Тавҳиди афъолӣ (бахши даҳум)

0
50

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Шомил шудани илм ва иродаи илоҳӣ бар афъоли ихтиёрии инсон

Яке аз баҳсҳои муртабит бо масъалаи халқ кардани аъмоли инсонҳо ва масъалаи қазо ва қадар, масъалаи умумият ва шомил шудани илм ва ирода ва машияти илоҳӣ бар аъмол ва афъоли ихтиёрии инсон аст. Дар ҳақиқат метавон гуфт, ки шомил шудани илм ва ирода ва машияти илоҳӣ бар афъоли ихтиёрии инсон зермаҷмуаи масъалаи халқ кардани аъмоли инсонҳо аст.  Худи имом Мотуридӣ низ бар ин матлаб ишора кардааст. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 375)

Баҳсе, ки дар ин замина матраҳ мешавад ин аст, ки бо таваҷҷӯҳ ба инки илм ва ирода ва машияти илоҳӣ шомили тамоми мавҷудот ва махлуқоти олам аз ҷумла афъол ва корҳои ихтиёрии инсон мешавад, ин савол пеш меояд, ки оё шомил шудани илм ва ирода ва машияти илоҳӣ бар афъол ва корҳои ихтиёрии инсон, сабаб намешавад, ки ӯ дар аъмол ва корҳои худ маҷбур бошад ва ихтиёре надошта бошад?

Агар гуфта шавад, ки илм ва ирода ва машияти илоҳӣ, аъмол ва корҳои ихтиёрии инсонро дарбар намегирад ва имкон дорад аъмоли инсон бар хилофи илм ва ирода ва машияти илоҳӣ сурат гирад, ин бар хилофи тавҳиди афъолӣ ва қазову қадари илоҳӣ аст ва саҳеҳ намебошад.

Ҳоло масъалае, ки инҷо пеш меояд он аст, ки чигуна мешавад миёни шомил шудани илму ирода ва машияти илоҳӣ ва ихтиёр доштани инсон дар афъол ва корҳои худ ҷамъ кард? Ва назари мотуридиён дар ин масъала чист? Ва онҳо ин масъаларо чӣ гӯна ҳал мекунанд?

Дар ин масъала мотуридиён бар ин ақида ҳастанд, ки илм ва ирода ва машияти илоҳӣ, шомили аъмол ва корҳои ихтиёрии инсон мешавад ва онҳоро дарбар мегирад, аммо онҳо ин масъаларо сабаби ҷабргароӣ ва маҷбур будани инсон дар корҳои худ ва аз байн рафтани озодӣ ва ихтиёри инсон намедонанд.

Абумуини Насафӣ дар тавзеҳи ақидаи Аҳли суннат (Мотуридия) дар мавриди ирода ва машияти илоҳӣ мегӯяд: “Ҳосил ва натиҷаи мазҳаби Аҳли суннат (Мотуридия) ин аст, ки ҳар мавҷуд ва ҳар феъле бо иродаи Худованди Мутаол ба вуҷуд меояд ва фарқе надорад, ки он мавҷуд ва феъл, чи васфе дошта бошад (яъне хуб бошад ё бад). Сипас он феъле, ки тоати Худованд бошад, бо машият, ирода, ризоят, дӯст доштан, дастур ва қазову қадари илоҳӣ аст. Аммо ончи ки маъсияти илоҳӣ бошад, бо машият, ирода ва қазову қадари илоҳӣ аст, вале бо дастур, ризоят ва дӯст доштани Худованди Мутаол нест”. (Абумуъини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоиди ат-тавҳид, саҳ 314)

Муҳаммади Баздавӣ аз бузургони Мотуридия низ дар ин замина мегӯяд: “Аҳли суннати валҷамоат (Мотуридия) бар ин ақида ҳастанд, ки тамоми ҳодисаҳо ва падидаҳо, чи мавҷудот ва чи афъол, ҳама бо машият, ирода ва ҳукми Худованди Мутаол аст, чи хуб бошанд ва чи бад. Аммо агар хуб бошанд бо ризоят ва дӯст доштани Худованди Мутаол ҳастанд, вале бад бошанд бо ризоят ва дӯст доштани Худованди Мутаол нестанд”. (Муҳаммади Баздавӣ, Усули дин, саҳ 52)

Мотуридиён барои исботи шомил шудани илм, ирода ва машияти илоҳӣ бар аъмол ва корҳои ихтиёрии инсон ба се навъ далел, яъне оятҳои Қуръони Карим, иҷмои уммати исломӣ ва далели ақлӣ истидлол кардаанд.

1- Оятҳои Қуръони Карим

Мотуридиён барои исботи дидгоҳи худ ба оятҳои зиёде аз Қуръони Карим истинод кардаанд, ки дар онҳо тамоми афъол ва аъмоли инсонҳо, аз ҷумла ҳидоят ва гумроҳӣ, имон ва куфр ва … ба ирода ва машияти илоҳӣ нисбат дода шудааст. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 376 то 379. (Абумуъини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 318 то 319)

2- Иҷмоъи уммати исломӣ

Аз ҷумла далелҳои мотуридиён барои исботи шомил шудани илм ва ирода ва машияти илоҳӣ бар аъмол ва афъоли инсонҳо, иҷмои уммати исломӣ аст. Абумансури Мотуридӣ мегӯяд: Яке аз далелҳо исботи шомил шудани илм ва ирода ва машияти илоҳӣ бар аъмоли инсонҳо, сухани машҳур ва мутавотир байни мусалмонон аст, ки мегӯянд:

“ما شاء الله کان و ما لم یشأ لم یکن”

(Ҳар чи Худо бихоҳад, хоҳад шуд, ончи нахоҳад, нахоҳад шуд). (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 380)

Аз назари онҳо ин сухани машҳур ва мутавотир байни мусалмонон, далолат бар умумият ва шомил шудани илм ва ирода ва машияти илоҳӣ бар тамоми падидаҳо ва ҳодисаҳо, аз ҷумла аъмол ва афъоли хуб ва бади инсонҳо назди мусалмонон мекунад.

3- Далели ақлӣ

Истидлоли ақлии мотуридиён барои исботи умумияти ва шомил шудани илм ва ирода ва машияти илоҳӣ бар аъмол ва афъоли ихтиёрии инсонҳо бар асоси “бурҳони тамонуъ” бино шудааст. Онҳо барои ин матлаб ин гуна истидлол кардаанд, ки агар тамоми аъмол ва афъоли ихтиёрии инсонҳо мутобиқи ирода ва машияти илоҳӣ набуда, мутобиқи ирода ва машияти инсон ё шайтон ё ҳар мавҷуди дигре бошад, лозимааш ин аст, ки дар мулк ва қудрати Худованди Мутаол чизе падид ояд, ки Ӯ намехоҳад ва ин нишонаи заъф ва мағлубияти Худованд ва нишонаи ҳодис будан аст ва чунин мавҷуде шоистагии рубубият ва улуҳиятро надорад. Ба унвони мисол агар Худованд имони шахсеро бихоҳад ва ирода кунад, аммо он шахс ё шайтон имони ӯро нахоҳанд, ё Худованд куфри шахсеро нахоҳад ва ирода накунад, аммо он шахс ё шайтон куфри ӯро бихоҳанд ва ирода кунанд ва иродаи онҳо ҷорӣ шавад ва ирода ва машият ва илми илоҳӣ ҷорӣ нашавад, ин нишонаи аҷзу нотавонӣ ва мағлубияти Худованд аст. Дар ҳоле ки бар асоси “бурҳони тамонуъ” ин саҳеҳ намебошад ва ботил аст. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 380 то 381. Абумуъини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 319 то 320. Муҳаммади Баздавӣ, Усули дин, саҳ 56)

Мотуридиён бо вуҷуди онки қоил ба умумият ва шомил шудани илм ва ирода ва машияти илоҳӣ бар афъол ва корҳои инсон ҳастанд, аммо ҳаргиз қоил ба ҷабр ва ҷабргароӣ нестанд ва ин масъаларо боиси аз байн рафтани ихтиёр ва озодии инсон намедонанд. Онҳо муътақиданд, ки илму ирода ва машияти илоҳӣ бар афъол ва корҳои инсон, ҳамон гуна, ки ҳастанд ва ба ҳамон сурат, ки ҳастанд тааллуқ мегирад ва илму иродаи Худованд дар аъмоли ихтиёрии инсон дигаргунӣ эҷод намекунад, ки сабаби ҷабр ва аз байн рафтани ихтиёр ва озодии инсон шавад. Яъне Худованди Мутаол илм дорад ва медонад, ки инсон феъл ва корро худ бо ихтиёри худ анҷом хоҳад дод ва ё тарк хоҳад кард, Худованд ҳам он феълро ирода мекунад ва мехоҳад.

Камолуддини Байёзӣ, аз мутакаллимони Мотуридия дар ин замина мегӯяд: “Худованди Мутаол бар ашё ҳамон гуна, ки ҳастанд, илм дорад. Пас Худованд илм дорад, ки ба унвон мисол Аҳмад бо ихтиёр ва қудрати худ имон меоварад ё имон намеоварад. … Ва лизо тааллуқ гирифтани илми Худованд ба феъли инсон лозимааш маҷбур будан ва аз байн рафтани ихтиёри инсон нест, зеро Худованди Мутаол бар ашё ҳамон гуна, ки аз рӯи ихтиёр воқеъ мешаванд, илм дорад”. (Камолуддини Байёзӣ, Ишоротул маром, саҳ 56)

Бинобар ин, аз ончи баён гардид ду матлаби асосӣ ба даст меояд. Аввал инки мотуридиён бар ин ақида ҳастанд, ки илму ирода ва машияти илоҳӣ, шомили аъмол ва корҳои ихтиёрии инсон мешавад ва барои исботи ин ақидаи худ ба се навъ далел, яъне оятҳои Қуръони Карим, иҷмоъи уммати исломӣ ва далели ақлӣ истидлол кардаанд. Дуввум инки ин масъала ҳаргиз сабаби ҷабр ва ҷабргароӣ намешавад ва озодӣ ва ихтиёри инсонро аз байн намебарад.

Ҳамон гуна, ки баён кардем, масъалаи шомил шудани илм ва ирода ва машияити илоҳӣ муртабит бо масъалаи халқи аъмол ва масъалаи ҷабр ва ихтиёр аст, ки натиҷаи он ё озодӣ ва ихтиёр инсон аст ва ё маҷбур будани вай.

Масъалаи ҷабр ва ихтиёр таъсири асосӣ ва мустақим бар зиндагӣ ва рафтори шахсӣ ва сиёсиву иҷтимоии инсон дорад.

Агар инсон ба ин натиҷа бирасад ва бар ин ақида бошад, ки инсон дар аъмол ва рафтори худ маҷбур аст ва ҳеҷ ихтиёре аз худ надорад, ин ақида сабаб мешавад инсон дар зиндагии шахсӣ ва сиёсиву иҷтимоии худ мунфаил (таъсирпазир) бошад.

Инсони муътақид ба ҷабргароӣ, дар зиндагии шахсии худ ба дунболи ҳеҷ гуна пешрафт ва беҳбудӣ намебошад, чун тасаввур мекунад, ки ирода ва кушиши ӯ ҳеҷ таъсире бар рафтор ва корҳои вай надорад ва ӯ дар аъмол ва корҳои худ маҷбур аст ва аз ҷои дигар идора мешавад. Тасаввур мекунад корҳое, ки бояд анҷом шаванд, анҷом мешаванд ва корҳое, ки набояд анҷом шаванд, анҷом намешванд, лизо лозим нест ӯ барои тағйири зиндагии худ фикре кунад ва барномае бирезад ва коре анҷом диҳад.

Аммо муҳимтар аз ин, зиндагии сиёсиву иҷтимоии вай аст. Инсоне, ки қоил ба ҷабр ва ҷабргароӣ аст, ончи дар зиндагии сиёсиву иҷимоӣ бар ӯ таҳмил мешавад, бар худ лозим мебинад онро таҳаммул кунад ва ҳеҷ гуна ҳақе барои худ тасаввур намекунад, ки ҷиҳати тағйири вазъияти худ, даст ба кушишу талоше бизанад ва вазъияти сиёсиву иҷтимоӣ худро беҳбуд бахшад. Инсони қоил ба ҷабр ва ҷабргароӣ тасаввур мекунад ҳар зулми сиёсиву иҷтимоие, ки бар ӯ сурат мегирад, чорае ҷуз таҳаммули вазъияти пешомада надорад, чун ҳеҷ гуна ихтиёре аз худ надорад, то алайҳи зулме, ки бар ӯ мешавад, муқобила кунад ва сарнавишти худро худ рақам занад. Ба ҳамин хотир аст, ки ҳукуматҳои золим ҳамеша ба дунболи ҳимоят ва густариши ақидаи ҷабргароӣ буда ва ҳастанд.

Аммо агар инсон бар ин ақида бошад, ки ӯ дар аъмол ва рафтори худ ихтиёр дорад ва озод аст, ин фикр зиндагии шахсӣ ва сиёсиву иҷтимоии ӯро таҳти таъсир қарор медиҳад. Чунин инсоне дар зиндагии шахсии худ медонад, ки бояд дунё ва охирати худро худ бисозад ва ӯ дар ин кор ихтиёр дорад ва озод аст. Ҳар амал ва рафторе, ки анҷом медиҳад натиҷаи онро дар дунё ва охират мебинад. Ин сабаб мешавад, ки инсон дар паи пешрафтҳои модӣ ва маънавӣ бошад.

Инсоне, ки қоил ба ақидаи ихтиёр ва озодӣ дар рафтор ва аъмоли худ аст, зиндагии сиёсӣ ва иҷтимоии ӯ низ аз зиндагии сиёсӣ ва иҷтимоии инсон ҷабргаро тафовут дорад. Зеро чунин инсоне бар ин ақида аст, ки бояд зиндагии сиёсӣ ва иҷтимоии худро худ рақам занад. Ҳатто фаротар аз он инки, ӯ на танҳо дар баробари зиндагии худ, балки дар баробари дигар аъзои ҷомеа низ худро вазифадор медонад. Агар дар ҷомеаи ӯ зулм ва беадолатие сурат гирад, чи нисбат ба худи вай ва чи нисбат ба дигар аъзои ҷомеа, худро вазифадор медонад, ки бояд дар муқобили он зулм ва беадолатӣ садо баланд кунад. Чунин инсоне дар паи аз байн бурдани зулму ҷавр ва ҳоким кардани адолат дар ҷомеа мебошад.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед