Тавҳиди афъолӣ (бахши нуҳум)

0
40

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

“Қазо ва қадар” ва нисбати он бо ихтиёри инсон аз назар мотуридиён

Чуноне ки баён кардем, баҳси аслӣ дар масъалаи қазо ва қадари илоҳӣ, нисбат ва робитаи он бо ихтиёр ва озодии инсон дар аъмол ва корҳои ӯст. Тафсирҳо ва табйинҳое, ки мутакаллимони исломӣ ва мактабҳои каломӣ аз қазо ва қадари илоҳӣ мекунанд, навъи нигоҳи онҳоро нисбат ба ихтиёри инсон ва корҳои ихтиёрии ӯ муайян менамояд. Бархе аз тафсирҳо ва табйинҳо мунҷар ба ҷабргароӣ, бархе мунҷар ба тафвиз ва ихтиёри комили инсон ва бархе аз тафсирҳо муътадил ва миёни ҷабргароӣ ва ихтиёри комили инсон қарор доранд.

Дар ин бахш ҳадфи мо он аст, ки дидгоҳ ва назари имом Мотуридӣ ва дигар мотурдиёнро дар масъалаи қазо ва қадари илоҳӣ ва нисбат он бо ихтиёр ва озодии инсон дар аъмол ва корҳои ихтиёрии худ баён намоем.

Мотуридиён бар ин ақида ҳастанд, ки манзур аз “қазо” дар баҳси қазову қадар ва ҷабру ихтиёр ва афъоли инсон, “халқ кардан ва офариниш” аст. Яъне дар баҳси қазо ва қадари илоҳӣ ва робитаи он бо афъол ва корҳои ихтиёрии инсон қазо ба маънои халқ кардан ва офариниши афъол ва корҳои ихтиёрии инсон аст. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 395. Абумуъини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 331)

Онҳо “қадар”- ро ба ду маъно ва мафҳум гирифтаанд, яке ба маънои ҳудуду андоза ва кайфияту чигунагии ашё аст ва дигарӣ ба маънои баёни вежагиҳои хориҷӣ ва берунии шайъ, ки ҳар ду маънои он аз ҷониби Худованд ва махсуси Худованд аст. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 396. Абумуъини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 332)

Пас метавон гуфт аз назари Мотуридиён масъалаи “қазо ва қадар”, нисбат ва робитаи бисёр наздик бо масъалаи халқ ва офариниши аъмол дорад.

Худи имом Мотуридӣ дар мавриди масъалаи “қазо ва қадар” мегӯяд, ки дидгоҳи мо дар ин маврид монанди дидгоҳи мо дар масъалаи халқ ва офариниши афъоли бандагон аз ҷониби Худованд аст. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 395). Бо ин вуҷуд, вай бо таваҷҷӯҳ ба аҳаммияти баҳси қазо ва қадар, як боб ва бахши мустақилро ба ин масъала ихтисос медиҳад ва қазо ва қадарро ба гунае тафсир ва табйин мекунад, ки бо ихтиёри инсон дар афъолу корҳои ихтиёрии ӯ созгор бошад ва ба ҷабру ҷабргароӣ мунҷар нашавад. Вай дар ин маврид мегӯяд: Қазо ва қадар ба ин маъно аст, ки чун Худованд холиқ ва офаринандаи аъмоли инсон аст, пас бояд онҳоро ирода кунад ва қабл аз иродаи илоҳӣ низ илми илоҳӣ вуҷуд дорад. Бинобар ин, ҳамон амалеро, ки инсон бо ақл ва ташхиси худ ихтиёр ва қасд мекунад ва Худованд низ ба он илм дорад ва онро ирода кардааст, Худо онро халқ мекунад. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 395)

Яъне бар асоси дидгоҳи Абумансури Мотуридӣ, аъмол ва корҳои ихтиёрии инсон мутобиқи қазо ва қадари илоҳӣ инҷом мегиранад, аммо ба ҳамон шакле, ки анҷом мегиранд ва қазову қадари илоҳӣ бар он тааллуқ гирифтааст, инсон он феъл ва корро бо ақл ва ташхиси худ ихтиёр ва қасд мекунад ва анҷом медиҳад.

Абусанои Ломишӣ, яке аз андешмандони мотуридия, масъалаи қазо ва қадар ва яке будани он бо масъалаи халқ ва офариниши афъол ва корҳои ихтиёрии инсонро бо иборати равшантар баён мекунад ва мегӯяд: “ Ин масъала (масъалаи қазо ва қадар) ва низ масъалаи ҳидоят ва залолат, дақиқан мисли масъалаи халқ ва офариниши афъол ва корҳои инсон аст, зеро ин сухан, ки мегӯем куфр ва дигар гуноҳҳо бар асоси қазо ва қадари илоҳӣ аст, яаъне ба эҷод ва офариниши Худованд аст, чун манзур аз қазо ва қадар халқ кардан ва офариниш аст”. (Абусанои Ломишӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 113)

Абумӯъини Насафӣ низ дар мавриди қазо ва қадари илоҳӣ мегӯяд: “Бар асоси дидгоҳои мо, куфр ба қазо ва қадари илоҳӣ аст, аммо мавриди ризояти Худованд нест. Мо ба қазо ва қадари Худованд розӣ ҳастем. Худованд куфрро ботил қарор додааст (ва халқ кардааст), аммо розӣ нестем, ки куфр сифате барои мо бошад… .

Аз сӯи дигар мо медонем, ки банда дар анҷоми феъл ва кори худ маҷбур нест, ҳар чанд афъол ва корҳои инсон бар асоси қазо ва қадари Худованд анҷом мешавад, бар асоси ҳамон (тавзеҳ ва табйине), ки дар масъалаи халқ ва офариниши афъоли инсон аз ҷониби Худованд, дода шуд”. (Абумуъини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 335 то 336)

Бинобар ин, масъалаи қазо ва қадар аз назари мотуридиён иртиботи бисёр наздике бо масъалаи халқ ва офариниши афъоли инсон дорад ва айни ҳамон аст ва ин матлаб ба равшанӣ дар суханони онҳо баён шудааст. Лизо мотуридиён ҳамон роҳи ҳал ва равишеро, ки дар баҳси халқ ва офариниши афъоли инсон баён карда буданд, дар баҳси қазо ва қадар низ ироа мекунанд.

Онҳо дар масъалаи халқ ва офариниши афъоли инсон, ба озодию ихтиёр ва таъсиру нақши инсон дар анҷоми афъол ва корҳои худ бовар доранд. Аз дидгоҳи онҳо як феъл ва кор ба ду фоил ва анҷомдиҳанда нисбат дода мешавад. Онҳо барои нисбат додани як феъл ва кор ба ду фоил ва анҷомдиҳанда, назарияи “касб”-ро (касби Мотуридӣ) матраҳ кардаанд.

Банобар ин, ҳамонгуна, ки мотуридиён дар он баҳс ба маҷбур набудани инсон таъкид доштанд, дар баҳси қазо ва қадар низ бар он таъкид доранд.

Баҳси қазо ва қадари илоҳӣ дар тӯли таърих яке аз пурчолиштарин баҳсҳо ва масъалаҳои каломӣ ва исломӣ будааст. Яке аз муҳимтарин чолишҳо дар мавриди қазо ва қадари илоҳӣ масъалаи сӯи истифодаи ҳокимон ва ҳукмронони золим ва ҷинояткор аз қазо ва қадари илоҳӣ дар тӯли таърих будааст.

Ҳокимон ва ҳукмронони золим ва ҷинояткор бо тафсири ҷабргароёнаи қазо ва қадари илоҳӣ, аз як тараф зулмҳо ва ҷиноятҳои худро тавҷеҳ мекарданд ва мегуфтанд, ки онҳо дар корҳо ва аъмоли худ маҷбуранд ва анҷомдиҳандаи ин корҳо ва аъмол Худованд аст. Аз тарафи дигар ба мардум мегуфтанд, ки итоати шумо аз ҳокимон бар асоси қазо ва қадари илоҳӣ аст ва ба истилоҳ дар тақдири шумо будааст. Лизо шумо ҳақи эътироз надоред ва бояд ба тақдир тан бидиҳед.

Ин сӯи истифода дар ҳоли ҳозир низ тавасути ҳокимон ва ҳукмронони золим ва ҷинояткор сурат мегирад.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед