Нигоҳи тавҳидӣ ба инфоқ (қисмати аввал)

0
66

Дар ибтидо лозим ба назар мерасад баҳсро бо тарҳи шубҳа оғоз кунем. Шубҳа ин ки чаро ман аз дороӣ ва моли худ ба фуқаро ва ниёзмандон бибахшам, магар Худо Худ наметавонад онҳоро бениёз кунад? Чаро Худованд ба инфоқ, садақа, кӯмак ба фуқаро ва ғайра таъкид кардааст? Ин як шубҳа аст ва дар зеҳн меояд, ки чаро бояд инфоқ кард ва миқдоре аз дороии худро ба фуқаро ва ниёзмандон дод?

Тарҳи шубҳа ва посухи он

Ҳамон тавре ки гуфта шуд бархе ин ишколро кардаанд, ки чаро Худованд аз мо хостааст ки ба фуқаро ва ниёзмандон инфоқу кумак кунем? Дар Қуръон ҳам омадааст, ки гурӯҳе ин суханро ба забон оварданд, ки чаро мо аз дорои худ ба фақирон бидиҳем, магар Худо наметавонад ба онҳо рӯзӣ бидиҳад?

Дар посух ба ин пурсиш бояд гуфт: Ибтидо бояд ғараз ва ҳадаф аз бахшиш мол ва кӯмак ба фақирону ниёзмандон маълум шавад, то равшан гардад, ки чаро Худовнад ба инфоқ ташвиқ кардааст.

Худованд дар амр ба инфоқ ва бахшиш аз моли худ ҳадаф дорад ва ҳакими чун Худованд ҳеҷ кор ва амраш беҳикмат нест. Худованд мехоҳад ҳам диҳандаи инфоқ ва ҳам гирандаи онро рушд ва таолӣ диҳад. Чун ҳадафи инфоқ ва бахшиш танҳо сер шудани шиками фақирон ва рафъи ниёзмандии онҳо нест ва ҳамчунин ҳар харҷкарданеро инфоқ намегӯянд. Танҳо ҳадаф бароварда шудани ниёз нест, Худо Худ беҳтар метавонад шиками гуруснагонро сер ва ниёзашонро бароварда кунад. Магар метавон гуфт наъузубилоҳ Худо тавони рӯзирасонӣ ба бандагонашро надорад, ки ба сӯи сарватмандон  дасти ниёз дароз кардааст, то мушкилоти бандагонро бартараф кунад?. Ҳаргиз чунин нест ва Худованд бениёзи мутлақ аст ва Худ ниёзи бандагонашро бароварда мекунад. Худованд дар ҚУръони Карим мефармояд:

«يا أَيُّهَا النَّاسُ أَنْتُمُ الْفُقَراءُ إِلَى اللَّهِ وَ اللَّهُ هُوَ الْغَنِيُّ الْحَمِيد»

          “Эй мардум! шумо ниёзманди Худо ҳастед ва Худо худ бениёзи сутудааст” (Сураи Фотир, ояти15)

Мӯъминон ва касоне, ки ба Худо имон доранд ва аз қудрат ва тавоноии Ӯ огоҳанд ва ё ҳадаф ва ғарази инфоқу бахшишро медонанд асосан чунин фикре дар зеҳнашон намеояд, ки Худованд бо амр ба инфоқ бихоҳад ниёзи бандгонашро бароварда кунад.

Вале баъзеҳо, ки ҳадафи инфоқро нафаҳмида буданд, аз тарафе ҳам ба Худо имон надошатанд, бо андешаи ноқиси худ дақиқан ҳамин баҳсро карданд. Вақте аз онҳо хоста шуд, ки фақиронро кӯмак кунанд гуфтанд:

«وَ إِذا قِيلَ لَهُمْ أَنْفِقُوا مِمَّا رَزَقَكُمُ اللَّهُ قالَ الَّذِينَ كَفَرُوا لِلَّذِينَ آمَنُوا أَ نُطْعِمُ مَنْ لَوْ يَشاءُ اللَّهُ أَطْعَمَهُ إِنْ أَنْتُمْ إِلاَّ فِي ضَلالٍ مُبِين»

“Ва ҳангоме  ки ба онҳо гуфта шавад: «Аз он чи Худо ба шумо рӯзӣ додааст, инфоқ кунед», касоне, ки куфр варзиданд ба касоне, ки имон оварданд, гӯянд: «Оё касеро таом диҳем, ки агар Худо мехост, ӯро таом медод? Шумо ҷуз дар гумроҳии ошкор нестед»”(Сураи Ёсин, ояти 47)

Ин оят аз тарҳ ва барноми Худованд рӯнамои мекунад, ки дар он афроди ҷомеа бо ҳамдигар иртибот доранд ва аз ҳолу рӯзи ҳамдигар огоҳанд. Худованд бо ин тарҳ мехоҳад ҷомеаи тавҳидиро ба  ҷомеаи мулҳидон, ки дар он  фақирон ва бенавоён фаромӯш мешаванд, ҷойгузин кунад. Агар чи кофирони мутакаббир нафаҳмиданд ва барномаеро, ки Худо  барои башарият фиристода буд ба масхара гирифтанд ва гуфтанд:

«…أَ نُطْعِمُ مَنْ لَوْ يَشاءُ اللَّهُ أَطْعَمَهُ…»

 “Оё касеро таом диҳем, ки агар Худо мехост, ӯро таом медод?”

Ҳамчунин дар ҷои дигаре аз Қуръони Карим Худованд бо сароҳат аз ботини касоне, ки чунин фикр мекардаанд парда бармедорад. Ҳагоме ки шумори зиёде аз мусалмонон ба Мдина муҳоҷират карда буданд, дар ҳоле ки мушрикон мол ва дороии онҳоро гирфта буданд баҳси кӯмак ба ниёзмандон доғ буд ва мусалмонони тавоно ба инфоқу бахшиш аз моли худ ташвиқ мешуданд. Муҳоҷирон, ки на хона доштанд ва на шароити зиндагӣ, дар атрофи Рсули Худо (с) ҷамъ шуда буданд ва Расули Худо (с) аз инфоқҳо ва бахшишҳое, ки дигарон ба он Ҳазрат (с) мерасонданд ва он Ҳазрат (с) дар байни фуқаро тақсим мекард. Мунофиқон, ки диданд мусалмонон аз ин тариқ рӯзияшон мерасад ва дар канори ҳам зиндагии хуб доранд ва рӯз ба рӯз бо ҳам ба рӯшд ва таоли мерасанд. Мунофиқон, ки барои ҷомеаи исломӣ бисёр хатарнок буданд, ба қасди ихтилофпароканӣ ва таблиғ ва ташвиқ алайҳи мусалмонон ва ҷомеаи навпои исломӣ тавтиа карданд. Онҳо ба мусалмононе, ки аз тоифа ва наздикони онҳо буданд тавсия карданд, ки инфоқу бахшиш ба атрофиёни Расули Худо(с) накунанд:

«هُمُ الَّذِينَ يَقُولُونَ لا تُنْفِقُوا عَلى‏ مَنْ عِنْدَ رَسُولِ اللَّهِ حَتَّى يَنْفَضُّوا…»

“Онон касонеанд, ки мегӯянд: «Ба касоне, ки назди Паёмбари Худо ҳастанд, инфоқ накунед, то пароканда шаванд»,”

Мунофиқон ин матлабро хуб фаҳмиданд, ки инфоқу бахшиш дар ҷомеа ва кӯмак ба фуқаро ваҳдат ва дӯстӣ меоварад. Онҳо таҳаммули чунин ваҳдатеро надошатанд ва мехостанд бо ихтилофпароканӣ ин ваҳдатро аз байн бибаранд ва муҳаббат ва раҳматеро, ки дар ҷомеа густариш ёфта буд аз мӯъминон бигиранд.

Худованд дар идомаи оят ҳам парда аз чеҳраи ботили мунофиқон бардошт ва маҳкумашон кард ва ҳам як паём барои мӯъминон ва инфоқкунандагон медиҳад, то ин ки ба зеҳнашон наояд, ки Худо ба онҳо ниёзмнад аст:

«وَ لِلَّهِ خَزائِنُ السَّماواتِ وَ الْأَرْضِ وَ لكِنَّ الْمُنافِقِينَ لا يَفْقَهُونَ»

“Дар ҳоле ки хазинаҳои осмонҳо ва замин аз они Худост, валекин онҳо хуб намефаҳманд.“(Сураи Мунофиқон, ояти 7)

Агар инсон таваҷҷӯҳ надошта бошад ва ҳадафу ғарази инфоқро надонад ва надонад, ки қарор аст ба ӯ чи нафъе бирасонад, афкор ва боварҳояш ҳамон боварҳои мунофиқон мешавад, инфоқ на барои ӯ рушд меоварад ва на сӯд. Агар аз рӯи риё бошад амалҳои дигари инсонро ботил мекунад, чи бирасад ба ин ки рушд ва нафъе ҳосилаш шавад.

Худо намехоҳад, ки инсонҳо бо инфоқу бахшиш мардумро ба бандагии худ дароваранд ва бандагони Худо тамаллуқгӯи дигарон шаванд. Дар инфоқ бояд иззат ва обурӯи гирандаи он ба  таври комил ҳифз шавад.

Баъзе фикр мекунанд, ки агар ба фақир кӯмак мекунанд ва ниёзашро бароварда мекунанд, ҳарчанд минат мегӯзоранд савоби беҳисоб насибашон мешавад, ба хотири ин ки Худоро дар сахтиҳояш дастгирӣ кардаанд ва бандагонашро ёрӣ расондаанд. Агар ғараз ва ҳадафи инфоқ ба фуқароро мутаваҷеҳ набошем, инфоқамон залил кардани бандагони Худо аст ва ба фақир мегӯем ҳар вақт ки лозим доштӣ ба суроғӣ ман биё, туро бениёз мекунам ва инро ниҳояти эҳсон медонад, ки дар ҳақи бандагони Худо мекунад, вале ин дуруст нест ва ҳеҷ рушд ва савобе барои инсон надорад, балки зарару зиёнаш бештар аст.

Инсон бо инфоқ ва бахшише, ки мекунад, агар рафтори дуруст надошта бошад ва ҳадафи онро дуруст мутаваҷҷеҳ набошад ба ҷои ин ки, бандагонро бо инфоқ ба Худованд мутаваҷеҳ ва наздик кунад онҳоро аз Ӯ дур мекунад ва аз худ буте месозад, ки ҳар вақт бандаи Худо ниёз дошт ба ёди ӯ мефтад ва дар тангдастиҳо ба ҷои ёди Худо дар зеҳну фикраш инфоқкунандро  ёд мекунад. Ин инфоқ ҳарчанд дар тангдастӣ  ва гирифторӣ зиёд бошад, алоқа ва ҷойгоҳи инфоқкунандаро дар чашми фақир бештар мекунад ва дар ниҳоят ҳарҷо бишинад саногӯ ва ситоишгари ӯ мешавад. Бо ин равиш аз инфоқ Худо ба ҳадафи худ намерасад ва бандааш аз Худо дуртар мешавад.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед