Шуҷоат дар сираи набавӣ(бахши севум)

0
120

Ба  номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Сифати шуҷоат, ки яке аз фазоили барчастаи инсони ҳаст дар шакли комил худро дар вуҷуди нозанини Расули Худо(с) намоён намуда буд. Ба гунаи, ки Расули Худо(с) дар ҳамаи ҷилваҳои он комил ва бе ҳамто буд. Ҳамчуноне, ки агар сухани ҳаққе қарор буд гуфта шавад, Ҳазрат(с) бепарво ва ба сароҳат он суханро мегуфт ва агар саҳнаи набарде буд он Ҳазрат пештоз аз ҳама сафҳо мешуд ва агар касе кумак мехост Ӯ бар дигарон сибқат мегирифт Ӯ дар ҳама Ҷабҳаҳо як диловар буд. Дар бахши аввал ва дуввум намунаҳое аз шуҷоати он Ҳазрат қабл аз беъсат ва баъд аз беъсат баён карда шуд, ки дар ин бахш намунаҳои шуҷоати Паёмбари Ислом(с) баъд аз ҳиҷрат баён мешавад.

Шуҷоати Паёмбар(с) баъд аз ҳиҷрат

Шуҷоат ва устувории расули Худо(с), то қабл аз ҳиҷрат дар ростои таблиғ ва дар қолаби гуфтор ва кирдор буд. Ин амр  баъд аз ҳиҷрат бештар дар арсаи набард ва муқобилаи  ошкор худашро нишон дод. Паёмбари Худо(с) дар ҷангҳои, ки худ шахсан ҳузур доштанд неру ва қуввати дил ва пуштибоне барои мусалмонон буд. Ҳазрати Алӣ(рз) мефармояд; вақте, ки ҷанг ва набард шиддат мегирифт ва набарди тан ба тан  оғоз мешуд ба расули Худо(с)  паноҳ мебурдем ва ӯро сипари хеш қарор медодем ва дар он ҳангом ҳечкадом аз мо аз Ӯ наздиктар ба душман набуд.(Байҳақӣ далоилуннубувва,  ҷ 3, саҳ 69-70) ( Таърихи Табарӣ, ҷ 2, саҳ 135)

Ва ҳамчунин Умрон ибни ҳасин мегуяд; Паёмбар(с) дар баробари лашкаре қарор нагирифт, магар инки ӯ аввал касе буд, ки зарба мезад.(Солеҳӣ, Шоми Сабилулҳудо варришод, ҷ 7, саҳ 47)

Шуҷоат дар ғори Сур

Дар сафари ҳиҷрат дар он ҳангом, ки ба ғори Сур паноҳ бурда буданд ва мушрикон низ шамшер ба даст Ӯро то даҳонаи ғор таъқиб ва дунбол карданд ва ӯро дар муҳосираи худ гирифта буданд, Паёмбари Худо(с) бо шуҷоат ва устувории дил ба он ҳамроҳи  худ,(Абубакри Сиддиқ (рз)), ки тарс ҷеҳраашро гирифта буд фармуд; андеша мадор, ки Худо бо мо аст.  Дар ин маврид Худованди Карим дар Қуръон мефармояд;

إِلَّا تَنْصُرُوهُ فَقَدْ نَصَرَهُ اللَّهُ إِذْ أَخْرَجَهُ الَّذِينَ كَفَرُوا ثَانِيَ اثْنَيْنِ إِذْ هُمَا فِي الْغَارِ إِذْ يَقُولُ لِصَاحِبِهِ لَا تَحْزَنْ إِنَّ اللَّهَ مَعَنَا ۖ فَأَنْزَلَ اللَّهُ سَكِينَتَهُ عَلَيْهِ وَأَيَّدَهُ بِجُنُودٍ لَمْ تَرَوْهَا وَجَعَلَ كَلِمَةَ الَّذِينَ كَفَرُوا السُّفْلَىٰ ۗ وَكَلِمَةُ اللَّهِ هِيَ الْعُلْيَا ۗ وَاللَّهُ عَزِيزٌ حَكِيمٌ

“Агар Ӯро ёрӣ накунед, пас, ҳатман Худо ӯро ёрӣ кардааст, ҳангоме, ки ӯро касоне, ки куфр варзиданд [аз Макка] берун карданд, дар ҳоле ки дуюмини [аз он] ду буд; он гоҳ ки он ду дар ғор буданд, вақте ки ба ҳамроҳи худ мегуфт: «Андӯҳгин мабош! Ҳамоно Худо бо мост». Пас, Худо оромиши Худро бар ӯ фиристод ва ӯро бо лашкарҳое, ки онҳоро намедидед, ёрӣ кард ва гуфтори касонеро, ки куфр варзиданд пасттарин қарор дод; ва фақат гуфтори Худо бартарин аст; ва Худованд пирӯзманди ҳаким аст.”(Сураи Тавба, ояти 40)

Садои тарснок дар Мадина

Анас ибни Молик(рз) мегӯяд; Паёмбари Худо(с) зеборуйтарин ва бахшандатарин ва шуҷоътарини мардум буд. Шабе мардуми Мадина аз садои тарснок сахт тарсиданд ва аз хонаҳояшон берун омаданд Паёмбари Худо(с) пеш аз ҳамаи онҳо савор бар аспи бараҳнаи оби Талҳа шуд ва ба самти садо ҳаракат кард ва чигунагии моҷароро таҳқиқ кард ва мефармуд натарсед чизе нест. Ҳамчунин фармуданд ин асп мисли дарё аст, бо вуҷуди ин, ки ин кандур буд, вале пас аз инки Паёмбар(с) бар он савор шуданд чунон шуд, ки дар ҳеч мусобиқаи ақаб намемонд ва ҳамеша пештоз буд.(Байҳақӣ далоилуннубувва ,ҷ 1, саҳ 325)

 Ихроҷи яҳуд

Аз боризтарин фаъолиятҳои шуҷоона ва инқилобии Паёмбари Худо(с) метавонад ба ихроҷи яҳудиҳои бани Назр ва забткардани қисмати аз амволи онҳо ба сабаби паймоншикани ишора намуд. Ин иқдоми Паёмбари Акрам(с) нишонгари адами созиш бо паймоншиканон буд. Аз тарфи дигар суи қасд кардан ба ҷони Паёмба(с). Ҳазрат ба онҳо даҳ рӯз муҳлат дод, то аз Мадина хориҷ шаванд ва дар ғайри ин сурат хуни онҳо рехта мешуд.(Балозари, Ансобиул ашроф, ҷ 1, саҳ 339)

Ҷанги Хандақ ва мунофиқони яҳуд

Мувоҷеҳ шудани Паёмбари Худо(с) бо яҳудиҳо ва мунофиқони Мадина низ аз дигар масодиқи шуҷоат дар сираи набавӣ(с) ба шумор меравад. Ҳазрати Паёмбар(с) бо иттило шуд аз ҳелаҳои яҳудиён ва озордеҳии онҳо ва ҳамчунин аз найранги пасти онҳо, ки яҳудиҳо аз тамоми шеваҳо бар зиди Паёмбар(с) кор карданд Паёмбари Ислом(с)ҳам бо яҳудиҳо рӯ ба рӯ шуд ва бо онҳо ба ҷанг пардохт аз ҷумла ин хиёнатҳо метавон ба хиёнат ва нақси паймони бани Қариза ёд кард, ки онҳам дар замоне, ки мусалмонон дар авҷи ғурбат ва фишор ва сахти буданд чун куффори Қурайш лашкаркашӣ карда буданд. Дар замони ҷанг ба расули Худо(с) хабар расид, ки яҳудиёни бани Қариза паймон шикани карданд ва бо куффори Қурайш ҳамроҳ шуданд он Ҳазрат Саъд инби Ибодаро ба ҳамроҳи ду нафар ҷиҳати ҷустуҷӯй аз ин сиҳати ва дурусти  хабар ба суи бани Қариза фиристод онҳо пас аз итминон аз паймоншикании яҳудиён назди Паёмбири Ислом(с) омаданд ва хабари макри онҳоро махфиёна ба расули Худо(с) расониданд.(Ибни Ҳишом, асиратун нубувва, ҷ 2, саҳ 222)

Аммо ин хабари ваҳшатнок натавонист камтарин тарс ва ҳаросеро дар дили расули Худо(с) эҷод кунад, Ҳазрат бо руҳияи боло, ки нишон аз авҷи шуҷоат ва ҷасорати он мекард такбир гуфтанд ва муждаи ёри  ва кумаки Худовандро ба мусалмонон доданд.(Табарӣ, ҷ 2, саҳ 572)(ибни Ҳишом ҷ 2, маҳ 222) ин дар ҳоле буд, ки интишори хабари паймоншикании бани Қариза дар миёни мусалмонон мавҷи азими аз тарс ва изтиробро ба вуҷуд оварда буд ва корро бар эшон душвор карда буд ончунон сахт, ки Худованд дар Қуръони Карим  дар тавсифи авзоъи ошуфтаи онҳо мефармояд;

إِذْ جَاءُوكُمْ مِنْ فَوْقِكُمْ وَمِنْ أَسْفَلَ مِنْكُمْ وَإِذْ زَاغَتِ الْأَبْصَارُ وَبَلَغَتِ الْقُلُوبُ الْحَنَاجِرَ وَتَظُنُّونَ بِاللَّهِ الظُّنُونَا

“Ҳангоме, ки аз болои шумо ва аз поини шумо ба суроғи шумо омаданд; ва ҳангоме, ки дидагон хира шуд ва ҷонҳо ба гулӯгоҳҳо расид; ва ба Худо гумонҳои нораво мебурдед”.) Сураи Аҳзоб, ояти 10)

Шароит то ҷое бад шуда буд, ки баъзеҳо гумонҳои бад мекарданд, вале Паёмбари Ислом(с) бо қотеият тамоми нақшаҳои душманонро аз байн бурд ва яҳудиёро баъд аз пирузи дар ҷанг ҷазои хиёнаташонро дод.

Ин ҳо чанд намуна аз шуҷоатҳои Паёмбари Ислом(с) буд, ки баъд аз ҳиҷрат итифоқ афтодааст. Ин нишонгари он ҳаст, ки агар дар ин масир бо шуҷоат ҳаракат накунӣ муваффақ нахоҳи шуд бояд бо тамоми шуҷоат ончи ҳақ ҳастро гуфт ва дунбол кард ва бояд бо куфор ва мунофиқон ҳам кореро анҷом дод, ки Паёмбар(с) анҷом дод ва ин вижагӣ шуҷоат бояд аз ҳама бештар дар роҳбари як ҷомеаи исломӣ бошад, то битавонад масоилро хуб ва бо шуҷоат дунбол кунад, аммо шуҷоате, ки бо мантиқ бошад чун баъзан шуҷоатҳои нодуруст ба кор гирифта мешавад, ки инкор бар зарари он ҷомеа мебошад.

Шуҷоат дар сираи набавӣ(бахши дуввум)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед