Т 02-Тавҳиди афъолӣ аз назари мотуридиён

0
233

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Тавҳиди афъолӣ
Бахши дуюм
Тавҳиди афъолӣ аз назари мотуридиён

Аз як тараф бар асоси тавҳиди афъолӣ, Худованд холиқи ҳамаи чиз, ҳамаи мавҷудот ва ҳамаи падидаҳое аст, ки дар олам вуҷуд дошта ва доранд, аз ҷумла афъоли инсонҳо. Аз тарафи дигар инсон бо виҷдони худ дарк мекунад, ки дар падид овардани бисёре аз афъол ва корҳои худ озод аст ва ихтиёр дорад ва бар ҳамин асос аст, ки Худованд инсонро ба сабаби афъол ва корҳояш подош ё ҷазо медиҳад.

Бинобар ин, дар ин баҳс ду масъалаи асосӣ вуҷуд дорад, ки бояд дидгоҳ ва назари мотуридиён ва андешмандони мактаби каломии Мотуридияро дар бораи онҳо баррасӣ ва баён намоем.

Масъалаи аввал шомил шудани хилқат ва офариниши Худованд бар афъол ва корҳои ихтиёрии инсон аст. Яъне оё хилқати Худованд шомили афъол ва корҳои ихтиёрии инсон мешавад ё на?

Масъалаи дуввум, асар ва нақши худи инсон ва қудрати ӯ, дар афъол ва корҳои ихтиёрии худ аст. Яъне оё инсон дар афъол ва корҳои худ маҷбур аст ё ихтиёр дорад?

Шомил шудани хилқати Худованд бар афъоли ихтиёрии инсон

Бар асоси дидгоҳ ва назари тамоми мотуридиён ва андешмандони мактаби каломии Мотуридия аз ҷумла худи имом Мотуридӣ, тавҳиди афъолӣ, монанди тавҳиди зотӣ ва тавҳиди сифотӣ, аз аркон ва пояҳои муҳими дин ва мактаби тавҳидии Ислом ба шумор меояд. Аз ин ҷиҳат тамоми мотуридиён, бар тавҳиди афъолии Худованд ва шомил шудани хилқат ва офариниши Худованд бар афъол ва корҳои ихтиёрии инсон таъкиди фаровон доранд ва хилқат ва офаринишро махсуси Худованди Мутаол медонанд.

Мотуридиён мафоҳим ва калимаҳои монанди халқ кардан (офариниш), эҷод кардан, ибдоъ кардан, ихтироъ карданро махсуси зоти Худованди Мутаол медонанд ва бар ин назаранд, ки ҳеҷ кас дар онҳо бо Худованд шарик нест. Мотуридиён ин халқ кардан ва эҷод кардани Худовандро шомили афъол ва корҳои ихтиёрии инсон низ медонанд.  Аммо инсон ва қудрати вайро низ дар содир кардани афъол ва корҳои ихтиёрии худ бетаъсир намедонанд, вале муътақиданд, ки феъл ва нақши  инсон дар ин замина “касб кардан” ва анҷом додан аст, на халқ кардан (офариниш), эҷод кардан ва монанди онҳо. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 309. Абумуъини Насафӣ, Табсиратул Адиллаҳ, ҷ 2, саҳ 891)

Имом Абумансури Мотуридӣ дар бораи тавҳиди афъолии Худованд ва шомил шудани хилқат ва офариниши Худованд бар афъол ва корҳои ихтиёрии инсон мегӯяд: “Сухани маъруф ва машҳур  дар бораи хилқат ва офариниш он аст, ки ҳеҷ холиқ ва парвардигоре ғайр аз Худованд нест. Агар мо ба вуҷуд овардани афъол ва хориҷ кардани онҳо (афъол ва аъмол) аз нестӣ ба ҳастиро дар назар бигирем, сипас нобуд кардани онҳо ва хориҷ карданашон бар асоси иродаи фоъилашонро тасаввур кунем, ҳатман барои онҳо васфи халқ карданро қарор медиҳем….”. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 312)

Абумуъини Насафӣ дар ин замина мегуяд: “Аҳли ҳақ мегӯянд, инсонҳо дорои афъол ва корҳое ҳастанд, ки ба воситаи он афъол ва корҳо гуноҳкор ё итоъаткунанда мегарданд. Он афъол ва корҳо махлуқи Худованд ҳастанд, пас савоб ва иқоб ба афъол ва корҳои инсонҳо тааллуқ мегирад, на ба халқ кардани Худованди Мутаол”. (Абумуъини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 278)

Муҳаммади Баздавӣ аз дошиманони мотуридия низ дар ин замина мегӯяд: “Аҳли суннати вал-ҷамоът муътақиданд, ки афъол ва корҳои бандагон, махлуқи Худованди Мутаол ва феъли Ӯ ҳастанд. Худованди Мутаол ба вуҷуд оварандаи он афъол ва халқкунандаи онҳо ва эҷодкунандаи онҳо аст. Инсон ҳам ҳақиқатан фоъил ва анҷом диҳандаи онҳо аст, яъне касе аст, ки афъол бо ихтиёр ва қудрати ҳодис аз ӯ содир мешаванд. Афъол аз ин ҷиҳат феъли бандагон ва ғайр аз феъли Хуодванди Мутаол ҳастанд. Дар бораи афъол ва корҳои инсонҳо, феъли Худованди Мутаол, ба вуҷуд овардан (эҷод)  ва халқ кардан (эҳдос) аст, аммо феъли бандагон ба вуҷуд овардан (эҷод) нест”. (Муҳмаади Баздавӣ, Усули дин, саҳ 104)

Ончи зикр гардид фақат чанд маврид аз суханон ва навиштаҳои мотуридиён дар бораи тавҳиди афъолии Худованд ва шомил шудани хилқати Худованд бар афъол ва корҳои ихтиёрии инсон аст ва чунин суханон дар китобҳои онҳо фаровон мушоҳида мешавад.

Муҳаммад Абузуҳра, яке аз донишмандони муъосир дар баёни ақидаи Имом Мотуридӣ дар бораи афъоли бандагон менависад: “ Мотуридӣ дар ин масъала (афъоли бандагон) таъкид мекунад, ки Худованди Субҳон офаринандаи тамоми ашёоъ аст. Аз ин ру ҳеҷ чиз дар ҷаҳони ҳастӣ нест, магар онки офаридаи Худованди Мутаол аст ва Ӯ дар ин корҳояш шарике надорад. Ӯ муназзаҳ аст ва исботи офариниш барои ғайри Ӯ, дар ҳақиқат шарик барои Худованд аст ва ин ақлонӣ ва пазируфта нест. Бар ин асос, аъмоли бандагон офаридаи Худованд аст, то бо фармудаи Ӯ дар Қуръони Карим мунтабиқ шавад: Худованд, шумо ва ончиро анҷом медиҳед офаридааст”. (Муҳаммад Абузуҳра, Таърихи мазоҳиби исломӣ, саҳ 301)

Аз ончи баён гардид ба равшанӣ фаҳмида мешавад, ки тамоми мотуридиён аз ҷумла худи имом Мотуридӣ, бар тавҳиди афъолии Худованд ва шомил шудани хилқат ва офариниши Худованд бар афъол ва корҳои ихтиёрии инсон таъкиди фаровон доранд ва хилқат ва офаринишро махсуси Худованди Мутаол медонанд. Аммо инсон ва қудрати вайро низ дар содир кардани афъол ва корҳои ихтиёрии худ бетаъсир намедонанд.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед