Вижагиҳои ҳоким ва ҳукумати исломӣ аз нигоҳи Қуръони Карим (қисмати чаҳорум)

0
80

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Муқаддима

Аз нигоҳи Қуръони Карим ҳокими исломӣ бояд инсони комил бошад, то битавонад ҳамчун роҳбари исломӣ ҳукуматдорӣ кунад. Бар асоси оятҳои ин китоби ҳидоятгар, ҳоким бояд аз омӯзаҳои динӣ баҳраманд бошад ва ҷомеаро бар асоси роҳкорҳои қуръонӣ мудирият кунад. Ба вижа агар касе, ки дар як кишвари исломӣ ба ҷойгоҳи ҳокимиятӣ мерасад, бояд вижагиҳои хоссе дошта бошад, то ҷомеаи исломиро аз мушкилоти фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ наҷот бидиҳад. Дар ин навишта идомаи вижагиҳои ҳоким ва ҳукумати исломӣ аз нигоҳи Қуръони Карим мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Нуктаи равшан ин аст, ки бар асоси оятҳои Қуръон, касоне ки қудрату ҳукуматро дар ихтиёр доранд, аммо фасод мекунанд ва бо вуҷуди дар ихтиёр доштани имтиёзи ҳукуматӣ, қасди ислоҳи ҷомеаро надоранд, аз онҳо набояд пайравӣ шавад ва Худованди Мутаол дар ин бора мефармояд:

وَلَا تُطِيعُوا أَمْرَ الْمُسْرِفِينَ

الَّذِينَ يُفْسِدُونَ فِي الْأَرْضِ وَلَا يُصْلِحُونَ

“Ва аз фармони исрофкорон итоат накунед;

Касоне, ки дар замин фасод мекунанд ва ислоҳ намекунанд.” (Сураи Шуаро, ояти 151-152)

Таърихчаи баҳс

Вобаста ба ин мавзӯъ дар қисматҳои гузашта вижагиҳои хоссе аз нигоҳи Қуръон нисбати ҳокимон ва шароити ҳукуматдорӣ баён шуд ва баррасӣ шуд, ки Қуръони Карим вазифаҳоеро бар ӯҳдаи ҳокимон ва масъулони ҳукумат мегузорад, ки зарурӣ аст онҳо дар иртиботҳо ва шеваҳои рафтории худ бо мардум риоят кунанд, то заминаҳои саодат ва пешрафти ҷомеа таъмин  шавад; парҳез аз истибдод, меҳрварзӣ ва гузашт, эҳсону некӣ ба мардум, рияоти адолат, парҳез аз зулм, амонатдори огоҳ, тавоноии ҷисмӣ вижагиҳое буд, ки баён шуд ва дар идома як вижагии муҳими ҳокимон ва ҳукумати исломӣ, ки “нармхӯӣ ва табиати мулоим” аст, мавриди баррасӣ қарор мегирад.

  1. Нармхӯӣ ва мулоимтабиатӣ

Яке за вижагиҳои ҳокими исломӣ ин аст, ки дар ҳадди имкон тӯли ҳукуматдории худ бо мардум рафтори хуб ва табиати мулоим дошта бошад. Дар сураҳои мухталифи Қуръони Карим дар ин бора ишора шудааст ва яқинан зеботарин улгӯ, Расули Акрам (с) баён шудааст. Зеро бо вуҷуди инки дар замони он ҳазрат мардуми давраи ҷоҳилият, хашин, ҷангталаб ва тундмизоҷ буданд, аммо Расули Худо(с), ки дарёи меҳру муҳаббат ҳастанд, бо вижагиҳои худ аз ҷумла меҳрубонӣ таҳаввули инсонӣ дар он ҷомеа ба вуҷуд овард ва рафтори эшон ҳамчун як равиш ва чароғе барои ҳокимону давлатдорону ояндагон мебошад. Бар асоси оятҳои Қуръони Карим, он чизе, ки сабаб гардид, то мардум шефта ва ҷазби Паёмбари Акрам(с) шаванд, нармхӯӣ ва меҳрубонии он ҳазрат буд ва Худованди Мутаол дар ин бора мефармояд:

فَبِمَا رَحْمَةٍ مِنَ اللَّهِ لِنْتَ لَهُمْ وَلَوْ كُنْتَ فَظًّا غَلِيظَ الْقَلْبِ لَانْفَضُّوا مِنْ حَوْلِكَ فَاعْفُ عَنْهُمْ وَاسْتَغْفِرْ لَهُمْ وَشَاوِرْهُمْ فِي الْأَمْرِ فَإِذَا عزَمْتَ فَتَوَكَّلْ عَلَى اللَّهِ إِنَّ اللَّهَ يُحِبُّ الْمُتَوَكِّلِينَ

“Ва ба сабаби раҳмате аз ҷониби Худо бо онон нармхӯ шудӣ ва агар бадхулқ ва сангдил будӣ, ҳатман аз атрофи ту пароканда мешуданд, пас, аз онҳо даргузар ва барояшон омурзиш бихоҳ ва дар корҳо бо онҳо машварат намо; ва ҳангоме, ки тасмим гирифтӣ, пас, бар Худо таваккул кун; бетардид Худо таваккулкунандагонро дӯст медорад”. (Сураи Оли Имрон, ояти 159)

Ин ояти мазкур як даста дастурҳои куллиро шомил мешавад. Шаъни нузули ин ояти сураи Оли Имрон дар бораи ҷанги Уҳуд аст; зеро мусалмононе, ки дар ҷанги Уҳуд фирор карда ва шикаст хӯрда буданд, дар оташи афсусу пушаймонӣ месӯхатнд. Онҳо ба назди Паёмбари Акрам(с) омада ва узр пурсиданд, Худованди Мутаол ҳам бо нозил кардани ояти мазкур дастури афви умумӣ содир намуд.

Бо диққати шоиста дар ин ояти сураи Оли Имрон, чанд паёми вижа барои ҳокимону давлатмардон ва тамоми ҷомеаи исломӣ фаҳмида меавашд, ки ба онҳо ишора хоҳад шуд:

  1. Нармхӯӣ бо мардум як ҳадияи илоҳӣ аст ва бояд аз он ба таври шойста истифода намуд.
  2. Касоне, ки хашин ва сахтгир ҳастанд, мардумдорӣ карда наметавонанд ва мардум ҳам атрофи онҳо пароканда мешаванд.
  3. Низоми ҳукуматии Ислом бар асоси муҳаббат ва иртиботи хуб бо мардум шакл мегирад.
  4. Мудирият ва роҳбарии саҳеҳ ҳамеша ҳамроҳ бо афву бахшиш мебошад.
  5. Арзиши машварат ва ҳамфикрӣ бо нокомиҳои мавсимӣ нодида гирифта намешавад.
  6. Расули Акрам(с) ба ҳайси болотарин ҳоким ва беҳтарин улгӯи ҳокимият вазифа дошт бо он касоне ҳам, ки дар гузашта иштибоҳе карда буданд, машварат кунад ва ин фоидаи машварат дар тамоми арсаҳои ҳукуматдориро мерасонад, чуноне, ки шоир ҳам гуфтааст:

К-ин хирадҳо чун масобеҳ анвар аст,

Бист мисбоҳ аз яке равшантар аст. (Мавлавӣ)

Яке аз муҳимтарин вижагиҳои ҳокими исломӣ ин аст, ки дар ҳадди имкон нисбати иштибоҳҳои пайравонаш чашмпӯшӣ кунад ва гузашати онҳоро ҳамеша ба танқид накашонад, то битавонад бо ҳамфикрии хуб заминаҳои пешрафти ҷомеаашро ҳамвор кунад, ҳамон тавре, ки Расули Акрам(с) аз иштибоҳҳои пайравонаш дар ҷанги Уҳуд чашмпӯшӣ намуд. Ин нуктаи муҳим нишондиҳандаи он аст, ки агар ҳоким парвандаҳоро кушода бигузорад ва ҳамеша дар талош барои афзоиши кинаҳо бошад, ошӯб дар ҷомеа ҳоким мешавад ва бисёре аз мардум баъди солҳо ҳам аз ҳуқуқи шахсии худ маҳрум хоҳанд шуд ва ин хилофи омӯзаҳои қуръонӣ мебошад.

Дар ояти мазкур чанд вижагӣ ва хислати нек барои тамоми мусалмонон баён шудааст ва дар охир ҳам “таваккул” замимаи он сифатҳо шудааст; пас интавр фаҳмида мешавад, ки таваккул ба Худованди Матаол бояд пас аз машварат ва истифода аз тамоми имконоте, ки инсон дар ихтиёр дорад, қарор бигирад ва яке аз ин имконоти муҳим, ки роҳгушои ҳокимон аст, нармхӯӣ ва табиати мулоим мебошад.

Табиати ҳукуматӣ ин аст, ки дар идораи ҷомеа дучори бӯҳронҳо ва мушкилоте мешавад ва роҳбари ҷомеа бо афву бахшишу нармхӯии худ дар рафтору кирдораш бояд он ҷомеаро аз нав сомон бидиҳад ва ростқомат нигоҳ дорад.

Раслуи Худо (с) дар ҳадисе аҳаммияти ин сифати некро ингуна баён фармуд:

إِنَّ اللهَ أَمَرَنِى بِمُدَارَاةِ النَّاسِ كَمَا أَمَرَنِى بِإِقَامَةِ الفَرَائِضِ

Аз ҳазрати Оиша (рз) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуд: “Худованд маро ба мудоро ва нармхӯӣ бо мардум амр кардааст, ҳамон тавре, ки ба иқома ва барпо доштани фаризаҳо амр намудааст”. (Ҷомеулаҳодис, Ҷалолуддини Суютӣ, ҷ 7, саҳ 474, ҳадиси 6708)

Бояд қайд намуд, ки такаббур ва сангдилӣ ҳокимро аз роҳи саҳеҳ ба инҳироф мекашонад ва чӣ басо заминаҳои суқуту фурӯпошии шахсияти фардӣ ва иҷтимоии вайро сабаб мешавад. Аз ин рӯ аст, ки нармхӯӣ ва доштани табитати мулоим барои ҳоким дар ин дунё сабаби маҳбубияти фардии вай дар ҷомеа ва ҳамчунин ҷалби дилҳои мардум мешавад. Ҳокиме ҳам, ки дар мардумдории худ табиати мулоимро ба кор мегирад, дар охират ҳам шомили раҳмати илоҳӣ мешавад. Намрхӯӣ дар дараҷаи аввал барои соҳибони қудрат заруритар аст, чароки онҳо ӯҳдадори ҳалли мушкилот ва омодасозии имконоту осоиши хуб барои мардум ҳастанд ва дар паратви нармхӯии ҳокимона аз тамоми мушкилот ва сахтиҳо ба соҳили мақсуд мерасанд.

Вижагиҳои ҳоким ва ҳукумати исломӣ аз нигоҳи Қуръони Карим(бахши дуввум)

Вижагиҳои ҳоким ва ҳукумати исломӣ аз нигоҳи Қуръони Карим(қисмати севвум)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед