Вижагиҳои инсони ҳур ва озода (қисми дуюм)

0
31

Ба номи Худованди башхандаи меҳрубон

Кина нагирифтан ва фиреб надодан

Дар силсила баҳсҳои гузашта дар мавриди ҳуррият (озодӣ) ва дар қисмати якум аз вижагиҳои инсонҳои озода вижагии хушмуомилагӣ ва ҳаёву иффатро баён кардем, дар ин қисмат аз баҳс ду сифати дигар яъне кина нагирифтан ва фиреб надоан аз вижагиҳои инсонҳои ҳурро баён хоҳем кард.

Кина нагирифтан ва фиреб надодан

Вижагии дигари касе, ки ба озодӣ мерасад ин аст, ки аз бадиҳои дарунӣ, кина ва фиреб ҳам озод мешавад ва ба покиву садоқат мерасад.

Паёмбари Акрам (с), ки камоли озодиро доштанд аз ҳар навъ кина ва фиреб додан озод буданд. Дар ин маврид аз ҳазрати Оиша (рз) нақл шудааст, ки дар тавсифи Расули Худо (с) мегӯянд:

مَا لَعَنَ رَسُولُ الله (صلی الله علیه وآله) مُسْلِماً مِنْ لَعْنَةٍ تُذْکَرُ وَلَا انْتَقَمَ لِنَفْسِهِ شَیئاً یُؤْتَی‏ إِلَیهِ إِلَّا أَنْ تُنْتَهَكَ حُرَمَاتُ الله وَلَا ضَرَبَ بِیدِهِ شَیئاً قَطُّ إِلَّا أَنْ یَضْرِبَ فِي سَبِیلِ الله وَلَا سُئِلَ شَیئاً قَطُّ فَمَنَعَهُ إِلَّا أَنْ یُسْأَلَ مَأْثَماً فَإِنَّهُ کَانَ أَبْعَدَ النَّاسِ مِنْهُ

Расули Худо (с) ҳаргиз мусалмонеро лаънат накард ва ҳеҷгоҳ дар умури шахсӣ аз касе интиқомҷӯӣ накард ҷуз дар он умуре, ки ҳурматҳои Худо поймол мешуд ва ҳаргиз касеро назад, магар дар роҳи Худо, хостаҳои ҳалолро иҷобат мекард, аммо аз корҳои ҳаром аз ҳама бештар дурӣ мекард. (Саҳеҳ Муслим, ҷ 15, саҳ 83)

Паёмбари Акрам (с) дар корҳои шахсии худ ҳеҷ кинае аз касе ба дил намегирифт ва ҳамаи он азиятҳо, туҳматҳо ва бадиҳоро фаромӯш мекард. Он ҳазрат (с) вуҷудаш пур аз бахшиш буд ва танҳо барои ҳифзи ҳурмати Худо ғазабнок мешуданд.

Бахшиш ва гузашти Паёмбар (с) ба қадре зиёд буд, ки ҳамаи корҳоеро, ки шариат барояш ҳад таъин накарда буд, мебахшиданд чуноне, ки дар ин маврид нақл шудааст:

مَا أَتَی‏ فِي غَیرِ حَدٍّ إِلاَّ عَفَا عَنْهُ

Дар умуре, ки барояшон ҳад таъин нашуда буд, гузашт мекарданд. (Табақотул-кубро, ҷ 1, саҳ 368)

Барои Паёмбари Акрам (с) назари Худованд муҳим буд,  на дидгоҳи худашон, ба ҳамин хотир дар роҳи ҳидояти мардум аз касе хашмгин нашуда ва кинаи касеро ба дил намегирифтанд. Роҳи Паёмбар (с) моро ба сӯи ҳақбинӣ даъват мекунад ва касе, ки аз ин роҳ истифода кунад, умури худро бо меъёри ризояти Худованд анҷом медиҳад.

Паёмбари Ислом (с) ба ҳадде ҳур ва озода буданд, ки дар роҳи даъвати худ ҳаргиз аз найранги бад истифода накарда ва танҳо бо сидқу ростӣ мардумро даъват мекарданд, зеро Қуръони Карим маккорон ва найрангбозоро бисёр маломат карда мефармояд:

وَالَّذِینَ یَمْكُرُونَ السَّیِّئَاتِ لَهُمْ عَذَابٌ شَدِیدٌ وَمَكْرُ أُولئِكَ هُوَ یبُورُ

“Ва касоне, ки нақшаи бадиҳоро мекашанд, барояшон азоби сахтест; ва макри онҳо худ нобуд мегардад”. (Сураи Фотир, ояти 10)

وَمَكْرَ السَّیِّئِ وَ لَا یَحِیقُ الْمَكْرُ السَّیِّئُ إِلَّا بِأَهْلِهِ

“(Сарпечиашон аз қабули фиристодаи Худо ба хотири худхоҳӣ) ва найранги бад[-и онҳо] буд; ва найранги бад, ҷуз ба аҳлаш намерасад.” (Сураи Фотир, ояти 43)

Паёмбари Акрам (с) дар бораи найрангбозу фиребгарон мефармоянд:

مَنْ کَانَ مُسْلِماً فَلَا یَمْکُرُ وَلَا یَخْدَعُ فَإِنِّي سَمِعْتُ جِبْرِئِیلَ (علیه السلام) یَقُولُ: إِنَّ الْمَکرَ وَالْخَدِیعَةَ فِي النَّارِ

Касе, ки мусалмон бошад, найрангу фиребкорӣ намекунад, зеро аз Ҷабраил (а) шунидам, ки мегуфт, найрангбозу фиребкор аҳли оташ ҳастанд. (Ҷомеъ-ассағир, ҷ 2, саҳ 670)

Чунин азоби сахте барои фиребгарону кинаварзон ба ин хотир аст, ки ин сифатҳои бади ахлоқӣ паёмадҳои хатарноки фардӣ ва иҷтимоиро дар пай хоҳанд дошт, ки агар контрол нашаванд, ба бемориҳои сахти рӯҳии ғайри қобили дармон табдил хоҳанд ёфт.

Натиҷа

Вижагиҳои хушмуомилагӣ, ҳаёву иффат ва кина нагирифтану фиреб надодан ва ҳамаи камолоте, ки дар канори ҳуррият ва озодӣ насиби инсон мешавад, сарчашмааш бандагии Худост, ки озодиро ба вуҷуд меорад ва даъвати ҳамаи паёмбарон (а) ба бандагии Худо будааст,  то камоли инсон яъне ҳамон бандагии ӯ ошкор шавад. Дар ҳақиқат сарчашма ва ба вуҷуд оварандаи озодӣ убудият ва бандагии Аллоҳ аст.

Ба ҳамин хотир аст, ки Паёмбари Худо (с) дар мавриди тақво ва Худотарсӣ фармуданд:

مَن إتَّقَی الله کَلَّ لِسَانُه وَ لَم یُشفِ غَیظَهُ

Касе, ки аз Худо битарсад ва тақворо риоя кунад, забонашро контрол карда хашму ғазабашро хомӯш карда (интиқом намегирад). (Канзул-уммол, ҷ 3, саҳ 90, ҳадиси 5640)

Барои расидан ба мақоми тақво ва бандагии Худо бояд худро аз ҳамаи бандҳо озод кард ва ҳамаи монеаҳои пеши рӯи инсонро бардошт ва ҳар кас чунин озодиеро бихоҳад, бояд роҳеро, ки роҳбар ва намунаи комили озодӣ яъне Паёмбари Акрам(с) тай кардаанд, тай кунад.

Вижагиҳои инсони ҳур ва озода(қисмати аввал)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед