Оқибати ҳокимон ва фармонравоёни золим

1
307

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
Оқибати ҳокимон ва фармонравоёни золим

Дар аҳодис ва ривоёти Паёмбари Акрам (с) ҳокимон, раҳбарон, фармонравоён, пешвоён ва подшоҳони ҷоир (золим ва ситамгар) мавриди мазаммат ва сарзаниш қарор гирифта ва аз касоне ҳастанд, ки дар рӯзи қиёмат сахттарин азоби илоҳиро хоҳанд чашид. Дар ин навиштор оқибат ва сарнавишти фармонравоёнеро, ки мардумро дар дунё азоб мекунанд бо таваҷҷуҳ ба ривоёти Расули Гиромии Ислом (с) аз назари хонандаи азиз мегузаронем.
Паёмбари Акрам (с) мефармоянд:

إنَّ اللّهَ يُعَذِّبُ يَومَ القِيامَةِ الَّذينَ يُعَذِّبونَ النّاسَ في الدّنيا

Худованд касонеро, ки дар дунё мардумро азоб ва шиканҷа медиҳанд рӯзи қиёмат азоб мекунад. (Шарҳи Муснади Имоми Аъзам, саҳ 891, ҳ 466).

Паёмбари Акрам (с) дар мавриди шиддати азоби раҳбарон ва фармонравоёни золим мефармоянд:

إنَّ اللّهَ يُعَذِّبُ يَومَ القِيامَةِ الَّذينَ يُعَذِّبونَ النّاسَ في الدّنيا

Дар рӯзи қиёмат азоби ҳоким ва фармонравои золим аз азоби ҳамаи мардум сахттар ва шадидтар аст. (Шарҳи Муснади Имоми Аъзам, саҳ 891, ҳ 466).

Паёмбари Акрам (с) фармуданд:

سَتَکُونَ عَلَیکُم أئِمَّةٌ یَملِکَونَ أرزَاقَکُم یُحَدِّثُونَکُم فَیُکذِبُونَکُم وَ یَعمَلُونَ فَیُسِیئُونَ العَمَل لا یَرضُونَ فِیکُم حَتّى تُحَسِّنُوا قَبِیحَهُم وَ تُصَدِّقُوا کِذبَهُم فَأعطُوهُم الحَقَّ مَا رَضُوا بِهِ فَإذَا تَجَاوَزُوا فَمَن قُتِلَ عَلى ذلِکَ فَهُوَ شَهیدٌ

Дар оянда фармонравоёне бар шумо ҳукумат хоҳанд кард, ки рӯзии шуморо мехӯранд ва ба шумо дурӯғ мегӯянд, бад амал мекунанд аз шумо розӣ нагарданд, то ин, ки кори бадашонро нек бишуморед, дурӯғашонро тасдиқ кунед бинобар ин замоне, ки ба ҳақ рафтор карданд шумо ҳам ҳақашонро ато кунед, аммо агар тааддӣ (саркашӣ) карданд ҳаркас дар ин роҳ кушта шавад шаҳид аст. (Муъҷамулкабир, ҷ 22, саҳ 362, ҳ 910).

Расули Худо (с) фармуданд:

أهلُ الجَور وَ أعوَانُهُم فِی النَّارِ

Ситам кунандагон ва ёронашон дар ҷаҳаннам ҳастанд. (Мустадраки ҳоким, ҷ 4, саҳ 89).

Паёмбари Худо (с) бар ҳокимони золими умматаш нафрин карда ва фармуданд:

اللهم من ولی من أمر أمتی شیئاً فشق علیهم فاشقق علیه و من ولی من أمر أمتی شیئاً فرفق بهم فارفق به

Худоё ҳаркас ӯҳдадори кори уммати ман шуд ва бар онҳо сахт гирифт бар ӯ сахт гир ва ҳаркас ӯҳдадори кори уммати ман шуд ва бо онҳо мудоро кард бо ӯ мудоро кун. (Ҷамъ Байни Саҳеҳайн, ҷ 4, саҳ 170).

Ҳазрати Алӣ (к) фармуд:

سَبُعٌ أکُولٌ حَطُومٌ خَیرٌ مِن والٍ‌ظَلُومٍ غَشُوم

Ҳайвони даррандаи пурхури бераҳм беҳтар аз ҳокими ситамгари ҷаллод аст. (Ғурарулҳикам : ҳадиси 5626).

Паёмбари Акрам (с) фармуданд:

أربعة یبغضهم الله تعالی: البیّاع الحلّاف و الفقیر المختال و الشّیخ الزّانی و الإمام الجائر

Чаҳор касро Худованд душман дорад фурӯшандаи қасамхӯр фақири мутакаббир ва пирамарди зинокор ва ҳокими золим. (Сунани Нисоӣ, ҷ 5, саҳ 86).

Фазилати фармонравои одил

Расули Худо (с) дар мавриди фазилати фармонравои одил мефармоянд:

السُّلطانُ العادِلُ ظِلُّ الله فِی الأرض فَمَن أکرَمَه أکرَمَه الله وَ مَن أهانَه أهانَه الله

фармонравои одил сояи Худо дар замин аст ҳаркас ӯро гироми бидорад Худованд ӯро гироми хоҳад дошт ва ҳаркас ӯро хор кунад Худованд ӯро хор мекунад. (Канзулаъмол, ҷ 6, саҳ 4).

Паёмбари Акрам (с) фармуданд:

افضل الناس عندالله منزلة یوم القیامة امام عادل رفیق و شر عبادالله عندالله منزلة یوم القیامة امام جائر

Беҳтарини мардум назди Худованд дар рӯзи қиёмат, ҳокими одил ва бадтарини онон ҳокими ҷоир (золим ва ситамгар) аст. (Байҳақӣ, ҷ 6, саҳ 16).

Ҳазрати Алӣ (к) дар мавриди беҳтарин ва бадтарин фармонравоён мефармояд:

خَیرُ المُلوکِ مَن أماتَ الجَورَ و أحیا العَدلَ

Беҳтарини подшоҳон касе аст, ки беадолатиро аз байн бибарад ва адолатро зинда кунад. (Ғурарулҳикам : ҳадиси 5005).

 Натиҷа
Ҳокимони Золиму ситамгар дар аҳодиси Паёмбари Акрам (с) мавриди мазаммат ва сарзаниш қарор гирифта ва аз ҷумлаи касоне шуморида шудаанд, ки дар рӯзи қиёмат сахттарин азоби илоҳиро хоҳанд чашид, Дар муқобил сояи Худо дар рӯйи замин ва беҳтарини мардум назди Худованд дар рӯзи қиёмат ҳокимони одил ҳастанд.

1 ШАРҲ

  1. Худо хайратон диҳад ва бо нашри ин тавр навиштор мардум бедор шуда сарварами миллати Тоҷикро аз кураи хоки бардорад,Аммо хуб мешуд ин оятҳои ва ривоятҳоро камтар татбиқи кор мекардед ва бар вазъияти кунунии тоҷикистон татбиқ медодед бисёр ва бисёр хуб мешуд.ташакур.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед