Коронавирус ва ошкор шудани заъфи инсони туғёнгар-1

0
289

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Коронавирус ва ошкор шудани заъфи инсони туғёнгар
Қисмати аввал

Муқаддима
Дунёе, ки исонҳо дар он сукунат доранд ва зиндагӣ мекунанд, дар тӯли таърихи башар ва дар замонҳои мухталиф аз қадим то кунун гирифтори ҳодисаҳо ва рӯйдодҳои гуногӯн будааст. Аз ҷумлаи ин ҳодисаҳо балоҳо, имтиҳонҳо ва мушкилоте аст, ки инсонҳо ва дунё гирифтори он мешаванд. Ин ҳодисаҳо, балоҳо, имтиҳонҳо ва мушкилот сабабҳо ва иллатҳои мухталиф доштаанд. Дар бархе аз замонҳо ба сабаби туғёнгарӣ, зулм, фасод, ҷиноят ва итоат накардани қавм ё ҷомеае аз пайғамбари худ ва ба ниҳоят расидани даъват ва талоши пайғамбари он қавм ва напазируфтани ҳидоят аз тарафи он қавм ва ҷомеа, Худованди Мутаол бо фиристодани бало ва азоб он қавм ва ҷомеъаро аз байн мебараду нобуд мекунад. Дар бархе аз замонҳои дигар низ ба сабабҳо ва иллатҳои дигар ҳодисаҳо, балоҳо, имтиҳонҳо ва мушкилот ба вуҷуд меомаданд, ки дар бисёре аз мавридҳо сабаб ё сабабҳои онҳоро дақиқан намешавад гуфт, ки чӣ ҳаст.

Дар тӯли таърих аз замонҳои гузашта то кунун ин навъ ҳодисаҳо, балоҳо, ва мушкилот зиёд вуҷуд доштааст. Замони муосир ва кунуние, ки мо дар он зиндагӣ мекунем низ аз ин қоидаи куллӣ истисно нест. Бинобар ин, метавон коронавирус ё ҳамон “COVID 19”-ро аз ин навъ ҳодисаҳо, балоҳо ва мушкилот донист.

Ҳудуди чанд моҳ аст, ки дунё гирифтору дучори бало ва имтиҳоне ба исми коронавирус ё ҳамон “COVID 19” шудааст. Ин беморӣ ва вирус ибтидо аз шаҳри Вуҳони Чин шурӯъ шуд ва баъд аз муддате ба дигар кишварҳои ҷаҳон сироят кард ва дар ҳоли ҳозир бештари кишварҳои ҷаҳон гирифтор ва даргири ин беморӣ ва вирус ҳастанд ва кишварҳо бо роҳҳои гуногӯн ба муқобила бо коронавирус баромаданд, ҳар чанд мизони шуюъ ва пахш шудани он дар кишварҳо ба сурати яксон нест. Дар ҳоли ҳозир макони аслии шуюъ ва пахши он кишварҳои Аврупоӣ ва Амрико аст ва дар марҳалаи баъдӣ бархе аз кишварҳои осиёӣ монанди Эрон, Чин, Туркия ва ғайра қарор доранд.

Дар бораи сабаб ва иллати беморӣ ва вируси корона назарот ва гумоназаниҳои фаровоне баён шудааст. Аз интиқоли ин вирус аз парандагон ва дигар ҳайвонот гирифта, то эҷод ва сохта шудани ин беморӣ тавассути кишварҳои қудратманди монанди Амрико, Чин ва … бо ҳадафҳову мақсадҳои гуногӯни сиёсӣ, амниятӣ ва иқтисодӣ гуфта мешавад. Аммо мо дар ин навишта дар паи сабаб ва иллати он нестем, балки мехоҳем ин ҳодиса, бало, имтиҳон ё мушкили ба вуҷуд омадаро аз бархе ҷиҳатҳо ва паҳлуҳои дигар мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор диҳем.

Инсон мавҷуди заиф ва нотавон аст

Яке аз сифатҳо ва вежагиҳое, ки Худованди Мутаол дар Қуръони Карим барои инсон баён кардааст, заиф будан ва нотавонӣ аст. Худованд дар ин бора мефармояд:

وَخُلِقَ الإِنسَانُ ضَعِيفًا

 “Ва инсон, заиф офарида шудааст”. (Сураи Нисо, ояти 28)

Ҳамчунин Худованди Мутаол дар ояти дигар мефармояд:

اللَّهُ الَّذِي خَلَقَكُم مِّن ضَعْفٍ ثُمَّ جَعَلَ مِن بَعْدِ ضَعْفٍ قُوَّةً ثُمَّ جَعَلَ مِن بَعْدِ قُوَّةٍ ضَعْفًا وَشَيْبَةً يَخْلُقُ مَا يَشَاءُ وَهُوَ الْعَلِيمُ الْقَدِيرُ

Худо ҳамон зоте аст, ки шуморо офарид дар ҳоле, ки заиф будед, сипас баъд аз нотавонӣ, қувват бахшид ва боз баъд аз қувват, заъф ва пирӣ қарор дод. Ӯ ҳар чизе бихоҳад меофаринад ва Ӯ доно ва тавоност”. (Сураи Рум, ояти 54)

Худованди Мутаол дар ин оят барои нишон додани заъф ва нотавонии инсон ва заиф будани он, марҳалаҳои зиндагии инсонро ба ӯ ёдоварӣ мекунад ва мегӯяд, ки дар ибтидо ва дар замони тифлӣ ва кудакӣ бисёр заиф ва нотавон будӣ ва дар ҳақиқат Худованд туро аз заъф офарид. Яъне инсон ончунон заифу нотавон буд, ки ҳатто қудрат надошт як магасро аз рӯи худ дур кунад ва ё ҳатто наметавонист оби даҳони худро нигаҳ дорад ва ҳазорон нотавониҳои дигар.

Худованд дар ин қисмати ояти Қуръон заиф будан ва нотавонии ҷисмӣ ва бадании инсонро дар тифлӣ ва кудакӣ баён медорад, аммо дар ояти дигар Худованд мефармояд:

وَاللّهُ أَخْرَجَكُم مِّن بُطُونِ أُمَّهَاتِكُمْ لاَ تَعْلَمُونَ شَيْئًا

“Ва Худованд шуморо аз шиками модаронатон хориҷ намуд, дар ҳоле, ки ҳеҷ чиз намедонистед”. (Сураи Наҳл, ояти 78)

Дар ин оят заиф будан ва нотавонии инсон аз ҷиҳати руҳию маънавӣ ва фикриву ақлӣ баён шудааст. Таркиби ин ду ояти Қуръон ин матлабро мерасонад ва ба инсон ёдоварӣ мекунад, ки дар тифлӣ ва кӯдакӣ ҳам аз ҷиҳати ҷисмиву баданӣ ва ҳам аз ҷиҳати фикриву илмӣ бисёр заиф ва нотавон будӣ.

Сипас Худованд дар идомаи ояти боло ثُمَّ جَعَلَ مِن بَعْدِ ضَعْفٍ قُوَّةً баён мекунад, ки Худованд кам- кам ба инсон қудрату қувват дод ва инсон рушд кард ва аз назари ҷисмиву баданӣ нируманду қавӣ шуд ва аз назари руҳиву фикрӣ товоно ва қудратманд шуд ва дарки васеъ паёдо кард. Дар ин қисмати оят, Худованд ба марҳалаи дуввуми зиндагии инсон яъне даврони навҷавонӣ, ҷавонӣ ва базургсолии инсон ишора мекунад, ки инсон дар ин марҳала аз бештари ҷанбаҳои ҷисмонӣ ва фикриву руҳӣ қавӣ аст.

Аммо чун инсон заиф аст ва аз худ чизе надорад, наметавонад он қувват ва қудрати ҷисмӣ ва фикриву руҳии худро нигаҳ дорад ва дубора ба марҳалаи заъф ва нотавонӣ мерасад. Худованд дар ин қисмати оят ثُمَّ جَعَلَ مِن بَعْدِ قُوَّةٍ ضَعْفًا وَشَيْبَةً ба замони пирӣ ва куҳансолии инсон ишора дорад, ки дубора заифу нотавон мешавад.

Худованди Мутаол дар охири оят يَخْلُقُ مَا يَشَاءُ وَهُوَ الْعَلِيمُ الْقَدِيرُ”, як нукта ва масъалаи бисёр асосӣ ва муҳимро баён мекунад ва он ин аст, ки тамоми он чизҳое ҳам, ки доштӣ ҳамааш аз ҷониби Худованд буд ва офаринандаи ҳамаи онҳо Худованд мебошад ва ту эй инсон ба сурати мустақил ва аз худат ҳеҷ чиз надорӣ. Яъне он дигаргуниҳову тағйирот ва болову поёнҳо ҳама аз ҷониби Худованд мебошад. На он заъфу нотавонӣ ва на он қудрату қуввати ҷисмиву баданӣ ва фикриву руҳӣ, ҳеҷ кадом аз шумо набуда ва ҳама аз ҷониби Худованд аст ва Ӯст, ки тамоми ҷаҳон аз ҷумла вуҷуди инсонро мечархонад ва инсон ба сурати мустақил ҳеҷ чиз надорад.

Бинобар ин аз маҷмуъи оятҳои зикршуда масъалаи заиф будан ва нотавонии инсон, чи аз ҷиҳати ҷисмиву баданӣ ва чи аз ҷиҳати фикриву руҳӣ ба хубӣ ба даст меояд.

Инсон агар эҳсоси бениёзӣ кунад даст ба туғёнгарӣ мезанад
Матлаби дигаре, ки дар ин навишта дар паи баррасии он ҳастем, масъалаи туғён ва сарпечии инсон аз дастурот ва фармонҳои илоҳӣ дар сурати эҳсоси қудрат ва бениёзӣ аст. Худованди Мутаол дар ин замина мефармояд:

إِنَّ الْإِنسَانَ لَيَطْغَى/  أَن رَّآهُ اسْتَغْنَى ”

“Ба яқин инсон туғён мекунад- Аз инки худро бениёз бубинад ”. (Сураи Алақ, оятҳои 6 ва 7 )

Ин дар ҳақиқат табиат ва сиришти бештари инсонҳо аст, на ҳамаи инсонҳо, табиат ва сиришти инсонҳое, ки бар асоси ақли солими худододӣ ва ваҳйи илоҳӣ тарбият наёфта бошанд. Инсонҳо вақте худро бениёз эҳсос мекунанд ва фикр мекунанд дорои қудрат ҳастанд даст ба туғёнгарӣ ва сарпечӣ мезананд, на итоат ва бандагии Худовандро мекунанд, на аҳком ва дастуроти илоҳиро иҷро менамоянд ва на ҳаққу адолатро риоят мекунанд. Албатта ҳамаи инсонҳо туғёнгар ва саркаш нестанд ва фаровонанд инсоҳонҳое, ки дар итоат ва бандагии Худованд ҳастанд ва ҳадафе ҷуз ризояти илоҳӣ надоранд.

Аммо ҳақиқат ин аст, ки на инсон ва на ҳеҷ махлуқи дигаре ҳаргиз бениёз ва дорои қудрати мустақил нахоҳад буд, балки инсон ва ҳамаи мавҷудоти дигар ҳамеша ва дар ҳама ҳолат ниёзманди неъматҳои илоҳӣ ҳастанд ва агар Худованди Мутаол фақат як лаҳза неъматҳои худро қатъ кунад, ҳамаи мавҷудот дар ҳамон лаҳза нобуд мешаванд. Аммо инсон баъзе вақт чунон аз неъматҳои илоҳӣ бархурдор мешавад, ки худро бениёз эҳсос мекунад ва тасаввур мекунад қудратманд шудааст ва худро бениёз мепиндорад. Ба ҳамин сабаб аст, ки Худованд дар ин ояти Қуръон аз иборати бисёр дақиқ ва латифи “худро бениёз мепиндорад (эҳсос мекунад) истифода кардааст ва намегӯяд, ки “бениёз мешавад”. Яъне инсон бениёз намешавад, балки фикр мекунад, ки бениёз шудааст, дар ҳоле, ки ин тасаввур ва пиндори ӯ нодуруст аст.

Бинобар ин матлабе, ки аз ин оят ба даст меояд он аст, ки табиат ва сиришти бештари инсонҳо ингуна аст, ки вақте аз неъматҳои илоҳӣ бархурдор мешаванд ва қудрат пайдо мекунанд, фикр мекунанд, ки ин неъматҳо ва қудратро худ ба даст овардаанд ва лизо худро бениёз мепиндоранд, дар натиҷа дар баробари Худованди Мутаол даст ба туғёнгарӣ мезананд, аз итоат ва бандагии Худованд даст мекашанд ва аз анҷоми дастурот ва аҳкоми илоҳӣ сарпечӣ мекунанд.

То инҷо ду матлабро мавриди баррасӣ ва таҳқиқ қарор додем, яке инки инсон чи аз ҷиҳати ҷисмиву баданӣ ва чи аз ҷиҳати фикриву рӯҳӣ, заиф ва нотавон аст, дуввум инки табиат ва сиришти бештари инсонҳо ин аст, ки вақте эҳсоси қудрат ва бениёзӣ кунанд даст ба туғёнгарӣ ва саркашӣ мезананд ва аз итоат ва дастуроти Худованд сарпечӣ мекунанд.

Давом дорад………

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед