Таърифи дин

0
297

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Таърифи дин

Маънои луғавӣ: Дин дар луғати арабӣ ба маънои итоат ва ҷазост. Соҳиби “Мақойисул луғат” муътақид аст, асл ва решаи ин калима навъе инқиёд ва хорӣ аст ва дин ба маънои итоат мебошад. Роғиби Исфаҳонӣ дар “Муфрадот” мегӯяд: Дин ба маънои итоат ва ҷазост. Ва шариатро, ба хотири он ки бояд аз он итоат шавад, дин номидаанд.

Корбурди дин дар Қуръон
Дар Қуръони Карим, дин ба маъноҳои мухталиф ба кор рафта аст:
Гоҳе ба маънои ҷазо ва ҳисоб; Монанди: “Соҳиби рӯзи ҷазост”:مَالِكِ يَوْمِ الدِّين (Сураи Фотиҳа, ояти 4),
гоҳ ба маънои қонун ва шариат; Монанди: “Ӯ Зотест, ки Паёмбарашро бо ҳидоят ва шариати ҳақ фиристод,”: هُوَ الَّذِي أَرْسَلَ رَسُولَهُ بِالْهُدَى وَدِينِ الْحَقِّ
(Сураи Тавба, ояти 33)
ва гоҳе низ ба мафҳуми тоат ва бандагӣ омада аст. Монанди: “[Дар ин ҳангом] Худоро дар ҳоле ки тоатро барои Ӯ холис гардониданд, мехонанд,”: دَعَوُاْ اللّهَ مُخْلِصِينَ لَهُ الدِّينَ... (Сураи Юнус, ояти 22)
Дар итлоқи охир гоҳе чунон маънои густардае дорад, ки шомили парастиши бутҳо низ мегардад; монанди: “Дини шумо ихтисос ба шумо дорад”: لَكُمْ دِينُكُمْ وَلِيَ دِينِ. (Сураи Кофирун, ояти 6)
Маънои истилоҳии дин
Баррасии маънои луғавӣ ва низ корбурди Қуръонии дин аз ҳадафи аслии ин навиштор берун аст. Муҳим барои мо ошно шудан бо маънои истилоҳии дин (religion)  аст.
Динпажӯҳони ғарбӣ дар ин бора баҳсҳои фаровоне доранд ва таърифҳои гуногуне барои дин пешниҳод кардаанд, ки ба порае аз онҳо ишора мешавад:

  1. Дин иборат аст аз иҳсосот, аъмол ва ҳолоти маънавие, ки афрод дар танҳоӣ ва дар баробари улуҳият доранд.
  2. Дин маҷмӯае аз ақоид, аъмол, расмҳо ва ниҳодҳои динӣ (яъне созмонҳои иҷтимоии марбут ба дин) аст, ки инсонҳо дар ҷомеаҳои мухталиф бино кардаанд.
  3. Дин, эътироф ба ин ҳақиқат аст, ки ҳамаи мавҷудот, зуҳур ва партави мавҷуде ҳастанд, ки бартар аз илм ва маърифати мост.

(Ҳерберт Эспенсер) (Ҷон Ҳик, Фалсафаи дин,  саҳ 21, 26.)
Ҳарчанд бархе аз мутафаккирон муътақиданд, таърифи дин кори бисёр душвор ва балки маҳол аст, аммо ин монеъ аз он нест, ки дар як баҳси илмӣ нахуст мақсади худро аз калима “дин” рӯшан созем. Мақсад аз дин дар ин навиштор иборат аст аз:

Маҷмӯаи ақоид ва дастурот илмие, ки бинобар иддиои оваранда ва пайравони он ақоид ва дастурот, аз сӯи офаридгори ҷаҳон мебошад.
Дини ҳақ он аст, ки воқеан аз сӯи офаридгори ҷаҳон бошад. Дар ин сурат мутобиқ бо воқеъ ва таъминкунандаи саодати инсон хоҳад буд. Гурҳе аз донишмандони мусулмон динро чунин таъриф кардаанд:
Маҷмӯаи ончи Худованд аз тариқи ваҳй барои ҳидоят ва саодати башар тавассути пёмбарон дар ихтиёри башар қарор дода аст.
Ин таъриф танҳо дини ҳақро шомил мешавад ва доираи он аз таърифи нахуст маҳдудтар аст.
Дар ҳар ҳол бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки эътиқод ба офаридгори ҷаҳон, назди бисёре рукни асосии дин аст ва ҳар мактабе, ки ба навъе мункири чунин офаридгоре бошад(монанди марксизм) дин номида намешавад.
Абъоди гуногуни дин
Донишмандони мусалмон маҷмӯаи таолими дини Исломро дар се бахш ҷой додаанд:

  1. Ақоид

Ин бахш шомили он даста аз омӯзаҳои дин аст, ки шинохти дурусте аз ҷаҳони ҳастӣ, Офаридгор ва мабдаъ ва мунтаҳои он ироа медиҳад; бе он ки донистан ва эътиқод ба он шарти мусулмон будан, бошад ё набошад.

Бинобарин ҳар гузораи диние, ки дар мақоми тавсифи падидаҳои олам барояд, дар ин бахш қарор мегирад. Аз ин ҷо дониста мешавад, ки ақоиди дин, густардатар аз усули дин аст. Усули дин танҳо он қисмате аз ақоиди динро шомил мегардад, ки донистан, эътиқод ва имон ба он шарти мусулмон будан аст; монанди: эътиқод ба усули тавҳид, набуват ва маъод.

Илми калом дар воқеъ марбут ба ҳамин бахш аз дин аст ва аз ин рӯ, ба он илми ақоид низ гуфта мешавад.

  1. Ахлоқ

Густараи ин бахш он даста аз таолими исломӣ аст, ки хулқу хӯҳои хубу бади инсон, сифоти писандидаи инсонӣ ва роҳи даст ёфтан ва ороста шудан ба онҳоро баён мекунад, сифоте монанди: тақво, адолат, садоқат ва амонат.

  1. Аҳком

Ин бахш марбут ба кору амал аст; яъне таолиме, ки ба инсон меомӯзад чӣ корҳоеро бояд анҷом диҳад (воҷибот), чӣ аъмолеро беҳтар аст анҷом диҳад (мустаҳабот), чӣ корҳоеро набояд анҷом диҳад (муҳаррамот), чӣ корҳоеро беҳтар аст анҷом надиҳад (макруҳот) ва чӣ умуре анҷом додан ва надодани онҳо баробар аст (мубоҳот). Уҳдадори баён кардани ин қисмат аз дин, илми фиқҳ  мебошад.
Ёдоврӣ
Ончи гузашт назари машҳури уламои Ислом дар бораи абъоди дин аст. Донишмандони ғарбӣ, пас аз пазируфтани абъоди сегонаи ёдшуда, ҷанбаҳои дигареро низ барои дин зикр карданд.
Яке аз ин абъод, буъди достонии (афсонаӣ) дин аст. Дар мутуни муқаддаси адёни илоҳӣ, достонҳое баён шуда, ки муҳтавои муқаддасе дорад, ҳаракат офарин аст ва ғолибан дорои таъсири ахлоқӣ  ва маънавист; монанди достонҳои паёмбарони илоҳӣ. Намунаҳои фаровоне аз ин ҳикоятҳо дар Қуръони Карим вуҷуд дорад.
Ҳадаф аз ин достонҳо, фақат гузориши воқеаҳои таърихӣ барои афзоиши огоҳиҳои мардум нест, балки мақсади аслӣ ислоҳи мардум, тарбияти онҳо ва панд гирифтан аз гузаштагон аст.
Диншиносони ғарбӣ аз онҷо ки умдатан назар ба дини масеҳият ва яҳудият доранд ва дар кутуби муқаддаси ин адён ба воситаи таҳриф, достонҳои маҷъул ва сохтагии фаровоне роҳ ёфта, ки ҳеҷ ақли солиме наметавонад онҳоро бипазирад, ба ночор гуфтаанд: Достонҳое, ки дар адён омадааст метавонад сохтагӣ бошад, зеро ҳадафи аслии онҳо ҷанбаҳои омӯзишӣ ва тарбиятии онҳост.
Ин матлаб дар бораи достонҳое, ки дар Қуръони Карим омадааст, ба ҳеҷ рӯй пазируфтанӣ нест, зеро Қуръон ҳақиқати маҳз аст ва ҳеҷ ботиле дар он роҳ надорад. Худованд мефармояд:

لَا يَأْتِيهِ الْبَاطِلُ مِن بَيْنِ يَدَيْهِ وَلَا مِنْ خَلْفِهِ تَنزِيلٌ مِّنْ حَكِيمٍ حَمِيدٍ

Ҳеҷ гуна ботиле на аз пеш ва на аз пас, ба он (Қуръон) роҳ надорад. Чаро ки аз сӯи Худои Ҳаким ва сазовори ситоиш нозил шудааст”  (Сураи Фуссилат ояти 42)
Албатта мо низ муътақидем, ки бархе аз оёти Қуръони Карим ҷанбаи тамсилӣ дорад; яъне бар ҳақиқати маъқул, либоси маҳсус кардааст, лекин миёни тамсилӣ будан ва ҷаълӣ будани достон, тафовут бисёр аст. Бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки ҳамли оят бар тамсил, танҳо дар сурате ҷоиз аст, ки қароин ва шавоҳид чунин иқтизоеро дошта бошад. (Барои намуна р,к: Сураи Ҳашр, ояти 21 ва Фуссилат, ояти 11)
Натиҷа
Дин дар луғат ба маънои итоат ва ҷазост. Ин вожа дар Қуръони Карим ба маънои ҷазову ҳисоб, қонуну шариат ва тоату бандагӣ ба кор рафтааст.
Мақсад аз дин дар истилоҳи уламои дин, маҷмӯаи ақоид ва дастуроти илмие аст, ки бинобар иддиои оваранда ва пайравони он ақоид ва дастурот, аз сӯи Офаридгори ҷаҳон мебошад.
Эътиқод ба Офаридгори ҷаҳон назди бисёре, рукни асосии дин аст ва мактабҳое, ки мункири чунин офаридгоре ҳастанд, дин номида намешавад.
Маҷмуи таолими динро метавон дар се бахш ҷой дод: ақоид, ахлоқ, аҳком.
Бахш ақоид шомили он даста аз таолими дин аст, ки шинохти саҳеҳи аз ҷаҳони ҳастӣ, Офаридгор ва мабдаъ ва мунтаҳои он ироа медиҳад. Он даста аз гузораҳои диние, ки дар мақоми тавсифи падидаҳои олам барояд, дар ин бахш қарор мегирад.
Бахши ахлоқ шомили он даста аз омӯзаҳои Ислом аст, ки хулқҳои хубу бад ва роҳи даст ёфтан ба онҳоро, баён мекунад. Дониши марбут ба ин ҳавзаи дин, илми ахлоқ номида мешавад.
Аҳком, он бахш аз дин аст, ки корҳои воҷиб, ҳаром, мустаҳаб, макрӯҳ ва мубоҳро мешиносанд ва дониши марбут ба он илм, фиқҳ аст.
Илова бар умури ёдшуда достонҳое дар мутуни муқаддаси динӣ ёфт мешавад, ки муҳтавои муқаддасе дорад, ҳаракатофарин аст ва ғолибан дорои таъсири ахлоқӣ ва маънавӣ мебошад. Диншиносони ғарбӣ, ин бахш аз таъолими диниро, буъди достонӣ меноманд ва муътақиданд ин достонҳо метавонад сохтагӣ бошад. Аммо ин дидгоҳ нисбат ба достонҳое, ки дар Қуръон омадааст, пазируфта нест.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед