Коронавирус ва ошкор шудани заъфи инсони туғёнгар -2

0
243

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Коронавирус ва ошкор шудани заъфи инсони туғёнгар
Қисмати дуввум

Дар бахши аввали ин мақола, ду матлабро мавриди баррасӣ ва таҳқиқ қарор додем, яке инки инсон чи аз ҷиҳати ҷисмиву баданӣ ва чи аз ҷиҳати фикриву рӯҳӣ, заъиф ва нотавон аст, дуввум инки табиат ва сиришти бештари инсонҳо ин аст, ки вақте эҳсоси қудрат ва бениёзӣ кунанд, даст ба туғёнгарӣ ва саркашӣ мезананд ва аз итоату дастурҳои Худованд саркашӣ мекунанд.

Дар ин бахш ҳадфи мо ин аст, ки ин вижагиҳои инсонро, ки баррасӣ намудем дар мавриди инсони муосир ва ҳозиразамон ва ҷаҳони муосир, ба хусус инсонҳо ва кишварҳои пешрафта ва ғарбӣ татбиқсозӣ кунем ва баён намоем, ки инсонҳо даст ба туғёнгарӣ ва саркашӣ заданд ва аз итоату дастуроти Худованд сарпечӣ кардаанд ва ин бало, имтиҳон ва мушкили нави дар ҷаҳон, яъне коронавирус ё ҳамон “COVID 19” чи гуна заъф ва нотавонии инсонро нишон дод ва зоҳир кард.

Инсони муосир ва ҳозиразамон аз назари бисёре аз пешрафтҳои модию дунёӣ, тахасуссӣ, илмӣ, амалӣ, техналогӣ ва … дар дараҷа ва зинаи бисёр болое қарор гирифтааст. Пешрафт аз ҷиҳати техналогӣ, роҳсозӣ, сохтмонсозӣ, тибу пизишкӣ, василаҳои иртиботӣ, таҷҳизоти низомӣ, илму таҷизоти ҳавоӣ ва ҳазору ҳазорон соҳа ва бахшҳои дигар. Яке аз соҳаҳо ва заминаҳое, ки инсон дар он бисёр пешрафт кардааст ва ба марҳилаҳои болое расидааст, соҳаи илми тиб ва пизишкӣ аст. Дар замонҳои қадим як шахси табиб дар мавриди бисёре аз аъзои бадани инсон илм ва огоҳии тиббӣ дошт ва бисёре аз аъзои бадани инсонро табобат мекард, ин ба он сабаб буд, ки табибон дар замонҳои қадим илм ва огоҳии бисёр кам ва сатҳие дар мавриди инсон ва аъзои бадани инсон доштанд.

Аммо дар ҳоли ҳозир ва дар замоне, ки мо дар он зиндагӣ мекунем, масъала бисёр фарқ мекунад, дар ҷаҳони муосир илми тиб ва пизишкӣ ба гунае пешрафт ва тараққӣ кардааст, ки табибон ва пизишкони муосир ва ҳозиразамон ҳар як аз аъзои бадани инсонро ба сурати ҷудогона ва мустақил мавриди таҳқиқоту пажӯҳиш ва табобату дармон қарор медиҳанд ва барои ҳар узве аз аъзои бадани инсон табибон ва пизишкони махсус ва мутахассис дар мавриди он узви хосе аз бадани инсон вуҷуд дорад, ки тахассус ва соҳаи фаъолияташ маҳдуд ва мунҳасир ба ҳомон узви инсон аст. Аз ин ҳам болотар инки ҳатто як узви хоси инсон монанди қалб, ҷигар, чашм, гӯш, дандон ва … худ ба танҳоӣ дорои чанд бахши тахассусӣ ҳастанд ва ҳар кадом аз ин бахшҳо мутахассиси махсуси худро доранд. Ин ҳама илму огоҳӣ ба ҷузиёти аъзои бадани инсон ва таҳқиқоту пажӯҳиш ва табобати онҳо, далолат ба пешрафту тараққии илму дониши инсони муосир дар мавриди инсон ва аъзои бадани ӯ дорад ва нишон аз қудрат ва қуввати инсон дар соҳаи тиббу пизишкӣ аст.

Соҳаи тиб ва пизишкиро фақат ба унвони як намуна ва мисол зикр намудем ва инсони муосир дар дигар соҳаҳо ва заминаҳо низ ин пешрафту тараққӣ ва илму донишро дорад ва аз қудрат ва қувват бархурдор аст.

Аммо чизе, ки боиси таассуф аст ин аст, ки бештари инсонҳо баъд аз мушоҳидаи ин пешрафту тараққиёт эҳсос кардаанд, ки тамоми инҳо самара ва натиҷаи зеҳн ва фикри худи инсон ва қудрату қуввати мустақили ӯст ва Худованди Мутаолро, ки офаринандаи тамоми олам аз ҷумла худи инсон ва зеҳну фикри ӯст, нодида гирифтанд ва даст ба туғёнгарӣ, сарпечӣ ва зулм заданд ва дар натиҷа аз дастурот ва аҳкоми илоҳӣ, ки барои саодат ва ҳидояти дунёӣ ва охиратии худи инсон гузошташуда буд, ба куллӣ раҳо карда ва аз роҳи илоҳӣ ва масири тавҳидӣ хориҷ шуданд. Исонҳо ва кишварҳо ба сабаби хориҷ шудан аз роҳи илоҳӣ ва масири тавҳидӣ, аз ҳеҷ зулму  беадолатие нисбат ба ҳамдигар ва нисбат ба заъифтар аз худ дареғ накардаанд. Куфр, беадолатӣ ва фасод дар анвоъи мухталифи он, ҷомеаҳо ва кишварҳо ба хусус ҷомеаҳо ва кишварҳои ғарбиро ба куллӣ фаро гирифтааст ва кор ба ҷое расидааст, ки вилоят, моликият ва ҳокимияти Худованди Мутаол мавриди инкор қарор гирифтааст.

Ҳамаи инҳо натиҷаи дидгоҳ ва фикри нодурсти инсон аст, ки гумон мекунад бениёз шудааст ва аз қудрату қуввати мустақил бархурдор мебошад. Аммо чунон ки баён кардем, ин як эҳсос ва пиндори ғалату нодуруст аст.

Инҷост, ки инсон ба як ёдоварӣ ва гӯшзаде ниёз пайдо мекунад, то ӯро аз ин хоби ғафлат ва ҷаҳлу пиндори нодуруст бедор кунад. Ба ин сабаб аст, ки коронавирус ё ҳамон “COVID 19”-ро метавон ба унвони як омил ва василае барои бедор кардани инсон аз ҷаҳл ва эҳсосу пиндори ғалту нодуруст, ба шумор овард. Ҳеҷ тафовуте ҳам намекунад, ки омили эҷоди ин вирус чи касе ё чи кишваре бошад, зеро ҳама дар зери офариниш ва қудрати бениҳояти Худованди Мутаол қарор мегиранд, чунон ки Худованд мефармояд:

وَلِلَّهِ جُنُودُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَكَانَ اللَّهُ عَزِيزًا حَكِيمًا

“Лашкариёни осмонҳо ва замин танҳо аз они Худованд аст, ва Худованд шикастнопазири ҳаким аст”. (Сураи Фатҳ, ояти 7).

Инсони муосири имрузӣ ва насле, ки мо бо он рӯ ба рӯ ҳастем, насле аст, ки шефта ва мағлуби тавсеа, тараққиёт ва пешрафти илмӣ ва фанноварии мағрибзамин аст ва даҳаҳо аст, ки дар як ҳолат ва эҳсоси нодурусти “бениёзӣ ва ғино”нисбат ба Худованди Мутаол қарор дорад ва нигоҳи илоҳӣ ва тавҳидӣ ба Худованди Мутаолро аз даст додааст. Худои ӯ ҳаддиаксар Худои якшанбеҳои калисо аст ва Худое аст, ки дар ҷомеа вуҷуд надорад ва шоҳиду нозири рафторҳои иҷтимоъии ӯ нест ва ончи рафторҳои иҷтимоии ӯро месозад, дастовардҳои илмӣ ва технологии даҳаҳои ахири башар аст. Худое, ки инсони муосири ғарбӣ барои худ сохтааст, ё аслан вуҷуд надорад ва ё агар ҳам ҳаст, бисёр нотавон аст. Ба истилоҳи бархе аз донишмандони онҳо Худое аст, ки мурдааст ва ҳар чи ҳаст қудрат ва дастовардҳои илмӣ ва технологии башар аст.

Ҳоло инсоне, ки дорои чунин андеша ва тафаккуроте аст, бовараш намеояд, ки дар ҳолати шукуфоии илму дониш ва дар соли 2020 мушкиле ба ин бузургӣ сари роҳаш падид омадааст. Ин башар одат надорад, ки пизишк ба ӯ бигӯяд ин бемории ту дармон надорад ва ҳануз барои ин беморӣ ва вирус доруе ихтироъ нашудааст, дар ҳоле, ки ӯ муъҷизаҳои зиёде аз илми тиб ва пизишкӣ дидааст.

Албатта бояд зикр кард, ки ин суханон ба маънои рад кардани илми тиб ва пизишкӣ ва пешрафту тараққиёти дигар илмҳо нест, балки ба маънои рад кардани бовар ба комил шудани илми инсон ва бениёзӣ аз Худованди Мутаол аст. Рад кардани дидгоҳ ва тафаккуре аст, ки гумон мекарданд; чун инсон дар қадим аз илму дониши зиёде бархурдор набуд ва иллати падидаҳоро намедонист, лизо ба Худованд ниёз дошт, вале дар замони муосир, ки илму дониши инсон  пешрафт кардааст ва иллати тамоми падидаҳоро метавонад ба даст биёварад, дигар ниёзе ба Худо нест.

Инҷост ки коронавирус бо ҳамаи кӯчакиаш мисли як қудрати бузург тамоми дунёро бисёр сареъ фаро гирифт ва бо худ ин пайғомро ҳамроҳ дошт, ки эй инсон, чи чизе туро нисбат ба Парвардигори Каримат мағрур сохтааст, “يَا أَيُّهَا الْإِنسَانُ مَا غَرَّكَ بِرَبِّكَ الْكَرِيمِ“ (Сураи Инфитор, ояти 6), чӣ чизе сабаб шудааст, ки нисбат ба Парвардигорат туғён ва сарпечӣ кунӣ ва аз масири тавҳидӣ ва илоҳӣ хориҷ шавӣ, чӣ чизе сабаб шудааст, ки эҳсос ва пиндори бениёзӣ аз Худованди Мутаол кунӣ.

Коронавирус ин пайғом ва ҳушдорро ба инсон расонид, ки бо тамоми пешрафтҳо ва тараққиёте, ки башар доштааст, вақте Худованди Мутаол нахоҳад ҳеҷ касе наметавонад коре аз пеш барад ва як вируси бисёр кӯчак тамоми инсонҳо ва тамоми кишварҳо ва тамоми қудратҳоеро, ки иддиои бузургӣ мекарданд, бо тамоми имкониятҳо ва пешрафтҳояшон ба куллӣ замингир мекунад ва ҳеҷ тадбире аз дасташон бар намеояд.

Чунон ки баён кардем, дар солҳо ва даҳаҳои ахир бо пешрафтҳо ва тараққиёти илми тиб ва пизишкӣ ва пешрафтҳои дунёӣ ва имкониятҳои инсон, бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ва бисёре аз инсонҳо худро бениёз аз Худо медиданд ва тасаввур мекарданд, ки Худое лозим нест ва дигар ниёзе ба Парвардигор надорем, бо таваҷҷӯҳ ба пешрафти инсон ҳар чи бихоҳем метавонем анҷом диҳем.

Ин вирус ва беморӣ дарсе буд барои инсони заъифу залил ва нотавон, ки мутавҷҷеҳ бошад ва бифаҳмад, беиҷозат ва иродаи илоҳӣ ҳеҷ коре сурат намегирад ва агар Худованд нахоҳад ин ҳама имкониятҳо ва пешрафтҳо ҳам наметавонад ӯро наҷот диҳад.

Як нуктаи асоси ва муҳим дар мавриди коронавирус, фарогирӣ ва пахши бисёр зиёди он аст, ки тақрибан тамоми кишварҳоро даргир кардааст, аммо бештарин шуюъ ва пахши он марбут ба кишварҳои пешрафтаи аврупоӣ ва Амрико аст, кишварҳое, ки аз тамоми ҷиҳатҳо ба хусус аз назари илми тиб ва пизишкӣ дар қуллаи пешрафт қарор доранд, вале дар муқобили ин вируси кучак ҳама ба зону даромадаанд.

Ин вирус ва ин беморӣ як зарраи бисёр кучаке аз саҳнаи рӯзи қиёматро ба намоиш гузошт, ки Худованди Мутаол мефармояд:

لِّمَنِ الْمُلْكُ الْيَوْمَ

“Имрӯз фармонравоӣ (ва подшоҳӣ) барои кист? (Сураи Ғофир, ояти 16),

ки бояд дар ҷавоб гуфт:

 لِلَّهِ الْوَاحِدِ الْقَهَّارِ

Фақат барои Худованди Ягонаи Қаҳҳор”(Сураи Ғофир, ояти 16).

Аммо бояд инсони муосир ва насли имрӯз бидонад, ки ҳадафи Худованди Мутаол аз инки башарро ба бало, мушкилот ва мусибатҳо гирифтор мекунад ин нест, ки аз онҳо интиқом гирад, балки ҳадаф ин аст, ки инсон ба худ биёяд ва ба сӯи Парвардигори Меҳрубони худ баргардад ва дар масири тавҳиди илоҳӣ қарор гирад. Ин суннат ва равиш дар тӯли таърихи башар вуҷуд доштааст, аммо бархе аз ин имтиҳонҳо дарсу ибрат мегиранд ва ба масири илоҳӣ ва тавҳидӣ бар мегарданд, вале бархеи дигар дарсу ибрат намегиранд ва ҳамон масири гумроҳии худро идома медиҳанд.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед