Масъалаҳои марбут ба афъоли Худованд(бахши дуввум)

0
32

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Дидгоҳи мотуридиён дар бораи офариниши афъоли қабеҳ ва бад

Яке аз масъалаҳо ва мавзуъҳое, ки дар баҳси халқ кардани аъмол ва афъол матраҳ мешавад, масъалаи офариниш  ва халқ кардани афъоли қабеҳ, бад  ва шар аст. Сухан ва баҳс дар ин масъала он аст, ки агар Худованд холиқ ва офаринандаи тамоми корҳои инсон аст, вазъияти аъмол ва корҳои қабеҳ ва бади инсон монанди куфр, маъсиятҳо, гуноҳҳо, дуруғҳо ва монанди он, чӣ мешавад? Оё ин афъол ва корҳои қабеҳ ва бад ба Худованд нисбат дода мешаванд ё не?

Чуноне ки қаблтар баён гардид, тамоми мотуридиён бар шомил шудани хилқат ва офариниши Худованд бар тамоми аъмол аз ҷумла афъол ва корҳои ихтиёрии инсон таъкиди фаровон доранд ва хилқат ва офаринишро махсуси Худованди Мутаол медонанд, ҳарчанд инсон ва қудрати вайро низ дар содир кардани афъол ва корҳои ихтиёрии худ бетаъсир намедонанд.

Бар ин асос мотуридиён дар ин бора низ бар ин ақида ҳастанд, ки тамоми афъол ва корҳои инсон аз ҷумла афъол ва корҳои қабеҳ ва бади ӯ халқшуда ва офаридашудаи Худованд ҳастанд ва иродаи илоҳӣ шомили тамоми онҳо мешавад, аммо дар тавзеҳ ва табйини халқ ва офариниши аъмол ва корҳои қабеҳ ва бад мегӯянд: Аввалан  эҷод кардан ва халқ кардани феъли қабеҳ ва бад метавонад бар асоси ҳикмати илоҳӣ ва дорои ҳикмат бошад, дар ин сурат дигар он феъл ва кори қабеҳ ва бад наметавонад бошад, ҳарчанд мумкин аст инсон ба сабаби ҷаҳле, ки дорад натавонад онро бифаҳмад ва дарк кунад. Дуввуман  асл ва меъёру мелок дар нисбат додани умур ба Худованди Мутаол ин аст, ки ончи ки нисбат додани он, аз боби бузург доштану эҳтиром, шукру сипосгузорӣ ва баёни неъматҳои илоҳӣ бошад, ба Худованди нисбат дода мешавад, аммо ончи аз ин боб набошад, ба сабаби адаб ва эҳтиром ба даргоҳи Худованди Мутаол, ба Ӯ нисбат дода намешавад, ҳарчанд дар ҳақиқат халқшуда ва офаридашудаи Худованд ҳастанд. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 400 то 403. Мулло Алӣ Қорӣ, Шарҳу фиқҳил акбар, саҳ 106. Абумуъини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 291 то 297)

Абумансури Мотуридӣ дар ин замина мегӯяд: Тақдир ва муқаддар кардани маъсиятҳо ва шарҳо (бадиҳо) ва қазои онҳо (халқ кардани онҳо), аз тарафи Худованди Мутаол аст, зеро Худованд холиқи ҳама чиз аст, аммо феъли маъсият ва шар аз тарафи Худованд нест, балки мансуб ба инсонҳо аст. Вай сипас баён медорад, ки ба хотири адабу эҳтиром ва шукру сипос, шоиста нест, ки халқ кардан ва офариниши маъсият ба Худованд нисбат дода шавад, ҳарчанд Худованд раб ва холиқи ҳамаи ашёъ аст. Имом Мотуридӣ мегӯяд: Аз ҳеҷ мусалмоне зикр нашудааст, ки ба Худованд дуруғгӯ бигӯяд, балки мегӯянд тақдир ва муқаддар кардани хайру шар аз ҷониби Худованд аст ва муқаддар кардани шар, қабеҳ ва бад нест. Лизо намегӯем, ки куфр аз ҷониби Худованд аст ва ё гумроҳӣ аз ҷониби Худованд аст. Ҳамчунин намегӯем, ки Худованд соҳиби Шайтон ва Иблис аст ва ё Шайтон аз ҷониби Худованд аст, ба далели инки нисбат додани онҳо ба Худованд нописанд ва ношойист аст, ҳарчанд халқкунандаи онҳо Худованд аст.  (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 401 то 402)

Абумуъини Насафӣ бо баёни инки эҷод ва халқ кардани афъоли қабеҳ ва бад, қабеҳ нест менависад: “Бо далеле баён намудем, ки банда тавон ва қудрати эҷод кардан ва халқ карданро надорад ва ҷуз Худованди Мутаол ҳеҷ эҷодкунанда ва халқкунандае нест, ҳамчунин собит шудааст, ки Худованди Мутаол ҳаким аст ва кори ғайри ҳакимона ва беҳадаф анҷом намедиҳад. Сипас дар натиҷа, собит мешавад, ки эҷод кардан ва халқ кардани афъоли қабеҳ ва бад, қабеҳ нест ва дорои ҳикмат аст, ҳарчанд мумкин аст инсон ба ҳақиқати ҳикмати он ҷоҳил бошад ва ҳикмати онро надонад”. (Абумуъини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 292)

Абуляср Муҳаммади Баздавӣ яке аз мутакаллимони дигари мотуридӣ низ дар мавриди афъоли қабеҳ мегӯяд: “Аҳли суннати валҷамоат (Мотуридия) бар ин ақида ҳастанд, ки тамоми ҳодисаҳо ва падидаҳо, чи мавҷудот ва чи афъол, ҳама бо машият, ирода ва ҳукми Худованди Мутаол аст, чӣ хуб бошанд ва чӣ бад. Аммо агар хуб бошанд бо ризоят ва дӯст доштани Худованди Мутаол ҳастанд, вале бад бошанд бо ризоят ва дӯст доштани Худованди Мутаол нестанд”. (Муҳаммади Баздавӣ, Усули дин, саҳ 52)

Яке аз муҳаққиқони каломи Мотуридия дар тавсифи ақидаи Мотуридӣ дар бораи аъмоли қабеҳ мегӯяд: “Мотуридӣ аъмоли хайр ва шарро ҷузъи махлуқоти Худованд медонад ва дар ҳақиқат Худованд аст, ки аъмоли инсон, чи нек ва чи бад мутааллиқ ба ирода ва тақдири Ӯ аст”. (Аюбалӣ Бангалодешӣ, Таърихи фалсафа дар Ислом, саҳ 376 то 377 (мақолаи Мотуридия))

Нависандаи дигаре дар ин маврид менависад: “Мотуридӣ дар мавзӯи қазо ва қадар бо Ашъарӣ мухолиф аст ва мегӯяд, аъмоли бади одамӣ агарчи бо иродаи Худованд аст, вале бо майл ва ризояти Худованд нест.” (Петрушефскӣ, Ислом дар Эрон, саҳ 234)

Натиҷа

Аз суханони Абумансири Мотуридӣ ва дигар мотуридиён дар мавриди халқи афъол ва корҳои қабеҳ чанд нуктаро метавон ба даст овард:

1- Эҷод кардан ва халқ кардан махсуси Худованд аст.

2- Афъол ва корҳои қабеҳ ва бади инсон низ феъли Худованд аст, зеро ҳамаи ашёъ ва афъол махлуқи Худованд аст, чӣ хайр бошад ва чӣ шар.

3- Афъоли қабеҳ бар асоси ҳикмати илоҳӣ офарида шудааст, чун Худованд ҳаким аст ва кори ғайри ҳакимона анҷом намедиҳад, аммо мумкин аст инсонҳо ҳикмати онро дарк накунанд.

4- Эҷод кардан  ва халқ кардани афъоли қабеҳ ва бад, қабеҳ нест.

5- Ҳарчанд тамоми афъол ва корҳои қабеҳ ва бади инсон, феъл ва махлуқ ва офаридаи  Худованд ҳастанд, аммо ба хотири эҳтирому адаб ва шукру сипосгузорӣ ба даргоҳи илоҳӣ, шойиста нест ин афъол ба Худованд нисбат дода шавад.

6- Аъмол ва корҳои қабеҳ ва бади инсон  бо ирода ва хости Худованди Мутаол ҳастанд, вале бо ризоят ва дӯст доштани Худованд нестанд.

Масъалаҳои марбут ба афъоли Худованд(бахши аввал)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед