Сифоти феълӣ аз назари мотуридиён

0
187

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Сифоти Худо
Бахши панҷум
Сифоти феълӣ аз назари мотуридиён

Аксари мутакалимони исломӣ дар як тақсимбандии куллӣ ва асосӣ сифоти Худовандро ба ду дастаи сифоти зотӣ ва сифоти феълӣ тақсим мекунанд. Бар асоси ин тақсим, сифоти зотӣ сифоте ҳастанд, ки аз зоти Худованд гирифта мешаванд ва ин сифот монанди худи зот, қадим ва азалию абадӣ ҳастанд. Аммо сифоти феълӣ сифоте ҳастанд, ки аз феъли Худованд  гирифта шуда, дар ҳақиқат айни феъл ва худи феъланд, аз ин рӯ қадим ва азалӣ нестанд. Ба унвони мисол сифати ’’розиқ’’ сифате аст, ки аз феъли Худованд, ки ҳамон ризқ додан аст, гирифта мешавад ва монанди худи феъл ҳодис аст.

Имом Абумансури Мотуридӣ ва дигар мотуридиён низ дар мавриди ин ки Худованд ба сифоти феълӣ тавсиф мешавад ва метавон сифоти феълиро ба Худованд нисбат дод, бо дигар мутакалимони мусалмон ҳамақидаву ҳамназаранд ва барои исботи ин матлаб ба иҷмоъи уммати исломӣ ва оятҳои Қуръони Карим далел меоваранд, ки феълҳои монанди офаридан, ризқ додан, мирондан ва … ба Худо нисбат дода мешавад. Бинобар ин аз назари мотуридиён нисбат додани афъол ба Худованд мавриди пазириш ва қабули тамоми мусалмонон аст ва дар ин бораи шаке нест. Аммо матлабе, ки мотуридиёнро аз дигар фирқаҳои каломӣ ҷудо мекунад, эътиқоди онҳо ба қадиму азалӣ будани сифоти феълӣ ва қоим будани онҳо ба зоти Худованд аст. Мотуридиён муътақиданд, ки тамоми сифоти феълии Худованд ба сифате ба номи ’’таквин’’(халқ кардан, эҷод кардан), бозмегардад ва таквин ҳам сифати азалӣ ва қоим ба зот Худованд аст. Ҳамчунин онҳо бар ин назаранд, ки ’’таквин’’ ғайр аз ’’мукавван’’ (халқ шуда, эҷод шуда) аст. (Абумансури Мотуридӣ, Таъвилоту аҳли ас-сунна, ҷ 1, саҳ 548 ва 549. Аҳмад ал Ҳарбӣ, Алмотуридияту Диросатан ва Тақвиман, саҳ 295 то 297. Булқосим Ал-ғолӣ, Абумансури Мотуридӣ ҳаётуҳу ва ороуҳул ақидияҳ, саҳ 147 ва 148)

Абумансури Мотуридӣ дар китоби ’’ Ат-тавҳид’’-и худи фаслеро дар мавриди ин матлаб боз кардааст ва муътақид аст, ки Худованд фақат сифоти зотӣ дорад ва ҳамаи сифоти феълиро ба сифати зотие ба номи ’’таквин’’ бозмегардонад, ки монанди дигар сифоти зотии Худо қадим ва азалӣ аст. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 110 то 113)

Вай дар посух ба ин пурсиш, ки агар ’’таквин’’ сифати қадиму азалӣ аст, пас чаро ’’мукавван’’, ки мутааллақ ва нитиҷаи ин сифат аст, қадим ва азалӣ нест, мегуяд: ’’ таквини азалӣ маншаъ ва сарчашмаи ба вуҷуд омадани мавҷудот дар вақти муносиби онҳост, бинобар ин худи сифат қадим, вале натиҷаи он ҳодис аст. Чунон, ки илму қудрату ирода азалӣ ва қадиманд, вале натиҷаи онҳо (маълум ва мақдур ва мурод) ҳодис аст ва ҳодис будани онҳо сабаби тағйир дар маншаъ ва сарчашма намешавад’’. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 110 ва 111)

Имом Мотуридӣ бар ин назар аст, ки Худованд фақат сифоти зотӣ дорад ва ҳамаи сифоти феълиро ба сифати зотии дигаре ба номи ’’таквин’’ бозмегардонад ва онро монанди дигар сифоти зотӣ, азалӣ ва қадим медонад. Вай муътақид аст сифати ’’таквин’’ маншаъ ва сарчашмаи сифоти феълӣ аст ва монанди ҳаёт, илм, қудрат, самъ (шунавоӣ), басар (биноӣ), ирода ва калом, сифати зотӣ, азалӣ ва қадим аст, вале натиҷаи он яъне ’’мукавван’’ ҳодис аст. Ӯ мегӯяд: Сифати ’’таквин’’ дар Худованд чунин иқтизо мекунад, ки мавҷудот дар вақти махсуси худашон ба вуҷуд оянд. Бинобар ин, сифати ’’таквин’’ қадим аст, вале натиҷаи он яъне ’’мукавван’’ ҳодис аст. Ҳамонгуна, ки илм, қудрат ва ирода азалӣ аст, вале маълум, мақдур ва мурод (натиҷаи онҳо) ҳодис аст. Ӯ ’’таквин’’-ро ба маънои халқ кардан, ба вуҷуд овардан, эҷод кардан ва монанди он медонад, ки маънои ҳамаи онҳо, хориҷ сохтани як чиз аз адам ба вуҷуд аст. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 110 то 113 . Абумансури Мотуридӣ, Таъвилоту аҳли ас-сунна, ҷ 1, саҳ 548 ва 549)

Муҳаммади Баздавӣ мегӯяд: ’’Аҳли суннати валҷамоъат (мотуридия) муътақиданд, ки таквин ва ба вуҷуд овардан сифатҳои Худованд ҳастанд, ҳодис нестан, балки азалӣ ҳастанд монанди илму қудрат. Мукавван ва мавҷуд ҳам ғайр аз таквин ҳастанд. Чунон ки халқ кардан ва офаридан, сифоти Худованд ҳастанд ва ҳодис нестанд балки азалӣ ва ғайр аз махлуқ ҳастанд. Ин ҳолат дар мавриди раҳмат, иҳсон, ризқ, мағфират ва дигар сифоти феълии Худованди Мутаол иҷро мешавад’’. (Муҳаммади Баздавӣ, Усули Дин, саҳ 76)

Абумуини Насафӣ дар тавзеҳи дидгоҳи мотуридиён меоварад: ’’Дидгоҳи бештари Муътазила, ҳамаи Наҷория ва Ашоъира, ки таквин ва мукавванро яке медонанд, ботил аст. Зеро ваҳдати таквин ва мукавван маҳол аст. Ин сухан монанд он аст, ки касе бигуяд задан ва задашуда, шикастан ва шикисташуда, хурдан ва хурдашуда яке аст, нодурустии ин сухан равшан аст. Агар таквин ва мукавван яке бошанд ва аз суи дигар ҳосил шудани мукавван бо таквин бошад, натиҷа ин мешавад, ки мукавван тавасути худаш эҷод шавад на Худо’’. (Абумуини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 191 ва 192)

Наҷмиддини Насафӣ барои исботи қадим ва азалӣ будани сифати ’’таквин’’ чунин далел меоварад, ки чун Худованд хабар додааст, ки Холиқ аст, агар аз азал холиқ набошад кизбу дуруғ лозим меояд. Аз тарафи дигар, таквин наметавонад ҳодис бошад, чун қоим шудани ҳодис бар Худованд маҳол аст, дар ин сурат, таквин худ ба таквини дигар ниёз дорад ва тасалсул (идома пайдо кардани силсила то бенаҳоят) лозим меояд. (Саъдуддини Тафтозонӣ, Шарҳу ақоиди аҳли-суннаҳ, саҳ 68 то 73 )

Аксари мутакалимони исломӣ дар мавриди сифоти феълии Худованд бар ин назаранд, ки ин сифот аз феъли Худованд  гирифта мешаванд, аз ин рӯ ҳодисанд. Мотуридиён низ дар мавриди ин ки метавон сифоти феълиро ба Худованд нисбат дод, бо дигар мутакалимони мусалмон ҳамақидаанд, аммо матлабе, ки мотуридиёнро аз дигар фирқаҳои каломӣ ҷудо мекунад, эътиқоди онҳо ба қадиму азалӣ будани сифоти феълӣ ва қоим будани онҳо ба зоти Худованд аст. Онҳо муътақиданд, ки тамоми сифоти феълии Худованд ба сифате ба номи ’’таквин’’, бозмегардад ва таквин ҳам сифати азалӣ ва қоим ба зот Худованд аст.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед