Масъалаҳои марбут ба афъоли Худованд(бахши аввал)

0
135

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

“Таклифи мо ло ютоқ” аз назари мотуридиён

Яке аз масъалаҳое, ки дар илми каломи исломӣ мавриди баҳс ва баррасӣ қарор мегирад ва мутакаллимон онро мавриди таҳқиқ қарор медиҳанд, масъалаи “таклифи мо ло ютоқ” (تَکْلیفِ مالایطاق) аст. “Таклифи мо ло ютоқ”, яъне таклифи хориҷ аз тавоноӣ ва қудрати инсон, яъне таклифи инсон ба чизе, ки дар тавон ва қудрати ӯ нест.

“Таклифи мо ло ютоқ” (تَکْلیفِ مالایطاق) дар истилоҳи илми калом ба маънои фарз ва воҷиб кардани таклиф аз сӯи Худованди Мутаол бар шахсе аст, ки тавоноии анҷом додани онро надорад. Ба иборати дигар “таклифи мо ло ютоқ” ба ин маъно аст, ки Худованди Мутаол бандаашро ба феъле таклиф созад ва дастур диҳад, ки қодир ба анҷом додани он нест.

Савол ва баҳс дар ин масъала ин аст, ки оё Худованди Мутаол инсонро чунин таклифе мекунад ва ӯро барои тарки он азоб ва иқоб мекунад? Дар ин масъала миёни мутакаллимони исломӣ ва мактабҳои каломӣ ихтилофи назар вуҷуд дорад. Бархе аз мутакаллимони исломӣ монанди Ашоира чунин таклиферо аз ҷониби Худованд мумкин медонанд. (Абулҳасани Ашъарӣ, Ал-ибона ан усули-диёна, саҳ 50 то 51) Аммо дар муқобил, бархе дигар аз мутакаллимони исломӣ монанди Муътазила муътақиданд, ки чунин таклифе аз назари ақлӣ мумкин нест ва чунин феъле аз ҷониби Худованди Мутаол маҳол аст.

Бояд зикр кард, ки доварӣ дар ин масъала, ба ақида ва бовари мутакаллимон бар масъалаи ҳусну қубҳи ақлӣ бармегардад. Муътазила чун ба ҳусну қубҳи ақлӣ муътақиданд, ин гуна таклифро аз назари ақл қабеҳ ва маҳол медонанд ва содир шудани онро аз ҷониби Худованд ҷоиз намедонанд. Аммо Ашоира чун ба ҳусну қубҳи ақлӣ эътиқод надоранд, бар ин боваранд, ки аз Худованд ҳар коре аз ҷумла “таклифи мо ло ютоқ” метавонад содир шавад.

Аммо ҳадафи аслии мо дар ин мақола ва навишта он аст, ки дидгоҳ ва назари мотуридиён ва тарфдорони мактаби каломии Мотуридияро дар масъалаи “таклифи мо ло ютоқ”( таклифи хориҷ аз тавоноӣ ва қудрати инсон) баён намоем. Оё мотуридиён таклифи хориҷ аз қудрат ва тавони инсонро аз ҷониби Худованди Мутаол ҷоизу мумкин медонанд ё маҳолу ғайримумкин?

Мотуридиён чун ба ҳусну қубҳи ақлӣ эътиқод ва бовар доранд, муътақиданд, ки таклифи инсон ба чизе, ки дар тавон ва қудрати ӯ нест, маҳол ва номумкин аст ва чунин феъле аз Худованд сар намезанад, зеро ин бо ҳикмати илоҳӣ носозгор аст.

Нуриддини Собунӣ, яке аз мутакаллимони мотуридӣ барои маҳол будани “таклифи мо ло ютоқ” чунин истидлол мекунад: Таклифи шахси оҷиз ва нотавон, мухолифи ҳикмат аст ва онро наметавон ба Худованди Ҳаким нисбат дод, зеро таклиф ва дастур додан як навъ илзом кардан ва маҷбур кардан аст, ки фоил ва анҷомдиҳанда агар ба он илзом ва иҷбор пойбанд бошад ва онро анҷом диҳад, подош ва савоб дарёфт мекунад ва агар аз он итоат накунад ва онро анҷом надиҳад, гирифтори азоб ва иқоб хоҳад шуд, дар ҳоле ки чунин чизе дар бораи шахси оҷиз ва нотавон қобили тасаввур нест. (Нуриддини Собунӣ, Албидоя минал-кифоя, саҳ 118. Мулло Алӣ Қорӣ, Шарҳул фиқҳил акбар, саҳ 123)

Аз суханон ва навиштаҳои имом Абумансури Мотуридӣ низ метавон маҳол будани “таклифи мо ло ютоқ”-ро ба даст овар. Вай қудрат ва иститоатро ба ду қисм тақсим мекунад, яке иститоати аҳволу асбоб ва дигарӣ иститоати феъл. Ӯ муътақид аст аввалан, тамоми таклифҳои шаръӣ ва илоҳӣ бар қудрат ва иститоати асбоб ва аҳвол бино шудаанд ва ин иститоат низ бар феъл муқаддам аст. Дуввуман, дар сурате, ки ин қудрат ва иститоат аз ибтидо дар итиёри инсон қарор нагирифта бошад, “таклифи мо ло ютоқ” ҷоиз нест. Аммо агар ин қудрат ва иститоат ибтидо дар ихтиёри бандагон қарор гирифта бошад ва худи бандагон онро аз байн бурда бошанд ва дар корҳои дигар истифода карда бошанд, дар ин сурат “таклифи мо ло ютоқ” ҷоиз аст, албата ин таклиф “таклифи мо ло ютоқ” нест. (Абумансури Мотуридӣ, Таъвилоту аҳли ас-сунна, ҷ 2, саҳ 291 то 292. Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 351)

Чуноне ки мулоҳиза мешавад, имом Мотуридӣ қудрат ва иститоатро ба ду қисм иститоати аҳвол ва асбоб ва иститоати феъл тақсим кардааст ва ончи ки марбут ба таклифи инсон аст, иститоати аҳвол ва асбоб аст ва он ҳам муқаддам бар феъл ва қабл аз феъл аст. Лизо шахси мукаллаф (таклифшуда) қабл аз анҷоми таклиф дорои қудрат ва тавоноӣ аст. Бинобар ин, дар ин сурат “таклифи мо ло ютоқ” вуҷуд надорад.

Аз ин ҷиҳат ончи имом Мотуридӣ ҷоиз шумурдааст “таклифи мо ло ютоқ” нест, чуноне ки худи вай ҳам дар охири сухан ин матлабро ошкоро баён мекунад, ки ин “таклифи мо ло ютоқ” нест, зеро шахс замоне ки таклиф ба уҳдааш будааст, қудрат ва тавоноӣ дошта, аммо аз қудрати худ истифода накарда ва онро дар корҳои дигар ба кор бурдааст. Дар ҳоле ки баҳс ва сухан дар масъалаи “таклифи мо ло ютоқ” дар ҷое аст, ки шахси мукаллаф аз аввал тавоноӣ ва қудрат надорад ва дар ин сурат маҳол аст, ки таклиф ба уҳдаи ӯ қарор бигирад. На инки аз аввал қудрат доштааст ва худи ӯ қудрат ва тавоноии худро аз байн бурда бошад. Бинобар ин, метавон гуфт Абумансури Мотуридӣ “таклифи мо ло ютоқ”  (таклифи хориҷ аз тавоноии инсонро) аз ҷониби Худованд маҳол медонад.

Муҳаққиқон ва донишмандони муосир, ки дар бораи ақидаҳо ва назарияҳои каломии Абумансури Мотуридӣ ва Абулҳасани Ашъарӣ таҳқиқ кардаанд, яке аз баҳсҳои ихтилофӣ миёни ин ду шахсиятро масъалаи “таклифи мо ло ютоқ” унвон кардаанд, ки Ашъарӣ онро ҷоиз ва мумкин медонад, вале Мотуридӣ онро маҳол мешуморад.

Аз миёни мутакаллимони Мотуридия танҳо Абуляср Муҳаммади Баздавӣ аст, ки “таклифи мо ло ютоқ”-ро маҳол намедонад, ҳар чанд вай ҳам ба ошкоро баён медорад, ки “таклифи мо ло ютоқ” ҳаргиз аз ҷониби Худованди Мутаол анҷом нагирифтааст. Вай дар ин маврид мегӯяд:

“Умуми аҳли суннати вал-ҷамоат бар ин ақида ҳастанд, ки ҳеҷ кас ба чизе, ки тавони онро надорад, мукаллаф нашудааст… . Пас агар аз мо бипурсанд оё маҳол аст, ки Худованди Мутаол бандагонро ба чизе, ки дар тавонашон нест таклиф кунад. Дар посух хоҳем гуфт: Моро ниёзе ба посух гуфтан ба ин пурсиш нест. Сипас мегӯем: Маҳол нест, зеро дар ривояте омадааст, ки рӯзи қиёмат шахси нақошро меоваранд ва ду адад ҷав ҳам меоваранд ва вайро мукаллаф месозанд, ки дар он ду донаи ҷав тасвир бикашад ва ин “таклифи мо ло ютоқ” аст”.  (Абуляср Муҳаммади Баздавӣ, Усули дин, саҳ 128)

Дар посухи ба истидлоли Баздавӣ метавон гуфт, ки ин ривоят марбут ба қиёмат аст ва дар онҷо таклиф вуҷуд надорад ва асосан олами дунё, олами барзах ва олами қиёмат ҳар як кадом хосиятҳои хосси худро дорад.

Бинобар ин аз ончи баён гардид натиҷа гирифта мешавад, ки дар масъалаи “таклифи мо ло ютоқ” миёни мутакаллимони исломӣ ихтилофи назар вуҷуд дорад. Бархе аз мутакаллимони исломӣ чунин таклиферо аз ҷониби Худованд мумкин медонанд. Аммо дар муқобил, бархе дигар аз мутакаллимони исломӣ муътақиданд, ки чунин таклифе аз назари ақлӣ мумкин нест ва чунин феъле аз ҷониби Худованди Мутаол маҳол аст.

Мотуридиён низ, чун ба ҳусну қубҳи ақлӣ бовар доранд, муътақиданд, ки таклифи инсон ба чизе, ки дар тавон ва қудрати ӯ нест, маҳол ва номумкин аст ва чунин феъле аз Худованд сар намезанад, зеро ин бо ҳикмати илоҳӣ созгор нест.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед