Ваҳдат ва ҳамбастагӣ аз нигоҳи Қуръон ва ҳадис(қисмати дуюм)

0
101

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Мушорикат ва ҳамбастагии мардумӣ дар шаклгирии низоми сиёсӣ ва иҷтимоӣ амри мусаллам ва иҷтинобнопазир аст, асосан бидуни мушорикати умуми мардум тавсеа ва рушди як ҷомеа имконпазир нест.

Аз буъди иҷтимоӣ низ ваҳдат ва ҳамбастагии мардумӣ нақши басазое дар тасбити ҳар низоми иҷтимоӣ дорад, чаро ки ҷавомеи башарӣ танҳо дар сояи ҳамбастагии иҷтимоӣ аст, ки метавонанд ба равобиту таомулоти рӯзмарраи зиндагии хеш бипардозанд ва барои ояндаи зиндагии худ барнома дошта бошанд.

Аз инрӯ метавон гуфт ба ҳар мизон, инсиҷоми иҷтимоӣ ва ваҳдату ҳамбастагии як миллат дар масири ҳаракат ба сӯи аҳдофи мавриди назари як низом мушобеҳ ва ҳамгароёна бошад, чунин миллате ба роҳатӣ ва сареътар аз ҳади интизор ба аҳдофу ормонҳои мутаолии худ хоҳанд расид. Дар навиштори гузашта ҷойгоҳ ва аҳаммияти ваҳдат ва  ҳамбастагӣ ва ҳамчунин авомили тақвиятӣ, ваҳдат ва ҳамбастагӣ, бо меъёрҳои қуръонӣ баён шуд. Дар ин навиштор авомили таҳдидкунандаи ваҳдат ва ҳамбастагӣ баён хоҳад шуд.

Авомили таҳдидкунандаи ваҳдат

Бе гумон ихтилоф ва тафриқа миллатҳои қавиро заиф, суст ва миллатҳои заифро маҳв ва нобуд мекунад, лизо Худованди Мутаол баъд аз пирӯзӣ дар ҷанги Бадр нахустин панде, ки ба мусулмонон дод ин буд, ки сафҳои худро ба ҳам пайваста кунанд ва бо ҳам иттифоқ ва иттиҳод дошта бошанд.

1.Суизан ва бадбинӣ

Суизан ва бадбиниҳои нодурустро метавон аз ҷумлаи авомили шаклгирӣ ихтилоф ва тафриқапароканӣ донист . Ислом чунин рӯҳияро дар миёни ҷомеа шадидан маҳкум карда ва бо баёнҳо ва ҳушдорҳои гуногӯн аҳли имонро аз он барҳазар медорад, то аз зиёнҳои фардӣ ва иҷтимоии он дар ҷомеа ҷилавгирӣ намоянд.

Худованди Мутаол дар Қуръони Карим мефармояд:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اجْتَنِبُوا كَثِيرًا مِّنَ الظَّنِّ إِنَّ بَعْضَ الظَّنِّ إِثْمٌ

«Эй касоне, ки имон овардаед! Аз бисёре аз гумонҳо дурӣ кунед, ҳатман баъзе гумонҳо гуноҳ аст,” (Сураи Ҳуҷурот ояти 12)

Асоси иҷтимоъ дар Ислом бар мабнои мубориза ба шак, гумонҳо ва дури намӯдан аз шойеапароканӣ поягузорӣ шудааст. Ва танҳо ҳақоиқи собит ва боварҳои ростин бояд дар ҷомеъа зоҳир ва ғолиб бошанд, дар ғайри ин сурат ҷомеа аз ҳам пошида ва ба самти табоҳӣ хоҳад рафт. Дар робита ба гумоназанӣ Расӯли Худо (с) мефармояд.

إيّاكُم و الظَّنَّ فإنَّ الظَّنَّ أكذَبُ الحَديث قال رسول الله (ص)

“Бар шумо бод, ки аз амал ба гумон ва шак бипарҳезед, қатъан шак ва гумон дурӯғтарин васваса ва ҳадиси нафс аст. ( Китоби Ахлоқи исломӣ, Имом Ғаззолӣ, саҳ 57)

2.Туҳмат задан ба ҳамдигар.

Туҳмат задан ба ҳамдигар мӯҷиби шикофу ихтилоф дар ҷомеа мегардад, ҳамчунин туҳмат задан сабаби заволи имони туҳмат занандааст. Худованди Мутаол дар Қуръони Карим мефармояд?

لَوْلَا إِذْ سَمِعْتُمُوهُ ظَنَّ الْمُؤْمِنُونَ وَالْمُؤْمِنَاتُ بِأَنفُسِهِمْ خَيْرًا وَقَالُوا هَذَا إِفْكٌ مُّبِينٌ

«Чаро ҳангоме, ки онро шунидед, мардону занони мӯъмин дар ҳаққи хеш гумони нек набурданд ва нагуфтанд; Ин дурӯғи ошкор аст. (Сураи Нур, ояти 12 )

Дар ин ояти шарифа ҷумлаи «чаро гумони хайр ба худашон набурданд» таъбири бисёр латифе аст ва ишора дорад ба ин ки мӯъминон бояд ҳамаи аъзои ҷомеаи худро, ки афроди мӯъминанд, яке бидонанд ва ҳамагонро аз худ ҳисоб кунанд. Ҳамчунин  ҳарчиро, ки дар бораи худ намеписанданд, дар бораи онҳо ҳам написанданд, зеро бар асоси ояти шарифа туҳмат ба дигарӣ, дар ҳақиқат туҳмат  ба худи шахс баршумурда шудааст.

  1. Бартариҷӯӣ

Аз ҷумла яке аз илатҳои муҳими ихтилоф дар ҷомеаро метавон бартариҷӯи бархе аз афрод донист . Касоне, ки барои худ ҷойгоҳи вежае қоил ҳастанд ва худро мавҷудоти бартар аз дигарон медонанд, ба тадриҷ барои расондани худ ба ҷойгоҳи муҳим, даст ба иқдомоти таҷовузгарона мезананд. Рӯҳияи чунин афроде мустакбирона ва амалашон истикборӣ аст. Рафтори мустакбирона ، омехта бо ситам ва таъаддӣ аст. Мубталоён ба рӯҳияи истикборӣ мекӯшанд беҳтарин имконот ва беҳтарин мавқеияти иҷтимоиро ба худ ихтисос диҳанд ва ҳамвора мекушанд атрофиён ва хонаводаи худро низ ба ҷойгоҳе бирасонанд, ки шоистаи шаъни онҳо нест, бадин тартиб низомии табақотӣ ба вуҷӯд меояд, ки дар он Фурӯдастон бояд дар хизмати Фародастон қарор бигиранд.

Бар ҳамин асос бартариҷўӣ дар марҳалаи аввал мӯҷиби худхоҳӣ ва исён мегардад ва сипас фарди ҷоҳталаб вақте, ки дар ҳадафҳои худ пирӯз нашуд, ба ихтилоф ва тафриқагароӣ доман мезанад, то ҷомеаи муттаҳид ва мунсаҷимро аз ҳам бипошад.

Қуръони Карим дар ин робита мефармояд.

تِلْكَ الدَّارُ الْآخِرَةُ نَجْعَلُهَا لِلَّذِينَ لَا يُرِيدُونَ عُلُوًّا فِي الْأَرْضِ وَلَا فَسَادًا وَالْعَاقِبَةُ لِلْمُتَّقِينَ

«Он сарои охират аст, ки онро барои касоне қарор медиҳем,ки ҳеҷ бартарӣ ва фасодеро дар замин намехоҳанд; ва оқибат[-и нек] барои парҳезгорон аст. (Сураи Қасас, ояти 83 )

Натиҷа

Бо таваҷҷӯҳ ба авомиле, ки дар қисмати авал ва дувум зикр шуд, мусулмонон муваззафанд дар корҳои нек бо якдигари таовун ва ҳамкорӣ дошта бошанд ва агар ин асл дар ҷомеаҳои исломӣ зинда шавад, мардум бидуни дар назар гирифтани муносиботи шахсӣ, нажодӣ, дар корҳои мусбат ва созанда бо якдигар мушорикат ва ҳамкори намоянд, бисёре аз нобасомониҳои ҷомеаҳои исломӣ сомон мепазирад.

Агар мардум ба авомили таҳдидкунандаи ваҳдат мисли соуизан ва бадбинӣ, туҳмат задан ба ҳамдигар ва бартариҷӯӣ нисбат ба ҳамдигар идома диҳанд, ҷомеаро ба самти нобасомон хоҳанд кашонд.

Идома дорад…

Ваҳдат ва ҳамбастагӣ аз нигоҳи Қуръон ва ҳадис(қисмати аввал)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед