аст ва нисбат ба афроди гунаҳкор ва нофармон богузашт ва бо сиаи садр, ки ҳаргиз роҳи интиқомро дар пеш нагирифтааст. Албата ин ду сифат аз авсофи Худованди Мутаол ҳастанд, ҳамчунон, ки дар Қуръони Карим омадааст;

إِنَّ اللَّهَ بِالنَّاسِ لَرَءُوفٌ رَحِيمٌ

“Ҳамоно Худованд нисбат ба мардум Раъфат ва Раҳмат дорад”. (Сураи Ҳаҷ, ояти 65)

Худованди Карим дар ояти дигаре рағбат ва ишқи Паёмбар(с)-ро нисбат ба ҳидояти мардум чунин баён менамояд:

فَلَعَلَّکَ بَاخِعٌ نَّفْسَکَ عَلَی آثَارِهِمْ إِن لَّمْ یُؤْمِنُوا بِهَذَا الْحَدِیثِ أَسَفاً

“Пас тарси он меравад, ки агар ба ин сухан (Қуръон) имон наёваранд ту дар пайи онҳо худро ҳалок кунӣ”(Сураи Каҳф, ояти 6)

Дар ин оят Худованд мефармояд: Эй Расули Мо гӯё мехоҳӣ аз шиддати нороҳатӣ, ҷони худро аз даст бидиҳӣ, ки чаро мушрикон ба Ислом ва Қуръон имон намеоваранд. Раҳбарони Илоҳи инчунин мебошанд, ки аз гумроҳии мардум ранҷ мебаранд ва ба имони онҳо ишқ меварзанд. Аз ин ки мардум роҳи равшаноии ҳидоятро раҳо карда ба бероҳа мераванд, дили раҳбарони илоҳӣ нороҳат мегардад. Ин нороҳатӣ дар Расули Худо(с) ба андозае расид, ки наздик буд ҷони худро аз даст бидиҳад.

Паёмбри Худо(с) ба ҳар забон ва баёне талош мекард, то маорифи илоҳиро ба мардум бифаҳмонад, аз ин рӯ ба онҳо мефармояд:

فَأَیْنَ تَذْهَبُونَ

“Ба куҷо меравед? ”. (Сураи Таквир, ояти 26)

Паёмбар(с) бо овардани далел ва расонидани ҳақиқат бар шумо итмоми ҳуҷҷат кардааст, ғайр аз ин ҳарҷо ва ҳар роҳеро, ки биравед, гумроҳӣ  ва саркашӣ аз амри Худованд мебошад. (Тафсири Физзилол дар зери ояти 26 сураи Таквир)

Натиҷа

Ончи дар боло зикр кардем натиҷааш ин мешавад, ки Паёмбари Худо(с) дилсӯзтарин кас барои уммати худ будааст ва инро ҳам дар гуфтор ва рафтори худ нишон додааст ва то ҷое, ки Худованд фармуд зиёдтар аз ин дилсӯзи накун, ки худро ба ҳалокат меандозӣ. Бинобар ин бояд як раҳбар нисбати қавм ва миллати худ дилсӯз бошад ва тамоми саъй ва талошаш хидмат барои миллат бошад. Мутаассифона раҳбароне, ки имрӯза дар кишварҳои мо ҳаст фақат дар фикри худ ва хонаводаи худ мебошанд ва ҳеҷ нигароние барои кӯмак ва дасгирии миллати худ надоранд, ҳатто саъй ва талош мекунанд , ки ҳар чи қадар метавонанд аз миллат дуздӣ кунанд ва барои худ ва хонаводаҳояшон молу сарвати безаҳмат ҷамъ кунанд. Мардуми азиз ҳам бояд бидонанд ва дунболи касе бираванд, ки ин вежагиҳоро дошта бошад ва дар зиндагии худ инро нишон дода бошад,  на касе, ки золим ва зиди дини муқаддаси Ислом ҳарф мезанад.

Ҳар касе бихоҳад дар роҳнамоӣ ва ҳидояти мардум муваффақ бошад, бояд ин вежагиҳое, ки дар боло зикр кардемро дошта бошад.

Идома дорад…

Вежагиҳои як раҳбар 1

Вижагиҳои як раҳбар(қисмати саввум)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед