Мабноҳо ва пояҳои каломи Мотуридия(бахши нуҳум)

0
35

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Асли “ҳикмат” ва нақши он дар дидгоҳҳои каломии мотуридиён

Яке аз аслҳои муҳим ва таъсиргузор дар баҳсҳо ва масъалаҳои каломӣ ба хусус дар масъалаи афъол ва корҳои Худованд, асли “ҳикмат” ё “Ҳикмати илоҳӣ” аст. Ин асл дар ҳақиқат маншаъгирифта ва нашъатгирифта аз асли бисёр муҳим ва асосии “ҳусну қубҳи ақлӣ” аст.

Мотуридиён дар масъалаи махлуқот ва ҷаҳони офариниш ва иртиботи онҳо бо Худованди Мутаол асли “ҳикмати илоҳӣ”-ро матраҳ кардаанд ва муътақиданд, ки тамоми афъол ва корҳои Худованд аз рӯи ҳикмат буда ва ҳакимона мебошанд. Онҳо бархе аз масъалаҳои каломӣ, монанди “таклифи хориҷ аз қудрат ва тавоноии инсон” (таклифи бимо ло ютоқ),“ дастур додани Худованд ба корҳои қабеҳ (бад)” ва ғайраро носозгор бо ҳикмати илоҳӣ медонанд ва ин масъалаҳоро аз тариқи асли ҳикмат исбот мекунанд.

Мотуридиён “ҳикмат”-ро яке аз сифоти Худованди Мутаол  ва Худовандро “Ҳаким” медонанд. Онҳо ҳикматро ба маънои “маҳкам будан ва итқон дар феъл  ва холӣ будани феъл ва кор аз нақс, айб ва камбудӣ ва дорои ҳадаф будан (зидди абас беҳудагӣ)” медонанд. Аз назар мотуридиён тамоми афъол ва корҳои илоҳӣ бар асоси ҳикмат буда ва ҳикматомезан, зеро тамоми онҳо дар камоли маҳкам будан ва итқон мебошанд ва ҳеҷ нақс, айб ва камбудӣ ҳам дар онҳо вуҷуд надорад. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 296 то 300)

Муҳаммади Баздавӣ дар бораи маънои ҳикмати илоҳӣ мегӯяд:

“Ӯ (Худованд) Ҳаким аст, аммо ҳикмат дар назди мо ба ин маъно нест, ки Худованди Мутаол афъол ва корҳоеро анҷом диҳад, ки дар онҳо барои худи Худованд ва ё барои дигарон манфиат ва фоидае вуҷуд дошта бошад, балки ҳаким касе аст, ки афъолаш дар камоли ҳикмат ва муҳкам будан бошад. (Муҳаммади Баздавӣ, Усули дин, саҳ 134)

Абумуъини Насафӣ, яке дигар аз мутакаллимони мотуридия дар мавриди ҳикмат менависад:

“Ба дурустӣ Офаринандаи ҷаҳон “Ҳаким” аст. Дар ҳақиқат ҳикмат (аз ду ҳолат) берун нест, ҳикмат ё аз боби илм аст, ки дар ин сурат ҳаким ба маънои олим аст ва ҳеҷ шакке вуҷуд надорад, ки Худованди Мутаол аз азал олим буда ва ҳеҷ замон ҳам сифати илм ва олим будан аз Худованд зоил намешавад (аз байн намеравад). Ё аз боби феъл аст, ки дар ин сурат ба маънои маҳкам будан ва итқон дар махлуқот аст ва ҳаким яъне касе, ки тамоми афъол ва корҳояш дар камоли истеҳкому маҳкам будан ва итқон аст. Пас Худованди Мутаол нисбат ба офариниши тамоми махлуқот ҳаким аст. (Яъне тамоми афъол ва корҳояш дар камоли истеҳкому маҳкам будан ва итқон мебошад). (Абумуъини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 212)

Чуноне ки мулоҳиза мекунед, ҳар чанд Абумуъини Насафӣ маънои эҳтимолии дегареро низ барои ҳикмат илоҳӣ баён кардааст ва он ба маънои илм аст, аммо он дар сурате аст, ки ҳикмат аз боби илм дониста шавад, вале агар аз боби феъл дониста шавад, ки ҳамаи мотуридиён онро аз боби феъл медонанд, дар ин сурат ба маънои маҳкам будан ва итқон дар феъл ва махлуқот мебошад.

Албатта Насафӣ дар идома баён мекунад, ки ҳикмат аз ҳар бобе дониста шавад, чи аз боби илм ва чи аз боби феъл дар ҳар сурат маънои маҳкам будан ва итқон дар феъл дар он вуҷуд дорад. Вай мегӯяд:

“Фарқ намекунад мо ҳикматро аз боби илм бидонем, ки зидди он ҷаҳл аст, ё аз боби феъл бидонем, ки зидди он бетадбирӣ (бехирадӣ, камхирадӣ) аст, дар ҳар ду сурат зидҳои онҳо мухолифи маҳкам будан ва итқон дар феъл (иҳком) аст. (Абумуъини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 212)

Абумансури Мотуридӣ дар китоби тафсири қуръонии худ ба номи “Таъвилоту аҳли ас-сунна”, маънои дигаре барои “ҳикмат” баён мекунад, ки он “қарор додан ва гузоштани ҳар чизе дар ҷои худ” аст ва “ҳаким” касе аст, ки ҳар чизеро дар ҷои худ қарор медиҳад. Аммо ин маъно низ дар ҳақиқат ба ҳамон маънои маҳкам будан ва итқон дар феъл (иҳком) бар мегардад, зеро вақте ҳар чизе дар ҷои худ қарор дода шавад ҳатман он фард дар камоли иҳком ва итқон қарор мегирад. (Абумансури Мотуридӣ, Таъвилоту аҳли ас-сунна, ҷ 5, саҳ 312 (Сураи Тавба, ояти 15. Ҳамон, ҷ 5, саҳ 427 (Сураи Тавба, ояти 71). Ҳамон, ҷ 7, саҳ 528 (Сураи Нур, ояти 10))

Пас мотуридиён “ҳикмат”-ро ба маънои маҳкам будан ва итқон дар феъл  ва холӣ будани феъл аз нақс, айб ва камбудӣ ва дорои ҳадаф будан (зидди абас беҳудагӣ) медонанд, лизо аз назари онҳо ҳикмат ба маънои анҷом додани феъл ва коре, ки дорои манфиат ва фоида барои анҷомдиҳанда ва ё дигарон бошад, нест. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 295 то 296. Абумансури Мотуридӣ, Таъвилоту аҳли ас-сунна, ҷ 7, саҳ 528 (Сураи Нур, ояти 10). Муҳаммади Баздавӣ, Усули дин, саҳ 134)

Мотуридиён ин масъаларо дар муқобили Муътазила, ки қоил ба  وجوب اصلح(вуҷуби аслаҳ)” ҳастанд, матраҳ мекунанд ва муътақиданд, ки афъоли илоҳӣ на аз боби риоят кардани “вуҷуби аслаҳ”, балки ба сабаби ҳикмат аст ва касе наметавона чизеро ба Худованд воҷиб кунад. Муҳаммад Абузуҳра дар ин бора мегӯяд:

“Мотуридӣ муътақид аст Худои Мутаол аз кори беҳуда муназзаҳ аст ва корҳои Ӯ бар асоси муқтазои ҳикмат анҷом мегирад, Худо чунон ки Худро тавсиф кардааст ҳаким ва доност ва Худованди Мутаол дар аҳком ва афъоли худ, ирода кардааст, ки бар асоси ҳамин ҳикмат амал кунад, вале ин ирода, Ӯро ба он маҷбур мулзам намекунад, зеро Ӯ дорои ихтиёр ва ирода аст ва ҳар кореро бихоҳад анҷом медиҳад. Ба ин хотир наметавон гуфт: Анҷоми кори шоиста (салоҳ) ё шоистатар (аслаҳ) бар Ӯ воҷиб аст, зеро воҷиб будан бо ирода мухолифат дорад ва лозимаи он ин аст, ки дигарон бар гардани Худо ҳаққе дошта бошанд, дар ҳоле ки Худованди Мутаол волотар аз бандагон аст”. (Муҳаммад Абузуҳра, Таърихи мазоҳиби исломӣ, саҳ 299)

Лозим ба зикр аст, ки Муҳаммад Абузуҳра ин ихтилоф миёни Мотуридия ва Муътазиларо ихтилофи лафзӣ ва таъбирӣ медонад, на ихтилофи асосӣ ва решаӣ.

Мотуридиён барои исботи ҳикмати илоҳӣ, илова бар оятҳои фаровони Қуръони Карим, ки дар ин замина вуҷуд дорад, аз далелҳои ақлӣ низ истифода мекунанд. Аз ҷумла худи имом Абумансури Мотуридӣ менависад:

“Ҳар касе Худовандро он гуна ки шоиста аст ва он гуна ки бояд, бишиносад ва нисбат ба ғанӣ будану бениёзии Ӯ, салтанату қудрати Ӯ, илму маърифат пайдо кунад ва нисбат ба моликияти Худованд огоҳӣ пайдо кунад, ки ҳамаи махлуқот ва умур дар ихтиёри Ӯ аст, ҳатман ба ин натиҷа мерасад, ки ҷоиз нест афъол ва корҳои Худованд бидуни ҳикмат ва хориҷ аз ҳикмат бошад, зеро Худованди Мутаол зотан ва ба худии худ ҳаким, бениёз ва олим аст. Чун чизе, ки сабаби хориҷ шудани феъл аз ҳикмат ва итқон мешавад ва соҳиби худро ба сӯи кори ғайри ҳакимона мекашонад, ҷаҳл ва ниёзмандӣ аст, аммо ин ду (ҷаҳл ва ниёзмандӣ) дар мавриди Худованд ба куллӣ мардуд ва нафйшуда аст. Пас собит мешавад, ки афъол ва корҳои Худованди Мутаол хориҷ аз ҳикмат намебошад. Пас корҳои Худованди Мутаол ҳакимона аст ва Худованд ҳаким аст.

Натиҷа

Бинобар ин, аз ончи баён гардид натиҷа гирифта мешавад, ки  Мотуридиён асли “ҳикмат”-ро яке аз сифоти Худованди Мутаол  ва Худовандро “Ҳаким” медонанд. Аз назари онҳо ҳикмат ба маънои “маҳкам будан ва итқон дар феъл  ва холӣ будани феъл ва кор аз нақс, айб ва камбудӣ ва дорои ҳадаф будан (зидди абас беҳудагӣ)” мебошад ва тамоми афъол ва корҳои илоҳӣ ҳикматомезанд. Онҳо барои исботи ҳикмати илоҳӣ, илова бар оятҳои фаровони Қуръони Карим, аз далелҳои ақлӣ низ истифода мекунанд.

Эътиқоди саҳеҳ ба ҳикмати илоҳӣ ва ҳаким будани Худованди Мутаол, таъсири бисёр муҳимме дар зиндагии инсон мегузорад. Чун вақте инсон ба ин масъала имон дошта бошад, ки тадбир ва мудирияти зиндагии шахсӣ ва иҷтимоии ӯ тавассути касе анҷом шудааст, ки тамоми афъолаш дар камоли маҳкам будан ва итқон аст ва тамоми корҳояш дорои ҳадаф аст ва ҳеҷ амали беҳуда ва абас анҷом намедиҳад, ҳатман як оромиши хоссе бар зиндагии ӯ ҳоким хоҳад шуд, зеро медонад сарнавишти ӯ тавасути Худованди Ҳакими Доно тадбир мешавад.

Мабноҳо ва пояҳои каломи Мотуридия(бахши ҳаштум)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед