Ваҳдат ва ҳамбастагӣ аз нигоҳи Қуръон ва ҳадис(қисмати аввал)

0
126

Ба номи Худои бахшандаи меҳрубон

Яке аз ниёзҳои асосии ҳар миллат ва ҷомеа барои расидан ба шукуфоӣ ва саодат доштани ваҳдат ва ҳамоҳангӣ дар миёни аъзои он миллат аст. Бисёре аз мушкилот ва тағйироте, ки гиребонгири ҷомеаҳои кунунӣ аст, аз набудани унсури ваҳдат ва ҳамбастагӣ дар байни аъзои он ҷомеа вобастааст.

Худованди  Мутаол мардумро барои он наофаридааст, ки аз ҳам ҷудо шаванд ва бо ҳам ихтилофпароканӣ кунанд, балки барояшон дини ягона интихоб кард ва пайғамбаронро пушти сари ҳам фиристод, то ҳамаи мардумро дар як дин ҳидоят ва роҳнамоӣ кунанд.

Дар ин мақола  кӯшиш шудааст бо истифода аз оятҳо ва аҳодис ҷойгоҳ ва аҳаммияти ваҳдат ва  ҳамбастагӣ ва ҳамчунин авомили тақвияти, ваҳдат ва ҳамбастагӣ, бо меъёрҳои қуръонӣ ва ҳадисӣ баён шавад.

Аҳаммият ва ҷойгоҳи ваҳдат дар Қуръони Карим.

Худованди Мутаол бо таваҷҷӯҳ ба таъсири хеле муҳиме, ки ваҳдат ва ҳамбастагӣ дар расидан ба пирӯзӣ ва муваффақияти як ҷомеа дорад.

Дар Қуръони Карим чунин мефармояд.

وَ اعْتَصِمُوا بِحَبْلِ اللَّهِ جَمیعاً وَ لا تَفَرَّقُو

“Ва ҳамаги ресмони Худоро (Қуръон ва Ислом ва ҳар василаи ваҳдатро) муҳкам нигаҳ доред ва пароканда нашавед”.(Сураи Оли Имрон, ояти 103)

  Зарурати ваҳдат ва ҳамбастагӣ дар Қуръони Карим.
Худованди Мутаол ба хотири огоҳ сохтани мардум ба ҷойгоҳи ваҳдат ва ҳамбастагӣ ва барҳазар доштани мусулмонон аз ҷудоӣ ва парокандагӣ барои касоне, ки аз амри Худо сарпечӣ мекунанд, ҷазои сахт эълон кардааст.

وَ لا تَکُونُوا کَالَّذینَ تَفَرَّقُوا وَ اخْتَلَفُوا مِنْ بَعْدِ ما جاءَهُمُ الْبَیِّناتُ وَ أُولئِکَ لَهُمْ عَذابٌ عَظیمٌ

“Ва монанди  касоне мабошед, пас аз он ки оёти равшани (Худо) бар онҳо ошкор шуд, пароканда шуданд ва ихтилоф карданд ва барояшон азоби бузург аст.” (Сураи Оли Имрон, ояти 105)

Авомили тақвияти ваҳдат ва ҳамбастагӣ

  1. Илму огоҳӣ

Илму огоҳии комил ба ақоид, боварҳо ва арзишҳои Ислом, як навъи басират ба инсон мебахшад, ки дар буҳронҳо ва фарозу нашебҳои лағзанда масоили ҷузъӣ ва фаръиро, ки гоҳе мӯҷиби шикаст ва суқӯти ҳадафи асли мешавадро нодида бигирад, то саранҷом роҳҳои нуфӯзи душман баста шавад ва иттифоқу иттиҳод ба вуҷӯд биояд.

Худованд дар Қуръони Карим мефармояд:

وَمَا اخْتَلَفَ فِيهِ إِلَّا الَّذِينَ أُوتُوهُ مِنْ بَعْدِ مَا جَاءَتْهُمُ الْبَيِّنَاتُ بَغْيًا بَيْنَهُمْ

“Ва дар он ихтилоф накарданд, ҷуз касоне, ки ба онон [китоб] дода шуда буд, [он ҳам] пас, аз он ки далелҳои равшан барои онон омад [ба хотири] ҳасодате, ки миёнашон буд”.(Сураи Бақара, ояти 213)

Аз ин ояти шарифа бардошт мешавад, ки агар илм ва дониш барои Худованди Мутаол набошад, аз ихлос ва инсондӯстӣ дур бошад, ба чи андоза хатарнок ва зиёнбор аст барои ҷомеа ва чигуна сафҳои баҳам пайвастаи мардумро  аз ҳам мепошад ва ҳаминтавр пайваста ваҳдат ва ҳамбастагиро, ки Худованди Мутаол ба он амр кардааст, аз ҳам ҷудо мекунад.

Албатта ихтилофи салиқаҳо ва фаҳмҳо дар зиндагии инсонҳо чизе нест, ки ноошно бошад, ин ихтилофи салиқаҳо табиӣ аст, локин набояд сабаби аз ҳам ҷудо шудан ва душманӣ миёни мардум гардад. Ин ихтилофот ва душманиҳо авомил ва ангезаҳои дигаре дорад, ки аз роҳи ихтилофи афкори палид  ботини худро ошкор месозад.

Ба ҳамин сабаб табодули назарҳои созанда ҷои худро ба кина ва душманӣ медиҳанд.

  1. Машварат ва меҳрубонӣ

Машварат ва ҳамдигарфаҳмӣ дар масъалаҳо ва ҳамчунин эҷоди дӯстӣ ва муҳаббати иҷтимоӣ он қадар нақши муассир дорад, ки Худованд ба Паёмбар (с) дастур медиҳад,  дар корҳо бо асҳоби худ машварат кун.

فَبِمَا رَحْمَةٍ مِّنَ اللّهِ لِنتَ لَهُمْ وَلَوْ كُنتَ فَظًّا غَلِيظَ الْقَلْبِ لاَنفَضُّواْ مِنْ حَوْلِكَ فَاعْفُ عَنْهُمْ وَاسْتَغْفِرْ لَهُمْ وَشَاوِرْهُمْ فِي الأَمْرِ فَإِذَا عَزَمْتَ فَتَوَكَّلْ عَلَى اللّهِ إِنَّ اللّهَ يُحِبُّ الْمُتَوَكِّلِينَ

“Ва ба сабаби раҳмате аз ҷониби Худо бо онон нармхӯ шудӣ ва агар бадхулқ ва сангдил будӣ, ҳатман аз атрофи ту пароканда мешуданд, пас, аз онҳо даргузар ва барояшон омурзиш бихоҳ ва дар корҳо бо онҳо машварат намо; ва ҳангоме, ки тасмим гирифтӣ, пас, бар Худо таваккул кун; бетардид Худо таваккулкунандагонро дӯст медорад.”  (Сураи Оли Имрон, ояти 159)

 3.Таваҷҷӯҳ ба оқибати ихтилофпароканӣ

Севвумин омил барои тақвияти унсури ҳамбастагӣ ва иттиҳод дар байни мусалмонон тавваҷӯҳ додан ба авоқиби ҳавлноки дунёӣ ва ухравии ихтилоф ва даргирӣ аст .

Худованди Мутаол дар ин робита мефармояд:

وَأَطِيعُواْ اللّهَ وَرَسُولَهُ وَلاَ تَنَازَعُواْ فَتَفْشَلُواْ وَتَذْهَبَ رِيحُكُمْ

«Ва аз Худо ва Паёмбараш итоат кунед; ва бо ҳамдигар кашмакаш накунед, ки суст мешавед ва ҳайбати шумо аз байн меравад.” (Сураи Анфол, ояти 46)

Натиҷа

Ваҳдати исломӣ ормони баланд ва мутаолӣ аст, ки аз садри Ислом то кунун андешмандон, уламо ва равшанфикрон барои таҳаққуқ ва таҳкими он саъйи ва талоши бисёр кардаанд. Дар мавриди зарурӣ будани иттиҳоду ҳамбастагии мусулмонон мабоҳиси бисёр вуҷуд дорад.

Иттиҳоду инсиҷоми уммати исломӣ нирӯи азиму шикастнопазирро дар ин уммат падид меоварад, ки мусулмонон бо ёрии он метавонанд дар дунёи имрӯз ҳарф барои гуфтан дошта бошанд.

Дар ин навиштор авомили тақвияти, ваҳдат ва ҳамбастагӣ баён шуд дар қисмати баъдӣ авомили таҳдидкунандаи ваҳдат ва ҳамбастагӣ баён хоҳад шуд.

Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед