Вижагиҳои ҳоким ва ҳукумати исломӣ аз нигоҳи Қуръони Карим(қисмати севвум)

0
145

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Муқаддима

Ислом ба унвони як дин, ҷаҳонбинӣ ва тарҳи бузург барои зиндагии башар аст, ки дар тамоми мароҳили зиндагӣ ва ҷанбаҳои мухталиф корбурд дорад. Яке аз муҳимтарин заруратҳои ҳукумати исломӣ, ҳукмронӣ ва ҳокимияти шахси огоҳ ба қонунҳои исломӣ мебошад, то битавонад ҷомеаро ҳидоят кунад ва аз инҳирофи он ба сӯи беназмӣ ҷилавгирӣ намояд.

Фалсафаи ҳукумат ва ҳокимият ҳидоят кардани киштии ҷомеа ба соҳили мақсуд аст; агар ҳоким ва ҳукумат исломӣ бошад, ҷомеаро ба сарманзили мақсуд мерасонад ва заминаи комёбӣ ва саодатро барои ҷомеаи исломӣ фароҳам мекунад, аммо агар ҳокими фосид ва исрофкор ҳокимияти ҷомеаро ба ӯҳда бигирад, ҷомеа ба бероҳа кашида мешавад ва таслим дар баробари ӯ раво нахоҳад буд ва бояд нисбати иқдомоти ҳукуматии мухолиф бо дини Ислом бо ӯ муқобила кард. Дар манобеи исломӣ ҳам дар ин бора таъкидҳои фаровон шудааст ва метавон ингуна баён намуд, ки фасод омили аслии суқут ва фурӯпошии ҳукуматҳо будааст ва Худованди Мутаол ба зарурати итоат накардани фармони фасодкорон ва муқобила бо онҳо таъкид кардааст ва дар сураи Шуаро мефармояд:

وَلَا تُطِيعُوا أَمْرَ الْمُسْرِفِينَ الَّذِينَ يُفْسِدُونَ فِي الْأَرْضِ وَلَا يُصْلِحُونَ

“Ва аз фармони исрофкорон итоат накунед; Касоне, ки дар замин фасод мекунанд ва ислоҳ намекунанд.” (Сураи Шуаро, ояти 151-152)

Пешинаи баҳс

Дар доираи ин баҳс дар қисмати аввал ба бахше аз ин мавзӯъ ишора шуд ва чанд вижагии ҳокимон баён карда шуд: як; парҳез аз истибдод, ду; меҳрубонӣ ва меҳрварзӣ, 3; эҳсон ва некӣ ба мардум. Дар қисмати дуввум ҳам баён шуд ҳар ҳукумате, ки бар асоси роҳкорҳои исломӣ ва иҷрои фармонҳои илоҳӣ шакл нагирифта бошад, ҳадафҳои шайтонӣ, моддӣ ва дунявӣ сарлавҳаи он ҳоким ва пайравонаш мешавад. Риояти адолат ва парҳез аз зулму ситам бояд аз вижагиҳои ҳокимон дар доираи ҳокимияти исломӣ бошад. Дар идомаи баҳс ба вижагиҳои дигари ҳокимон аз нигоҳи Қуръони Карим ишора хоҳад шуд.

  1. Амонатдори огоҳ

Қуръони Карим барои намояндагони мардум дар арсаҳои давлатӣ ва ҳукуматӣ вижагиҳо ва улгуҳоеро баён кардааст, ки ҷомеаи исломӣ бо дарназардошти ин вижагиҳо метавонанад беҳтарин ҳокимон ва намояндагони давлатиро барои худ интихоб кунанд.

Яке аз муҳимтарин ва беҳтарини вижагиҳо дар бораи ҳазрати Юсуф(а) аст, ки пас аз таъбири хоби подшоҳи Миср тавассути он ҳазрат ва озодоии эшон, подшоҳ тасмим мегирад вазифа ва мақоми арзишманде ба он ҳазрат ато кунад. Қуръони Карим мефармояд:

وَقَالَ الْمَلِكُ ائْتُونِي بِهِ أَسْتَخْلِصْهُ لِنَفْسِي فَلَمَّا كَلَّمَهُ قَالَ إِنَّكَ الْيَوْمَ لَدَيْنَا مَكِينٌ أَمِينٌ قَالَ اجْعَلْنِي عَلَىٰ خَزَائِنِ الْأَرْضِ إِنِّي حَفِيظٌ عَلِيمٌ

Ва подшоҳ гуфт: Ӯро назди ман биёваред, то ӯро аз хосони худ гардонам. Пас, ҳангоме, ки бо ӯ сӯҳбат кард, гуфт: Ҳатман ту имрӯз назди мо арҷманд [ва] амин ҳастӣ. [Юсуф] Гуфт: Маро бар хазинаҳои ин сарзамин бигумор; ҳамоно ман нигаҳбони доно ҳастам“. (Сураи Юсуф, ояти 54-55)

Қуръони Карим аз забони подшоҳи миср, ду вижагии ҳазрати Юсуф (а)-ро баён мекунад; олиқадр ва амонатдор. Он ҳазрат бо таваҷҷӯҳ ба тавоноиҳои худ ба подшоҳ пешниҳод мекунад, ки масъули хазонадорӣ ва мосоили кишвар шавад ва барои ин пешиноҳоди худ ба ду вижагӣ ишора мекунад; нигаҳдорандаи доно. Ин ду вижагӣ нишондиҳанади шоистагии он ҳизрат барои он вазифаи муҳимми кишварӣ аст.

Бар асоси омӯзаҳои Қуръони Карим як ҳокими исломӣ, ҳам бояд росткор бошад ва доно ва нисбати масъулияташ аҳаммият бидиҳад. Ҳар кадом аз ин вижагиҳо агар дар масъуле, ки дар раддаҳои олии ҳукуматӣ вазифадор аст, набошад, кишвар бо мушкил мувоҷеҳ мешавад. Агар як мақомдор илму дониши зарурӣ барои он масълулиятро надошта бошад, дар натиҷаи тасмимҳо ва иқдомоти нодурусти худ, кишварро бо мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ мекунад.

Шарти дигаре, ки бо таваҷҷӯҳ ба оятҳои мазкур барои ҳоким зарурӣ мебошад, ин аст, ҳоким бояд шахси дурусткор бошад. Агар дар кори худ дасти пок надошта бошад, дуздӣ, ришва ва порахӯрӣ дар ҷомеа ривоҷ пайдо мекунад ва эътимоди мардум ҳам нисбати ҳукумати исломӣ аз байн меравад.

  1. Тавоноии ҷисмӣ

Ҳокими исломӣ дар канори илму дониш бояд қудрати ҷисмонӣ ҳам дошта бошад ва баробари илму дониш нисбати масъулият ба тавоноии ҷисмонӣ ҳам дар Қуръони Карим таъкид шудааст. Худованди Мутаол дар сураи Бақара ҳазрати Толут(а)-ро ба ҳайси раҳбару зимомдори Банӣ Исроил интихоб мекунад ва ду вижгаияшро инчунин баён мекунад:

قَالَ إِنَّ اللَّهَ اصْطَفَاهُ عَلَيْكُمْ وَزَادَهُ بَسْطَةً فِي الْعِلْمِ وَالْجِسْمِ وَاللَّهُ يُؤْتِي مُلْكَهُ مَنْ يَشَاءُ

“[Паёмбарашон] Гуфт: «Ба ростӣ, ки Худо ӯро бар шумо баргузидааст ва ӯро дар дониш ва [нерӯи] ҷисмӣ вусъат бахшидааст»; ва Худо фармонравоии Худро ба ҳар кас бихоҳад, медиҳад;” (Сураи Бақара, ояти 247)

Ҳазрати Толут(а) илова бар инки раҳбарии мардумро ба ӯҳда дошт, фармондеҳи низомӣ ҳам буд. Ҳар чанде, ки тавоноии илмӣ дар давраи ҳаёти имрӯза аҳаммияти бештар дорад ва ҳоло қудрати давлатӣ дар таҷҳизоти низомӣ хулоса мешавад, аммо ҳамин таҷҳизоти низомӣ дар асоси қудрати давлатӣ метавонад бисёр боаҳаммият бошад ва дар муқобили ҳамлаи душманони дини Ислом истифода мешавад ва аз мушкилоти эҳтимолӣ пешгирӣ мекунад.

Диққат дар оятҳои Қуръони Карим ба ҷомеаи исломӣ кӯмак мекунад, ки дар меъёрҳои худ барои интихоби намоянда, раҳбар, ҳоким андеша кунанд ва интихоби нек ҳам заминаҳои сарбаландӣ ва муваффақияти кишварро фароҳам мекунад.

Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед