Мунофиқон монеи пешрафти ҷомеаи исломӣ(қисми аввал)

0
62

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Ҳангоме ки пешравӣ ва инқилобе дар ҷое рӯй медиҳад,  табиатан манфиати гурӯҳи ғоратгар ва худкома ба хатар меафтад. Онҳо аввал  аз роҳи муборизаи мусалаҳона ва  фишори иқтисодӣ кушиш мекунанд чунин инқилобро дарҳам бишкананд ва дуввуман аз роҳи таблиғ бар алайҳи чунин ҷомеа талош мекунанд, нуқсон ва камбудиҳои ҷомеаро бар зидди раҳбарони он ба кор баранд. Аммо ҳангоме ки ба мақсади хеш намерасанд ва ҳамчунин  нишонаҳои пирӯзии раҳбарони пок ва ростқавлро дарк мекунанд,  токтик ва равиши худро тағйир медиҳанд.

Онҳо дар  зоҳир таслим мешаванд, аммо дар воқеъ як гурӯҳи зерзаминии мухолифро ташкил медиҳанд. Дар фарҳанги Ислом ба чунин шахсон  ба хотири  ду чеҳра доштан “мунофиқ” ном гузошта шудааст. Хатарноктарин душманони башарият чунин афрод мебошанд, зеро мавқеи онҳо комилан мушаххас нест, то мардум онҳоро бишносанд ва аз худ дур кунанд. Онҳо дар миёни сафҳои мардуми пок ва ростқавл ва гоҳе дар мансабҳои  калидӣ барои расидан ба нияти нопокашон  машғули кор мешаванд. Аз садри Ислом то ба ин рӯз чунин шахсоне дар мансабҳои муҳим қарор гирифтаанд ва ҷомеаи Исломиро ба роҳи каҷ пеш бурдаанд.

Агар асли парокандагӣ  ва зиллати мусалмонони муосирро нуфуз ва султаи онҳо дар сарзаминҳои  исломӣ бигӯем сухани беҳудае  нагуфтаем. Бар ин асос барои ҳар мусалмон ва мӯъмини дилсӯз лозим аст, ки авалан бовар дошта бошанд, ки чунин афроде дар ҷомеа ҳастанд  ва дуввуман  онҳоро бишносанд ва  бо онҳо муборизаи беамон баранд, то ҷомеаи мусалмонон битавонад роҳи саодати дунё ва охиратро пеш гиранд.

Дар ин таҳқиқ кушиш мешавад  дар ҳадди тавон шинохте аз мунофиқон ва султаи онҳо бар мамолик ва ҷавомеи исломӣ бар асоси Қуръон ва ривоят тақдим гардад.

Нифоқ дар луғат ва истилоҳ

Калимаи нифоқ дар луғат аз решаи  “нафқ”  ба маънои тунел ё роҳи зерзаминӣ ё ба маънои лонаи муши саҳроӣ мебошад. ( Муфрадоти алфози Қуръон, Роғиби Исфаҳонӣ, саҳ 771)

Аммо нифоқ дар истилоҳ ба маънои ошкор  кардани хайр ва  пинҳон кардани шар аст. (Тафсири ибни Касир, Ибни Касири Дамишқӣ, ҷ 1, саҳ 48)   Роғиби Исфаҳонӣ нифоқро дар истилоҳ ба маънои  дохил шудан дар дин аз як дар ва хориҷ шудан аз дари дигар медонад.

Дар воқеъ мунофиқ касе аст, ки дар  фикр ва андешааш як чиз аст, вале дар забон чизи дигар мегӯяд. Эҳсосот ва муҳабаташон дар як самт аст ва зоҳирсозӣ ва худнамоияшон дар самти дигар. Дар дил Худоро қабул надоранд, вале дар зоҳир ва гуфторашон Худопараст ҳастанд.  Паёмбарро қабул надоранд, аммо дар зоҳир ба ӯ муҳаббат мекунанд. Дар кулл ба ҳамаи муқадасоти дин ингуна рафтор доранд. Бинобар ин нифоқ ҳамон  куфри дар зери пардааст. Мунофиқ яъне кофире, ки куфри худашро дар пушти парда махфӣ нигоҳ доштааст ва ҷомеаи  исломӣ ҳамеша аз чунин афрод зарба дидааст.

Нафйи султаи мунофиқон бар мусалмонон

Худованди Мутаол дар Қуръони Карим Паёмбари Акрам(с)-ро аз итоати мунофиқон ва кофирон наҳй фармудааст. Аз онҷо ки  Қуръони Карим Расули Худо(с)-ро улгӯ ва сармашқи зиндагӣ  барои тамоми мусалмонон қарор додааст, ин наҳйи илоҳӣ  шомили ҳоли ҳамаи  мусалмонон мешавад ва онҳо набояд аз мунофиқон пайравӣ кунанд.

یَأَیُّهَا النَّبِیِّ اتَّقِ اللهَ وَ لاَ تُطِعِ الکَافِرینَ و المُنَافِقِین، إِنَّ اللهَ کَانَ عَلِیماً حَکِیماً

“Эй Паёмбари[гиромӣ] ҳамеша Худотарс ва парҳезкор бош ва ҳаргиз тобеи назари кофирон ва мунофиқон набош, ки ҳамоно Худо доно ва ҳаким аст[ва ту бо ваҳйи илоҳӣ аз таълими дигарон бениёз ҳастӣ] (Сураи Аҳзоб, ояти1)

Муфассирони бузурги Ислом дар мавриди ин оят тафсирҳо ва бардоштҳои зиёде кардаанд, ки дар ин ҷо ду намуна аз онро баён хоҳем кард. Муфассири бузург Сайид Қутб дар тафсири ин оят мегӯяд:

«و کان توجیه الثانی هو النهی عن طاعة الکافرین و المنافقین، واتباع توجیههم أو اقتراحهم، والإستماع إلی رأیهم أو تحریضهم: «و لا تطع الکافرین و المنافقین»… و تقدیم هذا النهی علی الأمر باتباع وحی الله یوحی بأن ضغط الکافرین و المنافقین فی المدینة و ما حولها کان فی ذلک الوقت عنیفاً، فاقتضی هذا النهی عن اتباع آرائهم و توجیهاتهم، والخضوع لدفعهم و ضغطهم. ثم یبقی ذلک النهی قائماً فی کل بیئة و کل زمان، یحذر المؤمنین أن یتبعوا آراء الکافرین و المنافقین إطلاقاً، و فی أمر العقیدة و أمر التشریع و أمر التنظیم الإجتماعی بصفة خاصة. لیبقی منهجهم خالصاً لله، غیر مشوب بتوجیه من سواه.

و لا ینخدع أحد بما یکون عند الکافرین و المنافقین من ظاهر العلم و التجربة و الخبرة – کما یسوغ بعض المسلمین لأنفسهم فی فترات الضعف و الإنحراف – فإن الله هو العلیم الحکیم؛ و هو الذی إختار للمؤمنین منهجهم وفق علمه و حکمته : «إن الله کان علیماً حکیماً»… و ما عند البشر إلاَّ قشور، و إلاَّ قلیل

Далели дувум ин аст, ки Паёмбар ва мусалмононро аз роҳнамоӣ, иршод ва гуш додани рай,  назар ва тарғибу ташвиқи мунофиқон ва кофирон наҳй мекунад.  Муқаддам кардани феъли наҳй  аз ояти дуввум ишора ба ин дорад, ки фишори кофирон ва мунофиқон дар Мадина ва атрофи он дар он замон бисёр дардовар будааст. Яъне муқтазои ҳол ба хотири аҳаммияти масъала ин будааст, ки наҳй аз пайравӣ, назар ва роҳнамоиҳояшонро ва ҳамчунин сар фурӯд овардан дар муқобили эшонро муқаддам кардааст. Ин кор дар ҳар муҳите ва дар ҳар замоне чунин аст. Ҳамчунин мӯъминонро таъкид мекунад, ки пешниҳодҳо ва назари кофиронро напазиранд. Хусусан мӯъминон  дар ақида ва дар қонунгузорӣ ва дар эҷоди назм ва сару сомон  додан ба корҳои иҷтимоӣ аз кофирон ва мулнофиқон итоат ва пайравӣ накунанд. Ва бояд барномаи мӯъминон холисона бошад. Яъне  дар он иршод ва роҳнамоии шахсони мунофиқ ва кофир асаргузор набошад. Ҳеҷ кас набояд фиреби илм, таҷрибиёт ва иттилоотеро, ки кофирон ва мунофиқон дар зоҳир аз он бархӯдоранд, бихӯрад ва Худо аст, ки барои мӯъминон барномаашонро баробари илм ва ҳикмати худ интихоб кардааст.(Тафсири Физзилоли Қуръон, ҷ5, саҳ 282)

Аллома Муҳаммад Шафеи Усмонӣ дар зайли ин оят мегӯяд: Баъзе аз муфассирон фармудаанд ; агар чӣ дар ин оят мухотаб Паёмбар(с) мебошад, вале муроди оят гушзад кардани уммат аст, зеро он ҷаноб маъсум буданд ва  эҳтимоли тахаллуф аз ӯ имкон надорад. Аммо ин дастур ҳамчун як   қонун  барои кулли уммат аст. Бинобар ин барои гушзад кардани онҳо ин унвон шуд, ки Расули Худо(с)-ро хитоб намуд. Аҳаммият ва мазмуни оят инро мерасонад, ки ҳамаи уммати мусалмон шомили ин ҳукм мебошанд. (Тафсири маъорифи Қуръон, Муҳаммад Шафеи Усмонӣ, ҷ 11, саҳ 5)

Он чӣ аз ду тафсире, ки зайли ояти мазкур баён шуд, ин натиҷа ба даст меояд, ки  итоат накардани мунофиқон  махсуси замони Паёмбар(с) намебошад, балки он шомили ҳоли тамоми мусалмонони гузашта, ҳол ва оянда шуда ва  аз мусалмонон дар ҳар замон, макон ва шароит мехоҳад, ки зери султаи куффор ва мунофиқон нарафта ва худро залилу хор насозанд, чуноне ки дар замони ҳозир аксарияти мусалмонон дучори ин мусибат ва бало шудаанд. Дар идомаи баҳс ба душманиҳо ва зарар расондани  мунофиқон ба ҷомеаро мавриди баҳсу баррасӣ қарор хоҳем дод.

Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед