Вижагиҳои инсони ҳур ва озода(қисмати аввал)

0
113

Ба номи Худованди башхандаи меҳрубон

Дар баҳсҳои гузашта дар мавриди ҳуррияту озодӣ ва паёмоварони он суҳбат кардем, дар ин гуфтор дар бораи вижагиҳои инсони ҳур ва озод, сифате, ки чашмаҳои камолро ба рӯи инсон гушода ва ахлоқи неку кароматҳои инсониро дар вуҷуди ӯ ошкор мекунад, суҳбат мекунем.

  1. Хушмуомилагӣ

Хушрӯӣ ва хушмуомилагӣ аз вежагиҳои инсони озодааст, тавре ки намунаи комили озодӣ, Паёмбари Акрам (с) чунин будаанд:

کَانَ عَظِیمَ الْخُلُقِ، لَیِّنَ الْجَانِبِ

(Паёмбари Акрам) Ахлоқи писандида дошт ва хушмуомилаву меҳрубон буд. (Маноқиби Ибни Шаҳрошуб, ҷ 1, саҳ 157)

Ё дар мавриди чеҳраи хандони он ҳазрат (с) нақл шудааст:

کَانَ أَکثَرَهُمْ تَبَسُّماً وَأَطْلَقَهُمْ وَجْهاً وَأَحْسَنَهُمْ بِشْراً

Хандонтарин ва хушахлоқтарину хушмуомилатарин дар миёни мардум буд. (Маҷмаъ-аз-завоид, ҷ 9, саҳ 17)

Набераи гиромии Расули Худо (с), Ҳусайн (рз) нақл мекунад, ки аз падарам амиралмӯъминин Алӣ (рз) дар бораи суннати Паёмбар (с) бо ҳамнишинонаш савол кардам, фармуданд:

کَانَ رَسُولُ الله دائِمَ الْبِشْرِ سَهْلَ الْخُلُقِ لَیِّنَ الْجَانِبِ لَیسَ بِفَظٍّ وَلَا غَلِیظٍ وَلَا صَخَّابٍ وَلَا فَحَّاشٍ وَلَا عَیَّابٍ وَلَا مَدَّاحٍ

Расули Худо (с) ҳамеша хушрӯ ва хушахлоқ ва хушмуомилаву меҳрубон буд, Ӯ сахтгир, мағрур, бадзабон, айбҷӯ, чоплусу беандеша набуд. (Ансобул-ашроф, ҷ 1, саҳ 389)

Ибни Қутайбаи Динаварӣ дар мавриди вижагиҳои Паёмбар (с), ки намуна ва улгӯи комилу писандида барои мо аст, менависад:

کَانَ رَسُولُ الله (صلی الله علیه وآله) ـ وَلَنَا فِیهِ أُسْوَةٌ حَسَنَةٌ ـ یَمْزَحُ وَلَا یَقُولُ إِلَّا حَقًّا

Расули Худо (с)-, ки барои мо усваи ҳасана аст- шухӣ мекард ва ҷуз сухани ҳақ чизе дигар намегуфт. (Сунани Тирмизӣ, ҷ 4, саҳ 314)

Он ҳазрат (с) худ мефармоянд:

إِنِّی لَأَمْزَحُ وَلَا أَقُولُ إِلَّا حَقًّا

Ман шухӣ мекунам ва ҷуз сухани ҳақ намегӯям. (Ҷомеус-сағир, ҷ 1, саҳ 402)

Корҳои хуб ва хушмуомилагӣ муҳаббати Худоро нисбат ба инсон ҷалб карда сабаби вуруди вай ба биҳишт мешавад ва дар муқобил корҳои бад ба монанди бахилӣ ва бадқавоқиву тирарӯӣ сабаби дурӣ аз Худо ва вуруд дар дузах мешавад.

Инсони хушахлоқи озода аз хушунату сахтгирӣ ва бадқавоқӣ дур ва ба ахлоқи неку оростааст, мутавозеъ, хушрафтор ва хушахлоқ аст. Пас хушмуомила яъне хушрафтору меҳрубон ва хушсухан будан бо дигарон.

  1. Ҳаё ва иффат

Ҳаё (шарм) ва иффат (покдоманӣ) аз вижагиҳои ошкори мӯъминон ва озодагон аст, ки беҳтарин меъёри шинохти имон ва озодагӣ мебошад. Паёмбари Акрам (с) мефармоянд:

الحَیاءُ وَ الإیمَانُ قُرِنَا جَمِیعاً فَإذا رُفِعَ أحَدُهُمَا رُفِعَ الآخَرُ

Ҳаё ва имон ҳамроҳи якдигар ҳастанд, ҳарҷо ҳаё набошад, дин ҳам нест. (Мустадрак-ассаҳиҳайн, ҷ 1, саҳ 63)

Паёмбари Акрам (с), ки болотарин мартабаи имон ва озодагиро доштанд, ҳаё ва покдоманиро ҳам дар бештарин андозааш доро буданд.

Дин ва имон бидуни ҳаё маъно надорад ва мизони тааҳҳуди динӣ ва пойбандӣ ба имон ба мизони ҳаёи огоҳонааст, чун ҳаё биравад чизе барои инсон боқӣ намемонад.

Паёмбари Акрам фармуданд:

قِلَّةُ الْحَیاءِ کُفْرٌ

Камии ҳаё нишонаи куфр аст. (Канзул-уммол, ҷ 3, саҳ 124)

Ҳар гоҳ ҳаё набошад ҳамаи корҳо ҷоиз мешавад, зеро инсони озод аз Худо ва озод аз мазҳаб ҳеҷ маҳдудият ва пойбандие бар худ намебинад, ҷуз онки манфиатҳои дунявӣ ва хостаҳои нафсонии ӯро ҳифз мекунад.

Ибни Масъуд (р), саҳобии гиромии Расули Худо (c) мегӯяд: Охирин сухане, ки аз суханони Паёмбар (с) аз ёд шудааст ин сухан аст, ки фармуданд:

إذا لَم تَستَحِ فَاصنَع مَا شِئتَ

Ҳаргоҳ ҳаё надоштӣ пас ҳарчӣ бихоҳӣ анҷом бидеҳ. (Саҳеҳ Бухорӣ, ҷ 4, саҳ 152)

Касе, ки ҳаё надорад ҳар кореро барои худ ҷоиз медонад ва ин ҳамон озод шудан аз қайдҳои Худованд ва асири банду хоҳишҳои нафсонӣ мебошад, ин бадтарин дард барои фард ва ҷомеа аст, ки дарде аст бедармон.

Ҳамаи талоши паёмбарон ин буд, ки дардумро ба камолоти илоҳӣ ва сифатҳои олии инсонӣ бирасонанд ва ҳаёву покдоманӣ аз болотарин камолот ва сифатҳост.

Оқил он аст, ки худро ба зинати ҳаё ороста кунад ва ҳар андоза, ки ақл афзоиш ёбад ҳаё ҳам афзоиш меёбад.

Ҳар андоза, ки ҳаёи касе бештар бошад аз камоли ақлӣ ва имони қалбии бештаре баҳра мебарад.

Ҳаё пойбандӣ дар баробари ҳақ аст ва ҳар андоза азамату бузургии ҳақ бештар дарк шавад ҳаёи инсон бештар дида мешавад ва ин ҳаё сарчашмаи некӣ мегардад.

Касе, ки ҳаё дошта бошад аз покдоманӣ баҳраманд аст. Ҳаё дар андеша, сабаби покии андеша мешавад ва ҳаё дар гуфтор сабаби покии гуфтор хоҳад шуд ва ҳаё дар рафтор покӣ дар рафторро ба вуҷуд меоварад. Ҳаё ва иффат чунон дар пайванди якдигаранд, ки ҳар ду яке ҳастанд, ҳамроҳи ҳамдигаранду аз ҳамдигар ҷудо намешаванд.

Ба ҳамин хотир аст, ки ҳар кас ба ҳаё даст ёбад ба ҳамаи имон даст меёбад ва бо камолоти илоҳӣ ва сифатҳои олии инсонӣ васф мешавад, ки суннати Паёмбари Акрам (с) ба он даъват мекунад.

Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед