На ситамгар бошед, на ситампазир!(қисмати дуюм)

0
113

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Дар баҳси гузашата гуфта шуд, ки Худованд дастур додааст, ки на золиму ситамгар бошед ва на мазлуму ситампазир. Ҳамчунин дар бахши аввал ба ин ки чаро зулм бад аст ва чаро Худованд онро манъ кардааст  баҳс шуд  ва дар ин бахш ба ин пурсиш посух дода мешавад, ки  чаро мазлум ҳам набошем ва нагузорем, ки дигарон ба мо зулму ситам кунанд? Дар бахши гузашта равшан шуд, ки Худованд золимони ситамгарро муҷозот ва азоб мекунад  ва интиқоми мазлумонро аз онҳо мегирад. Дар ин қисмат ба бахши “зулмпазир ва ситампазир набошед” пардохта мешавад.

Золимон аз пайравони худ рӯй мегардонанд

Ин ки Худованд аз зулмпазирӣ ҳам манъ кардааст, ба хотири он аст, ки зулмпазирӣ ҳам монеи рушди инсон мешаванд, ҳамон тавре ки гуфта шуд, золимон истеъдодҳои инсонро, ки метавонист ӯро ба Худованд наздик кунад, аз байн мебаранд ва аз ҳама муҳим ин ки вақте инсон гирифтор шуд, золимон аз онҳо дурӣ мекунанд ва табаррӣ меҷӯянд.

Худованд дар Қуръони Карим намунае аз онҳоро овардааст, ки ибрате бошад барои ҳамаи мусалмонон ва муваҳҳидон, ки бидонанд, золимон то рӯзе ки битавонанд аз онҳо баҳра мебаранд ва дар рӯзҳои сахт ва дар рӯзи қиёмат ҳамаи гуноҳро бар сари мазлумон мезананд, ки аз онҳо пайравӣ ва итоат кардаанд ва чаро аз қудрат ва ихтиёре, ки доштанд истифода накарданд онҳо  маҷбур набуданд, ки аз зулму ситами мо итоат кунанд. Худованд мефармояд:

إِذْ تَبَرَّأَ الَّذينَ اتُّبِعُوا مِنَ الَّذينَ اتَّبَعُوا وَ رَأَوُا الْعَذابَ وَ تَقَطَّعَتْ بِهِمُ الْأَسْبابُ؛  وَ قالَ الَّذينَ اتَّبَعُوا لَوْ أَنَّ لَنا كَرَّةً فَنَتَبَرَّأَ مِنْهُمْ كَما تَبَرَّؤُا مِنَّا كَذلِكَ يُريهِمُ اللَّهُ أَعْمالَهُمْ حَسَراتٍ عَلَيْهِمْ وَ ما هُمْ بِخارِجينَ مِنَ النَّارِ

    “Он гоҳ  касоне, ки пайравӣ карда шудаанд, аз касоне, ки [онҳоро] пайравӣ карданд, безорӣ ҷӯянд ва азобро мебинанд ва пайвандҳо аз миёнашон бурида мегардад. Ва касоне, ки пайравӣ кардаанд, гӯянд: «Кош барои мо бозгаште [ба дунё] буд, то аз онҳо безорӣ меҷӯстем  ҳамон гуна, ки онҳо аз мо безорӣ ҷӯстанд!» Ин чунин Худо амалҳои онҳоро ба сурати ҳасратҳое бар онҳо нишонашон медиҳад ва онҳо ҳаргиз аз оташ берун омаданӣ нестанд. (Сураи Бақара, ояти 166 ва167)

 Ин ки Худованд мефармояд  мазлум ҳам набошед,  ба хотири он аст, ки пешвоёни золим ва ситамгар аз шумо рӯй хоҳанд гардонд. Вақте ки шумо аз пешвои золим ва ситамгар пайрави кардед ва рӯзи қиёмат аз онҳо дархост кардед, ки шуморо растагор кунанд, онҳо эълон мекунанд, ки шуморо намешиносанд онҳо тамоми хушхидамтии шуморо фаромӯш мекунанд. Дар ин ҷо аст, ки ҳасратҳо бар дилҳо мемонад, ки чаро чунин шуд ва эй кош роҳ бошад, ки мо ба дунё баргардем ва аз ин пешвоёни ситамгар дурӣ ҷуста ва эъломи безорӣ кунем.

Золим бо хост ва иродаи худ дар торикӣ ба сар мебарад, аммо мазлум ҳам дар торикӣ ва дар канори золим аст, вале бидуни ирода ва хоҳишаш. Дар натиҷа ҳар ду  аз нури ҳақ дур мемонанд.

Чаро зулмпазирӣ ҳам наҳй шудааст? Ба хотири он ки инсонро Худованд бар асоси ҳадафе офаридааст ва дар ҷомеае, ки  золимон ва ситамгарон бошанд,  он ормон ва ҳадаф таҳақуқ нахоҳад ёфт ва инсонҳо ба сабаби зулму ситами эшон дар торикӣ ва зулмат  наметавонад ба он ормон ва ҳадафи илоҳӣ, ки бандагӣ ва итоати Худо  аст, бирасанд.

Баҳси золим ва мазлум баҳси анҷоми феъл ва тарки он аст, ки  золим  феъли золимона анҷом медиҳад ва аз ҳаду ҳуҳуди худ таҷовуз мекунад, аммо мазлумон тарки феъл мекунанд, яъне зери султаи онҳо мераванд ва тарки фармони Худоро карда ва   мавриди зулм қарор мегиранд.  Ҳар инсоне дар ҷомеа ва дар зиндагӣ дорои вазифа ва таклифест, ки  гоҳе вазифааш  анҷоми феъл ва дастуре аст, ки бояд онро анҷом диҳад  мисли намоз хондан рӯза гирифтан  ва гоҳе ҳам вазифааш тарки феъле аст, мисли напазируфтани зулми золимон.

Оқибати зулмпазирӣ дар ҳадисҳо

Ҳамон тавре ки аз зулму ситам кардан наҳй шудааст, аз пазируфтани он ҳам наҳй шудааст. Инсон набояд бигузорад, ки дигарон бар ӯ ситам кунанд. Дар инҷо ба чанд ҳадисе, ки аз зулмпазирӣ манъ мекунад, онҳоро меоварем ва тавзеҳу  шарҳ медиҳем.

Паёмбар (с) дар ҳадисе фармуданд  на танҳо  ки зулмпазир набошед, балки монеъи зулму ситам шавед ва дар баробари он сукут накунед:

«إنَّ النَّاسَ إذا رَأو الظّالِمَ فَلَم یَأخُذُو عَلی یَدَیه أوشَک أن یَعُمَّهُم الله بِعِقابٍ مِنهُ»

“Ҳангоме  ки мардум золим ва ситамгарро диданд, аммо дасти ӯро нагирифтанд (аз зулми он ҷилавгирӣ накарданд) бояд мунтазири азоби ҳамагонии Худованд бошанд” (Муснади Имом Аҳмад, ҷ 1, саҳ)

Ин ҳадис на танҳо аз зулмпазирӣ наҳй мекунад, балки ҳушдор медиҳад, ки дар муқобили зулми иҷтимоӣ, ки ҷомеаро фаро мегирад, биистед ва бо он мубориза кунед. Агар чунин накардед, он зулм домани шуморо ҳам мегирад. Зулм дар ҷомеа ҳамонанди оташест, ки дар як хонаи шаҳре равшан шавад ва  агар он оташ дар ҳамон хона хомӯш нашавад ва афроди ҷомеа нисбат ба он бетафовут бошанд, оташ ҳамаи шаҳрро фаро мегирад ва месӯзонад ва дар натиҷа хонаҳои он касоне, ки бетафовут буданро ҳам месӯзонад.

Зулму ситами иҷтимоӣ ҳам чунин аст, набояд гузошт, ки ба фард ё афроде дар ҷомеа зулм шавад ва дигарон бигӯянд ба мо чӣ? Ҳар вақт бар ман зулм карданд, дар муқобилашон меистам ва мубориза мекунам, вале ҳамон тавре ки гуфта шуд, вақте фарогир шуд дигар наметавон онро хомӯш кард ва монеаш шуд.

Дар ҳадисе аз Паёмбари Акрам (с) омадааст, ки аз кӯмак ба золим парҳез кунед.

«أهلُ الجَور وَ أعوانُهُم فِی النّارِ»

Ситамгарон ва касоне, ки онҳоро кӯмак мекунанд, дар ҷаҳаннаманд. (Мустадрак Ассаҳеҳайн, ҷ 4, саҳ 89)

Ва ҳамчунин дар ҷои дигар мефармоянд:

«مَن مشی مَع ظالِمٍ فَقَد أجرَمُ»

Ҳар касе, ки ситамгари золимро ҳамроҳӣ кунад муҷрим аст. (Канзулуммол, ҷ 6, саҳ85)

 Кӯмак ба золим ва ситамгар бо роҳҳои гуногун иттифоқ меафтад, гоҳе худи инсон дар сафи золимон аст, вале гоҳе бо ситампазирӣ онҳоро кӯмак мекунад. Дар муқобили зулму ситами онҳо сукут мекунад  ва онҳо ҷуръати бештар пайдо мекунанд ва нисбат ба дигарон ҳам зулму ситам мекунанд ва инро дар ҷомеа густариш медиҳанд. Ба ин хотир кӯмаккунандаи зулму ситам муҷрим ва ҷаҳаннамӣ ҳастанд.

Паёмбари Ислом (с) дар мавриди кӯмак ва ёрӣ кардани мазлум мефармоянд:

«إذا وُقِعَ فِی الرَّجُل وَ أنتَ فِی مَلإٍ فَکُن لِلرَّجُل ناصِراً وَ لِلقَوم زَاجِراً وَقُم عَنهُم»

Ҳангоме, ки касе дар рӯ ба рӯи чашми мардум мавриди ситам қарор мегирад, ӯро ёрӣ кун, қавмро аз ситам ба вай боз дор ва онҳоро тарк кун. (Канзулуммол, ҷ 3, саҳ586)

Ҳоло касе бигӯяд чӣ фойда дорад, ки дар муқобили золим доду фарёд кунем ва зулму ситами онро барои дигарон ошкор кунем ва барои худ дарди сарро бештар кунем? Касе ба доди мо намерасад ва ҷурм ва гуноҳ ҳам  назди золим сангинтар ва бештар мешавад. Дар посух ба ин тарзи фикр  Паёмабар (с) фармуданд:

«مَن دَعی عَلی مَن ظَلَمَه فَقَد انتَصَرَ»

Ҳар касе, ки бар ситамгари хеш оҳу нафрин кунад, кӯмак ва ёрӣ мешавад. (Сунани Тирмизӣ, ҷ 5, саҳ 214.)

Вақте ки ба шумо зулм шавад  сокит нанишинед, балки зулми он золимро ба гӯши мардум бирасонед, то ситамгарон расво шаванд ва мардум ба кӯмаку ёрии шумо биоянд, чаро ки золимон вақте бар қавм ва афроде зулм мекунанд таблиғ мекунанд, ки ин қавм ва ё афрод ҳақашон аст, на ин ки бар онҳо зулм мешавад, балки ҷурмеро анҷом додаанд ва  бар асоси қонун  муҷозот мешаванд. Ва ё вақте ки молу сарвати мазлумеро мегиранд мазлумонро гунаҳгор дониста ва худро ҳақ нишон медиҳанд. Пас инсон набояд сукут кунад, то золим бештар зулм кунад, балки ӯ вазифадор аст, ки аз зулму ситаме, ки бар ӯ ворид шудаастро ба гӯши дигарон бирасонад ва аз онҳо дархости кӯмак ва ёрӣ кунад.

Ҳоло саволи  дигар инҷо аст, ки агар шахсе ҳамаи талошашро кард ва зулми золимонро напазируфт,  онҳоро дар ҷомеа ба унвони золим муррифӣ кард, вале ба ҳақи худ нарасид ва золимон боз ҳам бар ӯ зулм карданд,  пас фоидаи ин ҳама талошу кушишаш чӣ мешавад?

Расули Худо (с) посухи ин саволро додаанд ва фармуданд:

«إنَّ المَظلُومِینَ هُم المُفلِحُونَ یَومَ القِیامَةِ»

Ситамдидагон ва мазлумони дунё дар рӯзи қиёмат растагорон ва саодатмандон ҳастанд. (Ҷомеуссағир, ҷ 1, саҳ 324)

Вақте мазлумон сокит нанишастанд ва бар зидди зулму ситам мубориза баранд,   агарчи ба ҳаққи худ нарасанд  ва касе ҳам ба кӯмаку ёрияш наомад чун талош кардаанд, Худованд дар рӯзи қиёмат онҳоро растагор ва саодатманд мегардонад.

Натиҷаи баҳс

Зулм накунед ва мазлум ҳам набошед, ситамгар ва ситампазир набошед. Ин як қоъида ва усул аст, ки аз оятҳои Қуръон ва ҳадисҳои Паёмбар (с) ба даст меояд. Матлаби дигар ин ки золимон дар торикӣ басар мебаранд ва монеъи нури илоҳӣ  ва ҳидояти он мешаванд ва инсон набояд дар зулму ситами онҳо худро гирифтор кунад. Аз ин ду мақола ин нукта ба даст меояд, ки ситамгарӣ ва ситампазирӣ ҳар ду гуноҳ аст ва инсон бояд ҳар дуи инҳоро аз худ дур кунад ва ситамгарӣ ва ситампазириро як маромнома ва усули зиндагӣ барои худ қарор надиҳад. Чаро ки тамоми гуноҳон зери парчами зулм анҷом мешавад.

Инсонҳо вазифадор ҳастанд, ки худро бо нур ва ҳидояти илоҳӣ васл кунанд, то гирифтори зулми золимон нашаванд ва набояд зулмпазир бошанд, то пешвоёни золимони ситамгар барномаҳои золимонаи худро бар сари онҳо иҷро кунанд. Ҳамон тавре ки дар оятҳо ва ҳадисҳо омадааст, инсон аввал ин ки набояд зулму ситамро бипазирад, дувуман ин ки бояд дар муқобили золимон биистад ва зулми онҳоро бар гӯши дигарон бирасонад ва ситамашонро ошкор кунад, севум ин ки агар муваффақ нашуд ва дигарон ба ёрияш наомаданд  Худованд подоши ӯро худ медиҳад.

На ситамгар бошед, на ситампазир!(қисмати аввал)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед