Мабноҳо ва пояҳои каломии Мотуридия(бахши аввал)

0
133

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Маърифат ва шинохт аз назари мотуридиён

Яке аз баҳсҳо ва масъалаҳои бисёр муҳим аз назари мотуридиён масъалаи маърифату шинохт ва ё ҳамон маърифатшиносӣ аст. Баҳси маърифатшиносӣ дар мактаби каломии Мотуридия аз ҷойгоҳи вежае бархӯрдор аст. Абумансури Мотуридӣ дар аввалин саҳифаҳои китоби “Ат-тавҳид”, ки муҳимтарин китоби каломии ӯ мебошад, аз илму маътифат ва роҳҳои ба даст овардани он сухан гуфтааст.

Бо вуҷуди аҳаммияти зиёде, ки баҳси маърифат ва шинохт дар каломи имом Мотуридӣ дорад, назарияи маърифатшиносии Мотуридӣ хеле густарда ва печида нест. Яъне бо вуҷуди ин ки ба асли масъалаи маърифат ва шинохт бисёр аҳаммият қоил шудааст, вале масоили ҷузии онро баррасӣ накардааст. Абумансури Мотуридӣ дар ин баҳс ба масъалаҳое монанди чистии маъно ва мафҳуми имлу маърифат ва ғайра, ишорае накардааст. Вай дар ин баҳс бештар ба масъалаи роҳҳои ба даст овардани маърифат ва шинохт таваҷҷӯҳ кардааст ва ин масъаларо ба сурати бисёр муфассал мавриди баррасӣ қарор додааст. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 69 то 74).

Аммо бархе аз пайравони мактаби каломии Мотуридия монанди Абумуъини Насафӣ, масъалаи маърифат ва шинохтро ба сурати густардатар мавриди баҳсу баррасӣ қарор дода ва бархе аз масъалаҳоеро, ки худи имом Мотуридӣ ба онҳо таваҷҷӯҳ накардааст, мавриди баррасӣ қарор додааст. Аз ҷумла инки вай ба таҳлил ва баррасии таъриф ва ҳақиқати илм пардохтааст. Насафӣ дар ин баҳси худ суханон ва назарияҳои мутакаллимони зиёдеро дар бораи таъриф ва ҳақиқати илм баён мекунад ва дар охир худ таърифе аз илм ироа медиҳад. (Абумуъини Насафӣ, Табсиратул адилла, саҳ 9 то 19).

Бар асоси таърифи Насафӣ: “Илм сифате аст, ки агар касе онро доро гардад олим мешавад”. (Абумуъини Насафӣ, Табсиратул адилла, саҳ 18).

Вай таърифи дагареро низ ба бархе аз асҳоб ва бузургони худ нисбат медиҳад ва он таърифро низ меписандад. Бар асоси ин таъриф: “Илм сифате аст, ки ба сабаби он, ҷаҳл ва шак ва гумон ва иштибоҳ аз мавҷуди зинда бартараф мешавад”. (Абумуъини Насафӣ, Табсиратул адилла, саҳ 19).

Ҳачунин Абумуъини Насафӣ як таърифи дигареро, ба худи имом Мотуридӣ нисбат медиҳад, ки бар асоси он таъриф: “Илм сифате аст, ки ба сабаби он мутааллақи илм барои олим ошкор мегардад”. Албатта вай баён медорад, ки ин таърифро аз суханон ва навиштаҳои имом Мотуридӣ метавон ба даст овард ва ӯ, худи ин иборат ва таъбирро надорад. Насафӣ ин таърифи илмро комил ва бидуни ишкол медонад. (Абумуъини Насафӣ, Табсиратул адилла, саҳ 19).

Бархе аз муҳаққиқон бар ин назар ҳастанд, ки Абумансури Мотуридӣ аввалин мутакаллиме аст, ки аз маърифату шинохт ва роҳҳои расидан ва ба даст овардани он сухан гуфтааст. Яке аз муҳаққиқон дар ин замина менависад:

“Абумансури Мотуридӣ нахустин матакаллиме аст, чи аз мутакаллимони муътазилӣ ва чи ғайри муътазилӣ, дар бораи маърифат назарияи мунсаҷим дорад. Албатта пеш аз вай низ дар миёни Муътазила чунин назариёте вуҷуд дошт, аммо китобҳои онҳо ба замони мо нарасидааст. Аз сӯи дигар мутакаллимоне монанди Абулҳасани Ашъарӣ ва Абуҷаъфари Таҳовӣ ва дигар мутакаллимони бузург, дар осорашон назарияи мунсаҷиме дар бораи маърифат надоранд”. (Иброҳими Динонӣ, мақолаи “Каломи Мотуридӣ”)

Бинобар ин, аз ончи баён кардем натиҷа гирифта мешавад, ки масъалаи маърифат ва шинохт дар каломи имом Мотуридӣ аҳаммияти зиёде дорад, вале бо ин вуҷуд вай масоили ҷузии онро баррасӣ накардааст. Абумансури Мотуридӣ дар назарияи маърифатшиносии худ, бештар ба масъалаи роҳҳои ба даст овардани маърифат ва шинохт таваҷҷӯҳ кардааст. Аммо бархе аз пайравони мактаби каломии Мотуридия монанди Абумуъини Насафӣ, масъалаи маърифат ва шинохтро ба сурати густардатар мавриди баҳсу баррасӣ қарор додааст.

Маърифат ва шинохт дар бахшҳо ва соҳаҳои гуногуне метавонад сурат бигирад, монанди соҳаи илмӣ, фарҳангӣ, таърихӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ғайра. Маърифат ва шинохт дар тамоми ин соҳаҳо ва бахшҳо аҳаммияти хосси худро дорад.

Яке аз ин соҳаҳо ва бахшҳо, соҳаи иҷтимоӣ ва сиёсӣ аст. Маърифат ва шинохт дар соҳаи иҷтимоӣ ва сиёсӣ аз аҳаммияти бисёр зиёд ва вежае бархӯрдор аст. Мақсад аз маърифат ва шинохти иҷтимоӣ ва сиёсӣ, он аст, ки як инсон ва ё як ҷомеа ва аъзои он аз ончи дар ҷомеаи онҳо мегузарад, огоҳӣ ва шинохти комил дошта бошанд. Яъне комилан огоҳ бошанд, касоне, ки ҷомеаи онҳоро идора мекунанд, аз назари решаӣ ва бунёдӣ дорои чӣ ҳадафҳо ва мақсадҳое ҳастанд ва дар чӣ хат ва масире ҳаракат мекунанд.

Аъзои ҷомеа вақте аз ҳадафҳо ва мақсадҳои решаӣ ва бунёдии ҳокимон ва идоракунандагони ҷомеа огоҳ бошанд, ҳар барнома ва фаъолияте, ки онҳо анҷом медиҳанд, аъзои ҷомеа метавонанд натиҷа ва ҳосили онро бифаҳманд ва аз ҳадафҳо ва мақсадҳои пинҳон ва аслии онҳо огоҳ шаванд, зеро дар бисёре аз мавридҳо ҳокимон ва идоракунандагони ҷомеа, ҳадафҳо ва мақсадҳои аслии худро дар пушти натиҷаҳои зоҳирии як барнома ва фаъолият пинҳон мекунанд, то битавонанд аз ин тариқ ба ҳадафҳо ва мақсадҳои аслии худ, ки мумкин аст ба нафъ ва фоидаи ҷомеа набошад, даст пайдо кунанд.

Лизо вақте аъзои як ҷомеа нисбат ба ҷомеаи худ аз маърифат ва шинохти иҷтимоӣ ва сиёсӣ бархӯрдор бошанд, метавонанд аз тариқи ин маърифат ва шинохт ва огоҳии комил, монеи иҷрои барномаҳо ва фаъолиятҳое шаванд, ки ба нафъ ва фоидаи ҷомеаи онҳо нест ва ё дар иҷро ва пешбурди барномаҳо ва фаъолияҳое, ки ба нафъ ва фоидаи ҷомеаи онҳо аст, кӯмак расонанд ва аз онҳо пуштибонӣ намоянд. Дар натиҷа аз ин тариқ ҳар як аз аъзои ҷомеа метавонад дар таъйини сарнавишти ҷомеаи худ ва таъйини сарнавишти худ таъсигузор бошад.

Аммо дар сурате, ки ин маърифат, шинохт ва огоҳии иҷтимоӣ ва сиёсӣ вуҷуд надошта бошад, аъзои ҷомеа дучори хато ва иштибоҳ ва сардаргумӣ мешаванд ва мумкин аст ҳокимон ва идоракунандагони ҷомеа аз онҳо сӯи истифода кунанд ва ҳадафҳо ва мақсадҳои нодуруст ва носаҳеҳи худро дар пӯшиш ва зоҳири зебо иҷро намоянд.

Ба ин хотир аст, ки маъмулан, чи дар замони ҳозир ва чи дар тӯли таърих, ҳокимон ва идоракунандагони ҷомеа саъй мекунанд аъзои ҷомеаро дар ноогоҳӣ ва ҷаҳл қарор диҳанд, то битавонанд ҳадафҳо ва мақсадҳои нодуруст ва носаҳеҳи худро ба осонӣ ба пеш бибаранд.

Бинобар ин, яке аз шартҳои асосӣ ва аслии як ҷомеаи солим ва муваффақ доро будани маърифат, шинохт ва огоҳии иҷтимоӣ ва сиёсӣ мебошад.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед