Тавҳиди афъолӣ 01-Дидгоҳҳои мутакаллимони исломӣ дар масъалаи тавҳиди афъолӣ

0
231

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Тавҳиди афъолӣ
Бахши аввал

Дидгоҳҳои мутакаллимони исломӣ дар масъалаи тавҳиди афъолӣ
Тавҳиди афъолии Худованд яке аз бахшҳои тавҳиди илоҳӣ ба шумор меравад, ки дар Қуръони Карим ва суннати Пайғамбари Акрам (с) реша дорад ва аз онҳо сарчашма мегирад.

Тавҳиди афъолии Худованд ба ин маъно аст, ки ҳамаи афъол ва падидаҳо, аз ҷумла афъол ва корҳои инсон ба хосту иродаи Худованд аст. Яъне ҳамонгуна, ки мавҷудот дар асли вуҷуди худ вобаста ба зоти Худованд ҳастанд, дар афъол ва корҳои худ низ чунин ҳастанд. Ба иборати дигар таъсири ҳақиқӣ дар ҳамаи корҳо аз ҷониби Худованд аст, на худи мавҷудот. Албата инсон низ дар афъол ва корҳои ихтиёрӣ худ таъсир дорад.

Дар масъалаи тавҳиди афъолӣ, мутакаллимони исломӣ бо ҳам ихтилофи асосӣ ва бунёдӣ доранд. Бархе аз мактабҳои каломӣ, ки натавонистаанд тавҳиди афъолии Худовандро бо афъоли содиршуда аз инсонҳо ҷамъ кунанд,  аз тавҳиди афъолӣ даст бордоштанд. Онҳо ногузир афъоли Худовандро маҳдуд карда ва афъол ва корҳои ихтиёрии инсонҳоро аз доманаи афъоли Худованд хориҷ сохтанд. Бархе дигар низ ба сабаби дучор нашудан дар шубҳаи ширк, тавҳиди афъолиро комилан пазируфта ва инсонҳоро дар афъол ва аъмоли худ маҷбур донистаанд. Аммо дар миёни ин ду гурӯҳи ифротгаро, гуруҳҳое низ ҳастанд, ки ҳам тавҳиди афъолии Худовандро ҳифз кардаанд ва ҳам ихтиёри инсонро аз вай нагирифтаанд, ки мотуридиён низ аз ҷумлаи ин гурӯҳанд.

Тавҳиди афъолӣ, ки ба маънои холиқияти Худованд бар тамоми мавҷудот аст, яке аз пояҳои аслии тафаккури исломӣ ба шумор меравад. Бар асоси тавҳиди афъолӣ, Худованд холиқи ҳама чиз, ҳама мавҷудот ва ҳамаи падидаҳое аст, ки дар олам вуҷуд дошта ва доранд, аз ҷумла афъоли инсонҳо. Аз тарафи дигар инсон бо виҷдони худ дарк мекунад, ки дар падид овардани бисёре аз афъол ва корҳои худ озод аст ва ихтиёр дорад ва бар ҳамин асос аст, ки Худованд инсонро ба сабаби афъол ва корҳояш подош ё ҷазо медиҳад.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин ду нукта ин саволи бисёр муҳим матраҳ мешавад, ки агар Худованд холиқи ҳама чиз аст, пас масъалаи ихтиёри одамӣ чӣ мешавад? ва оё афъол ва корҳои ихтиёрии инсонҳо низ шомили хилқати Худованд мешавад?

Дар баробари ин пурсиши асосӣ ва бисёр муҳим, мутакаллимони исломӣ ва фирқаҳои мухталифи каломӣ, посухҳоеро баён кардаанд. Тамоми ин посухҳоро метавон дар дидгоҳҳо ва назарияҳои зер хулоса кард:

1- Назарияи ҷабргароии мутлақ
Гурӯҳе аз мутакаллимони зоҳиргаро ва фирқаҳои каломӣ ба сабаби дучор нашудан дар шубҳаи ширк ва инчунин бархе аз ангезаҳои сиёсӣ дар замони ҳукумати Бани Умая, муътақид ба ҷабргароии мутлақ дар бораи афъоли одамӣ шудаанд ва инсонҳоро дар афъол ва аъмоли худ маҷбур донистаанд. Ба ин хотир онҳоро “ҷабрия” ё “ҷабргароён” меноманд. Онҳо мепиндоштанд, ки инсонҳо аъмоли худро падид намеоваранд ва дар падид овардани он нақше надоранд ва корҳое, ки ба ӯ нисбат дода мешавад, аз они ӯ нест. Ҷабрия муътақид ба шомил шудани холиқияти Худованд бар тамоми падидаҳо, аз ҷумла афъоли ихтиёрии инсон буда, ба ҷабри мутлақ қоил шудаанд. Аз назари онҳо анҷомдиҳандаи ҳамаи корҳо Худованд аст ва инсон фақат фикр мекунад, ки коре анҷом медиҳад. (Муҳаммад ибни Абдулкарими Шаҳристонӣ, Ал-милалу ван-ниҳал, ҷ 1, саҳ 67- 68. Муҳаммад Абузуҳра, Таърихи мазоҳиби исломӣ, саҳ 177- 178 )

2- Назарияи ихтиёри мутлақ (назарияи тафвиз)
Гурӯҳи дигаре аз мутакаллимон ва фирқаҳои каломӣ муътақид ба ихтиёри мутлақ ва комили одамӣ дар анҷоми афъол ва аъмоли ихтиёрии худ шудаанд. Яъне онҳо қоил ба тафвиз ва вогузории афъол ва аъмоли ихтиёрӣ ба худи инсон шудаанд. Онҳо муътақиданд, ки Худованд дар мавриди корҳои ихтиёрии инсон, тадбирро ба дасти худи ӯ додааст ва лизо холиқияти Худованд шомили корҳои ихтиёрии инсон намешавад.

Аз ҷумла касоне, ки қоил ба назарияи ихтиёри мутлақ шудаанд, пайрвони мактаби каломии “Муътазила” ҳастанд. Муътазила муътақиданд, ки аъмоли инсон офаридаи худи ӯст. Онҳо барои ин ки шубҳаи маҳдуд кардани қудрати Худовандро ҷавоб диҳанд, гуфтаанд: Анҷоми ин корҳо бо қудрате аст, ки Худованди Мутаол офарида ва дар ихтиёри инсон қарор додааст. Пас Худованд атокунандаи қудрат аст ва қудратро танҳо барои анҷоми таклиф дар ихтиёри ӯ қарор додааст. (Муҳаммад ибни Абдулкарими Шаҳристонӣ, Ал-милалу ван-ниҳал, ҷ 1, саҳ 40. Муҳаммад Абузуҳра, Таърихи мазоҳиби исломӣ, саҳ 219 )

3- Назарияи касби Ашъарӣ
Яке аз назарияҳои матраҳ шуда дар мавриди афъол ва корҳои ихтиёрии инсон, назарияи касби Ашъарӣ аст. Дар тафсири ҳақиқати “касб” аз тарафи мутакаллимони ашъарӣ суханони мухталифе баён шудааст, вале маъруфтарини онҳо ин аст, ки “касб иборат аст аз наздикӣ ва ҳамзамонии вуҷуди феъл бо қудрат ва иродаи инсон, бидуни онки қудрат ва иродаи инсон дар муҳақақ шудани феъл таъсире дошта бошад”. (Муҳаммад Абузуҳра, Таърихи мазоҳиби исломӣ, саҳ 278)

Бар асоси ақидаи Абулҳасани Ашъарӣ, феъли инсон фақат мутааллақи қудрати қадими Худованди Мутаол аст ва қудрати ҳодиси инсон дар эҷоди феъл, ҳеҷ гуна таъсире надорад. Яъне феъли инсон махлуқи Худованд аст, аммо дар айни ҳол тавасути инсон “касб” мешавад, лизо инсон холиқ ва эҷодкунандаи феъли худ нест, балки “косиб” (касб кунанда)-и он аст. Мақсуд аз “касб”, фақат наздикӣ ва ҳамзамонии қудрат ва иродаи ҳодиси инсон бо халқ ва эҷоди феъл аст, ки танҳо ба воситаи қудрати Худованд анҷом мепазирад. (Абулҳасани Ашъарӣ, Ал-лумаъ фиррадди алал-зайғи вал-бидаъ, ҷ 1, саҳ 69-78)

Ба ақидаи бархе аз донишмандон, ин таъриф аз назарияи “касб”, фарқу тафовути чандоне бо ҷабргароӣ надорад, ба ҳамин хотир аст, ки назарияи касби Ашъарӣ на танҳо мавриди нақд ва интиқоди мухолифони мактаби Ашоира қарор гирифтааст, балки бархе аз муҳаққиқони худи Ашоъира низ онро нодуруст ва мубҳам донистаанд. Аз ҷумла Аҳмад Амин Мисрӣ онро ба унвони таъбири ҷадиде аз назарияи ҷабр дониста ва гуфтааст: “ Ин назария, ҳамонгуна, ки мушоҳида мешавад, дар мавзӯъи ҷабр ҳеҷ гуна тағйире эҷод накардааст, балки таъбири ҷадид аз он аст”. (Аҳмад Амин Мисрӣ, Заҳил ислом, ҷ 3, саҳ 57)

4- Назарияи касби Мотуридӣ
Аз назарияҳои муҳими дар мавриди тавҳиди афъолӣ ва афъол ва корҳои ихтиёрии инсон, назарияи касби Мотуридӣ аст. Назарияи касби Мотуридиро дар оянда ба тафсил баён хоҳем кард, аммо ин нуктаро бояд зикр кард, ки назарияи касби Мотуридӣ бо касби Ашъарӣ фарқ ва тафовути асосӣ ва решаӣ дорад.

Аз ончи баён кардем чунин натиҷа гирифта мешавад, ки дар масъалаи тавҳиди афъолии Худованд ва робитаи он бо афъолу корҳои ихтиёрии инсон чаҳор назарияи асосӣ вуҷуд дорад. Гурӯҳе аз мутакаллимон муътақид ба ҷабргароии мутлақ дар бораи афъоли одамӣ шудаанд ва инсонҳоро дар афъол ва аъмоли худ маҷбур донистаанд. Гуруҳи дигар маътақид ба ихтиёри мутлақ ва комили одамӣ дар анҷоми афъол ва аъмоли ихтиёрии худ шудаанд. Назарияи дигар дар ин замина назарияи касби Ашъарӣ аст, ки ҳар чанд қудтари инсонро қабул дорад, аммо онро дар эҷод феъли у бетаъсир медонад. Назарияи муҳими дигар дар тафсири ихтиёри инсон назарияи касби Мотуридӣ аст.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед