Муъҷизоти Паёмбари Ислом (с)

0
245

Ба номи Худованди бахшандаи  меҳрубон
Бахши дуввум
Нубуввати хосса
Муъҷизоти Паёмбари Ислом (с)

Мотуридиён монанди дигар мусалмонон муътақиданд, ки ҳазрати Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (с) тамоми вежагиҳои нубувватро дорад ва он ҳазрат ашрафи тамоми паёмбарон ва балки тамоми махлуқот аст. Ҳамон тавре, ки дар бахши аввал баён кардем муҳимтарин роҳ барои шинохти анбиё ва муҳимтарин меъёр барои пазириши иддиои нубувват, ироаи муъҷиза аз суи муддаъӣ аст. Ҳамаи  мотуридиён, муъҷизаро яке аз меъёрҳо, ё танҳо меъёри пазириши нубувват дониста ва ба лозим будан ва аҳамияти он таъкид кардаанд. Муъҷизоти пуршуморе низ бар нубуввати эшон далолат дорад, ки ба баъзе аз онҳо ишора менамоем.
 Мотуридиён бар ин боваранд, ки тибқи шаҳодати таърих ва ривоятҳои зиёд ва мутавотир, паёмбари гиромии Ислом(с) муъҷизоти зиёде дошт. Муъҷизоте, ки ба умури хориҷ аз вуҷуд ва ахлоқи Паёмбар (с) зикр кардаанд иборатанд аз: шаққулқамар, (дуним шудани моҳ) ҳаракати дарахт ба суӣ Паёмбар (с), сухан гуфтан ва салом кардани санг, ҷушидани об аз миёни ангуштонаш ва соя шудани абр бар сари Паёмбар (с) намунае аз муъҷизаҳои Расули Акрам (с) ҳастанд. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 202,204)
 Қурони Карим муъҷизаи ҷовиди Паёмбар (с)
Вуҷуди он ҳама муъҷиза, шакку тардиде дар ҳақонияти иддиъои Паёмбар (с) ва нубувваташ намегузорад. Бо вуҷуди ин, Паёмбар (с) муъҷизаи болотар ва муҳимтаре низ дорад, ки агар ҳеҷ як аз муъҷизаҳои дар боло гуфта ба дасти мо намерасид, ҳамин муъҷиза дар исботи рисолат ва ҳаққонияти Ӯ басанда буд, ин муъҷизаи Қурони Карим аст.
Қурони Карим дар муддати беш аз 20 сол бар Паёмбар (с) нозил шуд ва ҳамвора душманон, мушрикон ва мулҳидонро ба мубориза ва “таҳадди” (муборизаталабӣ) даъват кард. Мотуридиён бар ин боваранд, ки фасиҳон(олимон) ва балиғон(суханварон) бо вуҷӯди касрат ва шӯҳрат бо ниҳояти таъассуб ва тафохур(фахрфурушӣ) доштанашон натавонистанд бар ин муборизаталабии Қурони Карим, посӯх гӯянд ва сӯраи ҳамонанди он биёваранд. Дар ҳоле ки агар онҳо бар муборизаи Қуръон тавонманд буданд, бо ангезаҳои фаровон ба мубориза бармехостанд ва дар ин сӯрат, хабар ва гӯзориши муборизаи онҳо ба наслҳои баъд мерасид.(Баёзӣ, Ишорот-ул Муром, саҳ 318. Собунӣ, ал Бидоя минал Кифоя, саҳ 89)
Бар ин асос, Қурони Карим муъҷизаи ҷовиди Паёмбар (с) аст ва ҳамонгуна, ки дар асри ҳузӯри Паёмбар (с) фасиҳон ва балиғони араб натавонистанд ҳамонанди он биёранд, дар асри пас аз Паёмбар (с) то акнун ва то поёни дӯнё низ нахоҳанд тавонист чунин кунанд, зеро Қурони Карим мӯъҷизаи ҷовиди Паёмбар (с) ва аз ҷониби Худованди Азим аст. (Баздавӣ, Усулиддин, саҳ 220 Ломиши, ат тамҳид лиқавоиди ат тавҳид, саҳ 90)
 Навъҳои эъҷози Қурони Карим
Акнун бояд дид, ки Қурони  Карим аз чи ҷиҳат мӯъҷиза ба шумор меояд. Ба иборати дигар Қурони Карим чӣ вежагиҳое дорад, ки башар аз падид овардани китобе ҳамонанди он нотавон аст.
Аксари мотуридиён дар боби навъҳои эъҷози Қурони  Карим ба тафсил сухан нагуфтаанд ва танҳо ба ин ишора басанда кардаанд, ки Қурони  Карим бо назм ва маъно ва фасоҳат ва балоғати худ эъҷоз аст. (Баздавӣ, Усули дин, саҳ 220)
Аммо бархе дигар аз эшон аз ҷумла Абумансури Мотуридӣ, роҳҳе барои муъҷиза будани Қурони Карим баршуморидаанд, ки ба онҳо мепардозем.

  1. Эъҷоз дар назми Қурони Карим
     Қурони Карим  назми аҷиб ва латифе дорад ва бидуни ин ки дар он вожаи ғарибе, ки аз забони арабӣ хориҷ бошад, ба кор равад бо ширинтарин алфоз ва назми дилнишин мақсуди худро баён кардааст.
  1. Назм ва равиши воҳид
     Дар ҳоле ки Қурони Карим дар мудати беш аз 20 сол нозил шудааст вазн, равиш ва назми воҳиде дорад, ки бархе оятҳои он бархе дигарро тайид мекунад, дар ҳоле ки агар кори башар мебуд ихтилоф дар назм ва маъно дар он роҳ меёфт.
  1. Мувофиқат бо китобҳои пешини илоҳӣ
     Дар ҳоле  ки Қурони Карим матолиберо дар бораи китобҳои пешин аз ҷумла вуҷуди авсофи Паёмбар (с ) ва уммати Ӯ дар он китобҳо баён кардааст, ҳеҷ яке аз аҳли китоб ин матлабро рад ва инкор накардаанд ва ин амр гӯёи он аст, ки нозилкунандаи ҳамаи ин китобҳо, ки ҳамаро мувофиқи ҳам қарор додааст Худованд аст.
  1. Ахбори умматҳои собиқ
     Дар ҳоле ки Паёмбар (с) фарди уммӣ буд ва хондану навиштан намедонист ва низ ба шаҳодати тамоми касоне, ки Паёмбар (с) аз кӯдаки бо онҳо бузург шудааст ва бо уламои аҳли китоб рафту омаде надоштааст. Аммо ахбори умматҳои пешин дар Қурони Карим матраҳ шудаст ва ин амр гувоҳи он аст, ки Қурони Карим аз ҷониби Худованд аст.
  1. Хабар аз оянда Худованд дар Қурони Карим аз пирӯзиҳои Паёмбар (с) ва пазириши дини Ӯ аз сӯи мардӯм ба сӯрати гурӯҳӣ ва ахбори ғайбии дигаре ҳамчун, ғалабаи Рӯм бар Форс хабар додааст ва ончи Қурони Карим хабар дода воқеъ шудааст. (Абумансури Мотуридӣ, ат Тавҳид, саҳ 190 ва 194 -195)

Абумансури Мотуридӣ тамоми вуҷӯҳи болоро дар муъҷиза донистани Қурони Карим баён кардааст ба назар мерасад аз нигоҳи вай ва пайравони ӯ, ахбори ғайбии Паёмбар (с) чи ахбор аз умматҳои  гӯзашта ва чи ахбор аз ҳаводиси оянда, муҳимтарин ваҷҳи эъҷози Қурони Карим аст.
Чунон, ки Абумансури Мотуридӣ худ дар ҷои ба ин матлаб тасриҳ дорад. (Абумансури Мотуридӣ. Таъвилоти аҳли суннат, ҷ 1 саҳ 64)
Рисолати ҷаҳонии Паёмбар (с)
Тамоми мусалмонон муътақиданд рисолати Паёмбари гиромии Ислом (с) ба замон ва макон ва қавми хос маҳдуд набуда ва рисолаташ ҷаҳонӣ аст ва тамоми башар мукаллафанд, ки дини Исломро бипазиранд.
Мотуридиён барои исботи ҷаҳони будани Ислом ва рисолати Паёмбар (с) ба оятҳои Қурони Карим ва ахбори мутавотир аз Паёмбар (с) ва низ ба сирааш дар даъват аз мулӯк ва шоҳони ҷаҳон истинод мекунанд.
Дар оёти Қурони Карим Худованд ба Паёмбар (с) дастур медиҳад, ки:

قُلْ يَا أَيُّهَا النَّاسُ إِنِّي رَسُولُ اللَّهِ إِلَيْكُمْ جَمِيعًا

“Бигӯ: Эй мардум! Дар ҳақиқат, ман фиристодаи Худо ба сӯи ҳамаи шумо ҳастам”. (Сураи Аъроф, ояти 158)
Ва дар ҷои дигар мефармояд:

وَمَا أَرْسَلْنَاكَ إِلَّا كَافَّةً لِلنَّاسِ بَشِيرًا وَنَذِيرًا

“Ва туро ҷуз барои ҳамаи мардум, башоратдиҳанда ва ҳушдордиҳанда нафиристодем  валекин бештари мардум намедонанд”.  (Сураи Сабаъ, ояти 28)
Ва дар ояти дигар низ мефармояд:

هُوَ الَّذِی أَرْسَلَ رَسُولَهُ بِالْهُدی وَدِینِ الْحَقِّ لِیظْهِرَهُ عَلَی الدِّینِ کلِّهِ وَلَوْ کرِهَ الْمُشْرِکونَ

“Ӯ Зотест, ки Паёмбарашро бо ҳидоят ва дини ҳақ фиристод, то онро бар ҳамаи дин[-ҳо] пирӯз гардонад ва агарчи мушрикон нохушнуд шаванд”.  (Сураи Тавба, ояти 33)
Ҳамчунин Мотуридиён ба ахбори мутавотир аз Паёмбар (с) истинод мекунанд, ки Паёмбар (с) иддиъои беъсат ба сӯи тамоми ҷаҳониёнро доштааст. Афзун бар ин ки сираи қатъии  Паёмбар (с) дар даъват аз Касро ва Қайсар ва сарони қабилаҳои атрофи Мадина, ҷаҳони будани рисолати Паёмбар (с)-ро нишон медиҳад. (Собунӣ, ал Бидоя минал Кифоя, саҳ 94, Баёзӣ, Ишорот-ул Муром, саҳ 329)
Тибқи ончи дар боло зикр кардем дар нубуввати хосса, ки сухан аз Паёмбари Ислом (с) меравад ҳаммаи ончи паёмбарони гузашта доштаанд дар эшон ҷамъ шуда буд, аз он ҷумла муъҷизоти фаровони эшон, ки шаққулқамар, (дуним шудани моҳ) ҳаракати дарахт ба суӣ Паёмбар (с), сухан гуфтан ва салом кардани санг, ҷушидан об аз миёни ангуштонаш ва соя шудани абр бар сари Паёмбар (с) ва аз ҳаммаи инҳо муъҷизаи бузургтар Қурони Карим аст, ки баён кардем. Чӣ муъҷизаҳое Қурони Карим дорад? Эъҷоз дар назми Қурони Карим, назм ва равиши воҳид, мувофиқат бо китобҳои пешини илоҳӣ, Ахбори умматҳои собиқ, хабар аз оянда, ва…  ки то замони ҳозир ва то охири ин дунё муъҷизаи  Паёмбари Ислом(с), ки Қурони Карим аст идома дорад.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед