Вазифаи мӯъминон дар баробари мункарҳои иҷтимоӣ(қисми дуввум)

0
139

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Дар баҳси пешин гуфта шуд, ки ҷомеа макони умумӣ аст  ва ҳамаи афроди он нисбат ба ҳамдигар ҳақу таклиф доранд. Вазифаи мӯъминон ба хусус олимон муқобила бо мункарҳои иҷтимоӣ аст, агар онҳо сокит монданд ва ё мункарро анҷом доданд ва бо соҳибони мункар нишатсту бархост карданд  боиси густариши он хоҳад шуд. Дар ин бахш ба ду гурӯҳ яъне касоне, ки амри ба маъруф мекунанд ва касоне, ки амри ба мункарҳо мекунанд ва ҷомеаро ба самти нобудӣ мекашонанд,  таъкид мешавад. Гурӯҳи аввал мӯъминони воқеӣ ва гурӯҳи дувум мунофиқон ҳастанд.

Муроқибати ҳамагонӣ

Ҷомеа дар баробари мункарҳои иҷтимоӣ  ба муроқибати ҳамагонӣ ниёзманд аст. Ҳамон тавре ки фарзанди кӯчак дар баробари хатарҳо  ниёз ба ҳимояти модар дорад, ҷомеа ҳам ба ҳимояти мӯъминон ва солеҳон ниёз дорад.  Амри ба маъруф ва наҳй аз мункар роҳу равиши муроқибати ҳамагонӣ аст, ки Худованд онро бар мӯъминон воҷиб кардааст. Мӯъминон набояд бигузоранд, ки гурӯҳе бо пайравӣ аз ҳавову ҳавас ҷомеаро фосид кунанд, чаро ки кори онҳо амр ба мункар ва наҳй аз маъруф аст. Онҳо аз ин ки як зани мусалмон ба дастури Худо амал мекунад ва ҳиҷобу иффатро риоят мекунад, нороҳатанд. Аз фарде, ки аз фасод ҷилавгирӣ мекунад ва сухани Худоро ба дигарон мерасонад нороҳатанд. Онҳо ба таври умум аз ҷомеае, ки дар он маъруфҳо ва хубиҳо ҳокимият дошта бошад ғазабнок ҳастанд. Ҷомеаи фосиду ришвахур, ҷомеае, ки дар он мункарҳо густариш ёбанд мутобиқи майли онҳо аст. Ин мӯъминон ҳастанд, ки бо амри ба маъруф ва наҳй аз мункар ва бо иқомаи намоз, ки худ монеъ аз фасоду фаҳшо аст إِنَّ الصَّلَاةَ تَنْهَى عَنِ الْفَحْشَاءِ “Ҳамоно намоз  инсонро  аз фаҳшо ва мункар боз медорад”(Сураи Анкабут, ояти 45) ва бо пардохти закот фақрро аз ҷомеа дур мекунанд. Баъд аз анҷоми вазифаи мусалмонияшон танҳо   умедашон ба раҳмату кӯмаки Худо буда,  дар паи густариши   хубиҳо ва адолату эҳсон ҳастанд. Худованд дар ин маврид мефармояд:

وَ الْمُؤْمِنُونَ وَ الْمُؤْمِناتُ بَعْضُهُمْ أَوْلِياءُ بَعْضٍ يَأْمُرُونَ بِالْمَعْرُوفِ وَ يَنْهَوْنَ عَنِ الْمُنْكَرِ وَ يُقِيمُونَ الصَّلاةَ وَ يُؤْتُونَ الزَّكاةَ وَ يُطِيعُونَ اللَّهَ وَ رَسُولَهُ أُولئِكَ سَيَرْحَمُهُمُ اللَّهُ إِنَّ اللَّهَ عَزِيزٌ حَكِيم

“Ва мардони мӯъмин ва занони мӯъмин, баъзе аз онон дӯстони баъзе [дигар] ҳастанд; амри ба маъруф мекунанд ва наҳйи аз мункар мекунанд ва намозро барпо медоранд ва закотро мепардозанд ва аз Худо ва Паёмбараш итоат мекунанд. Ононанд, ки Худо ба зудӣ онҳоро мавриди раҳмат қарор медиҳад; ҳамоно Худованд пирӯзманди ҳаким аст. (Сураи Тавба, ояти71)

Худованд дар ин оят ҷаҳор хусусиятро барои мӯъминон мешуморад, ки ҳамагӣ нақши асосӣ дар ҳимоят ва ҳидояти ҷомеа ба тарафи хубиҳо ва некиҳо доранд. Амри ба маъруф ва наҳй аз мункар, иқомаи  намоз, додани закот ва ҳимоят аз маҳрумони ҷомеа, ки ин се вежагӣ  аз итоати Худо ва Паёмбар(с) сарчашма  мегирад.

Худованд мӯъминонро дар муқобили мунофиқон қарор медиҳад, сифатҳои онҳо бо ҳам зиданд, мунофиқон амр ба зиштиҳо мекунанд ва аз маъруфҳо ҷилавгирӣ мекунанд, дар намозҳо беаҳаммият ҳастанд, аз додани закот худдорӣ мекунанд, ғайри Худоро итоат мекунанд, вале мӯъминон бар акси онҳо ҳастанд. (Тафсири Ибни Касир, ҷ 4, саҳ152)

Дар муқобили онҳо мунофиқон ҳастанд, ки аз маъруф ҷилавгирӣ мекунанд,  онҳо ҳамон кофироне ҳастанд, ки ба хотири заиф буданашон  либоси дин бар тан кардаанд, то динро аз дарун вайрон карда ва бипӯсонанд. Онҳо ҳамонанди кирме ҳастанд, ки аз берун ба мева  зарару зиёне наметавонанд бирасонанд, аммо вақте даруни он қарор гиранд,  шурӯъ ба фаъолият мекунанд, то дар ниҳоят меваро мепӯсонанд. Мунофиқ ва мунофиқсифатон аз хубиҳо ва некиҳо, аз ҳаёву иффати занон мустақим ҷилавгирӣ намекунанд, балки бо роҳҳои фиреб онҳоро ба инҳироф мекашонанд ва аз дастуроти Худо ҷилавгирӣ мекунанд. Масалан  намегӯянд ҳиҷоб ва сатри исломӣ накунед, балки мегӯянд либоси бегонагонро таблиғ накунед.  Мегӯянд мо намегӯзорем либоси бегонагон дар сарзаминамон густариш ёбад. Дар ҳоле ки  мақсад  аз ин суханонашон дақиқан ҳамон либоси динӣ аст, ки занон ва  духтарони мусалмон мепӯшанд.

Худованд дар мавриди мунофиқон  мефармояд:

الْمُنافِقُونَ وَ الْمُنافِقاتُ بَعْضُهُمْ مِنْ بَعْضٍ يَأْمُرُونَ بِالْمُنْكَرِ وَ يَنْهَوْنَ عَنِ الْمَعْرُوفِ وَ يَقْبِضُونَ أَيْدِيَهُمْ نَسُوا اللَّهَ فَنَسِيَهُمْ إِنَّ الْمُنافِقِينَ هُمُ الْفاسِقُونَ

“Мардони мунофиқ ва занони мунофиқ, баъзе аз онҳо аз баъзе [дигар]-анд; ба мункар амр мекунанд ва аз маъруф наҳй мекунанд ва дасттонашонро [аз инфоқ] мебанданд; Худоро фаромӯш кардаанд, пас, [Худо низ] онҳоро фаромӯш кард. Дар ҳақиқат, мунофиқон худ фосиқонанд.” (Сураи Тавба, ояти 67)

Сабаби густариши мункарҳо дар ҷомеа мунофиқон ҳастанд, онҳо ҳастанд, ки намегузоранд, маъруфҳо ва хубиҳо дар ҷомеа густариш ёбад. Онҳо коре мекунанд, ки фитратҳои олӯда ба инҳироф кашида шавад, то инсонҳо худ ба суроғи мункарҳо ва фасоду фаҳшо бираванд.

Мункарҳое, ки онҳо  ба он амр мекунанд, ҳамон куфру нифоқ аст ва маъруфҳое, ки аз он ҷилавгирӣ мекунанд ҳамон имон ба Худованд ва итоат аз Худо ва Паёмбар (с) аст. Мунофиқон монеъ аз кӯмак ба фақирон мешаванд. Онҳо мунҳариф аз роҳи Худованд ҳастанд ва майлу гароиш ба роҳи шайтон доранд. (Тафсири Кашаоф, ҷ4 саҳ67)

Вазифаи олимони динӣ

Олимони дин ва касоне, ки либоси олимони динро бар тан доранд, вазифадор ҳастанд, ки монеи мункарот шаванд. Ҳамеша ба мардум  равшангарӣ ва огоҳӣ   диҳанд. Онҳо вазифа доранд, ки фиребҳо ва шайтанатҳое, ки ситамгарон ба кор мегирандро барои мардум ошкор кунанд. Онҳо ҳастанд, ки метавонанд дар муқобили мункароти иҷтимоӣ  биистанд ва фарёд бизананд ва мардумро аз ҳадафи палиди густаришдиҳандагони мункарҳо огоҳ кунанд. Онҳо ҳастанд, ки метавонанд руҳияи муқобила бо фаҳшо ва мункарҳои иҷтимоиро дар дигар мӯъминон бедор кунанд.

Аз ибни Масъуд (рз) нақл аст, ки Паёмбар (с) фармуданд:

مَا مِنَ نَبِيٍّ بعَثَهُ اللَّه في أُمَّةٍ قَبْلِي إِلاَّ كان لَه مِن أُمَّتِهِ حواريُّون وأَصْحَابٌ يَأْخذون بِسُنَّتِهِ ويقْتدُون بأَمْرِه، ثُمَّ إِنَّها تَخْلُفُ مِنْ بعْدِهمْ خُلُوفٌ يقُولُون مَالاَ يفْعلُون، ويفْعَلُون مَالاَ يُؤْمَرون، فَمَنْ جاهدهُم بِيَدهِ فَهُو مُؤْمِن، وَمَنْ جاهدهم بقَلْبِهِ فَهُو مُؤْمِن، ومَنْ جَاهَدهُمْ بِلِسانِهِ فَهُو مُؤْمِن، وليس وراءَ ذلِك مِن الإِيمانِ حبَّةُ خرْدلٍ

 Ҳар паёмбареро, ки Аллоҳи меҳрубон дар миёни умматҳои пеш аз ман ба паёмбарӣ баргузид  ёрони мухлис ва асҳобе доштанд, ки равиши он паёмбарро улгӯи худ қарор медоданд ва аз дастуроташ пайравӣ мекарданд  ва сипас наслҳои дигар ҷонишини онҳо шуданд. Ба он чизе, ки мегуфтанд амал мекарданд.  Корҳое анҷом медоданд, ки ба он амр нашуда буданд. (Дар миёни ин уммат низ чунин аст) Пас ҳар касе бо дасти худ дар баробари тағйири он мункарҳои (иҷтимоӣ ) ба талошу мубориза бихезад мӯъмин аст ва ҳар касе бо қалби худ бо онҳо мубориза кунад мӯъмин аст  ва ҳар касе бо забони худ бо онон мубориза ва ҷиҳод кунад мӯъмин аст ва пас аз ин (касе ин се марҳаларо надошта бошад) ба андозаи донаи нахуд дар вуҷудаш имон нест. ( Тафсири Саид Қутб, Физилоли Қуръон, ҷ 1, саҳ 449)

Олимони дин бе далел ворисони Паёмбарон нашудаанд, онҳо вазифадор ҳастанд, ки дар муқобили мункарҳои иҷтимоӣ  ва фасодиҳои ҷомеа биистанд ва дигаронро ҳам бо худ ҳамроҳ кунанд ҳамон тавре ки паёмбарони илоҳӣ чунин мекарданд.

Сухани  қобили таваҷҷӯҳ дар ин ҳадиси муборак ин аст, ки Расули Худо (с) фармуданд мухолифати қалбӣ бо мункару гуноҳи иҷтимоӣ ва зиштиҳое, ки дар ҷомеа иттифоқ меафтад ҷиҳод ва навъи тағйир додани мункар аст. Ҳарчанд ин ҳолат танҳо як талош ва ҳолати қалбӣ ва дарунӣ аст, ки дар берун чандон дида намешавад ва чизеро тағйир намедиҳад, аммо чун инсон дар қалбаш он иродаро тақвият мекунад, Расули Худо(с) аз он ба ҷиҳод таъбир мекунад.

Ҳамчунин  яке аз нуктаҳои бисёр муҳим ва асосии ин ҳадис, ки бояд ба он диққат шавад  ин аст  ки мункар дар ҷомеа замоне  густариш меёбад, ки мухолифате  бар зидди он вуҷуд надошта бошад.  Замоне мункар қабоҳат ва бадии худро аз даст дода ва оддӣ мешавад, ки мардум онро қабул қарда ва ба он амал кунанд.  Бинобар ин барои пешгири аз мункар ва бадиҳо илова бар вазифаи уламо,  иродаи мардум яке аз муҳимтарин сабабҳои пешгирии он мебошад ва агар чунин нашавад, амали ба мункарҳо ҳатто барои уламо одди шуда  онро анҷом медиҳанд.

Ибни Масъуд (рз) нақл мекунад, ки Паёмбар (с) фармуданд:

لما وقعت بنو إسرائيل في المعاصي نهتهم علماؤهم، فلم ينتهوا، فجالسوهم و واكلوهم و شاربوهم، فضرب اللّه تعالى قلوب بعضهم ببعض، و لعنهم على لسان داود و سليمان و عيسى بن مريم. ثم جلس-و كان متكئا- فقال: «لا و الذي نفسي بيده حتى تأطروهم على الحق أطرا» أي تعطفوهم و تردوهم

Ҳангоме ки бани Исроил дар маъсияту гуноҳ фуру рафтанд, олимонашон онҳоро наҳӣ карда  аз гуноҳ боз медоштанд, вале онҳо  аз зиштиҳо даст  накашиданд, то ин ки  уламо  ҳам бо онҳо дар гуноҳ ҳамроҳ шуданд ва бо онҳо аз роҳи ҳаром  хӯрданду нӯшиданд. Худованд дилҳои баъзеро бар баъзе дигар бад кард ва бо забони ҳазарати Довуд,  Сулаймон ва Исо писари Марям (а) онҳоро лаънат ва нафрин кард. Дар ин ҳангом, ки Расули Худо (с) инро мегуфт, бар чизе такя зада буд, нишаст ва гуфт: На! савганд ба касе, ки ҷонам дар дасти Ӯст,  дар чунин мусибате низ шумо ҳам гирифтор ва мондагоред,  то ин ки  мардумро ба сӯи ҳақ баргардонед. (Саийд Қутб, Физилоли Қуръон, ҷ 1,саҳ 449)

Натиҷа

Ҳамон тавре ки  инсон бо  анҷоми  таклифҳои фардӣ ва динии худаш ба камол мерасад,  ҳамчунин ӯ дар ҷомеа   чунин  таклиф  дорад ва бояд дар ҷомеа ба таклифҳои ҷомеавии худаш амал кунад, то ба камол бирасад. Ин ки дар Қуръони Карим  ва ҳадис ба анҷоми таклифҳои иҷтимоӣ бештар аз талаби  ҳақамон  таъкид шудааст  ба хотири ин   аст, ки агар   таклифҳоро ба хубӣ анҷом диҳем зудтар ба ҳақамон низ хоҳем расид ва ин   боиси рушду таолии ҷомеаи  инсонӣ  мешавад.

Вазифаи олимони дин дар муқобила бо мункарҳои иҷтимоӣ бештар аз дигарон аст онҳо дар ҳеҷ ҳолате  ҳақ надоранд, ки ба мункар иҷозат диҳанд ва ё худ онро анҷом диҳанд. Иродаи мардум барои пешгирӣ аз мункарҳои ҷомеа яке аз муҳимтарин омилҳои рушди ҷомеа мебошад.

Вазифаи мӯъминон дар баробари мункарҳои иҷтимоӣ(қисми аввал)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед