Куфри ба тоғут имон ба Худо(қисмати аввал)

0
23

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Куфри  ба тоғут сахттар аз имон оварадан ба Худо аст. Барои инсон имони ба Худо содатар аст аз ин ки куфри ба тоғут дошта  бошад. Кофир шудан ба касоне, ки ситамгар ва золиманд кори душворест, ки ҷуръату ҷасорат ва имони мустаҳкам мехоҳад. Ду мафҳуми “имон ба Худо ва куфр ба тоғут надоштан” зидди ҳамдигар  мебошанд, ба ин маъно, ки вақте  ҳар кадоми аз инҳо дар инсон фаъол бошад дигариро аз байн мебарад ва наметавонанд дар канори ҳам  бошанд. Намешавад инсон  ба Худо имон дошта бошад, вале бо тоғуту ситамгарон мухолифат надошта  бошад. Имони ҳақиқӣ намегузорад, ки инсон нисбат ба тоғут бетафовут бошад. Дар инҷо ибтидо маънои тоғут баҳс мешавад, то матлаб равшан шавад ва хонандагон нисбат ба тоғуту куфр огоҳ шаванд.

Маънои тоғут

Тоғут ба чӣ маъност? Чаро зарурат дорад, ки  ба Худо имон дошта бошем ва ба  тоғут кофир бошем? Ибтидо лозим аст, ки мафҳуми вожаи тоғут равшан шавад.

Тоғут дар луғат ба маънои таҷовузгар, тарвиҷ ва густаришдиҳандаи ботил ва ситаму гуноҳ дар ҷомеа аст. Тоғут вожаи муболиға аз туғён аст, ки ба маънои таҷовузкунанда аз ҳадду марз аст. Шахсе, ки дар таҷовуз аз ҳад мегузаронадро тоғут мегӯянд ва ба ҳар чизе ва ҳар касе, ки василаи таҷовуз аз ҳад бошад низ тоғут гуфта машавад. Аз ин рӯ ба шайтон, бут, ҳокими ситамгару золим ва роҳу масире, ки ба ғайри ҳақиқат хатм мешавадро тоғут мегӯянд. Ҳамчунин ба ҳар пешвое, ки дар залолат ва гумроҳии мадрдум нақш дошта бошад тоғут гуфта шудааст. (Луғатномаи Деҳхудо, зери ваожаи тоғут)

Замахшарӣ, мегӯяд: Туғён яъне зиёдаравӣ, куфр варзидан  ва беш аз ҳад саркашӣ кардан аст. (Замахшарӣ, Алкашоф, ҷ 1, саҳ 68) Густохӣ,  гарданкашӣ, зиёдаравӣ, нофармонӣ ва сарпечӣ аз ҳақ аз маънои тоғут аст.

Маънои туғён дар Қуръон

Вожаи тоғут дар Қуръон борҳо омадааст, ки маънои худоёни дуруғин ва мардумони мутаҷовизгар, гуноҳ ва ба маънои таҷовуз ва аз ҳад гузаштан аст. Инсон дар асари таҷовуз ҳадди худро фаромӯш мекунад ва ин сабаби зиёдахоҳӣ ва тамаи ӯ хоҳад шуд. Худованд мефармояд:

«اذْهَبْ إِلى‏ فِرْعَوْنَ إِنَّهُ طَغى»

 “Ба сӯи Фиръавн бирав, ки қатъан ӯ туғён кардааст”.(Сураи  Тоҳо,ояти 24)

Таҷовузи Фиръавн ба ҳадде шудааст, ки Худованд дигар он таҷовуз ва зулму ситам бар зидди бандагони худро таҳаммул намекунад.  Кори Фиръавн чи буд, ки Худованд ӯро туғёнгар мегӯяд? Кори фиръавн ин буд, ки хостаҳо ва қонунҳои худро аз қонунҳои Худо боло медонист.

Худованд Мӯсо (а) ро  фиристод то бандагонашро аз ситами золими таҷовузгар наҷот диҳад. Ин ки чаро Худованд Мӯсо (а)-ро барои мубориза бо Фиръавни туғёнгар интихоб кард, посух ин аст, ки Мӯсо (а) худ шоҳид бар зулму ситам ва туғёни Фиръавн буд, ӯ дар кохи Фиръавн парвариш ёфта буд, туғёну зургӯӣ, саркашӣ ва азамати Фиръавнро дида буд, ӯ шоҳиди ранҷу азоб ва шиканҷаву қатли қабилаи худ буд, инҳо буданд, ки ӯро дар мубориза бо Фиръавн мусаммамтар ва муқовимтар карда буд. (Сайид Қутб, Фи зилоли Қуръон зери ояти 24 сураи Тоҳо)

Фиръавн кофири туғёнгар буд, дар инҷо савол ба зеҳн меояд ва он ҳам ин ки, тоғут бо куфр чӣ фарқ доранд?.   Куфр ақида аст ва тоғут ва туғён амал ва рафтори  шахс мебошад. Шояд як инсон кофир бошад, аммо туғёнгар набошад, вале Фиръавн кофири туғёнгар буд.

Худованд дар ояти дигар мефармояд:

«…فَمَن يَكفُرْ بِالطاغوتِ و يُؤمنْ باللَّه فَقَدِ اسْتَمْسَكَ بِالْعُرْوَةِ الوُثْقى‏ لَاانْفِصامَ لَها…»

“Пас, ҳар касе ба тоғут куфр варзад ва ба Худо имон оварад, дар ҳақиқат, ба дастовези устуворе чанг задааст, ки ҳеҷ гусастание барояш нест.(Сураи Бақара, 257)

Яъне куфр ба тоғут пеш аз имон ба Худованд аст  ва чунин инсоне дар ҳақиқат имони уствор ва маҳкаме дорад, ки ҳаргиз дасти ӯро аз дини ҳақ ҷудо намекунад.

Вожаҳои ҳаммаънои тоғут дар Қуръон

Дар Қуръони Карим  вожаҳо ва калимаҳое аст, ки ҳаммаъно бо тоғут мебошад  ва дар онҳо маонии таҷовуз аз ҳадди маъмул вуҷуд дорад, ки намунаҳое аз онҳо зикр мешавад.

Ҷиббт, «جبت» ин вожа танҳо як бор дар Қуръони Карим дар канори тоғут омадааст, Худованд дар Қуръон мефармояд:

«…يُؤْمِنُونَ بِالْجِبْتِ وَ الطَّاغُوتِ…»

  “Ба бут ва тоғут имон меоваранд” (Сураи Нисоъ, ояти 51)

Дар инҷо баҳс аз имон аст,  яъне касоне, ки ба ҷои ин ки ба Худои ягона имон оваранд ба буту тоғут имон меоваранд. Роғиби Исфаҳонӣ мегӯяд ҷибт,  яъне ҳар чизе, ки ғайри Худо бошад парастида шавад ҷибт гуфта мешавад.

Утувв «عُتُو» Утувв ба маънои истикбор ва таҷовуз аз ҳад аст. Баъзеҳо низ гуфтаанд, маънои ин вожа таҷовуз аз ҳад бо роҳи шарру фасод  аст, ҳамроҳ бо такрор ва исрор дар таҷовуз аст. Дар Қуръони Карим  ҳам ба ҳамин маъно омадааст.

«فَعَقَرُوا النَّاقَةَ وَ عَتَوْا عَنْ أَمْرِ رَبِّهِمْ…» ‏

 “Ва аз фармони Парвардигорашон сарпечӣ карданд”(Сураи Аъроф,ояти 77)

Ва ҳамчунин Худованд дар мавриди мардуме, ки аз фармони Худо ва паёмабаронаш сарпечӣ карданд мефармояд:

وَ كَأَيِّنْ مِنْ قَرْيَةٍ عَتَتْ عَنْ أَمْرِ رَبِّها وَ رُسُلِهِ فَحاسَبْناها حِساباً شَديداً وَ عَذَّبْناها عَذاباً نُكْراً

 “Ва чӣ бисёр ободие, ки аз фармони Парвардигори худ ва паёмбаронаш сарпечӣ карданд; пас, онҳоро ба ҳисоби сахт  расидагӣ кардем ва ба азоби сахт, азобашон кардем”(Сураи Талоқ, ояти 8)

Бағй «بغی»   Ҷавҳарӣ мегӯяд  бағй ба маънои таҷовуз аст, аммо Роғиб дар маънои он овардааст: Бағй ба маънои ирода ва қасди таҷовуз кардан ва ё гузаштан аз ҳадди этидол ва миёнаравӣ аст, чӣ дар амал таҷовуз кунад ё накунад. Ва дар идома мегӯяд бағй ду маъно дорад, писандида ва нописанд, ки дар маънои нописанди он таҷовуз аз ҳадду марзи нораво ва аз ҳақ ба ботил ва шакку шубҳа рафтан аст. ( Муфрадоти Роғиби Исфаҳонӣ, ҷ 1 саҳ226)

Худованд мефармояд:

فَلَمَّا أَنْجاهُمْ إِذا هُمْ يَبْغُونَ فِي الْأَرْضِ بِغَيْرِ الْحَقِّ يا أَيُّهَا النَّاسُ إِنَّما بَغْيُكُمْ عَلى‏ أَنْفُسِكُمْ مَتاعَ الْحَياةِ الدُّنْيا

“Ва замоне, ки онҳоро наҷот дод, ногаҳон онҳо дар замин ба ноҳақ ситам мекунанд. Эй мардум! Ситами шумо танҳо ба зарари худи шумост; баҳраи зиндагии дунё[-ро мебаред] (Сураи Юнус, ояти 23)

 Дигар вожаҳое низ ҳастанд, ки дар Қуръони Карим  ба маънои таҷовуз ва туғён омадааст, монанди вожаҳои зулм, адув, анад, ки дар фурсати муносиб баррасӣ хоҳад шуд. Вале як нукта дар  бораи вожаҳое, ки хулоса баҳс шуданд лозим аст  гуфта шавад  ва он ин ки дар ин вожаҳо маънои таҷовуз аз  ҳад дар ҳамаашон вуҷуд дошт, аммо ин ба он маъно нест, ки танҳо маънои онҳо таҷовуз аз ҳад бошад, чаро ки таҷовуз ва зулму ситам бо равишҳои мухталиф ва гуногун аст, ки ҳар кадоми он аз вожаҳо ба бахше аз онҳо ишора доранд ва дар умум ҳамагӣ ба туғён ва туғёнгарӣ таъкид мекунанд.

Натиҷа

Дар ҷамъбандии оятҳои Қуръони Карим  бояд гуфт  ҳар чизе як ҳадди табиии хосси худро дорад ва агар аз он ҳад берун шавад таҷовуз ва зиёдахоҳӣ шудааст. Агар як чизе аз он ҳад ва миқдоре, ки барояш аст убур кунад ва ин ба сурати муболиға омез бошад, тоғут, туғёнгар ва мутаҷовиз номида мешавад.

Таҷовузгар метавонад шахс бошад ва ҳамчунин метавонад, ғайри шахс бошад. 1. Шахси тоғут, дар ин инҷо мумкин аст, як шахс ва фарди оддии ҷомеа бошад  ва шояд ҳам як шахсияти соҳиби мақом монанди раисҷумҳури кадом кишваре  бошад, ки ҷомеа ва миллатеро гирифтори зулму ситаму таҷовуз қарор диҳад, ҳамонанди ҳукумати тоғутии Фиръавн дар сарзамини Миср, ки Худованд дар Қуръони Карим  мефармояд:

«إِنَّ فِرْعَوْنَ عَلا فِي الْأَرْضِ وَ جَعَلَ أَهْلَها شِيَعاً يَسْتَضْعِفُ طائِفَةً مِنْهُمْ يُذَبِّحُ أَبْناءَهُمْ وَ يَسْتَحْيي‏ نِساءَهُمْ إِنَّهُ كانَ مِنَ الْمُفْسِدينَ»

“Ба дурустӣ ки Фиръавн дар замин бартарӣ ҷуст; ва аҳли онро, гурӯҳҳое қарор дод  дар ҳоле ки гурӯҳе аз онҳоро ба нотавонӣ мекашонд; писаронашонро сар мебурид ва занонашонро зинда мегузошт; ҳамоно ӯ аз фасодкорон буд”(Сураи Қасас, ояи  4)

Ин гурӯҳ аз ситамгарони тоғутӣ ҳукумат ва ҷомеаро аз они худ медонанд ва дигаронро бардаҳо ва ё дар хидмати худашон медонанд, ҳамон тавре ки Фиръавн  эътиқод ва бовари худро ошкор кард:

«وَ نادى‏ فِرْعَوْنُ في‏ قَوْمِهِ قالَ يا قَوْمِ أَ لَيْسَ لي‏ مُلْكُ مِصْرَ وَ هذِهِ الْأَنْهارُ تَجْري مِنْ تَحْتي‏ أَ فَلا تُبْصِرُون‏»

 “Ва Фиръавн дар миёни қавмаш нидо дод ва гуфт: «Эй қавм[-и ман]! Оё фармонравоии Миср ва ин ҷӯйҳо, ки аз зери [кохи] ман равон аст, аз они ман нест?” (Сураи Зухруф, ояти  51)

Идомад дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед