На ситамгар бошед, на ситампазир!(қисмати аввал)

0
132

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Инсони мӯъмин дар пазириши аҳкоми дин ва итоат аз Худованд бояд он гуна рафтор кунад, ки дин  ба ӯ дастур додааст. Ӯ набояд бахше аз дастуротро бипазирад ва бахши дигарро ба фаромӯшӣ супорад. Худованд вақте мефармояд на золим  ва на мазлум бошед ё мефармояд на ситамгар бошед ва на ситампазир, ҳар ду тарафи дастур ва наҳй аз ҷониби  Худованд аст. Пас як фарди мусалмон  бояд ҳар дуро бо ҳам анҷом диҳад, зеро дар ғайри ин ҳолат  ба фармони илоҳӣ бетавваҷӯҳӣ кардааст.  Худованди Мутаол  Бани Исроилро ба хотири чунин бедиқатӣ   мазаммат мекунад.  Унвони ин мақола  баёнгари ин аст, ки зулму ситам бад аст ва золимони ситамгар ҷаҳаннамӣ ҳастанд ва Қуръони Карим низ ба   он   таъкид кардааст. Аммо инҷо як савол ба миён меояд, ки  чи гуна мазлум набошем ва оё мо худамонро ҷабран мазлум мекунем? Яъне аз қудрати мо хориҷ аст? Як  шахси  масъул, ҳоким ва  корфармо феъли золимона анҷом додааст, ки  мо гирифтори зулму ситами ӯ шуда ва мазлум воқеъ шудаем. Пас чи гуна мешавад бидуни ин ки нақше дар мазулмияти худ дошта бошем ва ба хотири мазлум буданамон  нофармонии Худоро кардаем?

Ин мақола дар ду бахш ба ин пурсишҳо посух медиҳад,  дар бахши аввал ба унвони  “Золими ситамгар набошед” посух дода мешавад  ва дар қисмати дувум ба бахши дувуми он яъне “Зулмпазир ва ситампазир набошед” посух дода мешавад.

Ситамгар ва ситампазир

Ситамгарон ва ситампазирон ҳар ду монеи рушди инсонҳо дар ҷомеа мешаванд  ситамгар намегузорад, ки ҷомеа рушд кунад. Ситампазир сокит менишинад ва зулм бар сари ӯ иҷро мешавад,  бар ин асос ҳар ду монеи рушди ҷомеа  мешаванд, яке бо фаъолият ва ҳаракат ва дигари бо сукут ва бетафовутӣ. Худованд дар Қуръони Карим  мефармояд: на зулму ситам кунед ва на мазлуму ситампазир бошед.

لا تَظلِمُونَ و لا تُظلَمُونَ

          “На зулм мекунед ва на зулм мешавед”(Сураи Бақара, ояти 279)   

Худованд вақте мефармояд  зулму ситам накунед ва мазлуму ситампазир ҳам набошед, ба ин хотир аст, ки  зулм ба маънои торикӣ аст ва инсон набояд иҷозат диҳад, ки дигарон барои ӯ зиндагӣ ва дунёро торик кунанд. Золимони ситамгар дар торикӣ ба сар мебаранд,  чун бо фикру андешае, ки доранд дар торикӣ ҳастанд, дигаронро низ ба сӯи он даъват мекунанд. Зулмат ва зулм дар муқобили нуроният ва нур аст  ва кори золим даъват ба пазириши зулм аст, то замоне ки инсонҳо даъваташро напазируфта бошанд онҳо мувафақ бар зулму ситам  нахоҳанд шуд.

Худованд мефармояд  мӯъминон   аҳли нур ва равшанӣ ҳастанд:

اللَّهُ وَلِيُّ الَّذِينَ آمَنُوا يُخْرِجُهُمْ مِنَ الظُّلُمَاتِ إِلَى النُّورِ وَالَّذِينَ كَفَرُوا أَوْلِيَاؤُهُمُ الطَّاغُوتُ يُخْرِجُونَهُمْ مِنَ النُّورِ إِلَى الظُّلُمَاتِ أُولَئِكَ أَصْحَابُ النَّارِ هُمْ فِيهَا خَالِدُونَ

“ Худо сарпарасти касоне аст, ки имон овардаанд (ва) ӯ мӯъминонро аз торикиҳо ба суи нур меоварад ва касоне, ки кофир шудаанд сарпарасти онҳо золимони тоғутсифат мебошад, ки онҳоро аз нур ба сӯи торикиҳо меоваранд, онҳо худ ёрони оташанд, ки дар он ҷовидонанд” (Сураи Бақара, ояти 257)

Золим дар торикӣ  фурӯ рафтааст ва  нофаҳмӣ ва каҷфаҳмии он  ба хотири дар торикӣ  ва  зулмат будан  аст. Зулм бадтарин феъл ва хасоратовартарин чиз дар як ҷомеа аст, вақте мардуми ҷомеа зулмпазир шуданд ва дар муқобили золим ва ситамгар хомӯш нишастанд, рӯз ба рӯз зулму ситам бештару бештар мешавад, чаро ки золимон намехоҳанд, то як ҳадди зулму ситам кунанд ва баъд ақабнишинӣ кунанд ва иҷозат диҳанд, ки мардум ба зиндагии худ машғул бошанд. Онҳо баъд аз он ки  зулму ситами зиёд карданд, дилашон намесӯзад ва  аз он даст  барнамедоранд. Тамоми гуноҳон дар зери парчами зулму ситам парвариш дода мешавад ва он рӯз ба рӯз бузургу бузургтар мешавад.

Албатта баҳси мазлуми муқтадир фарқ мекунад ва ӯ  касест, ки ба ӯ зулм мекунанд, аммо ҳеҷ вақт зулми онҳоро намепазирад  ва дар ҷаҳони торик ва зулмонии золимон қарор намегирад. Онҳо касоне ҳастанд, ки худро дар зери нури раҳмати илоҳӣ қарор додаанд ва танҳо  сарпарастии Худоро пазируфтаанд.

Ҳар золиме,  ки ба дигарон зулм мекунад дар ҳақиқат ӯ   ба худаш зулм кардааст. Барои золим ду баробар иқоб ва азоб аст, аммо мазлум ҳам ки чунин шароитеро пазируфтааст,  низ муҷозот ва иқоб мешавад.

Вақте ба бародари диният зулм мешавад, вақте ба ҳамнавъат зулм мешавад ва ту сокиту бетараф ҳастӣ, ба навъе дар зулми  золим шарик мебошӣ  ва дар сафи золимон қарор мегирӣ.

Фиръавн аз  рӯзи аввал наомад ҳамаи бани Исроилро барда ва каниз кунад ва фарзандонашонро бикушад ва занонашонро барои истифода нигоҳ дорад, балки ба як гурӯҳ зулм кард, дигарон сокит нишастанду тамошо карданд,  гуфтанд ба мо чӣ?! Инҳо  ҳатман кори  хилофе кардаанд, ки ҷазояшро мебинанд.  Вақте дар миёнашон ихтилоф андохт  ва онҳоро гурӯҳ-гурӯҳ кард, онҳо  диқат  накарданд, ки Фиръавн аз ин роҳ мехоҳад онҳоро аз байн бибарад. Дар ниҳоят зулму ситами Фиръавн ҳамагир шуд ва ҳамаи бани Исроилро дар бар гирифт.

Оқибати зулм дар ҳадисҳои Паёмбар (с)

Дар инҷо чанд ҳадис аз Паёмбар(с)-ро ки дар мазаммат ва оқибати золимон ҳастандро меоварем ва тавзеҳ медиҳем, то ҷойгоҳи золимон ва оқибати шумашон барои хонандагон равшан шавад, то дар зиндагӣ нисбат ба дигарон зулм ва ситам раво надоранд.

Паёмбари Акрам (с) дар ҳадисе дар мавриди оқибати зулму ситам ба дигарон ҳушдор медиҳад ва мефармоянд:

إنَّ اللهَ تعالی یُعَذِّبُ یَومَ القِیامَةِ الّذین یُعَذِّبونَ النَّاسَ فِی الدُنیا

Худованди Мутаол дар рӯзи қиёмат касонеро, ки дар дунё мардумро азоб ва шиканҷа кардаанд, ҳатман азоб ва муҷозот хоҳад кард. (Саҳеҳ Муслим, ҷ 8, саҳ 32)

Золимон агар медонистанд, ки азоби ҷаҳаннам ва рӯзи қиёмат чӣ қадар сахт аст, ҳаргиз нисбат ба дигарон зулме раво намедоштанд. Азоби онҳо чанд баробар хоҳад буд,  ба ин  хотир, ки ҳам ба як инсон зулм карданд ва монеи зиндагии ӯ  шуданд ва ҳам аз фармони Худо сарпечӣ кардаанд.

Дар ҳадиси дигар аз Паёмбари Акрам (с), ки   он Ҳазрат дар бораи оқибати зулм ба дигарон мефармоянд:

«إِیَّاکُمْ وَ اَلظُّلْمَ فَإِنَّ اَلظُّلْمَ ظُلُمَاتٌ یَوْمَ اَلْقِیَامَةِ»

Аз зулм кардан дурӣ ҷӯед чаро, ки зулм боиси торикиҳо ва зулматҳои рӯзи қиёмат хоҳад шуд. (Муснади Имоми Аъзам/ китоби одоб/ саҳ 890 ҳ 466).

Ин ҳадис ба оқибат ва зиндагии душвори  золимон ишора  мекунад, то аз зулм кардан нисбат ба афроди заифтар аз худ даст бикашанд. Матлаби дигар ин ки ин ҳадис бо калимаи таъкид шурӯъ шудааст  ва он аҳаммияти чунин масъаларо мерасонад, ки шунавандагон бештар таваҷҷӯҳ дошта бошанд.

Дар ҳадиси дигар  аз Расули Худо (с)  нақл шуда аст, ки фармуданд:

«إتَّقُوا الظُلمَ فّانَّ الظُلمَ ظُلُمَاتُ یَومَ القِیمَةِ»

Аз зулму ситам парҳез ва дурӣ кунед чаро, ки зулм сабаб ва боиси торикиҳо дар рӯзи қиёмат хоҳад шуд. (Муснади Имом Аҳмад, ҷ 2, саҳ 105).

Ин ҳадис ҳам ҳушдор медиҳад,  ки зулму ситам накунед  ва сабаби бади  зулмро  ҳам баён мекунад, то инсонҳо ҳавос ва таваҷҷӯҳи худро бештар кунанд.

Расули Худо (с) боз дар мавриди парҳез аз ситамгарӣ фармуданд:

«أیُّهَا النَّاسُ اتَّقُو الله فَوَ الله لا یَظلِمُ مُؤمِنٌ مُؤمِناً إلَّا انتَقَم الله تَعالی مِنه یَومَ القِیامَةِ»

Эй мардум аз Худо битарсед ба Худо савганд, ки ҳеҷ мӯъмине ба мӯъмини дигар зулму ситам раво намедорад, магар онки дар рӯзи қиёмат Худованди Мутаол аз ӯ интиқом мегирад.(Канзулаъмол, ҷ 3,саҳ 503).

Ин ҳадис ба инсонҳо ҳушдор медиҳад ва ёдоварӣ мекунад, ки эй мардум зулму ситам накунед. Паёмбари Ислом (с) дар ин ҳадис ба номи ҷалолаи Аллоҳ қасам мехӯрад, ки ҳеҷ мӯъмине ба бародари мӯъмини худ зулму ситам намекунад, магар ин ки Худованд интиқоми онро аз он фарди золим дар рӯзи қиёмат мегирад. Пас ин ки гуфта шуд зулм накунед, ситамгар набошед, ба хотири он аст, ки рӯзе ҳатман ба хотири он зулм муҷозот ва гирифтори азоби илоҳӣ хоҳед шуд.

Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед