Вижагиҳои ҳоким ва ҳукумати исломӣ аз нигоҳи Қуръони Карим (қисмати панҷум)

0
38

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Ислом ба унвони як дин, ҷаҳонбинӣ ва тарҳи бузург барои зиндагии башар аст, ки дар тамоми мароҳили зиндагӣ ва ҷанбаҳои мухталиф корбурд дорад. Яке аз муҳимтарин заруратҳои ҳукумати исломӣ, ҳукмронӣ ва ҳокимияти шахси огоҳ ба қонунҳои исломӣ мебошад, то битавонад ҷомеаро ҳидоят кунад ва аз инҳирофҳо ба сӯи беназмӣ пешгирӣ намояд. Фалсафаи ҳукумат ва ҳокимият ҳидоят кардани киштии ҷомеа ба соҳили мақсуд аст; агар ҳоким ва ҳукумат аз навъи исломӣ бошад, ҷомеаро ба сарманзили мақсуд мерасонад ва заминаи комёбӣ ва саодатро барои ҷомеаи исломӣ фароҳам мекунад, аммо агар ҳокими фосид ва исрофкор ҳокимияти ҷомеаро ба ӯҳда бигирад, ҷомеа ба бероҳа кашида мешавад ва бар асоси омӯзаҳои динӣ, таслим дар баробари ӯ раво нахоҳад буд ва бояд нисбати иқдомоти ҳукуматии мухолиф бо дини Ислом бо ӯ ба муқобила бархост. Дар манобеи исломӣ дар ин бора таъкидҳои фаровон шудааст ва метавон ингуна баён намуд, ки фасод омили аслии суқут ва фурӯпошии ҳукуматҳо будааст ва Худованди Мутаол ба зарурати итоат накардани фармони фасодкорон ва муқобила бо онҳо таъкид намуда ва дар сураи Шуаро мефармояд:

وَلَا تُطِيعُوا أَمْرَ الْمُسْرِفِينَ

الَّذِينَ يُفْسِدُونَ فِي الْأَرْضِ وَلَا يُصْلِحُونَ

“Ва аз фармони исрофкорон итоат накунед;

Касоне, ки дар замин фасод мекунанд ва ислоҳ намекунанд.” (Сураи Шуаро, ояти 151-152)

Пешинаи баҳс

Дар доираи ин баҳс дар қисматҳои гузашта ба бахше аз муҳимтарин вижагиҳои ҳоким аз нигоҳи Қуръони Карим ишора шуд ва чанд вижагии ҳокимон баён карда шуд, ки аз ҷумлаи онҳо метавон ба парҳез аз истибдод, ду; меҳрубонӣ ва меҳрварзӣ, эҳсон ва некӣ ба мардум ишора кард.

Дар баҳси гузашта баён шуд ҳар ҳукумате, ки бар асоси роҳкорҳои исломӣ ва иҷрои фармонҳои илоҳӣ шакл нагирифта бошад, ҳадафҳои шайтонӣ, моддӣ ва дунявӣ сарлавҳаи он ҳоким ва пайравонаш мешавад ва ҳоким бояд нисбати мардумаш табиати мулоим дошта бошад ва яке аз рамзҳои муваффақияти Раслуи Акрам(с) дар доштани ҳамин вижагӣ мебошад. Дар идомаи баҳс ба вижагиҳои дигари ҳокимон аз нигоҳи Қуръони Карим ишора хоҳад шуд.

  1. Мардумдорӣ

Яке аз заруратҳои ахлоқи мусалмонон мардумдорӣ аст ва ин масъала дар дараҷаи аввал барои ҳокимони исломӣ аҳаммияти фаровон дорад, чароки онҳо масъулияти мардумро ба дӯш доранд, пас бояд бо мардум, барои мардум ва дар хидмати мардум бошанд ва ҳамеша шарики дарду ранҷи мардум бошанд ин ин худ нишонаи муваффақияти ҳокимон хоҳад буд. Агар як ҳадафи ҳоким хидмат ба ҳамнавъи худ мебошад, бояд роҳу расми онро ҳам биёмӯзад ва мардумдорӣ беҳтарин роҳ барои хидмат ба мардум аст. Албатта мардумдорӣ равишҳои мухталиф дорад; ахлоқи нек, бахшишу гузаштан аз хото, муҳаббат, сабру таҳаммул, дастгирии гирифторон аз ҷумлаи намунаҳои мардумдорӣ аст, ки Қуръони Карим ҳам дар сураҳои мухталиф бо баёнҳои гуногун ба он ишора кардааст.

فَبِمَا رَحْمَةٍ مِنَ اللَّهِ لِنْتَ لَهُمْ وَلَوْ كُنْتَ فَظًّا غَلِيظَ الْقَلْبِ لَانْفَضُّوا مِنْ حَوْلِكَ فَاعْفُ عَنْهُمْ وَاسْتَغْفِرْ لَهُمْ وَشَاوِرْهُمْ فِي الْأَمْرِ فَإِذَا عَزَمْتَ فَتَوَكَّلْ عَلَى اللَّهِ إِنَّ اللَّهَ يُحِبُّ الْمُتَوَكِّلِينَ

“Ва ба сабаби раҳмате аз ҷониби Худо бо онон нармхӯ шудӣ ва агар бадхулқ ва сангдил будӣ, ҳатман аз атрофи ту пароканда мешуданд, пас, аз онҳо даргузар ва барояшон омурзиш бихоҳ ва дар корҳо бо онҳо машварат намо; ва ҳангоме, ки тасмим гирифтӣ, пас, бар Худо таваккул кун; бетардид Худо таваккулкунандагонро дӯст медорад”. (Сураи Оли Имрон, ояти 159)

Яке аз намунаҳои мардумдорӣ бахшиш ва гузаштан аз хотоҳои дигарон мебошад ва дар ин бора зеботарин улгӯи муаррифишуда дар Қуръони Карим, Раслуи Акрам(с) аст, ки ҳокимияти эшон беҳтарин ва муассиртарин ҳокимият будааст. Бар асоси ояти мазкур, Раслуи Акрам(с) касонеро, ки дар ҷанги Уҳуд фирор карда буданд ва сипас дар оташи пушаймонӣ сӯхтанд, назди он ҳазрат(с) ҷамъ шуданд ва бо нозил шудани ин ояти сураи Оли Имрон фармони афви умумӣ содир шуд ва Паёмбари Акрам(с) ҳам аз хатои онҳо чашм пӯшид.

Худованди Мутаол барои ҳокимон намунаҳои фаровонеро дар Қуръони Карим баён кардааст, ки беҳтарин онҳо паёмбарони илоҳӣ мебошанд ва бар асоси сираи паёмбарони илоҳӣ, ки беҳтарин пандҳои ҳукуматӣ ва сиёсӣ дар маниши ҳокимиятии онҳо вуҷуд дорад; як намунаи дигари мардумдорӣ дар достони ҳазрати Юсуф(а) аст, ки Худованди Мутаол мефармояд:

وَكَذَٰلِكَ مَكَّنَّا لِيُوسُفَ فِي الْأَرْضِ يَتَبَوَّأُ مِنْهَا حَيْثُ يَشَاءُ ۚ نُصِيبُ بِرَحْمَتِنَا مَنْ نَشَاءُ ۖ وَلَا نُضِيعُ أَجْرَ الْمُحْسِنِينَ

وَلَأَجْرُ الْآخِرَةِ خَيْرٌ لِلَّذِينَ آمَنُوا وَكَانُوا يَتَّقُونَ

وَجَاءَ إِخْوَةُ يُوسُفَ فَدَخَلُوا عَلَيْهِ فَعَرَفَهُمْ وَهُمْ لَهُ مُنْكِرُونَ

Ва инчунин дар [он] сарзамин ба Юсуф қудрат додем; дар он ҳар куҷо мехост, ҷой мегирифт. Раҳмати Худро ба ҳар кас, ки бихоҳем мерасонем; ва подоши некӯкоронро табоҳ намекунем.

“Ва қатъан подоши охират барои касоне, ки имон оварданд ва парҳезкорӣ мекарданд, беҳтар аст.”

“Ва бародарони Юсуф [ба Миср] омаданд ва бар ӯ ворид шуданд; он гоҳ онҳоро шинохт, дар ҳоле ки онҳо ӯро намешинохтанд.” (Сураи Юсуф, ояти 56-58)

Дар достони ҳазрати Юсуф (а) ингуна мехонем, ки бар асоси пешгӯӣ ва таъбири ҳазрати Юсуф(а), ҳафт сол неъмати беҳисобу борони фаровон насибашон хоҳад шуд, аммо пас аз он ҳафт соли дуввум фаро расид ва мардум дучор қаҳтӣ ва хушксолӣ шуданд ва ин қаҳтӣ аз Миср ба Фаластину Канъон расид ва сипас ҳазрати Яъқуб(а) ба фарзандони худ гуфт, ки барои таҳияи гандум ба сӯи Миср равона шаванд. Онҳо вориди Миср шуданд ва дархости худро пешниҳод карданд ва ҳазрати Юсуф(а) дар миёни мардуми дархосткунандаи гандум бародарони худро дид ва шинохт, аммо бародаронаш он ҳазратро нашинохтанд ва ҳақ ҳам ҳамин буд, зеро аз замони ба чоҳ андохтани ҳазрати Юсуф(а) то ҳукумати ӯ дар сарзамини Миср солҳои дароз гузашта буд; вақте аз чоҳ берун омад навҷавон буд, чанд сол ҳам дар хонаи Азизи Миср хидматкор буд ва солҳо ҳам ранҷи зиндонро таҳаммул кард, аз замони озодии ӯ аз зиндон ҳам ҳафт соли фаровонии неъмат ва пуробӣ гузашта буд ва ҳоло, ки солҳои қаҳтӣ буд, бародаронаш ба Миср омада буданд. Аммо табиати ҳукумату ҳукуматдории исломӣ талаб мекунад, ки як ҳоким ҳам нисбати мардуми худ дилсӯз бошад ва ҳам нисбати мардуми ҷаҳон ғамхор бошад ва инчунин буд, ки мардумони хориҷ аз Миср ҳам аз барномаҳои иқтисодии он ҳазрат баҳра мебураднд ва ин ҳамон мардумдорӣ аст, ки бояд зинатбахши як ҳокимият бошад ва ризояти илоҳиро дар пай дорад.

Ба таври хулоса ингуна метавон баён кард, ки қудрат агар дар дасти аҳлаш бошад, раҳмат аст ва дар ғайри ин сурат зиёновар хоҳад буд ва расидан ба қудрат дар сояи ҳокимият ҳеҷ носозгорие бо некукорӣ ва имону тақво надорад ва сираи ҳокимони барҷастаи исломӣ дар тӯли таърих ба ин ҳақиқат равшанӣ андоҳтааст. Агар ҳоким барои ризои илоҳӣ ва неъматҳои охират талош мекунад, имконоти моддӣ ва ҳукумати зоҳирӣ барои ингуна мардони Худо лаззатбахш нахоҳад буд ва мардумдорӣ ва хидмат ба мардум як нуқтаи авҷи онҳо барои расидан ба саодати илоҳӣ мебошад.

Идома дорад…

Вижагиҳои ҳоким ва ҳукумати исломӣ аз нигоҳи Қуръони Карим (қисмати чаҳорум)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед