Вазифаи мӯъминон дар баробари мункарҳои иҷтимоӣ(қисми аввал)

0
136

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Ҷомеа ҳамонанди хона ва манзили зисти як оила аст, аммо дар сатҳи густарда ва васеи он. Ҳамон тавре ки ҳамаи аъзои хонавода дар баробари якдигар  вазифа ва ҳуқуқ дорад, ҷомеа низ чунин аст. Афроди ҷомеа ҳамон тавре ки аз ҳақ ва   ҳуқуқи хос бархурдоранд, эшон  дар ҷомеа  таклиф ва  вазифаҳое  низ доранд. Вазифаи онҳо ин аст, ки нагузоранд ҷомеа ба фасод ва фаҳшо кашида шавад ва ҳар касе бо салиқа ва ҳавову ҳаваси худ онро ба хона ва муҳити шахсии худ табдил кунад ва ҳар тавре ки хост бидуни дар назар гирифтани ҳақи дигарон рафтор намуда машғули   фасодкорӣ ва гуноҳ  шавад.

Инсонҳо дар ҷомеа танҳо бо анҷом додани таклиф ва вазифаҳои худашон ба ҳақи худ мерасанд.  Ҳуқуқ ва таклиф бояд дар канори ҳам бошанд, то боиси рушд ва пешрафти ҷомеа шавд. Ҷилавгирӣ аз мункарҳои иҷтимоӣ вазифаест, ки бар уҳдаи ҳамаи мусалмонон гузошта шудааст  ва мусалмонон вазифадор ҳастанд, ки монеъ аз густариши мункарҳо, гуноҳон, зиштиҳо дар ҷомеа шаванд.

 Ҷилавгирӣ аз мункарҳои иҷтимоӣ

Дар Қуръони Карим  касоне, ки амри ба маъруф ва наҳй мункар,  яъне  аз мункарҳо(бадиҳо) ҷилавгирӣ мекунанд, беҳтарин инсонҳо хонда шудаанд. Чаро ки амри ба маъруф ва наҳй аз мункар кори душвор ва сахте аст, ки бо мухолифати  ситамгарон рӯ ба рӯ мешавем.  Чаро ки манфиати онҳо дар ҷомеае таъмин мешавад, ки мункарҳо ва гуноҳон зиёд бошад  ва    дар ҷомеае ки мункар ва фасод набошад ва аз гуноҳони иҷтимоӣ  ҷилавгирӣ шавад ситамгарон хору залиланд.

Худованди Мутаол  мефармояд:

كُنْتُمْ خَيْرَ أُمَّةٍ أُخْرِجَتْ لِلنَّاسِ تَأْمُرُونَ بِالْمَعْرُوفِ وَ تَنْهَوْنَ عَنِ الْمُنْكَرِ وَ تُؤْمِنُونَ بِاللَّه‏

          “Шумо беҳтарин уммате будед, ки барои мардум падидор шудааст; амри ба маъруф мекунед ва аз мункар боз медоред ва ба Худо имон меоваред”( Сураи Оли Имрон, ояти  110)

Сароғоз ва ибтидои рушди ҷомеа ин аст, ки дар он  ба маъруф амр ва аз мункар наҳй ва  ҷилвагирӣ шавад. Истодан дар муқобили мункарҳо ва густариш додани маъруфҳо танҳо аз миллати хайрхоҳ ба вуҷуд меояд  ва онҳо ҳамон мусалмононе ҳастанд, ки ҳамаи сахтиҳо ва ранҷҳоеро, ки пеши рӯяшон бударо  ба ҷону дил мехаранд. Барои аз байн бурдани мункарҳои иҷтимоӣ бояд бо гирифториҳо ва душвориҳо ҷангид,  то палидиҳо, зиштиҳо ва гуноҳони иҷтимоиро аз байн бурд  ва ҷомеаро аз омилҳои фасоду гуноҳ пок кард. Инҳо сахту дошвор аст, ба ин хотир бояд имон ба Худо комил бошад, то ин сахтиҳо ва душвориҳо боис нашавад, ки инсон дар баробари мункарҳо ва гуноҳони иҷтимоӣ сокит бинишинад. (Сайид Қутб, Фи зилоли Қуръон зери ояти 110 сураи Оли Имрон бо каме хулоса ва тағйир)

Ҳамон тавре ки гуфта шуд, ҷомеа ҳамонанди як оила аст ва инсонҳо дар он аз ҳуқуқ ва таклиф бархурдор мебошанд ва ҳар шаҳрванде вазифадор аст, ки масъулияти  худро анҷом диҳад ва  ҳуқуқи дигаронро  поймол накунад, то ба ҳақи худаш бирасад.

Ин чунин  ҷомеаро  монанди киштие мешавад таъбир кард, ки  дар ҳоли ҳаракат аст,  нақсу вайронӣ дар он боиси зарару зиёни ҳамаи сарнишинони он мешавад. Чӣ касоне, ки боиси вайронии он шуданд ва чӣ касоне, ки ҳеҷ нақше дар вайроншавии он надоштаанд, ҳамагӣ зиёну зарар мебинанд. Фарқ надорад як шахс ё шахсони зиёде агар бихоҳанд киштиро сурох  кунанд, ҳамаи афроди дохили он ғарқ хоҳад шуд.  Ба ин хотир ҳамагӣ вазифа доранд, ки дар муқобили чунин афроде биистанд  ва аз он ҳимоят ва ҳифозат кунанд  ва нагузоранд, ки касе ҳар коре дилаш хост  бикунад. Ҳуқуқ ва таклиф ду амри зарурӣ барои ҳамаи афроди ҷомеа мебошад.  Ҳаққи як шаҳрванд замоне  ба ӯ  мерасад, ки шахсони  дигари ҷомеа таклиф ва   вазифаи худро ба хубӣ анҷом дода бошанд.

Мункар ва гуноҳ дар ҷомеа низ  чунин аст. Агар  як шахс дар хонаи худ ва дур аз чашми дигарон гуноҳ ва мункареро анҷом медиҳад  ҳарчанд кори ношоистае анҷом додааст ва назди Худо ҷавоб  хоҳад дод ва  зарар ва зиёнаш бар худаш аст, аммо ин гуноҳ дар ҷомеа ва дар миёни мардум бошад,  зарараш ҳамаро дар бар мегирад.  Монанди  дудест, ки аз оташ  берун меояд   чашми ҳамаро  мезанад.

Гуноҳ ва мункари иҷтимоӣ  дар манзари диди дигарон ҳам чунин аст, зарараш ба ҳамаи афроди ҷомеа мерасад. Касе ҳақ надорад бигуяд гуноҳ ва маъсияти мо   ба дигарон рабт надорад ва мо озодем, ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки озодии моро маҳдуд кунад. Ҳол он ки озодии онҳо то ҷоест, ки бар дигарон зарар нарасонанд. Дар сурате, ки ин мункар ва фасоди онҳо афроди ҷомеаро ҳам дар бар мегирад ва онҳоро ҳам шомил мешавад.

Мубориза  бо мункар ва гуноҳ дар ҷомеа

Расули Худо (с) фармуданд, ки дар баробари гуноҳ ва мункаре, ки дар манзари диди умум иттифоқ меафтад  бетараф ва бепарво набошед. Ҳар фарди мусалмоне вазифа дорад, ки   дар ҷомеа  монеи  густариши мункарот ва гуноҳ шавад:

قال رسولُ اللّه ِ صلى الله عليه و آله  ، مَن رَأى مِنكُم مُنكَرا فَلْيُغَيِّرْهُ بِيَدِهِ، فإن لَم يَستَطِعْ فبِلِسانِهِ، فإن لَم يَستَطِعْ فبِقَلبِهِ و ذلكَ أضعَفُ الإيمانِ

Паёмбари Акрам (с) фармуданд: Ҳар касе аз шумо мункареро дид бояд онро бо дастони худ тағйир диҳад. Агар натавонист  бо забонаш онро тағйир диҳад ( яъне   бар зидди мункарот эътироз кунад) ва боз ҳам агар натавонист  бо қалбаш онро инкор кунад ва ин заъифтарин имон аст. (Саҳеҳи Муслим, ҳадиси 186)

Шарҳи ҳадис

Паёмбар (с) дар ин ҳадис мефармояд,  дар муқобили мункарҳо ва гуноҳоне, ки дар ҷомеа анҷом мешавад  навобаста аз ин ки он гуноҳ аз тарафи кадом шахс ё ниҳоде сурат мегирад, бетафовут набошед. Монеи он шавед ва нагузоред гуноҳ дар ҷомеа ривоҷ ва густариш пайдо кунад  ва умумӣ шавад. Ин ҳадис баҳонатарошӣ барои ин ки ман вазифа ва масъулият надорамро аз ҳамаи мусалмонон бардошта аст, ҳама вазифа доранд, ки дар муқобили мункар, фаҳшо ва фасод ва гуноҳи иҷтимоӣ биистанд ва монеи он шаванд. Монеъ шудан аз мункару фаҳшо дар се марҳала анҷом мешавад, ки бар асоси замону макон ва шароит фарқ мекунад. Бар асоси мавқеияте бояд дид, ки кадом як аз он равишҳоро пеш гирифт ва чи гуна бо мункар мубориза кард.  Ин се марҳалае ки дар ҳадис омадааст, ҳар кадомаш дар замони худаш бакор меравад  ва шароити ҳар кадом дар ҷои худ аст.

Аввал мункарро бо дасти худ ва бо амал тағйир диҳед, агар ин шароит набошад  дар марҳалаи  дувум бо забон онро тағйир диҳед.  Бо гуфтани ин ки он кор гуноҳ ва мункар аст, мардумро аз гуноҳ боз доред.  Дар воқеъ ибтидо амри ба маъруф кунед ва панду андарз диҳед, то он фард ё афрод аз гуноҳ даст кашанд.

Дар марҳалаи севум бо қалби худ бо анҷомдиҳандаи мункар ва гуноҳ мухолифат кунад. Дар поёни ҳадис мефармояд ин марҳалаи севум дар ҷое аст, ки имон заиф бошад.

Нуктаҳои ҳадис

Ин ҳадис таъкид дорад, ки дар ҳар сурат бояд бо мункар ва гуноҳе ки дар ҷомеа иттифоқ меафтад бархурд кард. Нуктаи бисёр дақиқ ва амиқи ин ҳадис ин аст, ки ҳатто касонеро ки имони заиф доранд низ вазифадор мекунад, то онҳо фикр накунанд, ки ҳоло мо дар марҳалаи ибтидоӣ ҳастем ва имони худамон ба ҳадде нарасидааст, ки дигаронро аз гуноҳ боз дорем.

Инсон ё имони қавӣ ва комил дорад  ва ё имони заиф, наметавонад аз ин ду ҳолат хориҷ бошад. Дар ҳар марҳалае  аз имон бошад вазифадор аст, ки дар муқобили мункарҳои иҷтимоӣ биистад  ва боиси тағйири он мункар шавад.

Матлаби баъдӣ ҳам ин ки гоҳе  инсон имонаш комил аст, вале шароит ба гунае аст, ки наметавонад амалан дар муқобили мункар биистад  ва онро тағйир диҳад, чаро ки ҷонаш дар хатар аст  ва эҳтимоли ин ки ҷонашро аз даст диҳад зиёд аст. Дар чунин ҳолат аз роҳи насиҳат ва мавъиза бояд боиси тағйири мункар шавад  ва ҷомеаро аз фасод ва гуноҳ пок кунад.  Ҷомеа маҳали рушду таолии истеъдодҳои  башар аст, на маҳали суқути истеъдодҳои  ӯ.  Агар ин шароит ҳам фароҳам нашуд  мӯъминон набояд онро раҳо кунанд, балки бо нафрати дарунӣ ва қалбӣ аз он безорӣ ҷӯянд.

Ҷомеае  ки қалбан мункарро напазирад  онро нописанд медонад, вақте нописанд донист таслимаш намешавад вақте таслимаш нашуд дар баробараш меистад. Ин ҷост, ки мункар ҳамчун  қонун намешавад  ва ҷомеа онро хилофи урф ва фарҳанг медонад.  Дар натиҷа касоне, ки дар ҷомеа муртакиби мункар мешаванд  ба навъе  аз ҷомеа тард ва ронда мешаванд ва ё ин кори зишту гуноҳро дар пинҳонӣ ва дур аз чашми ҷомеа мекунанд  ва мункару гуноҳ дар ҷомеа амалан ғайриқонунӣ  ва мухолифи одобу русум дониста мешавад. Дар натиҷа ва ҳосили ин рафторҳо аз байн рафтани мункар, фаҳшо ва  фасод аз ҷомеа мешавад.

 Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед