Тавҳиди афъолӣ (бахши ёздаҳум)

0
61

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Ризоят ва дӯст доштан ва робитаи он бо ирода ва машият

Яке дигар аз баҳсҳои муртабит бо масъалаи халқ кардани аъмоли инсонҳо ва масъалаи қазо ва қадар, масъалаи амр кардан ва ризоят доштан ва дӯст  доштани Худованди Мутаол нисбат ба аъмол ва корҳои бад ва куфромези инсон ва робитаи он бо ирода ва машияти илоҳӣ аст.

Ҳамон гуна, ки баён гардид, мотуридиён бар ин ақида ҳастанд, ки илм ва ирода ва машияти илоҳӣ умумият дошта, шомили аъмол ва корҳои ихтиёрии инсон низ мешавад, аммо ин масъала ҳаргиз сабаби ҷабр ва ҷабргароӣ намешавад ва озодӣ ва ихтиёр инсонро аз байн намебарад.

Пас дар сурате, ки ирода ва машияти илоҳӣ чунин аст, ки инсон озод буда ва бо ихтиёр ва иродаи худ ҳар кореро, ки бихоҳад ва ирода кунад, анҷом диҳад, чаро Худованд аз инсонҳо мехоҳад, ки афъол ва корҳои нек анҷом диҳанд ва ҳатто инсонҳоро ба анҷоми корҳои нек амр мекунад ва дастур медиҳад.

Инҷост, ки як масъалаи асосӣ ба вуҷуд меояд ва он, робитаи амр кардан, ризоят доштан ва дӯст  доштани Худованди Мутаол бо ирода ва машияти Ӯст. Масъала ин аст, ки вақте ирода ва машияти илоҳӣ шомили тамоми аъмол ва корҳои ихтиёрии инсон мешавад, пас шомили аъмол ва корҳои бад ва куфромези инсон низ мешавад, зеро афъоли бади инсон низ ҷузъи афъоли ихтиёрии ӯ ба шумор меоянд. Дар сурате, ки чунин бошад оё ин ба маънои он нест, ки Худованд ба муҳаққақ шудани аъмол ва корҳои бад ва куфромези инсон ризоят ва муҳаббат дошта ва дӯст дорад чунин корҳое анҷом шаванд, агар чунин аст пас чаро инсонҳоро ба имон ва корҳои нек дастур медиҳад ва амр мекунад.

Мотуридиён барои посухгуӣ ба ин ишкол, миёни ирода ва машияти илоҳӣ аз як тараф ва амр кардан, ризоят доштан ва дӯст  доштан аз тарафи дигар, тафовут ва фарқ гузоштаанд. Онҳо муътақиданд, ки амр кардан, ризоят доштан ва дӯст  доштан, лозимаи ирода ва машият нестанд, яъне метавон чизеро ирода кард, ки инсон онро дӯст надорад ва ба он розӣ нест.

Абумӯъини Насафӣ дар мавриди фарқ доштан миёни муҳаббат ва ризоят бо ирода ва машияти илоҳӣ мегӯяд: “Ҳосил ва натиҷаи мазҳаби Аҳли суннат (Мотуридия) ин аст, ки ҳар мавҷуд ва ҳар феъле бо иродаи Худованди Мутаол ба вуҷуд меояд ва фарқе надорад, ки он мавҷуд ва феъл, чи васфе дошта бошад (яъне хуб бошад ё бад). Сипас он феъле, ки тоъати Худованд бошад, бо машият, ирода, ризоят, дӯст доштан, дастур ва қазову қадари илоҳӣ аст. Аммо ончи ки маъсияти илоҳӣ бошад, бо машият, ирода ва қазову қадари илоҳӣ аст, вале бо дастур, ризоят ва дӯст доштани Худованди Мутаол нест, зеро дӯст доштан ва ризоят доштан мутааллақ ба чизҳое аст, ки дар назди Худованд хуб ва нек бошанд ва ин ибодатҳо аст на гуноҳон”. (Абумӯъини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 314 то 315)

Муҳаммади Баздавӣ низ дар таиди ин дидгоҳи Мотуридия мегӯяд: “Аҳли суннати валҷамоат (Мотуридия) бар ин ақида ҳастанд, ки тамоми ҳодисаҳо ва падидаҳо, чи мавҷудот ва чи афъол, ҳама бо машият, ирода ва ҳукми Худованди Мутаол аст, чи хуб бошанд ва чи бад. Аммо агар хуб бошанд бо ризоят ва дӯст доштани Худованди Мутаол ҳастанд, вале бад бошанд бо ризоят ва дӯст доштани Худованди Мутаол нестанд”. (Муҳаммади Баздавӣ, Усули дин, саҳ 52)

Яке аз муҳаққиқони каломи Мотуридия дар ин замина мегӯяд: “Мотуридӣ дар мавзӯъи қазо ва қадар бо Ашъарӣ мухолиф аст ва мегӯяд, аъмоли бади одамӣ агарчи бо иродаи Худованд аст, вале бо майл ва ризояти Худованд нест. Бино ба гуфтаи ӯ Худованд одамиро бо озодии ихтиёри афъоли хеш офаридааст ва ба ҳамин сабаб одамӣ метавонад ҳар амалеро бо интихоби озоди хеш анҷом диҳад”. (Петрушевский, Ислом дар Эрон, саҳ 234)

Мотуридиён барои исботи ин назар ва дидгоҳи худ далелҳои гуногун овардаанд. Аз ҷумла худи имом Абумансури Мотуридӣ барои фарқ доштан миёни дӯст доштан ва ризоят доштан бо ирода ва машият ба Қуръони Карим истинод кардааст. Вай мегӯяд:

“Дар Китоби Худо барои фарқ доштан миёни дӯст доштан ва ризоят доштан бо ирода ва машият далел вуҷуд дорад, зеро Худованди Мутаол фармудааст: “وَلَا يَرْضَى لِعِبَادِهِ الْكُفْرَ” “Ва (Худованд) ҳаргиз куфрро барои бандагонаш намепасандад” (Сураи Зумар, ояти 7) ва фармудааст: “وَاللّهُ لاَ يُحِبُّ الفَسَادَ” “Ва Худованд фасодро дӯст  намедорад” (Сураи Бақара, ояти 205) ва фармудааст: “إِنَّ اللّهَ يُحِبُّ التَّوَّابِينَ” “Ба таҳқиқ Худованд тавбакунандагонро дӯст  дорад” (Сураи Бақара, ояти 222) ва “إِنَّ اللّهَ لاَ يُحِبِّ الْمُعْتَدِينَ” “Ба таҳқиқ Худованд тааддӣкунандагонро дӯст  надорад” (Сураи Бақара, ояти 190)  аммо дар бораи ирода ва машияти илоҳӣ фармудааст: “مَن يَشَإِ اللّهُ يُضْلِلْهُ وَمَن يَشَأْ يَجْعَلْهُ عَلَى صِرَاطٍ مُّسْتَقِيمٍ” “Ҳар касеро Худо бихоҳад гумроҳ мекунад ва ҳар касеро бихоҳад ба роҳи рост қарор медиҳад” (Сураи Бақара, ояти 190)   Ба ҷуз ин оятҳои зикршуда, оятҳои дигаре низ дар Қуръони Карим вуҷуд дорад, ки далолат ба ихтисосӣ будани дӯст  доштан ва ризоят доштан ва умумӣ будани машият ва ирода мекунад”. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 386)

Бархе дигар аз мотуридиён аз ҷумла Абумӯъини Насафӣ барои фарқ доштан миёни дӯст  доштан ва ризоят доштан бо ирода ва машияти илоҳӣ ин гуна истидлол кардаанд, ки дӯст  доштан ва ризоят доштан ба ин маъно ва мафҳум ҳастанд, ки он шайъ ва чиз дар назди Худованди Мутаол хуб ва пасандида бошад ва лизо дӯст  доштан ва ризоят доштан ихтисос ба тоату ибодатҳои Худованд дорад, дар ҳоле, ки ирода ва машияти илоҳӣ умумият дорад ва ҳамаи афъол ва корҳои инсонро шомил мешавад, чи бад бошанд ва чи хуб. (Абумуъини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 315)

Бархе дигар аз мотуридиён барои исботи фарқ доштан миёни дӯст  доштан ва ризоят доштан бо ирода ва машияти илоҳӣ аз навъи истидлоли шоҳид барои ғоиб ба худи инсон мисол задаанд. Манзур аз истидлоли шоҳид барои ғоиб ин аст, як чизе, ки дар инсон вуҷуд дорад ва инсон онро ба осонӣ мушоҳида мекунад, аз тариқи он як чизеро, ки ошкор нест ва ба осонӣ қобили мушоҳид нест исбот мекунад. Ба унвони намуна инсон гоҳе кореро ирода мекунад, ки ба он муҳаббат ва ризоят надорад, монанди хӯрдани доруҳои талх ё иқдом ба қатъ кардани узве аз аъзои баданд дар сурате, ки хатари бузургтаре пеши рӯ бошад. (Ломишӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 108. Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 386 )

Бинобар ин, аз ончи баррасӣ намудем нитиҷа гирифта мешавад, ки мотуридиён дар масъалаи робитаи ризоят доштан ва дӯст  доштан бо ирода ва машияти илоҳӣ, миёни ирода ва машияти илоҳӣ аз як тараф ва амр кардан, ризоят доштан ва дӯст  доштан аз тарафи дигар, тафовут ва фарқ қоил ҳастанд. Онҳо муътақиданд, ки амр кардан, ризоят доштан ва дӯст  доштан, лозимаи ирода ва машият нестанд, яъне метавон чизеро ирода кард, ки инсон онро дутст надорад ва ба он розӣ нест. Лизо мотуридиён қоил ба ин ҳастанд, ки бо вуҷуди инки ирода ва машияти илоҳӣ умумият дорад ва шомили тамоми афъолу корҳои инсон мешавад, аммо ризоят доштан ва дӯст  доштан ва амр кардани Худованд ихтисос ба аъмол ва корҳои неки инсон дорад ва шомили аъмоли бад ва куфромези инсон намешавд.

Масъалаи халқ кардани аъмоли инсон ва масъалаи қазо ва қадари илоҳӣ, ҳамчунин дигар баҳсҳо ва масъалаҳои муртабит бо халқ кардани аъмоли инсон ва ихтиёру озодии ӯ, иртибот ва таъсири бисёр зиёде ба тасмимгирӣ ва рафтору аъмоли инсонҳо доранд.

Аз ҷумлаи ин баҳсҳо, масъалаи ризоят, дӯст  доштан ва амр кардани Худованд ва робитаи он бо ирода ва машияти илоҳӣ аст. Ин масъала таъсири мустақим ба рафтор ва аъмоли инсон дар тамоми арсаҳои зиндагӣ ба хусус зиндагии иҷтимоӣ ва сиёсии инсон дорад.

Дар арсаи зиндагии иҷтимоӣ ва сиёсӣ, вақте инсон қоил ба ин бошад, ки аъмол ва рафтори бад ва нодурусти инсон мавриди ризоят ва муҳаббати Худованд аст, ин масъала дар нигоҳ ва назари ӯ нисбат ба чигунагии идора кардани ҷомеае, ки ӯ дар он зиндагӣ мекунад, таъсир мегузорад. Зеро вақте инсон чунин нигоҳ ва назаре дошта бошад, рафторҳои нодурусту носаҳеҳ ва зулму ситамҳои ҳокимон ва идоракунандагони ҷомеаро,  на ҷониби ирода ва хости худи ҳокимон ва идоракунандагони ҷомеа, балки бо ризоят ва дӯст  доштани Худованд тасаввур мекунад. Ин амр сабаб мешавад инсон дар тағири сарнавишти худ ҳеҷ гуна барнома ва фаъолияте надошта бошад ва тамоми ин шароит ва ҷузъиятро ҳосили ризоят ва муҳаббати илоҳӣ бидонад. Ин нигоҳ ва назар боис мешавад, ки инсон оятҳои зиёде аз Қуръони Карим монанди оятҳое, ки таҳаққуқи ҳамаи падидаҳои оламро бо хост ва иродаи илоҳӣ медонанд ё оятҳое, ки иззат ва бартариро фақат аз ҷониби Худованд медонанд, ё оятҳое, ки аз мафҳуми зоҳирии онҳо ҷабр ва ҷабргароӣ бардошт мешавад, ҳамаи инҳоро бар асоси ва мабнои ин дидгоҳ тафсир ва таҳлил кунад. Дар натиҷа ин амр боис ва сабаби гумроҳӣ ва нобудии ҷомеа мешавад.

Аммо касе, ки миёни ирода ва машияти илоҳӣ бо ризоят ва дӯст  доштан ва амр кардани Худованд тафовут қоил аст, дар айни умумияти ирода ва машияти илоҳӣ, ризоят ва дӯст  доштан ва амр кардани Худовандро махсуси аъмол ва рафтори нек ва хуби инсон медонад ва ҳокимон ва идоракунандагони ҷомеаро дорои ихтиёр ва озодӣ ва масъули аъмол ва рафтори худ медонад. Дар натиҷа бар худ лозим медонад, ки дар баробари аъмол ва рафтори нодуруст ва носаҳеҳи онҳо мавзеъи саҳеҳ бигирад ва дар таъйини сарнавишти иҷтимоӣ ва сиёсии худ нақш дошта бошад.

Тавҳиди афъолӣ (бахши даҳум)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед