Мабноҳо ва пояҳои каломи Мотуридия(бахши ҳафтум)

0
22

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Мотуридӣ ва Мотуридия тарафдори ҳусну қубҳи ақлӣ -2

Чуноне ки дар қисмати гузашта баён кардем, имом Абумансури Мотуридӣ ва дигар мутакаллимони пайрави мактаби каломии Мотуридия тарафдори ҳусну қубҳи ақлӣ ҳастанд ва муътақиданд, ки ақл ин тавоноиро дорад, ки ҳусну қубҳи (хубӣ ва бадӣ) бархе аз афъол ва ашёъро дарк кунад ва бифаҳмад, аммо бархе аз натиҷаҳоеро, ки дигар тарафдорони ҳусну қубҳи ақлӣ аз он ба даст меоваранд монанди “вуҷубун алал-Аллоҳ (وجوب علي الله)” (воҷиб шудан бар Худованд) ва “вуҷуби аслаҳ (وجوب اصلح)”-ро намепазиранд.

Аллома Камолуддини Баёзӣ, яке аз донишмандони Мотуридия дар ин замина мегӯяд:

“Ҳусн ба маънои шоистаи таъриф ва савоб будан ва қубҳ ба маънои шоистаи танқид ва азоб будан бар такзиби (пайғамбарон), дар назди Мотуридӣ ақлӣ аст, ба ин маъно, ки ақл дарк мекунад, ки Худованд ба он ҳукм кардааст… на инки ақл ҳусну қубҳро воҷиб кунад…”. (Камолуддини Баёзӣ, Ишоротул маром мин иборотил имом, саҳ 59 то 62)

Иборати “на инки ақл ҳусну қубҳро воҷиб кунад”, шабеҳи суханони касоне аст, ки ҳусну қубҳи ақлиро рад мекунанд ва шояд ин шубҳаро эҷод кунад, ки ӯ ҳусну қубҳи ақлиро қабул надорад, аммо ончи Камолуддини Баёзӣ дар идома баён мекунад ин шубҳаро бартараф мекунад. Вай менависад: “Ва муттасиф кардани Худованди Мутаол ба зулм ва ончи ки сазовор нест, маҳол аст. Бинобар ин, азоб кардани фарди итоаткунанда ва бахшидани кофир аз назари ақл ҷоиз нест, зеро ба ҳикмати Худованд мухолифат дорад ва ақл ба ҷоиз набудани он яқин дорад”. ( Ҳамон манбаъ)

Дар охир вай иборатҳоеро баён мекунад, ки нишондиҳандаи ин аст,  ки ҳар чанд мотуридиён қоил ба ҳусну қубҳи ақлӣ ҳастанд ва онро қабул доранд, вале бархе аз натиҷаҳои онро намепазиранд. Ӯ менависад: “Афъоли Худованд аз ҷиҳати фазл ва лутф бар бандагон ва ба сабабу иллати маслиҳатҳо ва ҳикматҳо аст. Бинобар ин, комил шудан (комил шудани Худованд ба воситаи ин умур) ва ё “вуҷуби аслаҳ (وجوب اصلح)” лозим намеояд”. ( Ҳамон манбаъ)

Яке аз донишмандон ва муҳаққиқони муосир низ дар баёни дидгоҳ ва назари мотуридиён дар мавриди ҳусну қубҳи ақлӣ мегӯяд:

“Мотуридиён муътақиданд, ки ашёъ дорои ҳусну қубҳи зотӣ ҳастанд ва ақл метавонад ҳусни бархе ашёъ ва қубҳи бархеро дарк кунад… . Вале бо ин ҳол, ончиро, ки Муътазила бар ин масъала мутараттиб месохтанд, мотуридиён бор намекунанд, зеро Муътазила бар асоси ин масъала натиҷа мегирифтанд, ки ончи ақл ҳусни  онро дарк кунад, ба ҳукми ақл анҷоми он лозим аст ва ончи ақл қубҳи онро бифаҳмад, анҷом додани он манъ аст. Аммо Мотуридӣ ин масирро напаймуда, балки бо пайравӣ аз имом Абуҳанифа гуфтааст: Ақл дарк мекунад, вале таклифе намекунад, чаро, ки таклиф фақат аз ҷониби Худованди Ҳаким аст, зеро ақл ҳаргиз наметавонад ба танҳоӣ таклифи динӣ дошта бошад ва онки таклифи динӣ ҳукм мекунад, фақат Худованди Субҳон аст”. (Муҳаммад Абузуҳра, Таърихи мазоҳиби исломӣ, саҳ 297 то 298)

Бинобар ин, равшан шуд, ки мотуридиён бо вуҷуди онки ба ҳусну қубҳи ақлӣ эътиқод доранд ва доварии ақлро дар ташхиси ҳусну қубҳи ашёъ ва афъол дар бархе мавридҳо мепазиранд, аммо бархе аз натиҷаҳои он ва ё саҳеҳтар баён намоем, бархе аз натиҷаҳоеро, ки дигар тарафдорони ҳусну қубҳи ақлӣ бар он бор мекунанд, намепазиранд.

Аз ончи дар бораи ҳусну қубҳи ақлӣ дар ин ду қисмат баён гардид, натиҷа гирифта мешавад, ки имом Абумансури Мотуридӣ ва дигар мутакаллимони пайрави мактаби каломии Мотуридия ҳусну қубҳи ақлиро мепазиранд ва мутақиданд, ки ақл ин тавоноиро дорад, ки ҳусну қубҳи (хубӣ ва бадӣ) бархе аз афъол ва ашёъро дарк кунад ва бифаҳмад, аммо бархе аз натиҷаҳо ва лозимаҳо ва паёмадҳоеро, ки дигар тарафдорони ҳусну қубҳи ақлӣ аз ҷумла Муътазила барои он матраҳ кардаанд, монанди “вуҷубун алал-Аллоҳ (وجوب علي الله)” ва “вуҷуби аслаҳ (وجوب اصلح)”-ро намепазиранд ва онро хилофи шариат ва тавҳид медонанд. Аммо натиҷаҳо ва лозимаҳои аслӣ ва маъқуле, ки аз ҳусну қубҳи ақлӣ ба даст меояд, ба монанди ҷоиз набудани анҷом додани зулм аз ҷониби Худованд, ҷоиз набудани азоб кардани фарди итоаткунанда, бахшидани кофир, ҷоиз набудани таклиф кардани беш аз тавоноии инсон аз тарафи Худованд ва ғайраро мепазиранд. Ин умур дар масъалаҳои каломӣ нақш ва таъсири решаӣ ва бунёдӣ доранд.

Натиҷаҳо ва лозимаҳои пазириш ва рад кардани ҳусну қубҳи ақлӣ

Бо таваҷҷуҳ ба инки мавзуи ҳусну қубҳ зербино ва пояи бисёре аз масъалаҳои каломӣ ва эътиқодӣ аст, баррасии он бисёр аҳаммият дорад, зеро аслҳои асосие монанди адл ва ҳикмати илоҳӣ, ҷабру ихтиёри инсон, муъҷизаҳои пайғамбарон, масъалаи подошу савоб ва ҷазову азоб ва …. бар он бино шудааст ва вобаста бар он аст. Ба ин маъно, ки бо қабули ҳусну қубҳи ақлӣ метавон масъалаҳои зикршударо аз тариқи ақл ҳал кард, аммо нафй ва рад кардани ҳусну қубҳи ақлӣ чорае ҷуз пазириши ҷабри инсон боқӣ намемонад. Ҳамчунин адл ва ҳикмати илоҳиро низ наметавон исбот кард.

Лизо эътиқод ба ақлӣ ё шаръӣ будани ҳусну қубҳ, натиҷаҳо ва лозимаҳое дорад, ки бо қабули ҳар як аз онҳо бояд натиҷаҳои онро пазируфт ва лозимаҳои онро қабул кард.

Қоил шудан ба ҳусну қубҳи ақлӣ ё шаръӣ дар масъаҳои каломӣ ва эътиқодӣ дар се бахши худошиносӣ, нубуввату пайғамбаршиносӣ ва маоду охиратшиносӣ таъсиргузор аст.

Дар бахши худошиносӣ бар асоси назарияи ҳусну қубҳи ақлӣ метавон бисёре аз сифоти илоҳӣ аз ҷумла адл ва ҳикмати илоҳиро исбот кард ва табйину тавзеҳи саҳеҳе аз онҳо баён намуд. Аммо бар асоси назарияи ҳусну қубҳи шаръӣ наметавон Худовандро аз анҷоми зулм ва корҳои хилофи ҳикмат муназзаҳ ва пок донист.

Дар бахши нубуввату пайғамбаршиносӣ низ қоил шудан ба ҳусну қубҳи ақлӣ ё шаръӣ натиҷаҳо ва лозимаҳои мухталиф ва мутафовит дорад. Бар асоси назарияи ҳусну қубҳи ақлӣ, ақл ба қабеҳ ва нодуруст будани додани муъҷизаи нубувват дар дасти афроди дуруғгӯи иддиокунандаи пайғамбарӣ ҳукм мекунад. Ҳамчунин далелҳои исботи нубувват ва зарурату лозим будани нубувват, бар асоси ҳусну қубҳи ақлӣ мебошад. Аммо назарияи ҳусну қубҳи шаръӣ бо қабул накардани ҳусну қубҳи ашёъ ва афъол қабл аз баёни шариат (ҳусну қубҳи зотии ашёъ ва афъол) ин масъалаҳоро наметавонад исбот кунад.

Ҳусну қубҳи ақлӣ ё шаръӣ дар бахши маоду охиратшиносӣ таъсиргузор аст. Бар мабнои назарияи ҳусну қубҳи ақлӣ зарурату лозим будани маъоду охиратшиносӣ ба исбот мерасад. Ҳамчунин масъалаи асосии ҷазову азоб додан ва савобу подош додан ва инки азоб кардани фарди итоаткунанда ва бахшидани кофир қабеҳ аст, бар асоси ҳусну қубҳи ақлӣ исбот мешавад. Аммо бар асоси назарияи ҳусну қубҳи шаръӣ, ваъдаҳои ҷазову азоб ва савобу подоши Худованд илзомовар намебошад.

Мабноҳо ва пояҳои каломи Мотуридия(бахши шашум)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед