Масъалаҳои марбут ба афъоли Худованд(бахши чаҳорум)

0
47

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Дидгоҳи мотуридиён дар бораи ризқ

Яке дигар аз масъалаҳо ва мавзуъҳое, ки дар баҳси халқ кардани аъмол ва афъол матраҳ мешавад, масъалаи “ризқ” аст. Сухан ва баҳс дар ин масъала он аст, ки оё ризқ фақат умури ҳалолро дар бар мегирад ё илова бар умури ҳалол, умури ҳаромро низ дар бар мегирад ва умури ҳаром низ ризқ ҳастанд? Ба иборати дигар, оё ризқ фақат умури ҳалолро шомил мешавад, ё шомили умури ҳаром низ мешавад?

“Ризқ”, ки ҷамъи он “арзоқ(ризқҳо)” аст, аз назари луғат ба маънои чизе аст, ки аз он манфиат ва фоидае ҳосил мешавад. (Ибни Манзур, Лисонул араб, ҷ 10, саҳ 115). Аммо аз назари истилоҳи каломӣ ҳар кадом фирқаҳои каломӣ ризқро бар асоси дидгоҳи худ маъно кардаанд.

Дар ин масъала, Муътазила бар ин ақида ҳастанд, ки ризқ фақат умури ҳалолро дар бар мегирад ва умури ҳаромро шомил намешавад. Онҳо дар таъриф ва маънои “ризқ” моликият ва соҳиб буданро шарт медонанд. Яъне умуре, ки инсон аз онҳо истифода мебарад, дар сурате ризқ ба ҳисоб меояд, ки инсон молик ва соҳиби он бошад ва агар инсон аз чизҳое истифода кунад, ки молик ва соҳиби он набошад, он чиз ризқ ба ҳисоб намеояд. Бар асоси дидгоҳи онҳо мумкин аст инсон битавонад аз ризқе, ки Худованди Мутаол барои шихси дигаре қарор додааст ва таъйин кардааст истифода кунад ва фоида барад ва он шахсро аз расидан ба ризқе, ки барои ӯ қарор дода шудааст, манъ кунад.

Муътазила дар таърифи истилоҳии ризқ мегӯяд: Ризқ ба маънои чизе аст, ки дорои манфиъати дунёӣ ё охиратӣ барои соҳибаш бошад, бо ин шарт, ки шахси дигаре натавонад монеъи он шавад.

Қозӣ Абдуҷаббор аз олимони бузурги Муътазила дар бораи ҳақиқати ризқ мегӯяд: “Бидон дар ҳақиқат ризқ ҳамон чизе аст, ки аз он нафъ бурда мешавад ва шахси дигаре наметавонад аз он манъ кунад, ба ҳамин хотир фарқ намекунад, ки ризқи додашуда ҳайвон бошад ё инсон”.  (Қозӣ Абдуҷаббор, Шарҳул усулули хамса, саҳ 784)

Абумуъини Насафӣ дар тавзеҳи ақидаи Муътазила мегӯяд: “ Назари Муътазила ин аст, ки ҳаром ризқ ба ҳисоб намеояд, зеро ризқ ба маънои моликият ва соҳиб будан аст, ҳар чанд мумкин аст инсон битавонад ризқеро, ки Худованди Мутаол барои дигарӣ қарор додааст, бихӯрад ва он шахсро аз расидан ба ризқе, ки барои ӯ қарор дода шудааст, манъ кунад”. (Абумуъини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 310. Абумуъини Насафӣ, Табсиратул адилла, ҷ 2, саҳ 947)

Аммо мотуридиён дар ин масъала бар ин назаранд, ки “ризқ” шомили ҳалол ва ҳаром мешавад ва ҳар дуро дар бар мегирад ва ҳалолу ҳаром ҳар ду ризқ ҳастанд. Яъне ҳар касе ҳар чизе мехӯрад, чи ҳалол бошад ва чи ҳаром, ризқи худро мехӯрад.

Абумуъини Насафӣ, аз донишмандони бузурги Мотуридия бо баён ва рад кардани назарияи Муътазила дар мавриди ризқ, дар тавзеҳи ақидаи худ мегӯяд: “(Дидгоҳи муътазила) ботил аст, балки умури ҳаром низ ризқ аст ва ҳар чизе, ки инсон аз он истифода мебарад ризқи ӯ аст, чи ҳалол бошад ва чи ҳаром. Тасаввур намешавад, ки инсон ризқи худро нахӯрад, ё ризқи шахси дигареро бихӯрад, ё ғайри ризқи худро бихӯрад. Ризқ ба маънои ғизо (хурду хӯрок) аст. … Ҳамон гуна ки мумкин аст инсон ба воситаи умури ҳалол тағзия кунад(хурду хӯрок кунад), мумкин аст ба воситаи умури ҳаром ҳам тағзия кунад”. (Абумуъини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 310 то 311)

Мотуридён барои исботи дидгоҳ ва назари худ, ба маънои луғавии ризқ, ки онро ба маънои “ғизо ва хурду хӯрок ва ҳар чизе, ки мавриди истифода қарор мегирад” медонанд, истинод мекунанд. (Абумуъини Насафӣ, Табсиратул адилла, ҷ 2, саҳ 947 то 948. Абумуъини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 310 то 311)

Онҳо ҳамчунин барои исботи дидгоҳи худ ба ояти Қуръони Карим истинод мекунанд, ки Худованди Мутаол мефармояд:

“وَمَا مِن دَآبَّةٍ فِي الأَرْضِ إِلاَّ عَلَى اللّهِ رِزْقُهَا ”

“Ҳеҷ ҷунбандае дар замин нест, магар инки ризқи ӯ бар Худо аст”. (Сураи Ҳӯд, ояти 6)

Онҳо мегӯянд, ки “ризқ” ҳар чанд муштараки лафзӣ аст (яъне калимае аст, ки дорои чанд маъно аст ва дар чанд маъно ба кор меравад) ва ба маънои ғизо ва хурду хӯрок ва ба маънои моликият ва соҳиб будан аст, аммо маънои аслии он ғизо ва хурду хӯрок аст ва ғизо ва хурду хӯрок ҳам метавонад ҳалол бошад ва ҳам ҳаром.

Бар асоси ин ояти Қуръони Карим Худованд ваъда додааст, ки ҳар ҷунбандаеро ризқу рузӣ медиҳад. Ҳоло фарз кунед як инсоне дар тӯли умри худ як ё чанд мартаба моли ҳаром хурд ва аз моли ҳаром истифода кард, оё метавон гуфт, ки ӯ аз ризқи Худованд истифода накардааст? Қатъан ҷавоб манфӣ аст. Хусусан дар мавриди афроде, ки дар тамоми умри худ аз моли ҳаром истифода кардаанд. (Абумуъини Насафӣ, Табсиратул адилла, ҷ 2, саҳ 947 то 948. Абусанои Ломишӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 106)

Онҳо ҳамчунин барои исботи назари худ боз ба ҳамин ояти дар боло зикршуда истидлол мекунанд ва мегӯянд: Ризқ дар ин ояти Қуръон ба маънои ғизо ва хурду хӯрок аст ва наметавонад ба маънои моликият ва соҳиб будан бошад, зеро мафҳуми моликият (соҳиб будан) дар бораи ғайри инсонҳо қобили тасаввур нест ва маъно надорад. Дар ҳоле ки дар ин ояти Қуръон ризқу рӯзӣ барои тамоми ҷунбандаҳо тазмин шудааст, чи молик ва соҳиби он бошад ва чи набошад. (Абумуъини Насафӣ, Табсиратул адилла, ҷ 2, саҳ 947 то 948. Абусанои Ломишӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 106)

Насафӣ дар китоби дигари худ мегӯяд: Агар ризқ фақат ба маънои моликият ва соҳиб будан бошад, на ба маънои ғизо ва хӯрок, дар ин сурат мумкин нест тасаввур шавад Худованд чизеро, ки дар мавриди ӯ моликият собит нест, ризқ диҳад. Агар чунин бошад, сухани Худованд, ки мефармояд: “وَمَا مِن دَآبَّةٍ فِي الأَرْضِ إِلاَّ عَلَى اللّهِ رِزْقُهَا ” (Сураи Ҳӯд, ояти 6), бемаъно ва беҳуда мешавад, дар ҳоле ки ҳеҷ мусалмоне чунин суханеро ба забон намеоварад ва Худованди Мутаол аз он поку муназзаҳ аст. (Абумуъини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 312)

Лизо аз назари мотуридиён, ризқи илоҳӣ ҳалол ва ҳаромро дар бар мегирад ва ҳар ду ризқ ҳастанд. Ҳало дар инҷо масъалаи дигаре пеш меояд ва он ин аст, ки агар ҳаром ризқи илоҳӣ аст, пас набояд инсон ба хотири хурдани он азоб шавад.

Мотуридиён барои ҳалли ин масъала мегӯянд: Азоб ва иқоби инсон ба хотири анҷом додани сабаби ризқи ҳаром аст, яъне ба хотири анҷоми кор ва феъле аст, ки ба сабаби он ризқи ҳаром ба даст меояд, зеро Худованди Мутаол аз тарафе ба сурати куллӣ(ҳалол ва ҳаром) ба ин инсон ваъдаи ризқ додааст, аз тарафи дигар ба ӯ дастур додааст то аз роҳи ҳалол дар паи ба даст овардани ризқи худ бошад ва ризқи худро ба даст оварад, чуноне ки Худованди Мутаол мефармояд:

“يَا أَيُّهَا النَّاسُ كُلُواْ مِمَّا فِي الأَرْضِ حَلاَلاً طَيِّباً ”

“Эй мардум, аз ончи дар замин аст, ҳалол ва покиза бихӯред”. (Сураи Бақара, ояти 168)

Ҳоло агар инсон аз роҳи ҳаром дар паи ба даст овардани ризқи худ баромад, Худованд аз ҳамон роҳ ризқи ӯро медиҳад, аммо ба хотири мухолифат бо дастури Худованд ва истифодаи нодуруст аз ихтиёраш ӯро азоб ва иқоб хоҳад кард. (Нуриддини Собунӣ, Албидоя минал-кифоя, саҳ 131).

Натиҷа

Бинобар ин, аз ончи баён гардид натиҷа гирифта мешавад, ки мотуридиён муътақиданд, ки “ризқ” шомили ҳалол ва ҳаром мешавад ва ҳалолу ҳаром ҳар ду ризқи илоҳӣ ҳастанд. Онҳо дар посух ба ин савол, ки агар ҳаром ҳам ризқи илоҳӣ аст, пас набояд инсон ба хотири хурдани он азоб шавад, мегӯянд: Азоб ва иқоби инсон ба хотири анҷоми кор ва феъле аст, ки ба сабаби он ризқи ҳаром ба даст меояд.

Масъалаҳои марбут ба афъоли Худованд(бахши севвум)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед