Мабноҳо ва пояҳои каломи Мотуридия(бахши даҳум)

0
21

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Ҳодис будани ҷаҳон аз назари мотуридиён

Яке аз масъалаҳои аввалия ва асосӣ дар илми каломи исломӣ, ҳодис будани ҷаҳон аст. Дар масъалаи ҳодис будани ҷаҳон тамоми мутакаллимони исломӣ иттифоқи назар доранд ва бар ин ақидаанд, ки ҷаҳон ҳодис аст. Мотуридиён низ монанди дигар мутакаллимони ҷаҳон оламро ҳодис медонанд.

“Ҳодис будан” дар муқобили “қадим будан” қарор дорад. Мавҷуди қадим мавҷуде аст, ки касе онро халқ накарда ва падид наовардааст ва мавҷуди дигаре холиқи ӯ намебошад. Ҳамчунин собиқаи набудан дар он вуҷуд надорад, яъне ҳамеша вуҷуд доштааст. Аммо ҳодис мавҷуде аст, ки мавҷуди дигаре онро халқ карда ва офарида ва падид овардааст, яъне собиқаи набудан дар он вуҷуд дорад ва он ба воситаи мавҷуди дигаре халқ шудааст. Аз назари мутакаллимон фақат Худованди Мутаол қадим аст ва бақияи мавҷудот ҳодис ҳастанд.

Аммо қабл аз пардохтан ба масъалаи ҳодис будани олам ва ҷаҳон ва далелҳо аз назари мотуридиён, бояд таърифи онҳоро аз ҷаҳон ва олам баён намоем. Дар андеша ва эътиқодоти мотуридиён манзур аз ҷаҳон ва олам, мусовӣ ва баробар бо ҷаҳони моддӣ аст, ки дар маҳдудаи ҳис қарор мегирад. Ба таъбири бархе аз онҳо “ҷаҳон номе аст, барои тамоми мавҷудоти ғайр аз Худованд ва тамоми мавҷудоти ҳодисро дар бар мегирад. (Абуляср Муҳаммади Баздавӣ, Усули дин, саҳ 24. Абусанои Ломишӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 45. Абумуъини Насафӣ, Табсиратул адилла, ҷ 1, саҳ 62). Таъриф ва тафсире, ки мотуридиён аз ҷаҳон баён мекунанд бо ҷаҳони моддӣ мутобиқат дорад ва олами муҷарадотро (олами ғайримоддӣ) шомил намешавад.

Мотуридиён ҷаҳонро ба се бахш ё се ҷузъ тақсим мекунанд, ки иборатанд аз: ҷавҳарҳо, ҷисмҳо ва аразҳо (сифот).

Аз назари мотуридиён ҷавҳар ҷузъи тафкикнашаванда аст, ки ҳаргиз қобили тақсим шудан нест, на дар олами хориҷ, на дар олами зеҳн ва дар ваҳму таваҳҳум. Ин ҷавҳар аст, ки асоси ҷаҳони моддиро ташкил медиҳад. Лизо наметавон онро аз олами моддӣ ҷудо кард ва наметавон онро тақсим намуд. Ҷавҳар ба зоти худ устувор аст (қоим ба зоти худ аст). (Абуляср Муҳаммади Баздавӣ, Усули дин, саҳ 24. Абумуъини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 123 то 124. Абусанои Ломишӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 45 то 46)

Ҷисм ҷузъе аст, ки аз ду ҷавҳар ташкил шуда ва муракаб аст, чун муташаккил аз ду чиз аст дорои тақсим ва тақсимпазир мебошад. Ҷисм низ монанди ҷавҳар ба зоти худ устувор мебошад. (Абуляср Муҳаммади Баздавӣ, Усули дин, саҳ 26. Абумуъини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 123 то 124)

Дар муқобили ин ду ҷузъ, яъне ҷавҳар ва ҷисм, аразҳо (сифот) қарор доранд. Араз ё аразҳо умуре ҳастанд, ки қоим ва устувор ба зоти худ нестанд ва барои ба вуҷуд омадан бояд ба яке аз ҷавҳарҳо ё ҷисмҳо такя намоянд, то мавҷуд шаванд. (Абуляср Муҳаммади Баздавӣ, Усули дин, саҳ 25. Абумуъини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 124 то 125. Абусанои Ломишӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 45 то 46)

Робитаи ин се ҷузъи ҷаҳон ба саруте аст, ки ҷисм барои ба вуҷуд омадан ниёз ба ҷавҳар дорад ва араз барои мавҷуд шудан ниёз ба ҷисм дорад.

Ҳадафи аслии мотуридиён аз тақсими ҷаҳон ва олам ба се бахш ва ҷузъи ҷавҳар, ҷисм ва араз, дастёби ва расидан ба натиҷаи динӣ ва қобили истифода дар дин аст. Онҳо мехоҳанд аз тариқи ин тақсимбандӣ, ҳодис будани ҷаҳонро исбот кунанд ва сипас аз тариқи ҳодис будани ҷаҳон, вуҷуди “муҳдис” (падидоваранда, халқкунанда, офаринанда) барои онро ба исбот бирасонанд.

Чуноне ки баён кардем мотуридиён, ҷаҳон ва оламро ҳодис медонанд. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 77. Абумуъини Насафӣ, Табсиратул адилла, ҷ 1, саҳ 62. Абумуъини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 123).

Абуляср Муҳаммади Баздавӣ, аз мутакаллимони мотуридия дар ин замина мегӯяд: “Аксарияти аҳли қибла (мусалмонон) ва аксарияти пайрвони дигар динҳо бар ин ақида ҳастанд, ки ҷаҳон ва олам ҳодис аст ва Худованди Мутаол онро падид овардааст”. (Абуляср Муҳаммади Баздавӣ, Усули дин, саҳ 27)

Мутакаллимони Мотуридия барои исботи ҳодис будани ҷаҳон ва олам далелҳои фаровоне зикр кардаанд. Аз ҷумла худи имом Абумансури Мотуридӣ дар китоби “Ат-тавҳид”-и худ аз се роҳи нақл, ҳис ва ақл барои ҳодис бадани ҷаҳон истидлол кардааст.

1- Далели нақлӣ

Имом Мотуридӣ барои исботи ҳодис будани ҷаҳон аз тариқи нақл ва хабар ба оятҳои фаровоне Қуръони Карим истинод мекунад дар онҳо Худованд Худро ба “офаринандаи тамоми ашёъ”, “ падидоварандаи осмонҳо ва замин”, “соҳиби мулк ва ончи дар он аст” ва …. муарифӣ кардааст. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 77)

Аз ҷумла оятҳои зер:

“ قُلِ اللّهُ خَالِقُ كُلِّ شَيْءٍ وَهُوَ الْوَاحِدُ الْقَهَّارُ”

“Бигу Худованд офаринандаи ҳамаи чиз аст ва Ӯст ягона ва пирӯз” (Сураи Раъд, ояти 16)

“ بَدِيعُ السَّمَاوَاتِ وَالأَرْضِ”

“(Худованд) Падидоварандаи осмонҳо ва замин аст” (Сураи Бақара, ояти 117 ва Сураи Анъом, ояти 101)

“وَلِلّهِ مُلْكُ السَّمَاوَاتِ وَالأَرْضِ وَمَا بَيْنَهُمَا يَخْلُقُ مَا يَشَاء وَاللّهُ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ”

“(Ҳукумати осмонҳо ва замин ва ончи дар миёни он ду қарор дорад аз они Худост, ҳар чизе бихоҳад, меофариднад ва Ӯ бар ҳар чизе тавоно аст” (Сураи Моида, ояти 17)

Вай ҳамчунин мегӯяд: Ҳеҷ шахсе дар тули таърих пайдо намешавад, ки дар мавриди худ иддиъои қадим будан карда бошад ё сухане гуфта бошад, ки далолат бар қадим будан кунад. Ҳар касе чунин иддиъое кунад ба содагӣ такзиб карда мешавад. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 77)

2- Далели ҳиссӣ

Абумансури Мотуридӣ аз тариқи ҳис низ чандин далел барои исботи ҳодис будани ҷаҳон ва олам баён мекунад. Аз ҷумла мугӯяд: Мо ҳар чизеро дар олам мебинем, ниёзманд ва ҳоҷатманд аст. Ҳар чизе, ки дорои ниёз ва ниёзманд бошад ҳодис аст, зеро шарти бениёзӣ қадим будан аст, ба хотири ин ки ба воситаи қадим будан аст, ки аз ғайри худ бениёз ва ғанӣ мешавад. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 77)

Далели дигаре, ки Мотуридӣ аз роҳи ҳис барои исботи ин масъала баён мекунад он аст, ки мегӯяд: Олам дорои ҷузъҳо ва қисматҳои гуногун аст, аз тарафи дигар маълум ва ошкор аст, ки аксари ҷузъҳо ва қисматҳои он аз ибтидо вуҷуд надоштаанд ва баъд ба вуҷуд омадаанд. Вақте бархе аз ҷузъҳо ва қисматҳои олам аз ибтидо вуҷуд надоштаанд ва баъд ба вуҷуд омадаанд, лозимааш он аст, ки тамоми ҷузъҳо ва қисматҳои он чунин бошад, зеро ҷамъ шудани ҷузъҳои маҳдуду мутаноҳӣ бо ҷузъҳои номаҳдуду номутаноҳӣ мумкин нест. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 78)

3- Далели ақлӣ

Имом Мотуридӣ аз тариқи ақл низ барои исботи ҳодис будани олам ва ҷаҳон истидлолҳои фаровоне ироа мекунад. Яке аз ин истидлолҳо ин аст, ки ҳар ҷисме аз ҳаракат ва сокин будан (қарор гирифтан) холӣ нест, ин дар ҳоле аст ки ҳаракат ва сокин будан бо ҳам дар ҷисм ҷамъ намешаванд, балки ҷисм дар бахше аз вақтҳо ҳаракат дорад ва дар бахше аз вақтҳои дигар сокин аст ва ҳаракат надорад, ҳар чизеро, ки битавон ба ду қисмат тақсим кард, маҳдуд ва ҳодис хоҳад буд. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 78 то 79)

Аммо аслитарин далел ва истидлоле, ки аксарияти мотуридиён барои исботи ҳодис будани ҷаҳон баён кардаанд, истидлоле аст, ки бар робита ва иртибот миёни се бахш ва ҷузъи олам устувор аст ва метавон гуфт бисёре аз истидлолҳои дигари мотуридиён бар ҳодис будан ҷаҳон ба гунае ба ин далел бар мегардад. Хулосаи ин истидлол ҳамон далели ақлие аст, ки аз имом Мотуридӣ зикр намудем.

Дар тафсили ин истидлол метавон гуфт: Чуноне ки баён намудем, аз назари мотуридиён ҷаҳон аз се бахши ё се ҷузъ, яъне ҷавҳарҳо, ҷисмҳо ва аразҳо (сифот) ташкил мешавад ва як робитаи хосе миёни онҳо барқарор аст. Мотуридиён дар ин истидлоли худ аввал аз ҳодис будани аразҳо шуруъ мекунанд ва пас аз исботи ҳодис будани аразҳо аз тариқи он, ҳодис будани ҷисмҳо ва ҷавҳарҳоро исбот мекунанд, ки дар натиҷа ҳодис будани кулли ҷаҳон ба исбот мерасад.

Далели ҳодис будани аразҳо (сифот) ин аст, ки бисёре аз онҳо монанди сафедӣ ва сиёҳӣ, ҳаракат ва сокин будан, зидди якдигар ҳастанд ва ду чизи зидд дар як ҷо ҳамзамон ҷамъ намешаванд, балки бояд яке аз байн биравад то дигарӣ дар ҷои он падид ояд. Ин масъала аз тариқи ҳис қобили дарк аст. Пас исбот мешавад, ки аразҳо ҳодис ҳастанд, чун ҳар як аз аразҳои зидди ҳам ва пас аз нобуд шудани дигарӣ падид меоянд ва бар ҷисм зоҳир мешаванд.

Вақте ки исбот шуд аразҳо ҳодисанд, ҷисмҳо низ чун маҳали зоҳир шудани ин аразҳо ҳастанд, бояд ҳодис бошанд, зеро дар ҷаҳон ҷисме вуҷуд надорад, ки холӣ аз аразҳо ва сифот бошад ва ҳар ҷисме, ки падид меояд ҳамроҳи ин аразҳо падид меояд. Бинобар ин аз онҷо ки аразҳо ҳодисанд, маҳол аст, ки ҷисмҳо ҳодис набошанд. Ҳамчунин ҷавҳарҳо, ки асл ва асоси ҷисмҳо ҳастанд, монанди ҷисмҳо ҳодис ҳастанд. Бинобар ин, ҳодис будани ҷисмҳо, ки худ аз ҷавҳарҳо ташкил ёфтаанд, далел бар ҳодис будани ҷавҳарҳо аст. (Абумуъини Насафӣ, Табсиратул адилла, ҷ 1, саҳ 62 то 82. Абумуъини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 123 то 127. Абуляср Муҳаммади Баздавӣ, Усули дин, саҳ 27. Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 78 то 78)

Натиҷа

Аз ончи баён гардид натиҷа гирифта мешавад, ки аз назари мотуридиён манзур аз ҷаҳон, ҷаҳони моддӣ аст, ки дар маҳдудаи ҳис қарор мегирад. Ба таъбири бархе аз онҳо “ҷаҳон” тамоми мавҷудоти ғайр аз Худованд ва тамоми мавҷудоти ҳодисро дар бар мегирад, ки ба се бахши ё се ҷузъ, яъне ҷавҳарҳо, ҷисмҳо ва аразҳо (сифот) тақсим мешавад.

Мотуридиён монанди дигар мутакаллимони исломӣ, ҷаҳон ва оламро “ҳодис” медонанд ва барои исботи ҳодис будани олам ва ҷаҳон аз се тариқи ақл, нақл ва ҳис далел ва истидлол меоваранд.

Мабноҳо ва пояҳои каломи Мотуридия(бахши нуҳум)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед