Тавҳиди афъолӣ (бахши давоздаҳум)

0
63

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Қудрати инсон қабл аз феъл аст ё ҳамзамон бо феъл?

Яке аз баҳсҳои муртабит бо масъалаи халқ кардани аъмоли инсонҳо, масъалаи қудрати инсон аст, ки оё қудрати инсон қабл аз феъл аст ё муқорин ва ҳамзамон бо феъл. Яъне қудрати инсон, ки ба фаъл ва корҳо тааллуқ мегирад, ин тааллуқ гирифтани қудрат ба феъл ё қабл аз вуқуъи феъл аст ё муқорин ва ҳамзамон бо феъл.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки баҳс дар инҷо дар мавриди қудрати инсон аст, на қудрати Худованд, зеро тамоми мутакаллимони исломӣ ба ин ақида ҳастанд, ки қудрати илоҳӣ бар феъл, қабл аз эҷоди он аст ва дар ин замина ҳеҷ ихтилофе вуҷуд надорад. Аммо бар сари ин масъала, ки оё қудрати инсон қабл аз феъл аст ё муқорин ва ҳамзамон бо феъл, ихтилофи назар вуҷуд дорад.

Мотуридиён қудрат ва иститоати инсонро ба ду қисмат тақсим мекунанд. Яке қадрат ва иститоате аст, ки аз он ба қудрат ва иститоати асбоб ва олатҳо ном мебаранд ва дигарӣ қудрат ва иститоате аст, ки аз он ба қудрати феъл ё қадрати ҳақиқӣ унвон мекунанд.

Таърифе, ки худи имом Абумансури Мотуридӣ аз қудрат ва иститоати асбоб ва олатҳо ва аҳвол мекунад ин аст, ки мугӯяд, ин қудрат ва иститоат, қудрате аст, ки афъол ва корҳоро ба вуҷуд намеоварад, аммо афъол ва корҳо бедуни вуҷуди он, ба вуҷуд нахоҳанд омад. Аз назари вай ин навъ аз қудрат ва иститоат қабл аз феъл ва муқаддам бар феъл аст. Аммо имом Мотуридӣ дар таърифи навъи дуввуми қудрат ва иститоати инсон яъне қудрати феъл мегӯяд, ин навъи қудрат ҳар гоҳ бо феъл ва кор ҳамроҳ гардад ва ба он тааллуқ гирад, феъл ва кор чорае ҷуз муҳаққақ шудан ва ба вуҷуд омадан надорад. Яъне ҳар гоҳ қудрати феъл, ба фаъл ва коре тааллуқ гирад он феъл ва кор ҳатман эҷод мешавад ва ба вуҷуд меояд. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 126)

Абумуъини Насафӣ низ дар мавриди тақсими қудрат мегӯяд: “Иститоат, тоқат, қудрат, қувват, замоне ки ба инсон нисбат дода шаванд, манзур аз ҳамаи онҳо назди олимони илми калом як маъно ва мафҳум аст.

Қудрат ва иститоат назди мо бар ду қисм аст. Яке ба маънои фароҳам будани асбоб ва олатҳо ва солим будани аъзо ва ҷавориҳи инсон аст. Ба ҳамин маъно аст сухани Худованд, ки мефармояд: “وَلِلّهِ عَلَى النَّاسِ حِجُّ الْبَيْتِ مَنِ اسْتَطَاعَ إِلَيْهِ سَبِيلاً” “Ва ҳақи Худо бар мардум аст, ки қасди хонаи (Ӯ) кунанд, касоне, ки тавоноии рафтан ба сӯи онро доранд” (Сураи Оли Имрон, ояти 97).  Манзур аз қудрат ва иститоат дар ин оят тӯша ва василаи сафар аст. Ҳамчунин, ки мефармояд: “فَمَن لَّمْ يَسْتَطِعْ فَإِطْعَامُ سِتِّينَ مِسْكِينًا” “Ва касе, ки инро ҳам натавонад (ду моҳи паёпай руза гирифтан), шаст мискинро таъом бидиҳад” (Сураи Муҷодила, ояти 4). Яъне ҳангоме ки барои инсон олатҳо ва василаҳои солим ва асбоби зарурӣ (барои руза гирифтан ду моҳи паёпай) фароҳам набошад (шаст мискинро таъом бидиҳад). Дигарӣ иститоат ба маънои қудрати ҳақиқӣ аст. Ба ин маъно аст сухани Худованд, ки мефармояд: “مَا كَانُواْ يَسْتَطِيعُونَ السَّمْعَ وَمَا كَانُواْ يُبْصِرُونَ” “Онҳо ҳаргиз тавонии шунидани (ҳақро) надоштанд ва (ҳақиқатро) намедиданд” (Сураи Ҳуд, ояти 20). Оё мушоҳида намекунед, ки Худованд дар ин ояти Қуръон онҳоро (золмомн ва кофиронро) ба сабаби ин корашон (надоштани тавоноӣ барои шунидан ва дидани ҳақиқат) мазаммат ва сарзаниш мекунад. Онҳо дар сурате лоиқи мазаммат ва сарзаниш ҳастанд, ки ҳақиқати қудратро аз байн бурда бошанд, дар ҳоле, ки асбоб фароҳам буда ва олату василаҳо солим ҳастанд, на дар сурате, ки асбоб ва василаҳо аз байн рафта бошанд, зеро набудани ин қудрат ва иститоат зойеъ кардан намебошад, чун ӯ маҷбур аст ва лоиқи мазаммат ва сарзаниш нест, дар сурати анҷом надодани феъл ва кор”. (Абумуъини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 257 то 258)

Чуноне ки мулоҳиза кардем, мотуридиён ба ин ақида ҳастанд, ки қурдарат ва иститоати навъи аввал, яъне иститоати асбоб ва олатҳо, қабл аз феъл ва муқаддам бар феъл аст. Лизо мотуридиён дар ин масъаъла бо дигар мутакаллимон ва фирқаҳои исломӣ аз ҷумла Муътазила ҳамназаранд ва миёни онҳо ихтилофе вуҷуд надорад. Ончи миёни мотуридиён бо бархе дигар аз мутакаллимони исломӣ ихтилоф аст, дар қудрати навъи дуввуми аст, яъне иститоати феъл ва қудрати ҳақиқӣ, ки мотуридиён онро муқорин ва ҳамзамон бо феъл медонанд, аммо бархе дигар аз мутакаллимони исломӣ онро қабл аз феъл ва муқаддам бар феъл медонанд.

Муҳаммади Баздавӣ дар ин замина мегӯяд: “Аҳли суннати валҷамоат (Мотуридия) бар ин ақида ҳастанд, ки қудрат бар феъл аст, на қабл аз феъл ва муқаддам бар феъл, балки ҳамроҳ ва ҳамзамон бо феъл аст ва бақое барои қудрат намебошад. Дар ин масъала пешвои Аҳли суннати валҷамоат имом Абуҳанифа аст….. Бисёре аз фақиҳони асҳоби мо дар Хуросон ва Ироқ бар ин назаранд, ки қурдарат ва иститоат қабл аз феъл ва муқддам бар феъл аст аммо ин хато аст.” (Муҳаммади Баздавӣ, Усули дин, саҳ 120)

Мотуридиён барои исботи дидгоҳи худ дар бораи муқорин ва ҳамзамон будани қудрати феъл, бо феъл  ва кор, ба шуморе аз оятҳои Қуръони Карим ва далелҳои ақлӣ истинод кардаанд.

Бархе аз оятҳои истинод кардаи онҳо иборатанд аз:

“مَا كَانُواْ يَسْتَطِيعُونَ السَّمْعَ وَمَا كَانُواْ يُبْصِرُونَ”

“Онҳо ҳаргиз тавоноии шунидани (ҳақро) надоштанд ва (ҳақиқатро) намедиданд” (Сураи Ҳуд, ояти 20)

“إِنَّكَ لَن تَسْتَطِيعَ مَعِيَ صَبْرًا”

“Ту ҳаргиз наметавонӣ бо ман сабр кунӣ”(Сураи Каҳф, ояти 67)

Мотуридиён барои исботи ин амр ба далелҳои ақлии зиёде низ истидлол кардаанд, муҳимтарин далеле, ки бештари онҳо онро баён кардаанд ин аст, ки: Қударат ва иститоат ҷузъе аз аҷзои ҷисм ва ашёъ нест, балки араз аст (араз яъне ғайри аслӣ, яъне ҷузъи ҷисм нест), ки бар ҷисм бор мешавад ва аразҳо низ боқӣ нестанд. Аразҳо боқӣ нестанд, зеро боқӣ мондани араз аз се ҳолат хориҷ нест, ё араз зотан ва ба худии худ боқӣ аст, ё ба василаи боқӣ будани маҳалли худ боқӣ аст ва ё ба василаи боқӣ будани дигарӣ, ки қоим ба он аст. Шеке нест, ки араз зотан ва ба худии худ боқӣ нест, зеро дар ин сурат фано ва нобудӣ дар он роҳ намеёфт. Ҳамчунин араз наметавонад ба василаи боқӣ будани маҳалли худ боқӣ бошад, зеро маҳали араз ғайр аз худи араз аст ва шайъ наметавонад ба воситаи бақое, ки қоим ба ғайр ӯст, боқӣ бимонад. Ҳамчунин ба василаи боқӣ будани дигарӣ, ки қоим ба он бошад низ наметавонд боқӣ бимонад, зеро он бақо худ низ араз аст. Пас маълум мешавад, ки ин қудрат ва иститоат аз умуре аст, ки бақо ва давом надорад ва лизо агар қабл аз феъл ва муқаддам бар феъл бошад, бо мавҷуд шудани феъл аз байн хоҳад рафт ва дар натиҷа феъл низ ба вуҷуд нахоҳад омад. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 346 то 347. Абумуъини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 259 то 266)

Ҳамчунин Абумансури Мотуридӣ истидлол мекунад, ки қудрат ва иститоате, ки ба васила он феъл дар инсон муҳаққақ мешавад ва ба вуҷуд меояд, агар қабл аз феъл ворид шавад, бидуни муҳдис хоҳад буд. Яъне дар тамоми афъол бениёз ба Худо хоҳад буд, дар ҳоле, ки тамоми мавҷудот ниёманди комил ба Худованд мебошанд. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 346

Бинобар ин, аз ончи баён гардид натиҷа гирифе мешавад, ки мотуридиён қудрат ва иститоати инсонро ба ду қисмат тақсим мекунанд. Яке қудрат ва иститоате аст, ки аз он ба қудрат ва иститоати асбоб ва олатҳо ном мебаранд ва дигарӣ қудрат ва иститоате аст, ки аз он ба қудрати феъл ё қадрати ҳақиқӣ унвон мекунанд. Аз назари онҳо қурдарат ва иститоати навъи аввал, қабл аз феъл ва муқаддам бар феъл аст, аммо қудрати навъи дуввуми, яъне иститоати феъл ва қудрати ҳақиқӣ, муқорин ва ҳамзамон бо феъл мебошад.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед