Вижагиҳои ҳоким ва ҳукумати исломӣ аз нигоҳи Қуръони Карим (қисмати аввал)

0
102

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Муқаддима

Ислом ба унвони як дин, ҷаҳонбинӣ ва тарҳи бузург барои зиндагии башар дорад, ки дар тамоми мароҳили зиндагӣ ва ҷанбаҳои мухталиф корбурд дорад. Яке аз муҳимтарин заруратҳои ҳукумати исломӣ, ҳукмронӣ ва ҳокимияти шахси огоҳ ба қонунҳои исломӣ мебошад, то битавонад ҷомеаро ҳидоят кунад ва аз инҳирофи он ба сӯи беназмӣ ҷилавгирӣ намояд.

Фалсафаи ҳукумат ва ҳокимият ҳидоят кардани киштии ҷомеа ба соҳили мақсуд аст; агар ҳоким ва ҳукумат исломӣ бошад, ҷомеаро ба сарманзили мақсуд мерасонад ва заминаи комёбӣ ва саодатро барои ҷомеаи исломӣ фароҳам мекунад, аммо агар ҳокими фосид ва исрофкор роҳбарии ҷомеаро ба ӯҳда бигирад, ҷомеа ба бероҳа кашида мешавад ва таслим дар баробари ӯ раво нахоҳад буд ва бояд нисбати иқдомоти зидди исломияш бо ӯ муқобила кард. Дар манобеи исломӣ ҳам дар ин бора таъкидҳои фаровон шудааст ва метавон ингуна баён намуд, ки фасод омили аслии суқут ва фурӯпошии ҳукуматҳо будааст ва Худованди Мутаол ба зарурати итоат накардан аз фармони фасодкорон ва муқобила бо онҳо таъкид кардааст ва дар сураи Шуаро мефармояд:

وَلَا تُطِيعُوا أَمْرَ الْمُسْرِفِينَ الَّذِينَ يُفْسِدُونَ فِي الْأَرْضِ وَلَا يُصْلِحُونَ

“Ва аз фармони исрофкорон итоат накунед;Касоне, ки дар замин фасод мекунанд ва ислоҳ намекунанд.” (Сураи Шуаро, ояти 151-152)

Яке аз роҳҳои шинохти як ҳукумати машруъ, арзёбии ҳокими он аст ва инки то чӣ андоза бар пояи дастурҳо ва фармонҳои дини Ислом фармондорӣ мекунад ва ҳукумате, ки натавонад масъалаи фасодро дар худ ва ҷомеа решакан кунад, машруъияти худро аз даст медиҳад.

Чаро аз ҳокими исрофкору фосид пайравӣ накунем?

Бо диққат дар оятҳои 151-152 аз сураи Шуаро чанд паём фаҳмида мешавад, ки ҳамчун як ҳушдоре барои мардуми мусалмон ва ҷомеаи исломӣ мебошад ва яқинан агар ин дастури илоҳӣ ва пайравӣ накардан дар баробари ҳукумати фосид сарлавҳаи зиндагии башарият буд, осоишу оромиш ҳукмфармо мешуд.

  1. (Бо таваҷҷӯҳ ба оятҳои пешин) Шарти тақво пайравӣ аз паёмбарони илоҳӣ ва парҳез аз итоати исрофкорон аст.
  2. Агар амният, иқтисод ва осоиши ҷомеа дар партави пайравӣ аз раҳбар ва ҳокими исломӣ набошад, замина ва муқаддимаи фасод хоҳад шуд.
  3. Исрофкор салоҳияти раҳбарии ҷомеро надорад.
  4. Паёмбарони илоҳӣ бо исроф мубориза мекарданд ва дар баробари фасодкорӣ хомӯширо раво намедонистанд.
  5. Таслим шудан дар баробари сармоядорону сарватмандон, қабул кардани фасод аст ва ин хатари ҷиддӣ барои ҷомеаи исломӣ мебошад.
  6. Исроф фасод аст ва исрофкор фасодкор.
  7. Умедворӣ ба ислоҳи ҷомеа фақат дар сояи мактаби паёмбарон аст.
  8. Исрофкорон корҳо ва рафторҳои худро дасткорӣ мекунанд ва онҳоро дурусту саҳеҳ ҷилва медиҳанд ва чӣ басо худро солеҳ ва некрафтор медонанд.

Бо диққат дар вижагиҳои ҳокимон ва ҳукумати исломӣ, ҳукумати фосид ҳам равшан мешавад, ки дар идома ба вижагиҳои ҳукумату ҳокимон бо баҳрагирӣ аз Қуръони Карим  ва ривоятҳо ишора мешавад:

Вижагиҳои ҳоким ва ҳукумати исломӣ аз нигоҳи Қуръон

Қуръони Карим вазифаҳоеро бар ӯҳдаи ҳокимон ва масъулони ҳукумат мегузорад, ки лозим аст  дар иртибот ва шеваи рафтории худ бо мардум риоят кунанд, то сабаби саодат ва пешрафти ҷомеа шавад; дар инҷо ба чанд маврид ишора мешавад:

  1. Парҳез аз истибдод

Қуръони Карим, машварат бо мардум ва парҳез аз истибдод, худкомагӣ ва худраъйӣ дар масоили ҳукуматиро аз шароити ҳокимони илоҳӣ медонад. Ба шакле, ки дар сурати набуди ин шарт, на танҳо ҳоким аз машруъияти динӣ меафтад, балки аз машруъияти сиёсӣ ва мавриди қабул будани умумӣ ҳам хориҷ мешавад ва ҳукумату масъулияти вай ба буҳрони машруъият дучор мешавад. Аз ин рӯ Қуръони Карим ба Паёмбари Акрам(с) ёдовар мешавад, ки сабаби мақбулияти умумии вай аз ҷониби мардум ва қабули ҳукумат ва ҳокимияти вай, равиши ҳукуматии он ҳазрат мебошад, ки бар асоси машварат, ҳамраъйӣ ва ҳамдилӣ бо мардум поярезӣ шудааст. Худованди Мутаол дар сураи Оли Имрон мефармояд:

فَبِمَا رَحْمَةٍ مِّنَ اللَّهِ لِنتَ لَهُمْ وَلَوْ كُنتَ فَظًّا غَلِيظَ الْقَلْبِ لَانفَضُّوا مِنْ حَوْلِكَ فَاعْفُ عَنْهُمْ وَاسْتَغْفِرْ لَهُمْ وَشَاوِرْهُمْ فِي الْأَمْرِ فَإِذَا عَزَمْتَ فَتَوَكَّلْ عَلَى اللَّهِ إِنَّ اللَّهَ يُحِبُّ الْمُتَوَكِّلِينَ

“Ва ба сабаби раҳмате аз ҷониби Худо бо онон нармхӯ шудӣ ва агар бадхулқ ва сангдил будӣ, ҳатман аз атрофи ту пароканда мешуданд, пас, аз онҳо даргузар ва барояшон омурзиш бихоҳ ва дар корҳо бо онҳо машварат намо; ва ҳангоме, ки тасмим гирифтӣ, пас, бар Худо таваккул кун; бетардид Худо таваккулкунандагонро дӯст медорад.” (Сураи Оли Имрон, ояти 159)

  1. Меҳрварзӣ ва гузашт

Дар ояти зикршуда мелоку меъёри дигаре аз рафтори ҳокимон ва масъулони ҷомеаи исломӣ бо мардум баён шудааст ва он масъалаи бахшиш ва меҳрварзӣ дар баробари касоне аст, ки кори хилофе аз онҳо сар зада ва пушаймон шудаанд. Маълум аст шахсе, ки дар ҷойгоҳи раҳбар ва масъули ҷомеа қарор гирифтааст, агар тундхӯ бошад ва ё рӯҳи бахшишу меҳрварзӣ дар ӯ вуҷуд надошта бошад, дар барномаҳои худ бо шикаст мувоҷеҳ хоҳад шуд ва мардум аз атрофи ӯ пароканда мешаванд ва аз вазифаи раҳбарӣ бозмемонад.

  1. Эҳсону некӣ ба мардум

Бар асоси омӯзаҳои қуръонӣ, ҳокимон ва масъулон бояд “эҳсон”-ро пояи асосӣ дар амалкардашон қарор бидиҳанд ва пояҳои ҳукуматӣ илова бар адолати иҷтимоӣ ба масъалаи эҳсону некӣ ба уммат ва шаҳрвандон ниёзи ҷиддӣ дорад. Қуръони Карим нисбати ин масъала дар бораи вижагиҳои ҳазрати Юсуф(а), ки ба ҳукумат ва ҳокимияти Миср даст ёфт, аз эҳсони он ҳазрат сухан ба миён оварда мефармояд:

وَكَذَٰلِكَ مَكَّنَّا لِيُوسُفَ فِي الْأَرْضِ يَتَبَوَّأُ مِنْهَا حَيْثُ يَشَاءُ نُصِيبُ بِرَحْمَتِنَا مَن نَّشَاءُ وَلَا نُضِيعُ أَجْرَ الْمُحْسِنِينَ

“Ва инчунин дар [он] сарзамин ба Юсуф қудрат додем; дар он ҳар куҷо мехост, ҷой мегирифт. Раҳмати Худро ба ҳар кас, ки бихоҳем мерасонем; ва подоши некӯкоронро табоҳ намекунем.” (Сураи Юсуф, ояти 56)

Ҳар ҳукумате, ки бар асоси роҳкорҳои исломӣ ва иҷрои фармонҳои илоҳӣ шакл нагирифта бошад, ҳадафҳои шайтонӣ, моддӣ ва дунявии фиребанда  сарлавҳаи он ҳоким ва пайравонаш мешавад. Дар ин бахш чанд вижагии ҳукумату ҳоким баён шуд ва дар бахши дигар, вижагиҳои муҳими дигар баён хоҳад шуд.

Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед