Мабноҳо ва пояҳои каломи Мотуридия(бахши чаҳорум)

0
168

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Маъно ва корбурдҳои ҳусну қубҳи ақлӣ

Масъалаи ҳусну қубҳи ақлӣ ва зотии афъол ва ашёъ, яке аз масъалаҳои муҳим ва асосӣ дар илми каломи исломӣ ба ҳисоб меояд. Ин масъала, ки аз қадимитарин масъалаҳои каломӣ мебошад, ҷузъи бунёдҳо ва решаҳои каломи исломӣ ба шумор меояд ва рад ё пазириши он, бар дигар масъалаҳои каломӣ таъсири бисёр зиёд дорад.

1- Маъношиносии ҳусну қубҳи ақлӣ

Ҳадафи мо дар ин қисмат баён ва равшансозии ҳусну қубҳи ақлӣ аз ҷиҳати маъно ва истилоҳ мебошад, аммо барои фаҳмидани беҳтар ва хубтар лозим аст, ки ҳусну қубҳи шаръӣ ва диниро низ баён намоем.

Манзур аз ҳусну қубҳи шаръӣ ва динӣ он аст, ки ақли инсон оҷиз ва нотавон аз ташхиси ҳусну қубҳи афъолу корҳо ва ашёъ аст ва фақат шаръ ва дин аст, ки мушаххас мекунад, ки чӣ ҳасан (хуб) аст ва чӣ қабеҳ (бад) аст. Тибқи ин дидгоҳ агар шаръ ва дин намеомад ва назар намедод, ақл наметавонист ба ҳусну қубҳи афъолу корҳо ва ашёъ (хубӣ ва бадии афъолу корҳо ва ашёъ) ҳукм кунад. Масалан ҳусну хубии адл ва қубҳу бадии зулм фақат ба бар асоси гуфтаи шариат ва дин собит мешавад ва агар дин намегуфт алд ҳасан ва зулм қабеҳ аст, ин амр ҳаргиз собит намешуд.

Тарафдорони ин дидгоҳ бар ин назаранд, ки ақл нотавонтар ва оҷизтар аз он аст, ки ҳусну қубҳ (хубӣ ва бадӣ) ва солеҳу ғайрисолеҳро дарк кунад. Ба ақидаи онҳо, эътиқод ба ҳусну қубҳи ақлӣ, лозимааш муҳдуд намудани ирода ва машияти илоҳӣ аст. Бинобар ин, ҳасан (хуб) он чизе аст, шариат ва дин онро ҳасан эълон карда бошад ва қабеҳ (бад) низ он чизе аст, ки аз сӯи Худованд қабеҳ эълон шуда бошад.

Аммо мақсад аз ҳусуну қубҳи ақлӣ он аст, ки ақл метавонад ҳусну қубҳ (хубӣ ва бадӣ)-и баъзе аз афъолу корҳо ва ашёъро дарк кунад. Яъне ақл ин тавоноӣ ва қудратро дорад, ки мустақил ва бидуни кумаки шаръ ва дин, ҳусну қубҳи афъолу корҳо ва ашёъро дар бархе мавридҳо ташхис диҳад ва баён кунад, ки ин феъл ҳасан (хуб) аст ва ин феъл қабеҳ (бад) аст. Масалан ақл дар баъзе мавридҳо метавонад бифаҳмад, ки мелок ва меъёри амр ва наҳйи шаръ ва дин чист, ба унвони намуна ақл дарк мекунад, ки чун адл зотан хуб аст, Худованди Мутаол ба он амр кардааст ва зулм чун зотан бад аст, Худованд аз он наҳй кардааст.

Ба сухани дигар, ҳусну қубҳи ақлӣ ин аст, ки ақли башар ба сурати мустақил, мелок ва меъёри воқеъӣ ва хубию бадии зотӣ ва ҳақиқии бархе аз афъолу корҳо ва ашёъро ташхис медиҳад.

Албатта возеҳ ва равшан аст, ки дарк ва шинохти ҳусну қубҳи ҳамаи афъол ва ашёъ аз тавон ва қудрати ақл берун аст ва ақли башар ба ҳеҷ унвон аз чунин қудрате бахӯрдор нест ва ҳамин сабаб аст, ки башар ба ваҳӣ ва нубувват ниёзи шадид дорад, вале дар бархе мавридҳо ва ба сурати ҷузъӣ ва на куллӣ, ин қудрат ва тавоноиро доро мебошад.

Бинобар ин, баҳс дар мавриди ҳусну қубҳи ақлӣ ба сурати нафй ва ради кулӣ ва исботу қабули ҷузъӣ мебошад. Яъне касоне, ки мункири ҳусну қубҳи ақлӣ ҳастанд, қудрат ва тавоноии ақлро ба сурати кулӣ дар дарк ва фаҳми ҳусну қубҳи афъол ва ашёъ рад мекунанд ва ҳеҷ гуна арзише барои он қоил нестанд ва ташхиси ҳусну қубҳро фақат аз тарафи шаръ ва дин медонанд. Аммо касоне, ки қоил ва муътақид ба ҳусну қубҳи ақлӣ ҳастанд, қудрат ва тавоноии ақлро ба сурати ҷузъӣ дар ташхиси ҳусну қубҳи ақлии бархе аз афъол ва корҳо қабул доранд.

2- Маънои зотӣ дар масъалаи ҳусну қубҳ

Яке аз истилоҳҳое, ки дар баҳси ҳусну қубҳи ақлӣ ба кор меравад, истилоҳи “зотӣ” аст. Яъне гуфта мешавад “ҳусну қубҳи зотӣ”.

Вожаи “зотӣ” аз калимаҳо ва истилоҳҳое аст, ки дорои маъноҳо ва мафҳумҳои мухталиф мебошад ва дар баробари истилоҳҳои гуногуне қарор мегирад, ки дар ҳар маврид маънои хосеро дар бар дорад. Аммо он маъное аз “зотӣ”, ки дар баҳси ҳусну қубҳ саҳеҳ ба назар мерасад зотӣ ба маънои “воқеъӣ, ҳақиқӣ ва нафсул- амрӣ” аст. Вақте гуфта мешавад арзиши афъол зотии онҳо аст, манзур ин аст, ки ҳамаи афъол ва корҳо дар воқеъият ва нафсул- амр, хубӣ ва бадии воқеъӣ ва берунӣ доранд, ба гунае, ки як навъ феъл дар зоти худ ва ба худии худ ва бидуни дар назар гирифтани илму огоҳии афрод, иқтизои расидан ба камол ва ё иқтизои дурӣ аз онро дорад. Ба иборати дигар, зотӣ дар ин баҳс ба маънои “воқеъӣ” ва “ҳақиқӣ” ва дар баробари “илоҳӣ” ва “эътиборӣ (ғайриҳақиқӣ)” аст.

Бинобар ин , манзур аз “зотӣ” дар баҳси ҳусну қубҳ ҳамон “воқеъӣ”, “ҳақиқӣ” ва “нафсул- амрӣ” аст.

3- Корбурдҳои ҳусну қубҳ

Ҳусну қубҳ корбурдҳои гуногуне дорад, ки муҳимтарин онҳо иборатанд аз:

А: Ҳусну қубҳ ба маънои камол ва нақс (фазилат ва камбудӣ)

Яке аз корбурдҳои ҳусну қубҳ, ҳусн ба маънои камол, фазилат ва бартарӣ ва қубҳ ба маънои нуқс ва камбудӣ аст. Масалан аз илм ба унвони сифати камол ва аз ҷаҳл ба унвони сифати нуқс ёд мешавад, чуноне ки шуҷоатро сифати камол ва тарсро сифати нуқс мешиносанд. Ба иборати дигар, илм ҳасан аст, яъне камол аст ва ҷаҳл қабеҳ аст, яъне нуқс аст, ё қудрат ҳасан аст ва нотавонӣ қабеҳ аст.

 Б: Ҳусну қубҳ ба маънои созгорӣ ва носозгорӣ бо табиат ва завқи инсон

Яке дигар аз корбурдҳои ҳусну қубҳ, ҳусн ба маънои созгорӣ ва мувофиқат бо табиат ва майли инсон ва қубҳ ба маънои носозгорӣ ва мувофиқ набудан бо табиат ва майл ва завқи инсон аст. Ба унвони мисол инсон бархе аз таомҳо, садоҳо, бӯйҳо, манзараҳо ва … меписандад ва бархе аз онҳоро намеписандад. Ин гуна ҳусну қубҳ нисбӣ аст, яъне нисбат ба инсонҳои мухталиф ва дар замону маконҳо ва шароити гуногун тафовут мекунад.

В: Ҳусну қубҳ ба маънои созгорӣ ва носозгорӣ бо ғаразҳо ва манфиатҳои инсон

Яке аз корбурдҳои дигари ҳусну қубҳ, ҳусн ба маънои созгорӣ ва мувофиқат бо ҳадафҳо, ғаразҳо ва манфиатҳои инсон ва қубҳ ба маънои носозгорӣ ва мувофиқ набудан бо ҳадафҳо, ғаразҳо ва манфиатҳои инсон аст. Инсон воқеъа ва кореро, ки бо ҳадаф, ғараз ва манфиати ӯ созгор бошад ҳасан ва хуб медонад ва  воқеъа ва кореро, ки бо ҳадаф, ғараз ва манфиати ӯ носозгор бошад қабеҳ ва бад меномад.

Ин гуна ҳусну қубҳ низ нисбӣ аст ва дар шароити гуногун тағйир мекунад.

В: Ҳусну қубҳ ба маънои шоистаи таъриф ё танқид будани анҷомдиҳандаи феъл

Яке аз корбурдҳои ҳусну қубҳ ин аст, ки ба фаъл ва коре, ки фоъил ва анҷомдиҳандаи он шоистагӣ ва истеҳқоқи мадҳ ва таърифро дошта бошад феъли ҳасан ва хуб мегӯянд ва феълу коре, ки фоъил ва анҷомдиҳандаи он сазовори мазаммат ва танқид бошад, феъли қабеҳ ва бад мегӯянд.

Бархе аз афъол ва корҳо ба тавре аст, ки урф ва оқилони ҷомеа фоъил ва анҷомдиҳандаи онро ситоиш мекунанд, монанди адолатпешагӣ, ростгӯӣ, амонатдорӣ, вафои ба ваъда ва …, бархе дигар аз афъол ва корҳо ба гуне аст, ки урф ва оқилони ҷомеа фоъил ва анҷомдиҳандаи онро мазаммат ва накӯҳиш мекунанд, монанди ситамгарӣ, дуруғгӯӣ, хиёнат дар амонат, паймоншиканӣ, вафо накардан ба ваъда ва … . Дастаи аввалро корҳо ва афъоли ҳасан ва хуб ва дастаи дуввумро корҳо ва феълҳои қабеҳ ва бад меноманд.

Бинобар ин, корҳои ҳасан ё хуб ба корҳое гуфта мешавад, ки фоъил ва анҷомдиҳандаи онҳо мавриди мадҳ ва ситоиши мардум ва оқилони ҷомеа карор мегирад ва корҳои қабеҳ ё бад корҳое ҳастанд, ки фоъил ва анҷомдиҳандаи онҳо сазовори мазаммат ва накӯҳиш ва танқид аст.

Тамоми мутакаллимони исломӣ монанди Ашоира, Мотуридия, Муътазила ва … хусну қубҳи зотӣ ва ақлӣ ба се маънои аввалро пазируфтаанд. Яъне пазируфтаанд, ки дар зоти афъол ва ашёъ ҳусну қубҳ ба маънои камолу нақс ва созгорию носозгорӣ бо табиат ва завқ ва ғаразҳо ва манфиатҳои инсон, вуҷуд дорад ва ақли инсон метавонад онро дарк кунад.

Ончи мавриди ихтилоф аст ҳусну қубҳ ба маънои шоистаи таъриф ё танқид будани анҷодиҳандаи ва фоъили феъл аст. Ашоира ва Аҳлиҳадис ба сурати куллӣ ҳусну қубҳи ақлии афъол ва ашёъро инкор ва рад мекунанд ва ҳусну қубҳро фақат шаръӣ ва динӣ медонанд. Дар муқобили онҳо, Муътазила, Мотуридия ва бархе аз фирқаҳои дигар, ҳусну қубҳро зотии афъол ва ашёъ дониста ва муътақиданд ақл метавонд дар бархе мавридҳо ҳусну қубҳи афъол ва ашёъро дарк кунад ва бифаҳмад.

Натиҷа

Бинобар ин, аз ончи баён гардид чунин натиҷа гирифта мешавад, ки ҳусуну қубҳи ақлӣ дар баробари ҳусну қубҳи шаръӣ ва динӣ қарор дорад. Манзур аз ҳусуну қубҳи ақлӣ он аст, ки ақли инсон метавонад ба сурати мустақил ва бидуни кумаки шаръ ва дин, ҳусну қубҳ (хубӣ ва бадӣ)-и баъзе аз афъолу корҳо ва ашёъро дарк мекунад. Маъно ва мафуҳми “зотӣ” низ дар баҳси ҳусну қубҳи ақлӣ, зотӣ ба маънои “воқеъӣ, ҳақиқӣ ва нафсул- амрӣ” мебошад.

Хусну қубҳи зотӣ ва ақлӣ дорои чаҳор корбурд аст, ки иборатанд аз: Ҳусну қубҳ ба маънои камолу нақс, ҳусну қубҳ ба маънои созгорию носозгорӣ бо табиат ва завқи инсон, ҳусну қубҳ ба маънои созгорӣ ва носозгорӣ бо ғаразҳо ва манфиатҳои инсон ва ҳусну қубҳ ба маънои шоистаи таъриф ё танқид будани анҷодиҳанда ва фоъили феъл. Аммо ончи ки мавриди баҳси мост, корбурди чаҳорум он аст.

Мабноҳо ва пояҳои каломии Мотуридия(бахши аввал)

Мабноҳо ва пояҳои каломии Мотуридия (бахши дуввум)

Мабноҳо ва пояҳои каломи Мотуридия(бахши севвум)

 

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед