Вежагиҳои як раҳбар 1

0
321

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Вежагиҳои як раҳбар
Қисмати аввал

Муқаддима
Дар байни ҷомеаҳои мардумӣ, ҳеч мақоме арзишмантар ва дар айни ҳол душвортар аз мансаби раҳбарӣ нест. Шойистаи ин мақом шахсе метавонад бошад, ки маҷмӯъае аз камолот ва вежагиҳои ахлоқиро дошта бошад ба таъбири дигар, раҳбар бояд сифатҳои ҳасанае дошта бошад ва дар муносибатҳои мухталиф аз онҳо баҳра бигирад. Барои мисол қотеиятро бо дурандешӣ, дустиро бо нармӣ, шукӯҳро бо дарвешӣ, хушбиниро бо эҳтиёти лозим, инҳоро бояд боҳам омехта кунад ва бо равоншиносӣ ва мавқеъшиносии комил дар ҳар фурсати муносиб онро ба кор гирад. Бар ин асос Паёмбари Акрам(с) ба унвони раҳбари бузурги башарият ва сарвари ҳастӣ вежагиҳое дошт, ки мо ба бархеи аз онҳо ишора хоҳем кард. Ва бояд касоне, ки имрӯз  ё дар оянда дар ҷомеа ё дар хона ва ё дар ҳар куҷое, ки масъулияте пайдо кард, бояд улгӯи худро Паёмбари Акрам(с) қарор диҳад, то як раҳбар ё масуълӣ муваффақ бошад.

Сифоти Паёмбар(с) дар Қурони Карим

Раҳбарии Паёмбари гиромии Ислом(с) ба хотири ҷаҳони будани он аз як тараф, хотам ва охирин сафир будани Ӯ аз тарафи дигар бо душвориҳои фаровоне ҳамроҳ буд. Қавмҳоеро, ки ҳидояти онҳоро ба уҳда гирифа буд аз назари фарҳанг, биниш, инзибот ва фаҳм дар як сатҳ набуданд, худи ин ихтилоф мушкилотеро дар тариқи раҳбарии Ӯ эҷод карда буд. Аммо Худованд ба хотири пирӯзӣ бар ин сахтиҳо Ӯро кӯмак кард ва мазҳари(таҷаллигоҳи) маҷмуъае аз камолоти инсонӣ гардонид.

Паёмбари Акрам(с) дар идомаи андешаҳои ҳакимона ва алоқа ба ҳадаф ва дилсӯзи бар уммат, мушкилотро ҳал кард. Ва тамадунеро поягузорӣ кард, ки то кунун монанди он дида нашудааст.

Худованд дар Қуръони Карим бо баёни зебо ба камолоти рӯҳӣ ва иллатҳои пирӯзии  Паёмбари Худ дар маъракаи раҳбарӣ ишора менамояд. Хуб аст, ки дар ин баҳс бо сифотӣ барҷастаи ин шахсияти илоҳӣ ошно шавем.

Алоқа ва дилсӯзӣ ба ҳадаф

Ишқу алоқа ба ҳадаф коре аст, ки раҳбари дилсӯзро бар саъю талош ва пирӯзи бар мушкилот водор месозад ва хастагиро аз чеҳра ва ҷони ӯ пок мекунад. Ва агар раҳбарияте аз дарун ба коре, ки барои ӯ мушаххас шудааст, эҳсоси алоқа накунад ва дилсӯз набошад, чунин раҳбарияте фасодкунанда аст.

Паёмбар(с) инқадар дар роҳ ва ҳадафаш алоқа ва бовар дошт, ки дар таърих мебинем душманони ӯ тамоми роҳҳоро дар муқобила ва мубориза бо Паёмбар(с) ба кор гирифтанд. Аввал бо суҳбат, баъд пешниҳодҳои дунявӣ, баъдан таҳдид ва ҳар коре, ки тавонистанд карданд, то Паёмбар(с) аз роҳаш баргардад ва идома надиҳад, вале мебинем инқадар бо алоқа ва маҳкам роҳашро идома дод, ки динашро ҷаҳонӣ кард.

Қурони Карим ба алоқаи хуби Паёмбар(с) бар ҳидояти мардум гувоҳӣ медиҳад.

فَلَعَلَّكَ بَاخِعٌ نَّفْسَكَ عَلَى آثَارِهِمْ إِن لَّمْ يُؤْمِنُوا بِهَذَا الْحَدِيثِ أَسَفًا

“Агар ба ин сухан (=Қуръон) имон наёваранд, пас, шояд ту ба

дунболи [рӯйгардонии] онҳо, худатро аз андӯҳ ҳалок кунӣ”. (Сураи Каҳф ояти 6)

بَاخِعٌ –“Бохиъ” дар Саҳеҳ Бухорӣ ба маънои муҳлик омадааст, муҳлик яъне ҳалоккунанда, нобудкунанда. (Саҳеҳ Бухорӣ, Сураи Каҳф)

Ин ҷумла нишондиҳандаи ниҳояти алоқаи як табиби иҷтимоӣ аст; табибе, ки  худ ба суроғи беморони руҳӣ ва маънавӣ меравад, на ин, ки мунтазир бошад, то мариз ба суроғи он биёяд. Агар медонист дар қабилаи дурдаст фарди қобили ҳидоят аст, муштоқона ба суроғи он мерафт ва ӯро раҳнамоӣ мекард. Дар роҳи Худо то он ҳад талош мекард, ки дар ҳади ҳалок шудан ва нобуд шудан мерафт.

Дар ин оят Худованд Паёмбарашро бар асари ин ки Ӯ қасд дорад, ки ба сабаби рӯйгардонидани дигарон аз ҳақ ва ҳидоят, худро ҳалок созад, мавриди итоб(сарзаниш) қарор медиҳад.

Агар касе роҳи гумроҳӣ ва ҳалокатро мепаймуд, Паёмбар Акрам(с) ғамгин мешуд ва ранҷ мекашид, ҳамонгуна, ки падар аз ҳалокати фарзандаш ранҷ мебарад. Худованд дар ин маврид мефармояд;

وَلاَ يَحْزُنكَ الَّذِينَ يُسَارِعُونَ فِي الْكُفْرِ إِنَّهُمْ لَن يَضُرُّواْ اللّهَ شَيْئاً يُرِيدُ اللّهُ أَلاَّ يَجْعَلَ لَهُمْ حَظًّا فِي الآخِرَةِ وَلَهُمْ عَذَابٌ عَظِيمٌ

“Ва касоне, ки дар кофир шудан мешитобанд, туро андӯҳгин насозанд; ба дурустӣ ки онон ҳеҷ зараре ба Худо намерасонанд. Худо мехоҳад, ки барои онон дар охират ҳеҷ баҳрае қарор надиҳад; ва барои онҳо азоби бузург аст”. (Сураи Оли Имрон, ояти 176)

Дар ин оят аз бузургӣ, меҳрубонӣ ва дилсӯзии Паёмбар(с) суҳбат меравад, ки ҳатто барои кофирон ҳам дилаш месӯхт ва дар ғами онҳо ҳам буд.

Дар ояте, ки дар боло баён кардем дилсӯзии Паёмбар(с)-ро барои кофирон баён кард, дар сураи Моида дилсӯзӣ ва ғамхории Паёмбар(с)-ро бар мунофиқон баён мекунад. Худованд мефармояд;

يَا أَيُّهَا الرَّسُولُ لاَ يَحْزُنكَ الَّذِينَ يُسَارِعُونَ فِي الْكُفْرِ مِنَ الَّذِينَ قَالُواْ آمَنَّا بِأَفْوَاهِهِمْ وَلَمْ تُؤْمِن قُلُوبُهُمْ

“Эй Паёмбар! Касоне, ки дар куфр варзидан мешитобанд, туро андӯҳгин насозанд, [чи] аз касоне, ки бо забонашон гуфтанд: «Имон овардем», дар ҳоле ки дилҳояшон имон наёварда буд”. (Сураи Моида, ояти41)

Худованд дар ояти дигаре мефармояд;

وَلَا تَحْزَنْ عَلَيْهِمْ وَلَا تَكُن فِي ضَيْقٍ مِّمَّا يَمْكُرُونَ

“Ва бар онҳо ғамгин набош ва аз он чи макр мекунанд, дар

дилтангӣ мабош”. (Сурам Намл, ояти 70)

Дилтангии  Паёмбар(с) аз ин ҷиҳат буд, ки вуҷуди муборакаш Рауф ва Мерубон буд, мақсадаш наҷот ва иршод (роҳи дурустро нишон додан)-и кофирон ва мунофиқон буд, ки имон намеоварданд, ба ин хотир дар оятҳои зиёде Худованд Паёмбарашро дилдорӣ медиҳад.

Пас касе нест ба некӣ даъват кунад, магар инки аз суи шароратпешагони динӣ ва ё ғайри динӣ дучори ранҷ ва озор қарор мегиранд. Худованд ба касе, ки мардумро ба сӯи Ӯ фаро хонда ва мехонанд, супориш мекунад, ки ба хотири такзиби касоне, ки ӯро такзиб мекунанд ва аз ӯ рӯй барметобанд ғамгин нашавад, чаро, ки поёни кор аз они парҳезкорон аст.

وَ الَّذِينَ هُمْ مُحْسِنُونَ إِنَّ اللَّهَ مَعَ الَّذِينَ اتَّقَوْا

“Яқинан Худованд бо ҳамроҳи касоне аст, ки аз Худованд метарсанд(тақвои Ӯро пеша мекунанд)  ва бо касоне аст, ки онҳо некукорон ҳастанд”.  (Сураи Наҳл ояти 128)

Боз Худованд дар ояти дигар мефармояд;

فَلَا تَذْهَبْ نَفْسُكَ عَلَيْهِمْ حَسَرَاتٍ إِنَّ اللَّهَ عَلِيمٌ بِمَا يَصْنَعُونَ

“Пас, ҷонат ба хотири ҳасратҳои бар онҳо, аз даст наравад; ба дурустӣ ки Худо ба он чи анҷом медиҳанд, доност”. (Сураи Фотир, ояти 8)

Қатъан кори ҳидоят ва залолат, кори ҳеҷ касе нест, ҳарчанд ин шахс Паёмбари Худо(с) бошад. Балки ин кор ба Худо ихтисос дорад ва дилҳо дар назди Худованд қарор доранд. Худои Меҳрабон зерурӯ кунанда ва дигаргун созандаи дилҳо ва чашмҳо аст. Худованди Субҳон Паёмбари худро ноз мекунад ва дилдорӣ медиҳад, бо баёни ин ҳақиқат, то дили меҳрубон ва хайрхоҳи Паёмбар(с) ва дӯстдори қавми худ, дар баробари корҳое, ки аз онҳо мебинад ва медонад, ки сарнавишти ҳатмии онҳо ба дунболи ин гумроҳи чи аст, ором бигирад ва коре накунад. Нороҳат ва нигарон аст аз ин канорагирии онҳо аз ҳаққе, ки барояшон овардааст ва онҳо бо вуҷуди дидан ва пай бурдан ба он, ки ҳақ аст, аз он дурӣ мекунанд ва гумроҳ мешаванд. Худованди Субҳон аз ҳамчун нигаронӣ ва парешонӣ ба дили Паёмбараш ба сари меҳр меояд ва аз рӯи лутф барояш тавзеҳ медиҳад ва табйин мекунад, ки ин кори Ӯ нест ва ба Ӯ марбут намешавад, балки ин кори Худо ва махсуси Аллоҳ мебошад. Ин парешонӣ ва дилсӯзӣ ҳолате аст, ки даъваткунандагон ба сӯи Худо ба он мубтало мешаванд, чун арзишу зебоӣ ва хайру баракатеро дарк ва фаҳм мекунанд, ки дар даъвати онҳо аст. Вале агар бибинанд, ки  мардум аз инҳо рӯйгардон ҳастанд ва хайру баракатро намебинанд ва ба ҳақ ва ҳақиқат гӯш намедаҳанд, набояд нороҳат шаванд. Бояд даъваткунандагони роҳи Худо бидонанд, ки Худованд Паёмбарашро ба чи суфориш кардааст ва ба ин хотир дилдорияш додааст. Аммо даъваткунандагон бояд бидонанд ва тамоми талошу кушиш ва қудрату тавоноии худро  барои таблиғи дини илоҳӣ ба дигарон ба кор бигиранд ва ба онҳо бирасонанд. Вале бар касе таассуб нахӯранд, чун Худо ислоҳ ва наҷотро барои он муқаддар нафармудааст. (Тафсири Фи зилолил Қурон  дар зери ин оят)

Дар сураи Ёсин, ки бештари мо азёд медонем ва мехонем, ки Худованди Субҳон мефармояд;

فَلَا يَحْزُنكَ قَوْلُهُمْ إِنَّا نَعْلَمُ مَا يُسِرُّونَ وَمَا يُعْلِنُونَ

“Пас, сухани онҳо туро ғамгин масозад; дар ҳақиқат, Мо он чиро пинҳон мекунанд ва он чиро ошкор месозанд, медонем”. (Сураи Ёсин, ояти76)

Оятҳо дар ин маврид, ки алоқаи амиқи Паёмбар(с) ва дилсӯзии ин раҳбари осмонӣ ба ҳидояти уммате худро нишон бидиҳад, беш аз инҳо мебошад, вале мо ба ҳамин андоза иктифо мекунем.

Намунаҳои таърихӣ далолат мекунанд, ки Паёмбар(с) чиқадар дар ин роҳ ранҷ кашидааст, аммо алоқаи Ӯ кам нагардида ва ҳадафашро фаромӯш накардааст.

Қурайш аввалин сиёсате, ки ба кор гирифт, фишори қабила буд, ба хусус раиси қавмро, ки Абутолиб буд. Сарони Қурайш ба таври дастаҷамъӣ назди Абутолиб рафтанд ва гуфтанд; бародарзодаат худоёни моро носазо мегӯяд ва оини моро ба зиштӣ ёд мекунад, ба афкори мо механдад ва падарони моро гумроҳ медонад. Ё аз Ӯ бихоҳ аз мо даст бардорад, ё Ӯро дар ихтиёри мо бигзор ва ҳимояти худро аз Ӯ бигир. (Сираи ибни Ҳишшом, ҷ1 саҳ 265)

Дар матни ин пешниҳод ду мавзӯъ матраҳ буд, аввал; мусолиҳа дуввум; таҳдид ва набудани амният.

Абутолиб бо тадобири хос онҳоро баргардонд, аммо ба хотири баёноти Паёмбар(с) ва таъсири суханони он ҳазрат махсусан дар моҳи ҳаром, ки ҳоҷиён ба Макка меомаданд, онҳо бори дигар назди Абутолиб омаданд ва ин бор танҳо дар қолаби таҳдид ба вай гуфтанд; Абутолиб ту аз назари шарофат ва син бар мо бартарӣ, қаблан ҳам гуфта будем, ки бародарзодаи худро аз таблиғи оини ҷадид боз дор, аммо ту аҳаммияте надодӣ, акнун сабри мо ба поён расидааст. Лозим аст Ӯро аз навъи фаъолият боз дорӣ ва агар ин корро накунӣ бо Ӯ ва ту, ки ҳомии Ӯ ҳастӣ мубориза хоҳем кард. Абутолиб ваъда дод суханҳои онҳоро ба Паёмбар(с) бигӯяд ва ин корро ҳам кард, вале Паёмбар(с) дар ҷавоб фармуданд:

قال رسول الله صلى الله عليه وسلم : يا عم ، والله لو وضعوا الشمس في يميني ، والقمر في يساري على أن أترك هذا الأمر حتى يظهره الله ، أو أهلك فيه

Паёмбар(с) фармуд; Эй амуҷон ба Худо савганд ҳаргоҳ хуршедро дар дасти рости ман ва моҳро дар дасти чапи ман қарор диҳанд, то аз дунболакардани роҳам ва ҳадафам боз гардам, ҳаргиз чунин нахоҳам кард, то онки бар мушкилот пирӯз шавам ва ба мақсади ниҳоӣ бирасам ё дар ин роҳ ҷон диҳам.

Абутолиб низ гӯфт; ба Худо савганд даст аз ҳимояти Ту барнамедорам, то маъмурияти худро ба поён расонӣ. (Сираи ибни Ҳишом, ҷ1 саҳ 265)

Ҷанги равонӣ бо Паёмбар(с)

Мушрикон аз пешниҳодҳо ва таҳдидҳое, ки  бар Паёмбар(с) карданд ноумед шуданд. Ба абзорҳои равонии ҷадид рӯй оварданд. Онҳо ба тамасхур ва истиҳзо, талош карданд, то шахсияти Паёмбар(с)-ро пойин оваранд ва назди мардуми одди Ӯро таҳқир кунанд, то шояд тарафдоронаш ба ин сабаб камтар шавад. Масхара кардан ба унвони яке аз фишорҳои рӯҳӣ дар таърихи зиндагонии Паёмбар(с) сабт шудааст. Ибни Исҳоқ ва Билозарӣ номҳои масхаракунандагони Расули Худо(с)-ро зикр кардаанд. (Табақотулкубро, ҷ1 саҳ200)

Масалан Абусуфён ибни Ҳорис Паёмбар(с)-ро бо шеър масхара мекард ва ҳамчунин Вомит ибни Халаф низ бо шеър масхара мекард, ки ба қавли муфассирон сураи Ҳумазаҳ дар бораи ӯ нозил шуд. (Сираи набавӣ, Ибни Ҳишом, ҷ1 саҳ356)

Натиҷа

Пас аз ончи дар боло зикр кардем, раҳбарии Паёмбари Худо(с) ба унвони як инсони комил ва касе, ки дар амал нишон дод, ки дар ҳадафаш мувафақ шуд ва дини Исломро ҷаҳонӣ кард ва худро дар таърих муаллими башарият  сабт кард. Ин муаллим чи сифот ва вежагиҳое дошт ва чи чизе онро дар ҳадафаш мувафақ гардонид. То касоне, ки роҳи Ӯро идома медиҳанд ва роҳбар ё вазифае доранд бидонанд, ки чикор бояд кунанд, то дар ҳадафашон муваффақ шаванд. Дар ин мақола аввалин сифат ва вежагии Паёмбар(с)-ро аз Қуръону ривоят ва таърихи Ислом мухтасаран баён кардем.

Пас натиҷа мегирем, ки алоқа ва дилсӯзӣ ба ҳадаф, Паёмбар(с)-ро кумак кард, то муваффақ шавад ва барои расидан ба ҳадаф аз ҳеҷ коре дареғ намекард ва ин қадар ишқу алоқа барои расидан ба ҳадафаш дошт, ки  бо вуҷуди озору азияти бисёр аз тарафи мушрикон, аз он даст барнадошт. То ҷое заҳмат мекашид, ки Худованд дастури ин корҳоро барояш дода буд, дилаш ба раҳм омад ва гуфт ин қадар худро ба заҳмат наяндоз. Ин заҳамот ва ишқи Паёмбар(с) буд, ки дин ва тафаккураш ҷаҳонӣ шуд.

Пас касоне, ки раҳбаранд ва масъулият доранд ва худро дар роҳи Паёмбар(с) медонанд, бояд ин сифат ва вежагии Паёмбар(с)-ро улгӯ қарор диҳанд ва бо ишқ ва алоқа дар роҳи ҳадафашон кор кунанд. Ва агар ҳар сахтие, ки дар роҳашон омад ё ҳар монеъи барояшон эҷод шуд, бояд дар муқобили он маҳкам ва устувор бошанд ва барои расидан ба ҳадафи худ заррае ақабнишинӣ накунанд. Ин алоқа ва ишқ дар роҳ, инсонро аз хастагӣ дур нигоҳ медорад ва сабаб мешавад, ки ҳеҷ чизе монеъи расиданӣ ӯ ба ҳадафаш нашавад. Агар раҳбар ё масъул дилсӯз бошад ва алоқа дошта бошад, барои вай шабу рӯз фарқ намекунад ва ҳамеша дар паи расидан ба ҳадафаш тамоми талошу кушиши худро анҷом медиҳад. Пас тавсия мекунем ба касоне, ки роҳбар ҳастанд ва ё масъулият доранд, аз ин вежагиҳо истифода кунанд ва инҳоро дошта бошанд, то муваффақ шаванд ва агар масъулият доранд, вале ин сифотро надоранд, агар шикаст хӯрданд ва муваффақ нашуданд, дар назди Худо ва Паёмбар(с) ҷавобгу ҳастанд.

Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед