Мабноҳо ва пояҳои каломи Мотуридия(бахши севвум)

0
37

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Роҳҳои ба даст овардани илму маърифат аз назари мотуридиён -2

Чунонки баён кардем, мотуридиён дар баҳси маърифат ва шинохт, бештар ба масъалаи роҳҳои ба даст овардани маърифат таваҷҷӯҳ кардаанд ва ин масъаларо ба сурати бисёр муфассал мавриди баррсӣ қарор додаанд.

Зикр гардид, ки мотуридиён роҳҳои ба даст овардани маърифат ва илмро се чиз унвон кардаанд, ки мо дар мақолаи гузашта ду қисми он яъне ҳис ва нақлро тавзеҳ  додем ва дар идомаи мақола ба баррасии қисми севвуми он яъне ақл хоҳем пардохт.

3- Ақл ва назар

Бар асоси ақида ва дидгоҳи мотуридиён, ақл муҳимтарин манбаи маърифат ва илм аст, зеро бидуни кӯмаки ақл, ҳис ва хабар наметавонад роҳкушои илму маърифати ҳақиқӣ бошад. Илму маърифат ба ҳақиқатҳо ва масоили хориҷ аз олами табиат ва аслҳои ахлоқӣ аз ин манбаъ гирифта мешавад. Мотуридӣ дар бисёре аз мавридҳо нишон додааст, ки ҳеҷ чизе ҷуз ақл наметавонад роҳи расидан ба ҳақиқат бошад. (Аюбалӣ Бангалодешӣ, Таърихи фалсафа дар Ислом (мақолаи Мотуридия),ҷ 1, саҳ 371)

Имом Мотуридӣ мегӯяд, ба ҳамин ҷиҳат аст, ки Қуръони Карим барои кашф ва ба даст овардани ҳақиқат, ҳамеша инсонро ба тафаккур ва тааммул ва қазовати ақлӣ дар бораи ашё ташвиқ ва даъват мекунад. Монанди оятҳои зер:

“سَنُريهِمْ آياتِنا فِي الْآفاق”

“Ба зудӣ нишонаҳои худро дар атрофи ҷаҳон ба онҳо нишон медиҳем” (Сураи Фуссилат, ояти 53)

“أَفَلا ينْظُرُونَ إِلَى الْإِبِلِ كَيفَ خُلِقَتْ”

“Оё онҳо ба шутур наменигаранд, ки чӣ гӯна офрида шудааст?(Сураи Ғошия, ояти 17)

 “وَ في‏ أَنْفُسِكُمْ أَ فَلا تُبْصِرُونَ”

“Ва дар вуҷуди худи шумо (низ оятҳое аст) оё тафаккур намекунед?” (Сураи Зориёт, ояти 21) (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 73)

Аз дидгоҳи мотуридиён, ду навъ илм аз тариқи ақл ба даст меояд, яке илму маърифати зарурӣ ва лозимӣ, ки бидуни тафаккур ва тааммул ҳосил мешавад ва дигарӣ илму маърифати назарӣ ва истидлолӣ аст, ки ба тафаккуру тааммул ва истидлол ниёз дорад. Мотуридиён ҳар ду навъи илму маърифатро мепазиранд ва муътабар медонанд. (Абумуъини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 121. Абумуъини Насафӣ, Табсиратул адилла, ҷ 1, саҳ 27 то 33 ).

Баҳси аслии мотуридиён дар масъалаи ақл, ба лозим будани илму маърифати фикрӣ, назарӣ ва истидлолӣ боз мегардад. Аз ҳамин сабаб аст, ки Абумансури Мотуридӣ ба ҷои матраҳ кардани баҳси ақл, мустақим баҳси назар ва маърифати назариро матраҳ мекунад. Вай бо баёни мавридиҳое, ки инсон ба илму маърифати фикрӣ ва назарӣ ниёзманд аст, бар лозим будани илму маърифат истидлол кардааст. Ин мавридиҳо иборатанд аз:

1- Шинохти умуре, ки дарки ҳиссии онҳо мумкин нест.

2- Дар мавриди хабарҳое, ки эҳтимоли дуруғ ва хато дар онҳо дода мешавад.

3- Шинохти муъҷизаҳои Пайғамбарон (а) аз корҳои соҳирон.

4- Ботил кардан ва рад кардани дидгоҳи мухолифони фикру назар.

5- Шинохти асрор ва ҳикмати офариниши Худованди Мутаол. (Дар афъоли илоҳӣ беҳудагӣ ва беҳадафӣ роҳ надорад.)

6- Тадбир дар умури зиндагӣ ва ташхиси хубию бадӣ, манфиатҳо ва зарарҳои умур (ҳусн ва қубҳи ашёъ). (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 72 от 74)

Абумуъини Насафӣ барои исботи инки, ақл ва назар аз роҳҳои касб ва ба даст овардани маърифат ва шинохт аст, чунин истидлол мекунад:

“Ҳеҷ далеле барои инкор ва ради инки, ақл ва назар аз роҳҳои ба даст овардани илму маърифат нест, вуҷуд надорад. Дар ҳақиқат касе, ки бихоҳад ин масъаларо (манбаъ ва сабаби илм будани ақлро) инкор ва рад кунад, ночор аст онро ба воситаи истидлоли ақлӣ инкор ва рад кунад, пас ин рад ва инкори ӯ, худ исботкунандаи ақл ва назар аст. Пас ақлу назар ба осонӣ ба исбот мерасад, зеро ҳеҷ роҳе барои нафй ва ради он вуҷуд надорад. Ба ин сабаб, ки ҳар шахсе, ки роҳи далели ақлиро бипаймояд ва шароиту муқаддимаҳои истидлолро риоят намояд, ҳатман ба ин матлаб мерасад”. (Абумуъини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 121)

Имом Мотуридӣ дар канори нақл, бар ақл низ такя мекунад, зеро шаръ низ таҳқиқи ақлиро лозим шумурдааст. Ӯ ба ин ҷиҳат бо фақеҳон ва мутакаллимоне, ки фақат эътимод ба нақлро воҷиб шумурдаанд ва фақат аз тариқи нақл дунболи ба даст овардани илму маърифат ҳастанд, мухолифат мекунад. Вай дар ин бора мегӯяд:

“Мункирони назар (далели ақлӣ)-ро, далеле ҷуз назар нест ва ҳамин масъала онҳоро ба зарурати пойбандӣ ба  назар (далели ақлӣ) ночор кардааст. (Ҷои тааҷҷуб аст, ки) чи гуна назарро инкор мекунанд, дарҳоле, ки Худованди Мутаол бандагони худро ба назар фаро хонда ва ба тафаккур ва тааммул дастур додааст ва ба пандгирӣ ва ибратомузӣ даъват кардааст. Ин худ далел ба он аст, ки назар ва ақл аз манбаъҳои илму маърифат аст”. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 73)

Бар ин асос, фаҳмида мешавад, ки ақл ва назар ва истидлоли ақлӣ дар мактаби каломии Мотуридия аз ҷойгоҳи вежа ва муҳиме бархурдор аст ва ба унавони яке аз роҳҳои ба даст овардани илму маърифат матраҳ мебошад.

Бинобар ин, аз ончи баён гардид натиҷа гирифта мешавад, ки масъалаи маърифат ва шинохт, дар мактаби каломии Мотуридия аз ҷойгоҳи вежае бархурдор аст. Онҳо дар ин баҳс бештар ба масъалаи роҳҳои ба даст овардани маърифат ва шинохт таваҷҷӯҳ кардаанд. Имом Мотуридӣ ва дигар мутакаллимони мактаби каломии Мотуридия, роҳҳои касб ва ба даст овардани маърифат ва илмро се чиз унвон мекунанд, ки иборатанд аз: Ҳис ё аъзои ҳиссӣ (аъён), нақл (ахбор) ва ақл (назар).

Аммо ончи дар баҳсҳо ва масъалаҳои каломӣ ва эътиқодӣ аҳаммияти зиёде дорад ва бештар мавриди корбурд аст, нақл ва ақл мебошад. Дар мактаби каломии Мотуридия ҳам ақл ва ҳам нақл аз ҷойгоҳи вежае бархурдор ҳастанд.

Аз ин дидгоҳи мотуридиён дар мавриди роҳҳои ба даст овардани маърифат ва шинохт, метавон чанд нуктаи иҷтимоӣ, ки дар ҷомеаи имрӯзи мо низ корбурд дошта бошад, бардошт намуд:

1- Роҳҳо ва манбаъҳои шинохт се роҳ аст, яъне ҳис, нақл ва ақл, лизо инсон бояд дар зиндагии худ барои ба даст овардани илму маърифат, аз ҳамаи ин роҳҳо истифода кунад ва худро маҳдуд ба як роҳ ва манбаъ накунад, чун ҳар кадом аз ин роҳҳо бахше аз ниёзҳои инсонро бартараф мекунад ва ҳар кадом маҳдудиятҳое дорад.

2- Ҳис, ки яке аз роҳҳои ба даст овардани маърифат ва шинохт аст, корбурдҳои бисёр зиёде дорад, аммо бо таваҷҷӯҳ ба хатопазирии зиёди он ва хатоҳое, ки аз ин тариқ мумкин аст сурат бигирад, ҳамеша мавриди сӯи истифода қарор гирифтааст, чи аз тарафи афрод ва чи аз тарафи ниҳодҳое монанди ҳукуматҳо. Ба унвони намуна вақте як ҳукумате бихоҳад як шахс ё гурӯҳеро аз байн бибарад ё аз саҳна хориҷ кунад, бо таблиғоти дуруғ матлабҳоеро бар зиди он шахс ё гурӯҳ пахш мекунад, то ба ҳадафи худ бирасад ва кори худро саҳеҳ ва дуруст ҷилва бидиҳад.

Бисёре аз ин мавридҳо аз тариқи фиреб додани ҳис сурат мегирад, аммо агар инҷо аз хабар (таҳқиқу баррасӣ ва …) ва ақлу назар барои кӯмаки ҳис истифода шавад, ин ҳадафи нодурусти онҳо ба натиҷа намерасад.

3- Аз чизҳои дигаре, ки мавриди сӯи истифодаи зиёд қарор мегирад, ахбор аст. Ин ахбор метавонанд ахбори маъмулӣ бошанд ё нақл ва ривоятҳо бошанд. Дар тули таърих ҳукуматҳо ҳамеша аз ахбор ва нақлу ривоятҳо сӯи истифода кардаанд. Монанди инки бо интихоби як ривоят ё як ояти Қуръони Карим ва ё қисмате аз як ривоят ё ояти Қуръон, ҳадафи нодуруст ва носаҳеҳи худро динӣ ва исломӣ нишон додаанд. Аммо агар дар ин мавридҳо инсон барои тафсири оятҳо ва ривоятҳо аз ақл ва назар кӯмак бигирад мағлуби ин сӯи истифодаҳо намешавад ва фиреб намехӯрад.

Ба ҳамин сабаб аст, ки Худованди Мутаол дар Қуръони Карим таъкиди фаровоне ба тафаккур ва тааммул кардааст.

4- Такя кардани зиёд ба ақлу назар ва бетаваҷҷуҳӣ ба ахбор ва нақл низ, инсонро дар доми хато ва иштибоҳ гирифтор мекунад.

Мабноҳо ва пояҳои каломии Мотуридия(бахши аввал)

Мабноҳо ва пояҳои каломии Мотуридия (бахши дуввум)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед