Вижагиҳои ҳоким ва ҳукумати исломӣ аз нигоҳи Қуръони Карим(қисмати шашум)

0
23

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Аз нигоҳи Қуръони Карим ҳокими исломӣ бояд инсони комил бошад, то битавонад ҳамчун роҳбари исломӣ ҳукуматдорӣ кунад. Бар асоси оятҳои ин китоби ҳидоятгар, ҳоким бояд аз омӯзаҳои динӣ баҳраманд бошад ва ҷомеаро бар асоси роҳкорҳои қуръонӣ мудирият кунад. Ба вижа агар касе, ки дар як кишвари исломӣ ба ҷойгоҳи ҳокимиятӣ мерасад, бояд вижагиҳои хоссе дошта бошад, то ҷомеаи исломиро аз мушкилоти фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ наҷот бидиҳад. Дар ин навишта идомаи вижагиҳои ҳоким ва ҳукумати исломӣ аз нигоҳи Қуръони Карим мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Нуктаи равшан ин аст, ки бар асоси оятҳои Қуръон, касоне ки қудрату ҳукуматро дар ихтиёр доранд, аммо фасод мекунанд ва бо вуҷуди дар ихтиёр доштани имтиёзи ҳукуматӣ, қасди ислоҳи ҷомеаро надоранд, аз онҳо набояд пайравӣ шавад ва Худованди Мутаол дар ин бора мефармояд:

وَلَا تُطِيعُوا أَمْرَ الْمُسْرِفِينَ

الَّذِينَ يُفْسِدُونَ فِي الْأَرْضِ وَلَا يُصْلِحُونَ

“Ва аз фармони исрофкорон итоат накунед;

Касоне, ки дар замин фасод мекунанд ва ислоҳ намекунанд.” (Сураи Шуаро, ояти 151-152)

Таърихчаи баҳс

Дар қисматҳои гузашта чанд вижагии ҳоким аз нигоҳи Қуръони Карим баён шуд; парҳез аз истибдод, меҳрварзӣ, эҳсону некӣ ба мардум, риояти адолат, парҳез аз зулм ва чанд вижагии дигар, ки Қуръон доштани онҳоро барои як ҳоким зарурӣ медонад. Дар идомаи баҳс ба як вижагии дигар “мубориза бо инҳирофҳо ва фасоди иҷтимоӣ” баён хоҳад шуд ва дар тӯли баҳс ба нақши паёмбарони илоҳӣ дар муқбоила бо инҳирофҳои иҷтимоӣ ва ислоҳи ҷомеа ҳам мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

  1. Мубориза бо инҳирофҳо ва фасоди иҷтимоӣ

Ба таври табиӣ солим будани ҷомеа ва рафтори неки инсонҳо бо якдигар аз пояҳои асосии як ҷомеа мебошад, ба навъе, ки ҳар шахс нафъу салоҳи дигаронро дар назар бигирад, то дигарон ҳам бо беҳтарин шакли мумкин бо ӯ рафтор ва муомила дошта бошанд ва риоят накардани ин қонун сабаби эҷоди фасодҳо ва нобасомониҳои иҷтимоӣ мебошад ва дар натиҷа ҷомеа дучори ошуфтагӣ мегардад ва ягона роҳи дармони ин ҷомеа “ислоҳот” мебошад, ки Қуръони Карим беҳтарин роҳкорҳоро барои ислоҳгарон, ки ҳокимон ва масъули мардум худ ҳастанд, тавсия намудааст. Албатта доираи ислоҳот ҳам ба густардагии фасодҳо ва камбудиҳое аст, ки дар бахшҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, идорӣ, ахлоқӣ, динӣ, ҳуқуқӣ, омӯзишӣ ва низомӣ мебошад ва ислоҳи масоили иҷтимоӣ фақат ба як бахси хос намебошад, балки вазифа ин аст инҳорофҳо дар тамоми арсаҳо шиносоӣ шавад ва аз пахши онҳо ҳамчун як вирус ба тамоми ҷомеа пешгирӣ шавад ва инчунин аст, ки вазифаи ҳокимро печида мекунад, аммо бо баҳрагирӣ аз улгуҳои ҳукуматдорӣ, ки дар Қуръони Карим ва манобеи исломӣ баён шудааст, метавони бо баҳарагирӣ аз беҳтарин равишҳо бо фасодҳои иҷтимоӣ муқобила кард ва онҳоро решакан намуд.

Инҳирофҳои иҷтимоӣ аз ҷумла мушкилоте аст, ки гиребони ҷомеаро мегирад ва ҷомеашиносон нисбати ин масъала роҳкорҳое барои муқоиса, пешгирӣ ва дармони ин инҳорофҳо баён кардаанд. Аммо яке аз беҳтарин улгуҳо барои ҳокимон Расули Акрам(с) мебошад, ки беҳтарин роҳкороҳоро ба таври амалӣ барои тамоми ояндагон ироа кардаанд ва ҳокимон ҳам бо баҳрагирӣ аз равиши ҳукуматии он ҳазрат метавонанд дар идораи ҷомеа ва муқобила бо инҳирофҳои иҷтимоӣ муваффақ бошанд.

Бетардид паёмбарони илҳоӣ, нахустин касоне буданд, ки тарбияти дигаронро яке аз вазифаи аслии худ қарор дода буданд. Худованди Мутаол онҳоро барои ҳидояти мардум интихоб намудааст ва баррасии сираи тарбиятии Паёмбари Акрам(с) ва дигар паёмбарони илоҳӣ, метавонад чароғе барои ҳокимон бошад, то торикиҳои роҳҳои сахту пурхатарро барои онҳо равшан кунад. Чароки дар зиндагии тарбиятии онҳо равишҳо ва шеваҳои тарбиятӣ истифода шудааст ва ҳокимон метавонанд дар фаъолиятҳои худ барои ҷомеа аз он равишҳо истифода кунанд.

Ҳамон тавре, ки баён шуд, фасоди иҷтимоии як доираи густарда дорад ва ҳатто боварҳои динии инсонҳо ҳам мумкин аст дучори инҳироф гардад, ки вазифаи ҳокимон равшангарӣ, ҳидоятгарӣ ва донишафзоӣ мебошад.

Рӯзе теъдоде аз асҳоби Расули Акрам(с) дар масҷид нишаста буданд ва ҳар касе аз онҳо дар бораи аслу насаби хуб сухане мегуфт ва табори худро бартар медонист. Навбат ба Салмони Форсӣ(рз) расид. Ба ӯ гуфтанд, ки ту ҳам аз аслу насаби худ сухан бигӯ. Салмони Форсӣ(рз) ба ҷои инки аз аслу насаб ва ифтихорҳои худ сухан ба миён оварад, гуфт: “ман номам Салмон аст ва фарзанди яке аз бандаҳои Худованд ҳастам, гумроҳ будам ва Худованд маро ба василаи Муҳаммад(с) роҳнамоӣ ва ҳидоят кард, фақир будам, аммо маро бениёз кард, барда будам, аммо ба василаи Муҳаммад(с) маро озод кард.”

Пас аз онки ин ҷараён ба Расули Акрам(с) гузориш дода шуд, он ҳазрат фармуд: “Эй гурӯҳи Қурайш! Хун ба чӣ маъно аст? Нажод чӣ маъно дорад? Нисбати ифтихоромези ҳаркас, дини он кас аст, мардонагии ҳаркас вобаста ба ахлоқ ва шахсияти он шахс аст, аслу решаи ҳар кас ҳам ақлу фаҳм ва дарки ӯ мебошад. Кадом реша ва аслу нажод аз ақл болотар аст?!”

Расули Акрам(с) вақте эҳсос менамуд, ки бовари динии фарде бо заъф мувоҷеҳ шудааст, талош мекард то бовари динии ӯро тақвият бахшад ва рафторҳои саҳеҳро бо рафторҳои иштибоҳ муқоиса мекард, то асҳобу ёрон ва ояндагон битавонанд рафторҳои дурусту саҳеҳро дар худ тақвият кунанд ва аз рафторҳои бад, ки сабаби дур шудани ҷомеа аз ормонҳои неки мешавад, парҳез кунанд.

Масъулияти ҳокимон дар бораи муқобила бо инҳирофҳои иҷтимоӣ сахттар аст, чароки онҳо фақат посухгӯи корҳои худ нестанд, балки посухгӯи як ҷомеа ҳастанд ва бар асоси ояти мазкур дар муқаддима, агар ҳокиме қасди ислоҳи ҷомеаро надошта бошад, аз нигоҳи Худованди Мутаол исрофкор ва фасодкор аст ва набояд аз ӯ пайравӣ кард, чароки дар замоне, ки тӯфонҳои гумроҳӣ ва фасодҳои ахлоқӣ аз сӯе мардумашро мавриди ҳамла қарор додааст, шоиста нест, ки ҳоким дар як ҷо нишаста ва бо оромиши хаёл сари худро хам кунад ва нисбати масоил бетафовут бошад, балки вазифа ва масъулияти ҳокимон ин аст, ки ба ҳайси марди майдон ба арса ворид шуда ва аз тамоми тавонҳо ва қудрате, ки дар ихтиёр дорад, истифода кунад.

Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед