Масъалаҳои марбут ба афъоли Худованд(бахши севвум)

0
37

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Дидгоҳи мотуридиён дар бораи ҳидоят ва залолат

Яке аз масъалаҳо ва мавзӯъҳое, ки дар баҳси халқ кардани аъмол ва афъол матраҳ мешавад, масъалаи “ҳидоят ва залолат (гумроҳӣ)” аст. Сухан дар ин масъала дар бораи маънову мафҳум ва ҳақиқати ҳидоят ва залолат (гумроҳӣ) аст. Яъне ҳидоят ва залолат (гумроҳӣ) ба чӣ маъно ва мафҳум ба кор рафтааст? Ва оё ҷузъи афъоли илоҳӣ ҳастанд ё не?

Дар бораи мафҳум ва ҳақиқати ҳидоят ва залолат миёни мутакаллимон ва мактабҳои каломӣ ихтилофи назар вуҷуд дорад. Аз ҷумла мотуридиён ва муътазилиён дар ин замина ихтилоф доранд. Аз назари Муътазила ҳидоят ба маънои баён кардани тариқи саҳеҳ ва роҳи рост ва залолат(гумроҳӣ) ба маънои гумроҳ номидан  ё ҳукм кардан ба гумроҳии инсон аст, пас аз онки худ бо ихтиёри худ гумроҳиро баргузинад ва интихоб кунад. Аммо аз дидгоҳи мотуридиён “ҳидоят ва залолат (гумроҳӣ)” ба маънои халқ кардан ва офариниши ҳидоят ва залолат дар вуҷуди инсон аст.

Абумуъини Насафӣ, аз мутакаллимони машҳури Мотуридия дар баёни ҳақиқат ва маънову мафҳуми ҳидоят ва залолат мегӯяд:

“Бо собит шудани масъалаи халқ кардани афъол (яъне инки тамоми афъол махлуқи Худованди Мутаол ҳастанд), масъалаи ҳидоят ва залолат низ собит мешавад, зеро ҳақиқати ҳидоят, халқ кардан ва офариниши феъли ҳидоят аст ва залолат(гумроҳӣ) халқ кардан ва офаридани феъли залолат ва гумроҳӣ. Ин маъно ва мафҳуми сухани мо аст, ки мегӯем Худованд ҳар касеро бихоҳад ҳидоят мекунад ва ҳар касеро бихоҳад гумроҳ мекунад. Бинобар ин ҳидоят ба маънои баён кардани тариқи саҳеҳ ва роҳи дуруст нест, зеро ин (баён кардани тариқи саҳеҳ) барои тамоми бандагон вуҷуд дорад ва собит шудааст”. (Абумуъини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 337).

Абумуъини Насафӣ дар ин иборат ҳақиқат ва маънову мафҳуми ҳидоят ва залолатро ба равшанӣ баён кардааст, ки ҳамон “халқ кардан ва офаридани феъли ҳидоят ва залолат” аст. Вай инчунин дидгоҳи касонеро, ки ҳидоят ва залолатро ба маънои “баён кардани тариқи саҳеҳ ва роҳи дуруст” медонанд, рад мекунад.

Мотуридиён барои исботи дидгоҳи худ ба ояте аз Қуръони Карим истинод мекунанд, ки Худовани Мутаол хитоб ба Пайғамбари Акрам (с) мефармояд:

“إِنَّكَ لَا تَهْدِي مَنْ أَحْبَبْتَ وَلَكِنَّ اللَّهَ يَهْدِي مَن يَشَاءُ وَهُوَ أَعْلَمُ بِالْمُهْتَدِينَ ”

“Ту наметавонӣ касеро, ки дӯст дорӣ ҳидоят кунӣ, вале Худованд ҳар касеро бихоҳад ҳидоят мекунад ва Ӯ нисбат ба ҳидоятёфтагон огоҳтар аст”. (Сураи Қасас, ояти 56)

Мотуридиён мегӯянд дар ин ояти Қуръон, ҳидоятгарӣ аз Пайғамбари Акрам (с) нафй шудааст, дар ҳоле ки агар ҳидоят ба маънои баён кардани тариқи саҳеҳ ва роҳи дуруст бошад, нафй кардани он аз Пайғамбари Акрам (с) дуруст нест, зеро Пайғамбари Акрам (с) тариқи саҳеҳ ва роҳи дурустро ба ҳама, чӣ дӯст ва чӣ душман, баён карда буд.

Абумансури Мотуридӣ дар тафсири ояти:

 “إِنَّكَ لَا تَهْدِي مَنْ أَحْبَبْتَ وَلَكِنَّ اللَّهَ يَهْدِي مَن يَشَاءُ َ ”

(Сураи Қасас, ояти 56), баён медорад:

“Ин ояти Қуръон бар зидди ақидаи Муътазила (дар бораи ҳидоят аст, зеро онҳо (Муътазила) бар ин ақидаанд, ки дар ҳақиқат ҳидоят ба маънои баён кардани роҳи саҳеҳ ва роҳи дуруст аст. Аммо агар ҳидоят ба маънои баён кардани роҳи саҳеҳ мебуд, чуноне ки Муътазила ақида доранд, ҳатман Расули Худо (с) метавонист роҳи саҳеҳ ва дурустро баён кунад ва ҳатман ҳам баён кардааст.( Пас маълум мешавад, ки ақидаи Муътазила дар бораи ҳидоят саҳеҳ нест). (Абумансури Мотуридӣ, Таъвилоту аҳли ас-сунна, ҷ 8, саҳ 181 то 182 (Сураи Қасас, ояти 56))

Имом Мотуридӣ дар ин иборат мехоҳад баён кунад, ки ҳақиқати ҳидоят ба маънои баёни тариқи саҳеҳ ва роҳи дуруст нест, зеро агар ба маънои баёни тариқи саҳеҳ ва роҳи дуруст мебуд, ҳатман Расули Худо (с) тавоноии баёни онро дошт ва онро баён кардааст, дар ҳоле ки дар ин ояти Қуръон Худованди Мутаол ҳидоятро махсуси худ муаррифӣ кардааст. Пас маълум мешавад, ки ҳидоят ғайр аз баёни тариқи саҳеҳ ва роҳи дуруст аст.

Мотуридӣ дар идома менависад:

“Бар асоси ончи Худованди Мутаол ба Расулаш хабар медиҳад, Расули Худо (с) наметавонад ҳеҷ касро ҳидоят кунад, … Пас ин ояти Қуръон далолат бар ин мекунад, ки ҳидоят дар назди Худованд ғайр аз баёни роҳи саҳеҳ аст ва чизе аст, ки Худованд вақте онро ба бандаи худ ато мекунад, он шахс мӯъмин мегардад ва он тавфиқ, покӣ ва дурустӣ аст. Он (ҳидоят) чизе аст, ки Расули Худо (с) соҳиби эҷод кардан ва ба вуҷуд овардани он нест, балки танҳо соҳиб ва молики он Худованд аст”. (Абумансури Мотуридӣ, Таъвилоту аҳли ас-сунна, ҷ 8, саҳ 182 (Сураи Қасас, ояти 56)).

Имом Мотуридӣ ҳамчунин дар баёни маъно ва мафҳуми “залолат (гумроҳӣ)” мегӯяд:

“Аз назари мо сухани Худованд, ки мефармояд: “يُضِلُّ مَن يَشَاءُ” “(Худованд) ҳар касеро бихоҳад гумроҳ мекунад”. (Сураи Наҳл, ояти 93), ба ин маъно аст, ки Худованди Мутаол феъли залолат ва гумроҳиро халқ мекунад ва меофаринад, ё касеро гумроҳ мекунад, ки медонад ӯ худ роҳи залолат ва гумроҳиро бо ихтиёри худ интихоб кардааст ва аз роҳи ҳидоят рӯй баргардондааст”. (Абумансури Мотуридӣ, Таъвилоту аҳли ас-сунна, ҷ 6, саҳ 566 (Сураи Наҳл, ояти 93)).

Бинобар ин, аз назари мотуридиён, ҳидоят ва залолат(гумроҳӣ) агар ба маънои эҷод кардан ва халқ кардани ҳидоят ва залолат бошад, фақат ба Худованди Мутаол нисбат дода мешавад, аммо ҳидоят ба маънои “даъват ба ҳидоят” ба хотири сабаб ва васила будан, ба Қуръони Карим ва Пайғамбари Акрам (с) нисбат дода мешавад, чуноне ки залолат ба маънои “даъват ба залолату гумроҳӣ” ба хотири сабаб ва васила будан, ба Шайтон нисбат дода мешавад. (Нуриддини Собунӣ, Албидоя минал-кифоя, саҳ 137 то 138).

Натиҷа

Аз ончи баён гардид натиҷа гирифта мешавад, ки дар масъалаи “ҳидоят ва залолат” мотуридён ба ин ақида ҳастанд, ки ҳидоят ва залолат ба маънои “халқ кардан ва офаридани феъли ҳидоят ва залолат” аст ва он махсуси Худованди Мутаол аст. Лизо онҳо дидгоҳи касонеро, ки ҳидоят ва залолатро ба маънои “баён кардани тариқи саҳеҳ ва роҳи дуруст” медонанд, рад мекунанд. Албатта мотуридиён, ҳидоятро ба маънои “даъват ба ҳидоят” ба хотири сабаб ва васила будан, ба Қуръони Карим ва Пайғамбари Акрам (с) нисбат медиҳанд, чуноне ки залолатро ба маънои “даъват ба залолату гумроҳӣ” ба хотири сабаб ва васила будан, ба Шайтон нисбат медиҳанд.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед